Таърих

Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 9

This entry is part 9 of 10 in the series Худо ҷӯёи Тоҷикон аст

Боби 9 – Давраи Сосониён – Соли 224 то 651 милодӣ

Баъди пош хурдани давлати Портиён, Сосониён ба ҳукумрони меоянд. Ва ҳудудҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба ҳайати давлвти Сосониён дохил мешуд. Пойтахти таърихии онҳо Истахр (Персипола) ва шаҳри дуюм Селевкия-Мадоин (Ктесифонт) буд.(Умарзода,2006,саҳ.425) Давлати навбунёд дорои дини Зардуштӣ буда дини Масеҳӣ гоҳ озод ва дар ҳолатҳои дигар аз тарафи давлат манъ карда пайравонаш ба таъқибот дучор мешуданд.

Дар соли 313 дар шаҳри Милан қарори махсус қабул шуд,ки мувофиқи он дар Рум дини Масеҳӣ дини давлатӣ гардид. Имондорони Масеҳие, ки дар байни Сосониён зиндагӣ мекарданд бо тарсу харос умр ба сар мебурданд. Соли 315, Калисои Шарқ аз Рум ҷудо шуда мустақил шуданд ва онҳо роҳбари руҳонии худро интихоб карданд.

Дар соли 338 милодӣ ҳамлаи Нисибин оғоз меёбад дар ҳолате, ки Масеҳиён ба сарбозони Руми ёрӣ мекарданд ва аз тарафи шоҳи Сосонӣ Шоҳпури Сонӣ (310-379) дар соли 341 милодӣ фармоне барои ҳамлаи он бар зидди Масеҳҳои сосонӣ имзо шуд, ки дар натиҷа 16,000 Масеҳиҳо шаҳид гардиданд.

Қонуни таҳаммул дар бораи озодии Масеҳиён дар соли 399 интишор гардид,1 аммо ин озодӣ фақат 20 сол давом карда дар охири давраи Яздигурди Аввал (399-420), Баҳроми Гӯр ё V (420-438) ва Яздигурди се (438-457) (Моффет,1998, саҳ.186,205 то 208) боз таъқибот бар зидди Масеҳиён сар мешавад. Махсусан аз тарафи Баҳроми Гӯр таъқибот ба дараҷаи шадид расида чандин роҳбарони калисоҳо шаҳид гардиданд, мӯбадони зардуштӣ бошанд бо давлат ҳамкорӣ карда ба Масеҳиён зиддият нишон медоданд ба монанди давраи зиндагии Дониёли набӣ, ки маҷусиён ба пайғамбари Худо душманӣ мекарданд.

Дар давраи Сосониён Масеҳиён ба нуфузи баланд соҳиб гардиданд, ҳатто баъзе хешу табарони наздики шоҳҳо имондор шуданд аз ҷумла Шоҳ Қубоди Аввалро (489-531) маликааш Масеҳӣ буд ва ӯ модари Хусрави Аввал (531-579) буд. Қубоди Аввал ба Масеҳиён бисёр меҳрубонӣ мекард ва вақте, ки ӯро аз тахташ сарнагун карданду ӯ фирор кард аксарияти Масеҳиён бо шоҳ рафта хайрхоҳаш буданд. Ин Қубоди Аввали асир гаштаро акнун ба ёдаш омада буд, ки Зардуштиён барои ба Масеҳиён ёрӣ доданаш зидди ҳукмронии ӯ буданд.

Хусрави Аввал (писари Қубоди Аввал) баъзе вақтҳо зид ва баъзе вақтҳо тарафдорӣ Масеҳиён буд: «Хусрави Аввали Анӯшервон аз тафтори католикос-нависандаи машҳури несторианӣ Мар-Абаи I ба ғазаб омада ӯро бадарға кард ва супориш дод, ки маъбади несторианиро дар Селевкия вайрон кунанд, аммо боз ҳамон Хусрави Аввали Анӯшервон ба насрониён дар сохтмони маъбадҳо ва дайрҳо (Н.Ҷ. – калисоҳо) кӯмак мерасонд.» (Умарзода,2006, саҳ.468) Ӯ бар зидди Мар-Абаи I буд, чунки Мар-Абаи I дар назди мӯбадон ва подшоҳ эълон мекард, ки ӯ зардуштӣ буда баъд Масеҳӣ гаштааст, мӯбадон (коҳинони зардуштӣ) бошанд барои бадарға кардани шоҳзода кушиш мекарданд. Ин ҳодиса онро нишон медиҳанд, ки дар Калисои Шарқ шахсони таъсирбахш аз байни тоҷикону форсҳо кор мекарданд ва Таърихи Тамаддуни Ориён инро тасдиқ мекунад, ки «яке аз писарони Хусравро ба дини насронӣ гардонанд»(Умарзода,2006, саҳ.468)

Аз Хусрави Сонӣ ва ӯ ҳам Хусрави II Парвиз (590-628) чунин гуфтание ба мо расидааст ки аз роҳбарони Калисо таълимот пурсед, ин дар соли 612-и милодӣ буд,(Моффет,1998, саҳ.183) Маликаи ӯ Ширин ва писараш Масеҳӣ буданд. (Умарзода,2006, саҳ.483;Аъзамов,2002, саҳ.68) Хусраву Ширин дар Шоҳномаи Абулқосими Фирдавсӣ (934-1021), достони Хусраву Ширини Низомии Ганҷавӣ (1141-1203) ва ҳам ҳунари наққошони маҳшур муносибати хубу ошиқонаи онҳоро тараннум мекунанд. Иброҳим Умарзода дар бораи Хусрави Сонӣ нақл мекунад, «Ҳазорон пайравони дини насронӣ дар дарбори ӯ хизмат мекарданд ё аниқтараш Хусрави II-ро ҳимоя мекарданд.» (Умарзода,2006, саҳ.483) Ҷасади Хусрави II-ро (соли 628) ба Ҳираи ҷануби давлат дар тарафи арабҳо фиристода дар монастири насрониён гӯрониданд. (Умарзода,2006, саҳ.488)

Достӣ Шариф ва Хурсанд Аъзамов ин хел хулоса карданд: «Дар навбати худ, мавҷудият ва ташкилоти худи калисои сурёнӣ ба муносибати ҳокимони давлати сосониён сахт вобастагӣ дошт.» (Аъзамов,2002, саҳ.50)

Пеш аз Ислом дини Зардуштӣ ва дини Масеҳӣ ба мутаносиб наздик буданд, хусусан дар асрҳои 5 ва 6-и милодӣ дар дохили давлати Сосониён Масеҳиён бисёр буданд ва аз рӯи ҳисоби оморшиносон гумон меравад, ки то 40% аҳолӣ Масеҳӣ буданд.2 Таърихшиноси Масеҳӣ Латореет навиштааст: «Дар асри VII дар вақти забти мусулмонон шумораи аҳолии масеҳӣ ва яҳудӣ қариб ба миллион ва ними он мерасид. Аз онҳо эҳтимол бисёриашон масеҳӣ буданд.» (Аъзамов,2002, саҳ.68) Яке аз таърихшиноси тоҷик ҳам дар ин бораи чунин гуфтааст: «Аҳолии асосии давлати Форс дар ин замон асосан аз равияи насронии несторианӣ иборат буд.»(Умарзода,2006, саҳ.484) Пеш аз Ислом ва ҳам дар 700 соли давраи он Масеҳиён шумораи зиёд буданд ва хушҳолу комёб зиндагӣ мекарданд.

Барои Масеҳиёни имрӯза давраи Сосониён дарси ибрат аст ва Исои Масеҳ гуфт: «Аммо аввал малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед, ва ҳамаи ин чизҳо ба шумо ба таври илова дода хоҳад шуд.» Ҳам, «Пас, он чи аз они қайсар аст, ба қайсар диҳад, ва он чи аз они Худост – ба Худо.» ( Матто 6:33 ва 22:21) Масеҳиён бояд малакути Худоро, ки рӯҳонӣ аст биҷӯанд ва ба давлатдорон таъсири хуб расонда барои онҳо дуо кунанд, вале на ба монанди Рум, ки дини давлатӣ шавад ва ин мақсади башорати Худо нест. Ҳар як имондори Масеҳӣ бояд гуфтаи Худованд, ки «Аввал малакути Худо ва адолати Ӯро биҷӯед!»-ро пайравӣ кунад.

Таъсис шудани ҷамоатҳои Масеҳӣ

Дар давраи Сосониён ҷамоатҳои Масеҳӣ бисёр мешуданд ва ҳоло мо ба рӯйхати ин ҷойҳо ва давраҳои таъсис ёфтани ҷамоатҳои Масеҳӣ назар мекунем: –

  1. Ҳирот (424-и милодӣ)
  2. Рухути Сиҷистон3 (544-и милодӣ)
  3. Заранҷ (544-и милодӣ, Афғонистон имруза)
  4. Фараҳи Сиҷистон (544-и милодӣ)
  5. Боғдис (585-и милодӣ, шимоли Ҳирот)
  6. Хурдистон (585-и милодӣ, назди Ҳирот).

Ва инчунин мавзеъоети, ки дар онҳо митронҳо таъин шуда буданд: Ҳирот (588-и милодӣ), Ҳиндустон (628-и милодӣ ё 712). Нишонаи ин мавҷудиятҳо то имрӯзҳо дар вилояти Ҳирот дида мешавад, ки яке аз кишлоқҳои наздикии Ҳиротро «Инҷил» меноманд. Ҳамаи ин гувоҳи онанд, ки дар давраи Сосониён башорати Исои Масеҳ дар ҷануби Афғонистони имрӯза хеле бисёр паҳн гардида буд.

Юшуяб II дар салтанати Сосониён дар ин қаламрав хизмати намояндагиро аз номи Калисои Шарқ ба уҳда дошт, роҳбарони хуби рӯҳонӣ дар мактабҳои маҳалла бо корҳои адабиёт машғул буданд.

Series Navigation<< Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 7
  1. http://www.srr.axbridge.org.uk/ Дар ин сайти интернет таърихи адабиёту дини масеҳӣ дар шарқ.
  2. Мусоҳибаи шахсӣ бо Patrick Johnstone, Март, 2007.
  3. Дар вақти пеш ин ҷой Сакистон номида мешуд ва ҳам ин ҷойро дар забони араби Сиҷистон ва дар забони тоҷикӣ Систон низ мегуянд. Ин макони ҷануби Афгонистон ва ҷануби Эрон ҳозира мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *