Оилаи масеҳӣ -10
Боби 10 – Моҷароҳо – мушкилии байни марду зан
Дар ҳамаи оилаҳо байни шавҳару зан мушкилиҳо ҳаст, вале оё ин мушкилиҳо ба имконяти инкишофи муносибаташон монеъ аст? Қариб ҳама ҷанҷолҳо аз ҳавасҳо мебошад. «Адоват ва ҷидолҳо дар миёни шумо аз куҷост? Оё на аз ҳавасҳои шумост, ки дар андоматон меҷанганд? Ҳавас мекунед – ва надоред; мекушед ва ҳасад мебаред – ва наметавонед ба даст оваред.» (Яъқуб 4:1-2). Орзуву ҳавасҳои гуногуне, ки дар байни ҳамсарон ба вуҷуд меояд сарчашмаи моҷароҳои оилавӣ мегарданд. Дар байни онҳо баҳсу мунозира, ҳар кадом ҳавсҳои худро тарафгирӣ карда ин мушкилии зинагонии якҷояи онҳо мегардад.
Чанд қоидаҳои масеҳие, ки ёрирасони мушкилиҳои оилавӣ мебошанд дар бораи онҳо бояд фикру хаёл кард:
«Якдигарро аз худ авло донед.» (Филиппиён 2:3) Бояд фикр кунед, ки ҳамсари ман муҳимтар аз ман аст. Худро – ҷои дуюм ва зан ё шавҳари худро дар ҷои якум гузоред. Агар ин хел мекунад нағзтар гӯш мекунад, ва мефаҳмад орзуи вай чист. Дар вақти баҳсу мунозира назари дигар тарафро мефаҳмед ва кӯшиши осоиштагӣ кунед. Ҳам ин қоидаро дар сар шудани амали алоқаи ҷинсӣ риоя кунед то, ки фикри дигариро фаҳмед, ки ба ҳамсаратон чӣ маъқул аст.
«Ҳар яке на танҳо дар бораи худаш, балки дар бораи дигарон низ ғамхорӣ намояд.» (Филиппиён 2:4) Ғамхории дигар ин хел аст, ки дар бораи эҳтиёҷоти одами дигар аввал фикр бояд кард ва ғамхорона бо диққат гӯш карда қабул мекунед, ки ин чизҳои ҷиддӣ аст. Ин мисли «ҳар яке каси дигаро зиёдтар сазовори эҳтиром ҳисоб кунад.» (Румиён 12:10). Дар вақте, ки орзуҳо худписанд шаванд, мушкилиҳо пайдо мешаванд.
«Зеро дар шумо низ бояд айни ҳамон ҳиссиёт бошад, ки дар Исои Масеҳ буд.» (Филиппиён 2:5). Муҳаббати Исои ин хел аст: «пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад; ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меоварад. Муҳаббат ҳаргиз хотима намеёбад. (1) Ба Қӯринтиён 13:4-8.
Ҷош Макдауелл дар бораи ин гуфт: «Ман ба он боварӣ дорам, ки мо метавонем бисёр масъалаҳоеро, ки имрӯзҳо ба ҷаҳон низоъ меандозанд, ҳал кунем, агар ба якдигар фидокорона рафтор кардан ва ба ҷои аввал гузаштани манфиатҳои дигаронро омӯзем.»1
Гуфтугӯйи оила
«Гап задан – ҳеҷ чиз аз ин осонтар нест; гуфтугӯй сухан – ҳеҷ чиз аз ин мушкилтар нест.» (Халқ)
Фуфтугӯи байни шавҳару зан таҳкурсии рафтори оилаи солим аст. Дар вақти суҳбат кардан байни ду кас шаш чиз муҳим аст:
Мақсади чизе, ки гуфта шуд.
Чизи асосие, ки гуфта шуд.
Чизе, ки дигараш шунид.
Чизе, ки дигараш фикр мекунад ва онро шунид.
Чизе, ки тарафи дигар мегӯяд ва дар ҷавоб чӣ гуфта шуд.
Чизе, ки каси дигар фикр мекунад, ки ин сухан дар бораи чӣ буд.
Аз ин равиш, имконяти мушкилии байни ин ду нафар беният аст. Шавҳару зан бояд толиби гуфтагӯи хуб байни худашон шаванд. Ин амали осон нест ва доимо кӯшиш кунанд барои хубтар шунидани сухани ҳамсар ва ба ҷавоб додан бояд оҳиста бошанд. Ҳам онҳо доим дуо кунанд, ки бо гуфтагӯй муносибати хуб дошта бошанд.
«Пас, эй бародарони маҳбуби ман, бигзор ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтаи оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад; Зеро ки хашми одамизод адолати Худоро ба амал намеоварад. Бинобар ин ҳар нопокӣ ва бақияи бадиро як сӯ гузошта, каломеро, ки дар шумо кошта шудааст, бо фурӯтанӣ қабул кунед, ки он метавонад ҷонҳои шуморо наҷот диҳад.» Яъқуб 1:19-21
Китоби Муқаддас чанд оят дар бораи ин мавзӯъ вуҷудият аст ва ин оятҳоро хонед ва аз ёд кунед то қувваи Калом бо шумо бошад. (Масалҳо 11:9, 12:18, 15:4, 18:6-8, 18:21, 25:11; Дар бораи шунидан: Масалҳо 15:31, 18:13-15, 19:20, 21:28)
«Ҳеҷ як сухани қабеҳе (бад) аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад.» Эфсӯсиён 4:29
Чӣ хел оилаи масеҳӣ дар маҳаллаи исломӣ зиндагӣ мекунад?
Имрӯз ин мавзуъ яке аз омилҳои мушкилии оилаи масеҳӣ мебошад. Агар аксарият дар ин маҳалла зиддияти ин оила бошанд, чӣ хел онҳо зиндагӣ кунанд? Ин саволи мумҳим аст ва ба се намуди хатоии оилаҳои масеҳӣ дар маҳаллаи исломӣ нигоҳ мекунем:
Аввал ин аст, ки оилаҳои масеҳӣ бояд аз маҳалла ҷудо шаванд ва ба ҷое кучанд, ки дар оила муносибати онҳо бо ҷамъияти маҳалла маҳкам бошад, ва рафту омад байни маҳалла набошад. Албатта зиндагии масеҳӣ дар ин маҳалла мушкил аст вале онҳо роҳи осонтаринро қабул мекунанд, яъне ба маҳалла аҳамият намедиҳанд ва ҳамаи амалҳои онҳо дар калисо ва дар хона бошанд, на дар маҳалла.
Дуюм хатогӣ ин аст, ки оилаҳои масеҳӣ дурӯя зиндагӣ мекунанд. Дар маҳалла онҳо ба рафтори мусалмонон ҳастанд вале дар ҷамоат масеҳӣ. Онҳое, ки чунин рафтор мекунад онҳо ҳатто баракати рафтори масеҳии ҳақиқиро нафаҳмидаанд.
Сеюм ин аст, ки вазифаи муомиларо бо маҳалларо ба дигар кас медиҳанд. Мумкин як хешу табор ё фақат шавҳар рафторҳои маҳалларо мекунад. Зан ё шавҳар дар ин ҳолат хомуширо пеша гирифта интизори амали каси дигар, ки рафтори вазифаи маҳалларо кунад.2
«Дар ивази бадӣ бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.» (1) Петрус 3:9
«Зеро, бо вуҷуди он ки аз ҳама озод будам, худро ғуломи ҳама гардондам, то ки шумораи бештари одамонро ба Масеҳ ҷалб намоям; барои яҳудиён чун яҳудӣ шудам, то ки яҳудиёнро ҷалб намоям; барои аҳли шариат чун аҳли шариат шудам, то ки аҳли шариатро ҷалб намоям….барои ҳама кас ман ҳама чиз шудам, то ки бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот диҳам.» (1) Қӯринтиён 9:19-22
Оилаҳои масеҳӣ бояд оилаҳои баракатӣ бошанд ва дар ҷавоби сухани бадӣ доимо баракат диҳанд, на лаънат. Мумкин касе дар маҳалла дарди дил дорад ва ин оилаи масеҳӣ имконятӣ ба ӯ ғамхорӣ карданро дорад. Ин оятҳо қойдаи оиларо дар маҳалла нишон медиҳанд. Онҳо дар маҳалла тоҷик ҳастанд ва монандӣ тоҷикон рафтор бояд кунанд то, ки дигарон наҷотёфта бошанд. Ин оилаи масеҳӣ бояд имконятро бо дигарон ҷӯянд то ки башорат ё баракат диҳанд. Вале рафтори маҳалларо, ки зидди имони масеҳ ҳаст бояд иҷро накунанд. Ин оила аввал дуо кунад, то онҳо фаҳманд чӣ имконятҳо барои онҳост ва чӣ гуна метавонанд, ки дар ин маҳалла накҳати Масеҳ бошанд (2 Ба Қӯринтиён 2:14-17). Худо ба ин оила ҷуръат ва ҳикмат диҳад!
Мумкин касе мепурсад, оё масеҳӣ метавонад бо уфру одати мусалмонӣ зиндагӣ кунад? Баъзе урфу одати Тоҷикон бо маънии дин пайваст ва дигар бошад бо фаҳанги онҳо пайваст ҳастанд. Павлус дар 1 Кӯринтиён 9 роҳи башоратро нишон дод, оё аз рафту омад бо маҳалла мақсади башорат додан пайдо мешавад? Ё оё рафтор ва ин урфу одат ба имони мо халал мерасонад? Оилаи масеҳӣ бояд урфу одатҳоеро иҷро накунад, ки зидди имони мо бошанд.
1 «Сирри Муҳаббат» саҳ. 181
2 Ин се хато аз ин китоб табдил шуд: Cultural Anthropology: A Christian Perspective by Grunlan and Mayers, 1988 pg. 127-141.