
Ғалотиён 6 – Роҳи Масеҳӣ
Дар боби 6-уми Ғалотиён, Каломи Худо имондоронро даъват мекунад, ки Инҷилро бо фурӯтанӣ, муҳаббат ва итоат дар зиндагии худ амалӣ кунанд. Агар касе ба гуноҳ афтад, дигар имондорон бояд ӯро бо нармӣ ва меҳрубонӣ барқарор намоянд ва бори якдигарро бардоранд. Ҳамзамон, ҳар шахс барои рафтор ва корҳои худ ҷавобгар аст. Ин матн аз ғурур ҳушдор медиҳад ва хотиррасон мекунад, ки инсон ҳар чӣ бикорад, ҳамонро медаравад: касе ки барои хоҳишҳои ҷисм зиндагӣ мекунад, ҳалокатро медаравад, аммо касе ки мувофиқи Рӯҳи Худо зиндагӣ мекунад, ҳаёти ҷовидониро соҳиб мешавад. Ғалотиён инчунин моро ташвиқ мекунад, ки аз некӣ кардан монда нашавем ва ба дигарон, махсусан ба аҳли имон, саховатмандӣ ва некӣ нишон диҳем. Боб бо муқоисаи ифтихор аз корҳои зоҳирии динӣ ва ифтихор аз салиби Масеҳ анҷом меёбад. Ба воситаи салиби Масеҳ одамон офариниши нав мегарданд ва сулҳу раҳмати Худоро дарёфт мекунанд (Ғал. 6:1–18).
Ғалотиён 6:1-5 Бардоштани бори якдигар
Дар ин ҷаҳон ҳар кас бори худро дорад. Яке бо гуноҳ мубориза мебарад, дигаре бо ғам, қарз, тарс ё сустии дил. Калом мегӯяд, ки фарзандони Худо набояд мисли одамони сангдил рафтор кунанд.
Калом мегӯяд: «Эй бародарон! Агар касе дар ягон гуноҳ афтода бошад, шумо, ки рӯҳонӣ ҳастед, вайро бо рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ кунед…» (Ғал. 6:1, KMO)
Ин ҷо Калом ду роҳро нишон медиҳад. Яке роҳи қонунпарастон аст, дигаре роҳи одамоне, ки бо Рӯҳулқудс роҳ мераванд.
Қонунпараст ба одамони афтода нигоҳ карда, онҳоро маҳкум мекунад. Ӯ бори дигаронро сабук намекунад, балки боз санги дигаре бар китфашон мемонад. Мисли мақоли тоҷикӣ: «Ба дарди сар, санг задан». Фарисиён ҳам ҳамин хел буданд. Худованд Исо гуфт:
«Борҳои гарон ва тоқатфарсоро баста, бар дӯши мардум мегузоранд, вале худашон намехоҳанд онҳоро бо ангушташон ҳам ҷунбонанд» (Мат. 23:4, KMO)
Қонунпараст ҳамеша ба айби дигарон тез нигоҳ мекунад, аммо ба гуноҳи худ кӯр мешавад. Вақте касе меафтад, ӯ ба ҷойи ёрӣ додан овоза паҳн мекунад, худро беҳтар нишон медиҳад ва мегӯяд: «Ман чунин нестам». Ин рӯҳи муҳаббат нест.
Аммо шахсе, ки бо Рӯҳ роҳ меравад, ба бародари афтода мисли душман нигоҳ намекунад. Ӯ мехоҳад вайро барқарор кунад. Калимаи «ислоҳ кунед» маънои рост кардани устухони шикастаро дорад. Вақте устухон мешиканад, духтур онро бо эҳтиёт ҷо ба ҷо мекунад. Агар дағал бошад, дард бештар мешавад. Ҳамин тавр, вақте мӯъмин меафтад, бояд бо меҳрубонӣ ва фурӯтанӣ ба ӯ ёрӣ расонд.
Баъзан одамон фикр мекунанд, ки сахтгирӣ нишонаи муқаддасӣ аст. Аммо Каломи Худо мегӯяд: «Бори якдигарро бардоред, ва ҳамин тавр шариати Масеҳро ба ҷо оваред» (Ғал. 6:2, KMO)
Шариати Масеҳ шариати муҳаббат аст. Масеҳ танҳо гуноҳи моро нишон надод. Ӯ бори моро бардошт. Ӯ назди шикастагон рафт, онҳоро ламс кард ва бардошт. Агар мо аз паи Масеҳ равем, мо ҳам бояд ҳамин корро кунем.
Дар зиндагӣ баъзеҳо мисли шамол дарахти шикастаро боз ҳам бештар тела медиҳанд. Вале фарзанди Худо бояд мисли сутуни дастгирӣ бошад. Вақте бародар ё хоҳар дар гуноҳ, ғам ё заъф афтодааст, сухани нарм, дуо ва меҳрубонӣ метавонад ӯро дубора рост кунад.
Калом боз моро огоҳ мекунад: «Ҳар кас худро бисанҷад…» (Ғал. 6:4, KMO)
Имрӯз ту касеро, ки афтодааст, мебинӣ. Фардо мумкин аст худат ба ҳамон васваса дучор шавӣ. Барои ҳамин мӯъмин набояд бо такаббур зиндагӣ кунад. Мақоли тоҷикӣ мегӯяд: «Аз болои дигарон наханд, чарх гардон аст». Касе, ки имрӯз бо қудрати Масеҳ рост меистад, дар такя ба файзи Худо фурӯтаниро меомӯзад.
Дар охир Каломи Худо мегӯяд, ки ҳар кас бори худро ҳам дорад. Яъне мо масъулияти шахсии худро пеши Худо дорем. Мо наметавонем тамоми гуноҳ ва беэҳтиётии худро ба гардани дигарон партоем. Аммо дар айни замон, дар ҷамоати имондорон кас набояд танҳо монад. Худо моро даъват кардааст, ки якдигарро дастгирӣ кунем.
Вақте калисо пур аз қонунпарастӣ мешавад, одамон пинҳон мешаванд, метарсанд ва захмдор мешаванд. Вале вақте калисо пур аз Рӯҳулқудс ва муҳаббат мешавад, одамон шифо меёбанд, барқарор мешаванд ва боз ба роҳи Худо бармегарданд.
Имрӯз аз худ бипурс:
Оё ман мисли Масеҳ барқарор мекунам ё мисли фарисӣ маҳкум?
Оё ман бори дигаронро сабук мекунам ё вазнинтар?
Оё суханони ман шифо медиҳанд ё захм?
Ғалотиён 6:6-10 — Кишт ва дарав
Дар Тоҷикистон деҳқон гандум мекорад ва бо умед интизори ҳосил мешавад. Касе харбуза ё тарбуз мешинонад, то барои оилаи худ ризқ ёбад ва бори зиндагии фасли дигарро бардорад. Ӯ имрӯз меҳнат мекунад, вале натиҷаро якбора намебинад. Баъзан борон дер меояд, баъзан замин сахт аст, вале деҳқон киштро бас намекунад. Дар ҳаёти рӯҳонӣ низ ҳамин тавр аст. Каломи Худо мегӯяд, ки ҳар чӣ одам мекорад, ҳамонро медаравад.
Дар ин порча Навиштаҳо моро даъват мекунанд, ки дар масъалаҳои рӯҳонӣ содиқ бошем. Агар мо вақти худро, қуввати худро ва дороии худро барои корҳои ҷисмонӣ ва гуноҳ сарф кунем, меваи он ғам ва вайронӣ мешавад. Вале агар мо дар Рӯҳ бикорем, ба Каломи Худо гӯш диҳем, саховатманд бошем ва ба дигарон некӣ кунем, ҳосили рӯҳонӣ хоҳем даравид. Шояд натиҷааш имрӯз дида нашавад, вале Худо ҳаргиз меҳнати фарзандони Худро фаромӯш намекунад.
Дар ояти 6 гуфта мешавад, ки касе ки таълими Каломи Худоро мегирад, бояд бо устодони рӯҳонии худ иштирок ва ҳамкорӣ кунад. Калимаи «иштирок» ё «ҳамроҳӣ» аз маънои «шарик будан» меояд. Аз аввалин рӯзҳои ҷамоат имондорон бо ҳамдигар зиндагӣ, ғам ва неъматҳоро тақсим мекарданд. Имрӯз ҳам муносибати мо ба чизҳои моддӣ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза чизҳои рӯҳониро қадр мекунем. Вақте мо бо дили кушод ба кори Худо ва ба эҳтиёҷи дигарон медиҳем, ин нишон медиҳад, ки дили мо ба Худо вобаста аст, на танҳо ба пулу мол.
Каломи Худо боз огоҳ мекунад: «Фиреб нахӯред: Худоро масхара кардан мумкин нест; зеро одам ҳар чӣ бикорад, ҳамонро хоҳад даравид» (Ғал. 6:7, KMO)
Бисёр одамон мехоҳанд бе кишт ҳосил гиранд. Касе мехоҳад бе дуо қавӣ шавад. Дигаре мехоҳад бе итоат баракат ёбад. Вале қонуни Худо дигар аст. Агар мо ҳар рӯз Каломи Худоро хонем, дуо кунем, ба ростӣ зиндагӣ кунем ва ба дигарон некӣ намоем, ҳатман мева хоҳад омад. Шояд оромона ва дер, вале меояд.
Бузургтарин хатари деҳқони рӯҳонӣ хасташавӣ аст. Вақте ки натиҷа зуд намоён нест, одам рӯҳафтода мешавад. Шояд касе солҳои зиёд барои фарзандаш дуо мекунад, вале ҳанӯз тағйир намебинад. Шояд касе ба мардум хизмат мекунад, вале қадрдонӣ намебинад. Шояд касе ростқавл зиндагӣ мекунад, вале душворӣ зиёд аст. Дар чунин вақт одам мехоҳад «камарро суст кунад» ва аз меҳнат бозистад. Лекин Каломи Худо мегӯяд: «Аз некӣ кардан хаста нашавем, зеро ки дар вақти муносиб дарав хоҳем кард, агар суст нашавем» (Ғал. 6:9, KMO)
Худо вақти Худро дорад. Мо ҳама чизро аз рӯи соати худ мебинем, вале Худо «вақти муносиб»-ро мебинад. Деҳқон тухмиро имрӯз мекорад, вале фардо дарав намекунад. Ҳамин тавр, баъзе корҳои рӯҳонӣ танҳо баъд аз моҳҳо ё ҳатто солҳо мева медиҳанд. Аммо Худо ваъда додааст, ки ҳосил хоҳад буд.
Имрӯз вақти муносиб барои некӣ кардан аст. Имрӯз вақти муносиб барои дуо кардан аст. Имрӯз вақти муносиб барои дастгирии бародарону хоҳарон ва барои хизмат ба мардум аст. Ҳар кори хурде, ки барои Худо мекунем, беҳуда нест.

Дар Тоҷикистон мегӯянд: «Қатра-қатра дарё мешавад». Ҳаёти рӯҳонӣ ҳам чунин аст. Як дуо, як сухани меҳрубон, як кӯмаки пинҳонӣ ва як қадами итоаткорӣ дар назди Худо арзиш дорад. Агар мо содиқ монем, Худо дар вақти Худ мева хоҳад дод.
Худовандо, ман беҳуда намекорам, балки барои баракатҳои Ту меҳнат мекунам. Маро ҳидоят деҳ, то барои Ту корҳои рӯҳонӣ кунам ва бо дигарон саховатманд бошам. Бигзор дар вақти муносиб дасти баракати Туро бубинам ва Туро барои корҳои Ту ситоиш кунам.

Ғалотиён 6:11-18 – Фаҳрии мо салиби Масеҳ аст
Дар зиндагӣ ҳар халқ чизеро рамз ва ифтихори худ медонад. Баъзеҳо аз миллаташон фахр мекунанд, баъзеҳо аз дороӣ, мансаб ё дониши худ. Дар Тоҷикистон ҳам одамон бисёр вақт бо хона, фарзанд, қавм ё обрӯи худ ифтихор мекунанд. Вале Павлуси расул мегӯяд, ки ӯ танҳо бо як чиз фахр мекунад — бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ.
«Аммо ман ҳаргиз фахр нахоҳам кард, ҷуз бо салиби Худованди мо Исои Масеҳ…»
(Ғалотиён 6:14, KMO)
Дар замони Павлус салиб чизи зебо ё муқаддас ҳисоб намешуд. Имрӯз одамон салибро дар гардан меовезанд ё дар калисоҳо мебинанд, аммо дар он вақт салиб рамзи шарм, азоб ва марги ҷинояткорон буд. Румиён ҳатто намехостанд номи онро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба забон оранд. Аммо Павлус маҳз бо ҳамин фахр кард, зеро дар салиб муҳаббати бузурги Худо ошкор шуд.
Дар зиндагӣ баъзе рамзҳо барои одамон маънои калон пайдо мекунанд. Барои имондорони аввалин як чиз аз ҳама муҳим буд — салиб. Онҳо салибро дӯст медоштанд ва ҳамеша Исои Масеҳро, ки барои онҳо ҷон дод, ба ёд меоварданд. Мо инро дар қабрҳо, ибодатгоҳҳо ва калисоҳои қадимаи Италия, Осиёи Хурд ва Юнон мебинем. Дар он ҷойҳо салибҳои сангӣ ва қабрҳое ҳастанд, ки нишонаи салиб доранд. Ин нишон медиҳад, ки салиб барои онҳо танҳо як аломат набуд, балки рамзи имон, умед ва наҷот буд.
Дар салиб Исо ҷазои гуноҳҳои моро бар Худ гирифт, то мо ҳаёти нав ёбем. Салиб ба мо мегӯяд, ки инсон на бо корҳои динӣ, балки бо файзи Худо наҷот меёбад. Баъзе муаллимони дурӯғин дар Ғалотия мардумро маҷбур мекарданд, ки расму қоидаҳои шариатро иҷро кунанд, то худро «одил» нишон диҳанд. Онҳо мехостанд аз назари мардум хуб намоянд ва пайравони зиёд дошта бошанд. Аммо Павлус гуфт, ки на қонун ва на зоҳирпарастӣ одамро назди Худо қабулшаванда намекунад.
Имрӯз ҳам чунин хатар вуҷуд дорад. Одам метавонад худро диндор нишон диҳад, аммо дилаш аз Худо дур бошад. Шояд касе намоз, рӯза ё корҳои дигарро танҳо барои нишон додан анҷом диҳад. Дар тоҷикӣ мегӯянд: «Либос одамро одам намекунад». Худо ба дили инсон нигоҳ мекунад.Фахри мо — Салиби Масеҳ
Каломи Худо мегӯяд: «Зеро ки на хатна чизест ва на номахтунӣ, балки офариниши нав».
(Ғалотиён 6:15, KMO) Масеҳият танҳо иваз кардани баъзе одатҳо нест. Худо мехоҳад моро аз дарун дигар кунад. Вақте кас ба Масеҳ имон меорад, Рӯҳулқудс дар дили ӯ кори нав оғоз мекунад. Фикрҳо, хоҳишҳо ва рафтораш оҳиста-оҳиста дигар мешаванд. Ӯ дигар танҳо барои худ зиндагӣ намекунад, балки мехоҳад Худоро хурсанд кунад.
Ин кори якрӯза нест. Мисли деҳқони тоҷик, ки ҳар рӯз заминро нигоҳубин мекунад, мӯъмин ҳам бояд ҳар рӯз дилашро нигоҳ дорад. Агар алафи бегона тоза нашавад, ҳосилро вайрон мекунад. Агар гуноҳ дар дил монад, ҳаёти рӯҳонии мо суст мешавад.
Дар ин порча мо инчунин муҳаббати шахсии Павлусро мебинем. Дар охири нома ӯ бо дасти худ менависад. Одатан дигарон номаҳоро барои ӯ менавиштанд, аммо ин ҷо худи ӯ суханони охиринро навишт, то ғамхорӣ ва муҳаббаташро нишон диҳад.
Мо мебинем, ки Павлус нисбати мардум ғамхории шахсӣ дошт. Барои нишон додани ин муҳаббат ва диққат, ӯ баъзе суханҳоро бо дасти худ навишт (Ғалотиён 6:11). Одатан одамон номаҳоро ба каси дигар мегуфтанд ва он шахс менавишт. Ин нишон медиҳад, ки ӯ ба имондорон бисёр аҳамият медод.
Ин ҳақиқати Каломи Худоро кам намекунад. Худо бо илҳоми Худ аз шахсият, эҳсосот ва вазъияти зиндагии нависандагон истифода бурд, то Каломи Худро ба мо расонад ва онро барои мо наздиктару шахсӣ гардонад. Павлус инчунин хусусияти муаллимони дурӯғинро нишон медиҳад. Онҳо фахрфурӯш буданд. Онҳо мехостанд мардумро ба тарафи худ кашанд, то аз шумораи пайравонашон ифтихор кунанд. Онҳо созишкор буданд, зеро аз таъқибот метарсиданд. Онҳо мардумро бо суханҳои зебо бовар мекунонданд, аммо худашон ба гуфтаҳояшон амал намекарданд.
Имрӯз ҳам бояд эҳтиёт бошем. На ҳар касе, ки сухани динӣ мегӯяд, ҳақиқатро мегӯяд. Баъзеҳо мехоҳанд одамонро ба худ вобаста кунанд, на ба Масеҳ. Павлус бошад, диққати мардумро ба Исо мебурд, на ба худ.
Салиб ба мо ёд медиҳад, ки худпарастиро рад кунем. Пайравӣ ба Исо осон нест, аммо роҳи ҳақиқии ҳаёт аст. Мо бо Масеҳ мемирем, то бо Ӯ зиндагии нав ёбем.
Дар охири нома Каломи Худо боз ба як мавзӯи асосӣ бармегардад — файз.
«Файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳи шумо бод…» (Ғалотиён 6:18, KMO) Наҷоти мо аз файзи Худост, на аз қоидаҳо. Мо бо муҳаббат ва қурбонии Исо зиндагӣ мекунем, на бо расму ойинҳои холӣ. Худо моро даъват мекунад, ки ҳар рӯз дар файзи Ӯ зиндагӣ кунем ва муҳаббати Ӯро ба дигарон нишон диҳем.
Саволҳо барои андеша
Оё ман бештар ба қоидаҳои зоҳирӣ такя мекунам ё ба файзи Худо?
Ман имрӯз бо чӣ фахр мекунам — бо худ ё бо Масеҳ?
Оё зиндагии ман нишон медиҳад, ки ман «офариниши нав» ҳастам?
Худовандо, ташаккур барои салиби Масеҳ. Ба ман ёрӣ деҳ, ки на бо худам, балки бо Ту фахр кунам. Дили маро пок гардон ва маро ҳар рӯз дар файзи Худ нигоҳ дор. Ба ман қувват деҳ, ки муҳаббат ва ҳақиқати Туро ба дигарон нишон диҳам. Омин.