
Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 5
Қисми 2 – Дар давраи Исои Масеҳ
Боби 5– Дар интизории наҷотдиҳанда аз тарафи Худо
Баъди ҳукмронии шоҳ Ардашери Як чанд муддате хомӯшӣ ҳукмфармо шуд. Дар ин вақт Худо ба халқи Яҳудӣ ҳеҷ пайғамбареро нафиристод ва одамон дар интизори омадани Масеҳ ё наҷотдиҳанда буданд. Ин хомӯшӣ чор сад сол идома кард то ин, ки нақшаи Худованд бо пуррагӣ ба вуқуъ пазирад, «Вале ҳамин ки пуррагии замон даррасид, Худо писари Худро фиристод, ки Ӯ аз зан таваллуд ёфта, зери дасти шариат буд, то барои онҳое ки зери дасти шариат буданд, фидия диҳад.» (Инҷил, Ғалотиён 4:4)
Ҳозир нигоҳ мекунем ба талабгории авлодонамон ба Худо дар даврае «ки пуррагии замон» расида буд.
Маҷусиён дар ҷустуҷӯи подшоҳи аз ҷониби Худо омада
Маҷусиён: – «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт?»
Дар вақти таваллуди Исои Масеҳ аз шарқ маҷусиён яъне донишмандон ба сарзамини яҳудиён омада хоҳиши парастиши шоҳи нави ба дунё омада Исои Масеҳро доштанд. Онҳо киҳо буданд ва аз куҷо омаданд? Дар ин бора дар Инҷил чунин омдааст:
«Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд:
“Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.“
Чун подшоҳ Ҳиродус инро шунид, дар изтироб афтод, ва бо вай тамоми Ерусалим ҳам. Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад? Ба ваӣ гуфтанд: Дар Байт-Лаҳми Яҳудо, зеро ки ба воситаи набӣ чунин навишта шудааст: «Ва ту, эй Байт-Лаҳм замини Яҳудо, аз дигар ноҳияҳои Яҳудо ҳеҷ камӣ надорӣ; зеро ки аз ту Пешвое ба майдон хоҳад омад, ки Ӯ қавми Ман – Исроилро чӯпонӣ хоҳад кард.»
Он гоҳ Ҳиродус мунаҷҷимонро пинҳонӣ даъват намуда, вақти пайдоиши ситораро аз онҳо фаҳмида гирифт, Ва онҳоро ба Байт-Лаҳм равона карда, гуфт: “биравед ва аз аҳволи Кӯдак дурустакак пурсҷӯй кунед ва ҳамин ки Ӯро ёфтед, ба ман хабар диҳед, то ки ман ҳам рафта, Ӯро парастиш кунам.” Онҳо суханони подшоҳро шунида, равона шуданд. Ва инак, ситорае ки дар шарқ дида буданд, пешопеши онҳо мерафт ва ба болои он ҷое ки Кӯдак буд, расида, биистод. Ва ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд, ва ба хона даромада, Кӯдакро бо модараш Маръм диданд, ва зону зада, Ӯро парастиш карданд; ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд. Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.» Матто 2:1-12
Дар матни Тоҷикии Инҷил “маҷусиён” ҳамчун “мунаҷҷимон” омадааст, вале таҷумаи форсии ҳамин матн калимаи «маҷусиён» истифода мекунад. Маҷусиён киҳо буданд?((Форсӣ Инҷили тафсирӣ «чанд маҷус» мегӯяд ва Инҷили Шариф, «маҷусиён» мегӯяд. Калимаи инҷили юнони «магос» (μαγος pl. μαγοι), ин калима аз Фосрӣ қадим ва Авесто «муғупаити» мебошад.)) Маҷусиён роҳбарони рӯҳонии дини Зардуштӣ буданд дар ибтидо ин ном ба гӯруи Модай пайваст буд. Дертар онҳоро чун «мубад ё мубид» ном мебурданд.(Фрай, 1996, саҳ. 17) Онҳо донишмандони олим дар равияи дини Зардуштӣ буда аз рӯи ситораҳо ба сирри ғайб роҳ ёфта муаммоҳоро барои подшоҳон мекушоданд. Далели ин гуфтаҳоро дар китоби Дониёли набӣ (Дониёл 5:11-12) мушоҳида кардан мункин аст. Ҳамаи онҳо дар дини зардуштӣ буда ба воситаи ситораҳо ба ғайб нигоҳ карда амал мекарданд ва албатта ин ба тоҷикон дахл дорад, чунки оини зардуштӣ дар байни аҷдоду авлоди мо ривоҷ дошт.
Калимаи «мунаҷҷимон» тафсири калимаи «маҷусиён» мебошад, онҳо ситорашиносон буда аз рӯи ситораҳо амал карда дар вақти таваллуди Исои Масеҳ ба Ерусалим омаданд ва ситорае онҳоро ба макони таваллуди наҷотдиҳанда ҳидоят мекард.
Онҳо аз куҷо омаданд? Онҳо «аз ҷониби шарқ ба Ерусалим» омаданд, шарқ бошад ин макони тоҷикону форсизабонон мебошад. Ба ақидаи устодони оини масаҳият Клемент аз Искандария ва Ориген онҳо аз макони форсҳо омада буданд.(Алисон,2004, саҳ. 228) Дар таълимотҳои калисои форсу тоҷик чунин ақида ҷори буд, ки маҷусиёни ба парастиши Масеҳ омада аз қаламрави онҳо буданд. Ҳамчунин Марко Поло саёҳи асримёнаги чунин навиштааст, ки маҷусиён аз шаҳри Савени Эрон омаданд. Ва дар вақти сафари Марко Поло халқи Савен ба ӯ се қабристони маҷусиёнро нишон доданд. Ҷавоби аниқ аз куҷо омадани мунаҷҷимон аз рӯи расмҳои Масеҳӣ ва калимаи «маҷусиён» гумон аст, ки онҳо аз ҳудудҳои форсу-тоҷик нишин омаданд.((Пантикост дар забони юнонӣ маънии «50» дорад.))
Маҷусиён киҳо буданд?
Масеҳиёни Сурияги, ки дар заминҳои форсизабонон зиндагӣ мекарданд чунин мегӯянд, ки ин маҷусиён се ном доштанд яъне: Ларвандод, Гуштасп ва Аҳурамаздо. Ҳарчанд аз руи далели расмҳои масеҳӣ номҳои гуногуни ин маҷусиён метавон пайдо кард. Расмҳои масеҳӣ ҳам дар бораи шоҳ ва шоҳзода будани онҳо нақл мекунанд, ки ин ақида асос мегирад аз рӯи туҳфаҳои бисёри овардаи онҳо.
Онҳо барои чӣ омаданд?
«Чун Исо дар айёми подшоҳ Ҳиродус дар байт-Лаҳми Яҳудо таваллуд ёфт, аз ҷониби шарқ ба Ерусалим мунаҷҷимон омада, гуфтанд: Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.»
Аз ин навиштаҳо бармеояд, ки онҳо барои парастиши подшоҳи яҳудиён омаданд ки ин хеле, аҷаб ба назар мерасад. Чӣ хел онҳо донистанд, ки Исои Масеҳ подшоҳи яҳудиён мешавад? Албатта маҷусиён китобҳои яҳудиёнро мехонданд, онҳо доно ва доимо дар ҷустуҷӯи донишомӯзӣ буданду донишманду соҳиб ҳикмати замони худ ҳисоб меёфтанд.
Сабаби асосии омадани онҳо барои зиёрати Ҳиродус ё тамошои Ерусалим набуда фақат барои паристиши Исои Худованд буду вассалом. Ин амали маҷусиён пеш аз ҳама зидди хоҳиши Ҳиродус буд чун, ки онҳо барои парастиши Исои Масеҳ омада буданд. Ҳиродус бошад зидди ин кор буда ӯ дар сар фикрҳои шуҳратпарастиву зуроварӣ дошт, ва ба ҳақиқат такя намекард.
Гӯруҳи дуюме, ки дар назди Ҳиродус ҳузур доштанд онҳо саркоҳинон ва китобдонон буданд. «Ва ҳамаи саркоҳинон ва китобдонони қавмро ҷамъ карда, аз онҳо пурсид, ки Масеҳ дар куҷо бояд таваллуд ёбад?» Мутаасифона ҳамаи саркоҳинону китобдонон дар ҷустуҷӯи ҳақиқату ростӣ набуданд, балкӣ онҳо зидди парастиши Исои Масеҳ буда ба ин воқеа диққат намедоданд. Маҷусиён бошанд дар ҷустуҷӯ ва хоҳиши парастиши Исои Масеҳ буданд. Саволе ба миён меояд; барои чӣ роҳбару муаллимони он вақт дар ҷустуҷуи тавуллуди Исои Масеҳ набуданд? Дар китоби Ирмиёи Набӣ боби 29 ояти 13 омадааст: «Маро хоҳед ҷуст, ва пайдо хоҳед кард, ба шарте ки бо тамоми дили худ Маро ҷустуҷӯ намоед.»Аз ин мебинем ки ин мардони хирад, яъне маҷусиён нафақат дар ҷустуҷӯи шоҳи яҳудиён балки дар дарёфт кардани наҷотдиҳанда ҷидду ҷаҳд мекарданд. Бар аъкси амали онҳо муаллимони яҳудиён дар ҷидду ҷаҳди ҳақиқат набуданд ва ба Китоби Муқаддас бисёр аҳамият надоданд.

Маҷусиён аз куҷо дар бораи омадани Масеҳ огоҳӣ доштанд?
Маҷусиён: – «Ситораро дида, беандоза шод ва хушҳол гардиданд»
Ситорае, ки дар ояти боло дар бораи он сухан меравад дар Тавроти Мусо пешгӯй шуда буд; «Ситорае аз Яъқуб тулӯъ хоҳад намуд, ва чӯбдасти салтанат аз Исроил хоҳад бархост.» (Ададҳо 24:17) Ҳамчунин аз навиштаҳои Таврот маълум мешавад,ки яҳудиён ва пайғамбарони онҳо дар байни аҷдоди тоҷикон зиндагӣ ба сар мебурданд. Яҳудиён ҳар рӯзи шанбе парастиш мегузарониданд ва аз Тавроти Мусо мехонданд аз ин сабаб мумкин ба ин пешгӯӣ аҳамияти махсус медоданд. Пешгуии ин ситора дар бораи салтанати аз Исроил бармеомадагӣ хабар медод.
Саволи дигар дар бораи он, ки маҷусиён оё имконияти хондан ва дастрас кардани китобҳои яҳудӣро доштанд ё не? Аз таърих айон аст, ки мубадҳо ва коҳинони Зардуштӣ давлатдор буданд аз ин лиҳоз барои омӯзиши як чанд забон барои онҳо дӯшворӣ надошт.
Ситорае, ки ба ин воқеаи азим роҳнамудӣ мекард албатта дар бораи кудак ва подшоҳи яҳудӣ будан чизеро фаҳмонда наметавонист. Албатта дар ин бора Худо ба онҳо таввасути ваҳй маълум кард, чунки онҳо доимо бо хондани Каломи Худо машғул буда шахсонӣ рӯҳонӣ буда аз рӯҳ илҳом мегирфтанд. Ин маҷусиён фолбину ҷодӯгар набуда доимо аз Худо илҳом гифтифа Ӯро парастиш мекарданд ва дар ҳолати дидани Нури Худо онҳо бисёр шодмонӣ мекарданд. Баъд аз Исои Масеҳро парастиш кардан, Худо дар хоб ба онҳо бо воститаи ваҳй ояндаро маълум кард: «Ва чун дар хоб ба онҳо ваҳй омад, ки ба назди Ҳиродус барнагарданд, онҳо аз роҳи дигар ба ватани худ равона шуданд.»
Онҳо бисёр ҳассос ба овози Худованд гӯш мекарданд ва Ӯ бо ин мардони Худ доимо машғули кор буд, онҳо на аз одамон балки аз Худо метарсиданд.
Маҷусиён Китоби Муқаддасро хонданд
Пеш аз таваллуди Исои Масеҳ Китоби Муқаддас (Таврот, Забур ва китобҳои паймбарон) бо забони арамӣ тарҷума ва хонда мешуданд. Номи ин тарҷума «Таргум» буд, чунки бисёр яҳудиён бо забони арамӣ (лаҳҷаи калдонӣ) гап мезаданд ва ин алифбо ва талафузи ин забон бо забони Ибрӣ дар он вақт як буданд.(Ҷонс,1972, саҳ. 3) Ин тарҷума дар давраи Эзро сар шудааст ва чанд аср истофода шудааст.1 Забони арамӣ (ё арамейӣ) дертар «забони форсӣ, яъне шакли деринаи забони паҳлавӣ, шакли гузариш ба забони форсии нав мебошад ва забони форсии нав дар хат тамоман аз баҳри унсурҳои арамейӣ баромадааст.» (Умарзода,2006, саҳ. 87-88) Аз ин бар меояд, ки маҷусиён дар забони худашон навиштаҳои Тавроту пайғамбаронро аз худ карда буданд.
Навиштаҳои Аҳди Қадими Китоби Муқаддас асосан бо забони ибрӣ дар зери илҳоми Худо навишта шудааст, вале чанд қисми он бо забони арамӣ ҳам навишта шудаанд. «Аҳди Қадим ба забони ибронӣ навишта шудааст. Истиснои ягона аз инҳо иборат аст: Эзро 4:8 то 6:18; Эзро 7:12-26; Ирмиё 10:11 ва Дониёл 2:4 то 7:28. Ин ҷойҳои ҷудогона бо лаҳҷаи калдонӣ (арамӣ- Н.Ҷ.) навишта шудаанд, ки он ба сифати лаҳҷаи гузариш. Сабаби ин ҳодисаи аҷоиб он аст, ки Дониёл ва Эзро дар Бобил зиндагӣ кардаанд ва бо ҳокимони Бобил ва Форс ки дар ин шаҳр ва гирду атрофаш соҳиби нуфузи бузурге буданд муносибат доштаанд.»2Лаҳҷаи калдонӣ (арамӣ) забони давлатӣ дар замон буда бо таъсиру нуфузи Дониёлу Эзро таввасути навиштаҳои Китоби Муқаддас ба хирадмандони форс дастрас гардидааст.
Дар асри сеи пеш аз милод ҳамаи китобҳои Аҳди Қадими Китоби Муқаддас ба забони юнонӣ трҷума шуданд, ва аз гуфтаи «Септуагинта ё LXX» дар ин кор зиёда аз ҳафтод мутарҷим ширкат варзидаанд.3Пас дар он вақт ҳар касе, ки забонҳои арамӣ ё юнонӣро медонист Китоби Муқаддасро хонда метавонист ва дар давраи давлатдории Юнону Бохтар (аз асри III пеш аз милод) дар минақаҳои тоҷикнишини имруза забони юнонӣ истофода мешуд. «Дар замони Юнону Бохтар хати қадими бохтарӣ ба хати юнонӣ иваз мешавад. Зеро забони давлатӣ забони юнонӣ буд. Аз ин лиҳоз, барои Бохтариён аз хат ва забони модарӣ даст кашидан мушкил буд. Албатта, хату забони юнонӣ дар байни мардуми ориёӣ (Н.Ҷ.-тоҷик) паҳн нашуд, аммо шахсони дар корҳои давлатӣ ҷалбшуда забон ва хати юнониро медонистанд.» (Яъқубов,2000, саҳ. 168) Маҷусиён бошанд соҳибдавлат буданд ва онҳо бемонеъа Китоби Муқаддасро бо забони юнонӣ ё арамӣ мехонданд.
Таъсири Дониёл ба маҷусиён
«Аммо ту, эй Дониёл, ин суханонро пинҳон намо,
ва ин китобро то замони охир мӯҳр зан;
бисёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт.»
(Фариштаи Микоил ба Дониёл 12:4)
Дониёл набӣ дар давраи Ҳахоманишиҳо дар якҷоягӣ бо роҳбарон ва шоҳони зардуштӣ зиндагӣ ва фаолият мекард ва ҳамаи аҳли дарбор ӯро нағз мешинохтанд (Дониёл 6:1-3). Ҳизқиёл ҳам дар замини калдониён аз Худо илҳом гирифта ду маротиба бо номи Дониёл зикр шудааст (Ҳизқиёл 14:20 ва 28:3) ва ин бори дигар дар байни халқ машҳур будани ин марди Худоро исбот мекунад.
Дониёл дар байни халқи форсизабон соҳиби ҳурмату эҳтиром гашта буд. Як матни арамӣ дар бораи Дониёли набӣ аз асри 2-и пеш аз милод ёфт шуд ва ин матн бо номи «Бел ва Аждаҳор» маълум аст. Навиштаҷоти мазкур дар бораи ҳурмат ва дустии подшоҳи Куруш бо Дониёл нақл мекунад, ин матн баъди чорсад сол нашр мегардад, ки исботи ҳурмату эҳтиром доштани ӯро тасдиқ мекунад.4 Ҳарчанд номи ӯ дар байни арабҳо ва адабиёти забрни араби (Куръон, Ҳадисҳо ва Қасас-ул-анбиё) зикр нашудаст (Кривазек,2002, саҳ.157). Дониёли набӣ ба тоҷикон нисбати дигар халқҳо бисёр пайванди дорад. Оромгоҳи Дониёли набӣ дар Шушани Эрони имрӯза ҷойгир шудааст инчунин зиёратгоҳе бо номи вай дар шаҳри Самарқанд воқеъ аст.
Дониёл дар бораи омадани Масеҳ пешгӯии кардааст ва ба ин ҳикояи дар Инҷили Матто буда яҳудиён он қадар аҳамият надоданд аммо маҷусиён бошанд диққати махсус зокир карданд, ки дар Дониёл 9:24-26 маълум шудааст:
«Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотирма ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад (гуноҳ сафед шавад- Н.Ҷ.), ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад. Пас бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола кӯчаҳо ва хандақҳо аз нав барқарор ва бино хоҳад шуд, ва ин дар замонҳои тангӣ хоҳад буд. Ва баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд ва нахоҳад буд; ва қавми раиси оянда шаҳр ва қудсро хароб хоҳад кард, вале охири ӯ зуд фаро хоҳад расид, ва то охири ҷанг вайронаҳо насиб шудааст.»
Ин пешгӯиро ба осони фаҳмидан мушкил аст аммо ин маълум, ки «то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола…баъд аз шасту ду ҳафтсола Масеҳ талаф хоҳад шуд.» Мумкин маҷусиён интизори Масеҳ буданд, чунки ин пешгӯии Дониёл дар байни онҳо навишта шудааст ва онҳо бо чизҳои рӯҳониву пешгӯиҳои оянда шавқу ҳаваси калон зоҳир мекарданд. Аз рӯи ҳисоб бояд ҳафт ҳафтсола (7 х 7 = 49 сол) ва шасту ду ҳафтсола (62 х 7 = 434 сол) то талаф шудани Масеҳ ҳамагӣ 483 сол мегузашт. Дар китоби «Пешгӯиҳои Таврот дар бораи Раҳонанда» чунин омадааст:
«Соли пайғамбарӣ дар Навиштаи Пок 360 рӯз давом мекунад (дар ин бора Ваҳй 11:3-ро бо Ваҳй 12:14 муқоиса кунед, ки дар инҳо севуним сол ба 1260 рӯз баробар мебошад.) ва 69 ҳафтаи соли 173 880 рӯзро (69 х 7 х 360) дар бар мегиранд.» ( Ливи, 2005, саҳ. 13) Ин «аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим» (Дониёл 9:25) дар рӯзи Март 4, 444 пеш аз милод (Наҳемё 2:1-8), (Вилкинсон, 1983, саҳ. 223)5 то Март 29, соли 33 милодӣ рӯзе, ки Исои Масеҳ ба Ерусалим баромад (Инҷили Матто боби 20). Чунин санҷидан даркор: 476 сол зарби 365.24219 рӯз6 дар сол баробари 173 855 рӯз ва баъд 25 рӯз илова кардан даркор, ин фарқияти Март 4 ва Март 29, ҳамагӣ 173 880 рӯз мешавад.
Мумкин маҷусиён ситораро дида ва донистанд, ки вақти Масеҳ наздик аст ва чуноне, ки мо медонем онҳо мунаҷҷимон ба илми риёзиёт ошно буданд, ва дар ҷустуҷуи «Масеҳ раис» буда ба Ерусалим омаданд. Ваҳии Дониёл бо сафари онҳо пайванд аст, худи Дониёл бошад албатта бо пешгӯиҳояш ба тоҷикон ва маҷусиён таъсир расондааст то ки онҳо дар ҷустуҷуи Исои Масеҳ бошанд.
Барои чӣ маҷусиён Исои Масеҳро мепарастанд?
Маҷусиён: – «Ӯро парастиш кунем.»
Ин аҷибот аст ки он маҷусиён – зардуштиён мехоҳанд Исои Масеҳро парастиш кунанд, онҳо аз пешгӯии пайғамбарон фаҳмиданд, ки Ӯ сазовори парастиш аст. Ҳамчунин онҳо боварӣ доштанд, ки он Масеҳи Яҳуд бояд писари Худо (Китоби Муқаддас, 1 Вақоеънома 17:3, 22:10); Худованд (Забур 109:1) ва Коҳини абадӣ (Забур 109:4) номида хоҳад шуд. Ва аз аломати азими ситораи мазкур дар онҳо хоҳиши парастиш авҷ мегирад.
Ҳозир дар бораи он, ки маҷусиён ба Исои Масеҳ чӣ туҳфаҳоро тақдим карданд ва ин чизҳо чӣ маънӣ доранд каме равшанӣ меандозем, «ва ганҷинаҳои худро кушода, инъомҳои тилло, лодан ва мур ба Ӯ тақдим карданд». Аз рӯи анъанаи масеҳӣ ин туҳфаҳо чунин рамзҳоро нишон медиҳад: тилло барои подшоҳии Исои Масеҳ, лодан барои парастиши Исои Масеҳ ва мур барои мурдану қурбонии Исои Масеҳ.
Тилло барои подшоҳ (Масеҳ раис), худи номи Масеҳ ин маънии таъиншуда, подшоҳро ифода мекунад. Дар Инҷили Матто 24:30-31 ва Ваҳй 20:4-6 омадааст, ки Исои Масеҳ абадн подшоҳӣ мекунад. Ҳам маҷусиён инро аз одату анъанаҳои худашон медонистанд; монанди подшоҳи Ардашери Як, ки ӯ тиллоро барои Худо хайрот мекард (Эзро 7:15, 8:24-26). Тиллоро туҳфа овардани онҳо як намуди париштиши онҳо буд.7
Лодан чӣ аст? Ин ашёи хӯшбуи бухури мебошад, ки дар вақти парастиш истифода мекунанд ва дар «Фарҳангӣ Забони Тоҷикӣ» чунин омадааст: «самғи хушбӯи зард ё сурхранге, ки дар калисоҳо вақти ибодат месӯзонанд ва дар тиб низ ба кор меравад.» (Шукуров,1969, саҳ. 602) Маълум аст, ки дар замони қадим дар баъзе ҷойҳои Ҳиндустон лодан барои парастиш (Дҳарманада,2007) истифода мешуд; лодан дар ҷануби Арабистон меруяд. Лодан калимаи форсӣ аст вале дар баъзе ҷоиҳои Китоби Муқаддас бо талафуси Ибрӣ менависанд, «лебӯно» (Тавроти Мусо, Хуруҷ 30:34 ва Ирмиё 6:20) Дар Тавроти Мусо китоби Ибодат 2:1-2 – Лебӯно бар қурбонии ҳадияи ордӣ мемонанд, «бар қурбонгоҳ месӯзонад, – ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.» ва ба болои ноне, ки пеши Худованд монда мешавад (Ибодат 24:7).
Лодан чизи хушбуй ва қиммат мебошад агар онро бо қиммати имрӯза муқоиса кунем тахминан ним килои лодан аз $600 то $1200 ва ин бо сифаташ вобаста аст. (Ван Бик, 1960, саҳ. 87) Маҷусиён бой буданд ва туҳфаҳое, ки онҳо оварда буданд барои фирори Маряму Юсуф то Миср албатта истифода шудааст (Инҷил, Матто 2:13-23) ва аз ин туҳфаҳо маълум аст, ки маҷусиён Исои Масеҳро парастиш мекарданд чун, ки ин чизи қиммату хушбуйро барои парастиш дар ҳузури Худо истифода мебурданд.
Мур чӣ аст? Мур ин равғани атриёт мебошад. Эстери малика аз ин равған истифода кардааст (Эстер 2:12), Сулаймон дар Суруди Сурудҳо 5:5 мегӯяд, «Ман бархостам, то ки барои маҳбуби худ бикшоям, ва аз дастам мур чакид, ва аз ангуштҳоям мури покиза бар дастаи қуфл чакид.» Ин равғани хушбӯиро одамони бой ва шоҳо истифода мекарданд, дар барои ин дар Инҷил ҳам омадааст: Юҳанно 19:39-40 мегӯяд, «Ва Ниқӯдимус, ки пештар шабона назди Исо омада буд, низ омад ва тақрибан сад ратл мур ва уди омехта бо худ овард. Онҳо Ҷасади Исоро гирифтанд ва мувофиқи маросими дафни яҳудиён, ҳанут пошида, ба кафан печонданд.» Яҳудиён ин атриётро бар ҷасадҳо дар вақти дафн истифода мекарданд. (Дҳарманада,2007)
Аз ин хулоса баровардан мумкин, ки маҷусиён низ мисли пешгӯии Дониёли набӣ «Масеҳ талаф хоҳад шуд» гуфта буд, дар бораи ояндаи кудак барои наҷоти одамизод мурдани Исои Масеҳро медонистанд ва дар туҳфаҳои худ мур ҳам доштанд, ин нақшаи Худо буд. Шумо тасаввур кунед, ки аҷдодони мо чи гуна кори азиме карданд!
Пеш аз ҳама ба мо маълум аст, ки Худо ҷӯёи маҷусиён буд ва ин бо ташаббус Ӯст, ки онҳоро барои дар вақти таваллуди Масеҳ ба воситаи ситораи роҳнамо ба назди Ӯ овард , то ки онҳо бо Худованд шинос шуда Ӯро парастиш кунанд. Аз ин воқеъаи азим албатта яҳудиён низ хабардор буданд лекин чуноне, ки мо дидем маҳз маҷусиён тоҷикон ба ин кор сазовор шуданд ва ин воқеа бори дигар дар ҷустуҷу тоҷикон будани Худоро тасдиқ мекунад.
Оё шумо имрӯз монанди маҷусиён дар ҷустуҷӯ ва парастиши Худованд ҳастед? Худо ниёгони моро Худаш барои ба назди Исои Масеҳ омадан роҳбарӣ мекард, то Ӯро парастиш кунанд ва ин барои мо воқеъаи азиме мебошад.
Маҷусиён: – «Куҷост он Подшоҳи Яҳудиён, ки таваллуд ёфт? Зеро ки ситораи Ӯро дар шарқ дидем ва омадем, ки Ӯро парастиш кунем.»
- www.wikipedia.com/Targum
- Китоби Муқаддас, «Ҳамсафари Библия» саҳ. 134.
- Китоби Муқаддас, «Ҳамсафари Библия» саҳ. 134-135.
- “Bel and the Dragon” http://www.wikipedia.com/
- Баъзе таърихшиносон дар соли 445 мегӯянд. Исо дар соли 32 маслуб шуд. Барои чӣ? Дар соли 45-ӯми пеш аз милод Жулиус Қайсар фармон баровард, ки сол бо Январ сар шавад, то он вақт сол бо 21-уми Март сар мешуд, ба ин мақсад баъз вақт ҳисоби таърих як сол фарқият дорад.
- Ин ҳисоб бо соли кабиса аст, чунки солҳои таърих бо тақвими Григорӣ ҳисоб шудааст.
- Мувофиқи Ададҳо боби 7 ва 31:50 тилло барои парастиши яҳудиён истифода мешуд.
Pingback: Тоҷикон аз Шарк - Kalisoi Tojiki