Одам шиносӣ
- Шеър дар бораи Одам
- Одам шиносӣ
«Бани одам аъзои якдигаранд
ки дар офариниши зи як гавҳаранд
Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Намонад дигар узвҳоро қарор.»
Саъдии Шерозӣ
Офариниши одам ба сурату шабоҳати Худо
Ҳастӣ 1:26 – «Ва Худо гуфт: Одамро ба сурати Мо, ба шаҳбоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайбоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд.»
Худо кист? Худо рӯҳ аст ва офаридгор аст.
«Сурати Худо» чӣ маъно дорад?
- Худо рӯҳ аст ва ҳам мо рӯҳонӣ аст.
- Худо офаридгор аст ва мо корҳои эҷодкор метавонем.
Ин маъно надорад, ки Худо ранги бадани мо аст. Ин калима бо хислати ҷисмонӣ дақл надорад, вале баъзи вуҷудияту қобияти Худо даруни одамизод пайдо мешавад.
Сурати Худо, ин хислати рӯҳонии одамизод аст, на чизе ҷисмонӣ. Хислати одам озодӣ, худмуайян (self-conscious), ақл ва ахлоқӣ аст. Ӯ метавона фаҳмад ки чизҳои дуруст ва надуруст; интихоби хуб ё бад ва ҳиссияти рӯҳонӣ то ки муносибати рӯҳонӣ бо Худо бошад.
Чизҳои сурати Худо дар табиати инсон бошад, пас баъди гуноҳи Одам, ин чизҳо гум нашудааст, вале сурати Худо дар одамизод захм хурдааст.
- Худо абадият аст – ва ҳам одам абадият аст.
- Худо Рӯҳ аст – одам рӯҳ ва рӯҳонӣ аст. (Ҳастӣ 2:19-20)
- Худо афкор (ақл дорад) ва ҳам одам ақл дорад.
- Худо ирода дорад ва одам хоҳиш дорад.
Фарқияти ҳайвонот ва одамизод чӣ хел ҳастанд?
Ҳайвонот Одамизод
Рӯҳ надоранд Рӯҳ доранд
Ақл надоранд ақл доранд
Рӯҳонӣ нестанд рӯҳонӣ ҳастанд
Ҳукмронӣ намекунанд ҳукмронӣ мекунанд.
«Суде накунад фарохнои бару дӯш,
Гар одамиӣ, ақлу ҳунар парвару хуш!
Гов аз ману ту фарохтар дорад чашм
Хар аз мнау ту дарозтар дорад гӯш!» Саъдӣ
Қисми вуҷудият ва қобилияти Худо дар одамизод аст.
«Сурати Худо» дар одамизод нисбат ба нақшаи Худо.
- Ин маъни дорад, ки робитаи рӯҳонӣ бо Худо мумкин аст.
- Ин маъни дорад, ки Рӯҳи Худо дар одамизод сокин мешавад.
- Ин маъни дорад, ки Худо ва Одамизод аҳд банда метавонанд.
- Ин маъни дорад, ки Худо барои наҷоти одамизод тавонад инсон шавад (Юҳанно 1:14).
Шахсияти одамизод
Рӯҳ ва ҷон ва ҷисм дорад.
Ҳастӣ 2:7 – «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳи ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд.»
- Ҷисм – аз хоки замин, бадани одамизод.
- Ҷон – «ҷони зинда шуд»
- Ҷон чӣ маъно дорад? Ин маъно аст, ки зинда аст.
- Рӯҳ – «рӯҳи ҳаёт дамид»
Рӯҳ чӣ маъно дорад? Худо рӯҳ аст ва ҳам зинда аст. Агар одамизод рӯҳ дорад ва бо сурати Худо офарида шуданд, пас онҳо метавонанд бо Худо робитаи рӯҳонӣ бошанд.
Оё ҳайвон рӯҳ дорад? Не онҳо фақат ҷон дорад. Ҳастӣ 1:20-21 – «Ва Худо гуфт: Об аз ҷонварҳои бешумор пур шавад; ва паррандагон болои замин, вар рӯи фалаки осмон парвоз кунанд. Ва Худо наҳангони бузург ва ҳар гуна ҷонварҳои хазандаро, ки об аз онҳо мувофиқи ҷинсашон пур шуд, ва ҳар гуна паррандагони болдорро мувофиқи ҷинсашон офарид.»
- Ин рӯҳи одам абадӣ аст.
Вазифадор кардани Худо одамро дар Боғи Адан – Ҳастӣ 2:8-20
Оё Одам дар биҳишти осмон буд ё ӯ дар боғи заминӣ буд? Вазифаҳои Одам чӣ буданд?
Ислом мегӯяд, ки Одам дар биҳишт буд? Барои чӣ? Ин вобаста бо гуноҳи шайтон буд, чунки дар Ислом дар вақти офариди Одам, шайтон ӯро насанҷида. Ин воқеъи Ислом дар биҳишт аст.
ВАЛЕ дар Китоби Муқаддас ин хел нест. Одам дар боғи Адан буд ва ин боғ дар замин буд. Ин боғ монанди биҳишт вале ин биҳишт набуд. Ин дурусттар аст ки Одам дар боғи заминии Адан буд, на биҳишт.
Офарида шудани зан – Ҳастӣ 2:21-25
Барои чӣ Худо Одам алоҳида офарид ва ӯ ҳис мекард ки танҳо аст?
Одам муҳтоҷи мададгор буд ва дар вақти танҳоӣ, ӯ ҳис мекард, ки як зан даркор буд.
Озмоиши Ҳавво ва гумроҳшавии Одам – Ҳастӣ 3:1-24
Саволҳои мор – ин саволҳо зидди афкори зан буд.
«Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст» Ҳастӣ 3:1 Доим кори шайтон ин аст, ки ба одамизод шуҳба пайдо кунад.
«Не, нахоҳед мурд» Ҳастӣ 3:4
Ҳастӣ 3:5 – «монанди Худо» оё Одаму зан монанди Худо набуд?
Саболҳои Худо «Куҷоӣ Ту?»
«Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ?» – афкори одам дигар шуд. Табиати одам бо худаш дигар шуд.
«Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?»
Натиҷаҳои гуноҳи Ҳаввоу Одам
Ин рӯҳ дар вақти гуноҳи Одам, мурд. «Чунон и дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар масеҳ ҳама зинда мешаванд.» (1) Қӯр. 15:22
«Мурд», чӣ маъно дорад? Ин маъно «ҷудоӣ» аст. Одам аз чизҳои рӯҳонӣ аз Худо ҷудо шуд. Вале одамизод, офаридаи рӯҳонӣ буд. Офаридаи рӯҳонӣ ин аст, фариштаҳо ва одамизод. Вале ҳайвонот рӯҳонӣ нестанд.
Ҳама гуноҳ шуданд, насли Одам гуноҳкор шуданд. «Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд.» Румиён 5:12
Табиати Одам дигар шуд.
Абадияташ – дараҷаи паст шуд, ҳозир дар боғи Адан нестанд ва рафту омад бо Худо нест. Ҳозир инсон абадӣ аст, агар беимон ба дӯзах ва имондорон ба биҳишт. Вале ин дараҷаи ки Одам дошт, гум шуданд.
- Руҳонӣ – Инсон бо чизҳои рӯҳонӣ мурда шуданд вале офаридаи рӯҳонӣ ҳастанд. Онҳо доим бо чизҳои рӯҳонӣ мераванд�. Бут парастиш, хуруфот ва ғайра.
- Афкор – ақли инсон паст шуданд. Ақл доранд вале гиритори гуноҳ шуданд.
- Ирода – Хоҳиши одамизод ба худаш нигоҳ мекунанд, на барои Худо.
- Табиати дунё дигар шудааст. Румиён 8:21-22
Саволҳои муҳокима
– Оё Одаму Ҳавво дар боғи Адан зоиди кӯдак метавонанд? Ҳастӣ 1:28
Чӣ хел Одам ва насли вай сол бисёр зиндагӣ мекарданд?
- пеш аз туфони Нӯҳ инсоният, дироз зиндагӣ мекарданд.
- Дунё ранги парник буд.
Боғи Адан куҷо аст?
Дарахти ҳаёт куҷо аст? Ваҳй 2:7, 22:2,14,19
Чанд дарахт монеъ буд? Ҳастӣ 2:8-9, 17
Одаме, ки дар бораи наҷоти Масеҳ намедонад
Ободгари ҷаҳони вайрон моем
Дунёи чӣ лозим аст, худ дунёем
Бегона наем гарчи дурем ба дил
Фарзанди ҳамон як Одаму Ҳаввоем.
Лоиқ Шералӣ
Румиён 3:10-18 – Одамизод ҳавасҳои рӯҳонӣ надорад.
Ҳама ҳисоби ғазаби Худо шуданд.
Эфсӯсиён 2:3 – «Дар миёни онҳо ҳамаи мо низ як вақте аз рӯи шаҳавоти ҷисми худ зиндагӣ карда, ҳавасҳои ҷисм ва хаёлотро ба ҷо меовардем ва табиатан, мисли дигарон, фарзандони ғазаб будем.»
Ҳамаи ғуломи гуноҳ ҳастанд.
Юҳанно 8:34 – «Ба Исо ҷавоб доданд: Мо фарзандони Иброҳим ҳастем ва ҳеҷ гоҳ ғуломи касе набудем; пас чӣ сон Ту мегӯӣ, ки озод хоҳед шуд? Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ гуноҳ мекунад, ғулом гуноҳ аст.»
Табиати нафсони дар ҳамаи одамизод вуҷуд дорад. Ин хоҳиши инсон ба тарафдори гуноҳ меравад.
Рум. 6:6 – «инсони кӯҳна» «ҷисми пургуноҳ»
Румиён 3:23 – «чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд.»
Забур 50:7 – «Инак, ман дар гуноҳ офарида шудаам, ва модарам дар хато ба ман ҳомила гардидааст.»
Одамизод 100% муҳтоҷи наҷотдиҳанда ва наҷот ба худаш ҳеҷ кор карда наметавонад.
«Дар вуҷуди инсон ҳамеша то даме ки ӯ нафас мекашад ва роҳ мепаймояд, ду чиз ӯро ҳамеша таъқиб мекунад: яке покии ӯ ва дигаре нопокии ӯ. Виҷдон, Имон, беимонии ӯ ва аз ҳама бештар ӯро азоби рӯҳӣ медиҳанд.» Ҳошим Гадо
«Тавба фармоён чаро худ тавба камтар мекунад,
Чун ба берун мераванд худ коре дигар мекунанд.» Ҳофизи Шерозӣ
«Ҳар он ки бад писандидааст, надонад зи хубӣ чӣ бад дидааст.» (Халк)
«Дар бар фалакам даст будӣ чун Яздон,
Бардоштаме ман ин фалакро зи миён.
В-аз нав фалаки наве чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расидӣ осон.» Хайём
Се сабол
1 – Оё имондорон гуноҳро бад мебинанд?
2 – Оё одам бегуноҳ зиндагӣ карда тавонад?
3- Барои чӣ Худо Одамро бо сурати Худо офарид?
— Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.
«Дафтарчаи Одам шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.