Таърих

Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 1

This entry is part 2 of 10 in the series Худо ҷӯёи Тоҷикон аст

Накҳати Ҷон

«Ҳамаи қавмҳои насли одамизодро Ӯ аз як хун ба вуҷуд овардааст…..То ки онҳо Худоро ҷустуҷӯ кунанд ва, шояд Ӯро ёбем гӯён, кӯр-кӯрона даст-даст карда нагарданд, гарчанде ки Ӯ аз ҳеҷ яке аз мо дур нест: Зеро ки мо дар Ӯ зиндагӣ ва ҳаракат мекунем ва вуҷуд дорем, чунон ки баъзе аз шоирони шумо низ гуфтанд: ‘мо фарзандони Ӯ ҳастем.’» Инҷил, Аъмол 17:26-28

Муқаддима

Хислати Худо васеъ ва ҳама амалу хости Худо фаҳмнопазир аст, вале як хислати Худо ба ман шавқовар аст – ин дар талабу ҷӯё будани Худованд ба одамизод. Барои чӣ Худо моро, ки гуноҳкорем, ҷӯён аст? Мо сазовори аҳамияти Худо нестем вале файзу муҳаббати Худост. Ҳошим Гадо мегуяд: «Ӯ бо мост, лек мо бо ӯ на!»

Худо доимо бо мост, вале дар тули асрҳо Тоҷикон дар талаби Худо набуданд. Ҷӯстуҷӯи рӯҳонӣ бояд ду тарафа дошта бошад, аз тарафи Худо ва ҳам аз тарафи одамизод.

Мо дуогӯи онем, ки ин китоб хоҳиши дарёфти Офаридгоримонро дар вуҷуди мо бедор кунад.

Дар ин китоб мо ба таърихи ҷуё будани Худо ба халқи Тоҷик аз замони Ҳахоманишиҳо то асрҳои миёна суҳбат мекунем. Албатта умед ба он аст, ки ин саршавии омӯзишу таҳқиқи самимӣ мешавад. Мақсади ин навиштаҳо ин аст, ки имондорони тоҷик ба мероси мадании худ аҳамият диҳанд ва донанд, ки имони онҳо дар асри 21 сар нашуда балки дар асрҳои гузаштаи дур сар шудааст.

Таърих ва навиштаҳои масеҳият ва ҳам ин китоб ба он далолат мекунад, ки Исои Масеҳ наҷотдиҳандаи дунё аст ва фақат Ӯ метавонад одамизодро бо Худо пайваст кунад, чунки Ӯ барои гуноҳони мо қурбонӣ шуд. «Ман барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам; ва ҳар кӣ аз ростист, овози Маро мешунавад.» (Шаҳодати Исои Масеҳ дар назди Пилотус, Юҳанно 18:37).

Асари мазкур «Худо ҷӯёи тоҷикон аст» барои ҷалоли Худо навишта шудааст, «Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад!» (Инҷил, Ваҳй 5:13) Омин!

Қисми 1 – Дар давраи Ҳахоманишиҳо

Боби 1 – Куруши Кабир

Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?» (Таврот, Ҳастӣ 3:9)

Аз ибтидои миллати тоҷикон Худо ҷӯёи ин қавм мебошад, Ӯ халқи моро барвақт интихоб карда то имрӯз ҷустӯҷӯ карда истодааст. Мақсади Худованд дар ин робита дар каломи Ирмиёи Наби баръало зоҳир аст: «ба шумо ояндаи нек ва умедворӣ бибахшам.» (Китоби Муқаддас, Ирмиё 29:11)

Аз таърихи халқи тоҷик маълум аст, ки тоҷикон аз гуруҳи форсизабонон буда дар осиёи миёна ҷудо аз туркҳою арабҳо ба вуҷуд омадабо номҳои Протиён, Эломиён, Модиён, Ориён, Бохтариҳо, Суғдиён, Марғиён, Хоразмиҳо маълум ҳастанд.(Шукуров,1969,саҳ.376) Имрӯзҳо тоҷикон аксаран дар кишвари Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистону Эрон зиндагӣ мекунанд.(Ғафуров,1989, саҳ.38)

Мақсади китоби «Худо ҷӯёи Тоҷикон аст» – ин баён кардани таърихи зоҳир шудани Худо ба миллати форсизабон дар қадим ва муносибатти онҳоро бо Худо мебошад. Худованд барои амалӣ кардани нақшаи худ подшоҳони аҷдоди тоҷиконро истифода бурда дар миёни Тоҷикон паёмбаронро фиристод то, ки онҳо иродаи Худоро иҷро кунанд.

Дар Китоби Муқаддас ғайри халқи Ибрӣ дар бораи халқи форсизабон ҳам бисёр навишта шудааст, ки давлати Ҳахоманишиҳо бо имондорони Китоби Муқаддас доимо дар рафту ой буданд. Имондорон (Яҳудиён ва Масеҳиён) дар байни тоҷикон умр ба сар мебурданд. Хулоса мо ба ояндаи ин ҳалқ нигоҳ карда дар барои каломи Худо, ки «ояндаи нек ва умедворӣ бибахшад.» – чӣ мақсад дорад, гуфтанаем. Ин ваъдаи умедбахш ба воситаи Ирмиёи набӣ ба халқи Яҳуд ваҳй шуд ва ин порча дар вақте, ки онҳо дар асирии Бобил буданд аз Худо нозил шуд. Баъди ҳафтод сол пур шудан ин нақшаи неки Худованд ба амал меояд, яъне соли 539-и пеш аз милод дар замони сарнагун шудани Бобил аз тарафи «Куруши II-и Кабир».

Инчунин мақсади дигар ин хулоса барорӣ аз рафтори амалии одамон ба аъмоли Худо мебошад.

Интихоби Подшоҳони Ҳахоманишиҳо

Худо мегӯяд : «Уқоберо аз шарқ,

Иҷрокунандаи қарори Худро аз кишвари дурдаст хондаам;

он чи гуфтаам, яқинан ба амал хоҳам овард;

он чи пешбинӣ намудаам, яқинан иҷро хоҳам кард.»

Ишаъёи набӣ 46:11

Пеш аз таъсис ёфтани давлати Ҳахоманишиҳоро пайғамбар Ишаъё дар бораи марг ва ҳаёти заминии Исои Масеҳ ва ҳам дар бораи шоҳи аввали Ҳахоманишӣ, Куруши Кабир пешгӯӣ карда буд (Ишаъёи Наби 53).

Аввал бояд инро донем, ки Ишаъёи набӣ дар солҳои 740 то 680 пеш аз милод зиндагӣ кардааст (Вилкинсон,1983.саҳ.191) ва мувофиқи таърихномаҳо Ишаъёи набӣ «дар айёми Узиё, Ютом, Оҳаз ва Ҳизқиё, подшоҳони Яҳудо» зиндагӣ мекард (Ишаъё 1:1). Куруши Кабир бошад солҳои 559-530 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст ва Ишаъё 120 сол пеш аз омадани Куруш пешгӯии худро кардааст. Ин далел бори дигар ба мо ҳамадонии Худовандро собит менамояд.

Пешгӯии Ишаъёи Набӣ

«Ӯ (Худо) дар бораи Куруш мегӯяд: “Вай чӯпони Ман аст, ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид.” Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: “Бино хоҳад шуд!” ва дар бораи маъбад: “Бунёди ту ниҳода хоҳад шуд!”» Ишаъё 44:28

«Худованд ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: “Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям, ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.» Ишаъё 45:1

Бори аввал номи «Куруш» аз ҷониби Худо зикр шудааст ва дар матни зикршуда ду маротиба «туро ба номат хондам ва мӯҳтарам доштам» (Ишаъё 45:3,4) гуфта Худованд номи ин подшоҳ мегирад.

Дар ҷои дигар Худованд Куруши Кабирро «чӯпони Ман» мегӯяд. Ва Худованд медонист, ки Куруш аз кӯдакӣ дар дасти чӯпонон калон хоҳад шуд. (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 12 ва 411) Дар Китоби Муқаддас чӯпон маънои роҳбари рӯҳониро дорад. Куруши Кабир ба халқи Яҳудӣ ёри карда хизмати Худовандро ба ҷо овард.

Сеюм, дар китоби Ишаъё Набӣ, Куруши Кабир бо тахалуси «масеҳ» зикр шудааст, ки «масеҳ» маънои таъиншударо дорад. Дар забони тоҷикӣ калимаи «масҳ – молидан бо даст» мебошад. (Шукуров, 1969, саҳ. 653) Дар замони қадим қабл аз таъин лардани подшоҳ сари ӯро бо равған масҳ мекарданд, пас ӯро ба подшоҳӣ таъин мекарданд. (Китоби Муқаддас, 1 Подшоҳон 10:1, 16:13)

Номи «масеҳ» махсус барои Исои Масеҳ аст, чунки Ӯ подшоҳи аҳди Довуд буда барои ҳукмронӣ таъин шудааст. (1 Вақоеънома 17:3-15; Луқо 1:30-35; 2:10-12)1 Дар пешгӯии Ишаъёи Набӣ бошад Худованд Куруши Кабирро барои дастгири кардани халқи Яҳудӣ таъин кардааст. Куруш ин намунаи бараълои наҷоткор аст, Куруши Кабир ҳатто душманони ашадии худро аз марг наҷот медод. Масалан: “шоҳи Лидия Крезро барои хиёнати дуборааш ҳукм карданд, ки оташ бизананд, вале Куруш на фақат оташ назад, балки озод кард.” (Умарзода, 2006, саҳ. 232) Таърихшиносон исбот мекунанд, ки ӯ ба подшоҳони дигар ҳам наҷот додааст ва ин тимсоли Исои Масеҳ аст, ки наҷотдиҳандаи дунё аст то, ки онҳо аз гуноҳашон озод шаванд.

Дар ин пешгӯӣ инчунин хотирнишон шудааст, ки дар муддати ҳукмронии худ Куруш чандин амалҳои азимро бо ҷо овардааст; – барқарор намудани Ерусалими2 харобгашта (Ишаъё 44:28) мағлуб намудани халқҳое, ки зидди Яҳудиён буданд (Ишаъё 45:1), бе Ерусалим баргардонидани Яҳудиён ва таъмири он (Эзро 1:1-11).

Дар соли 539 пеш аз милод Куруши Кабир давлaти Бобилро шикаст медиҳад ба Бобил ҳамла карда ин шаҳрро забт мекунад.(Абдураҳмон, 2006, саҳ.235) Дар натиҷаи ин халқи Яҳуд ва ҳамчунин дигар халқиятҳое, ки дар асирии Бобил буданд озод шуда озод гашта ба ватани худ баргаштанд.

Бароти Абдураҳмон чунин менависад : «Овози баланду кашишдори Эзрои коҳин, ки лабрези андӯҳ буд, дар сақфи толор танин афканд. Худованд барои наҷоти қавми мо рӯҳи Куруш – подшоҳи Порсро барангехт ва ӯ бо лашкари сершумораш қалъаи Бобулро фатҳ кард.» (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 255)

Хулоса ин пешгӯӣ чунин мақсад дорад, «Ман Худованд ҳастам, ва дигаре нест; ғайр аз Ман Худое нест.» (Ишаъё 45:5). Ин суханон ҳафт маротиба зикр шудааст, ки ин таъкид барои халқи Яҳуд буд то онҳо ба Худо баргашта Ӯро парастиш кунанд. Ҳамчунин бо ин амалаш Худованд дар ҷустуҷуи дигар халқҳо буданашро ва онҳоро барои парасташи Худ даъват карданаш аён мекнад. Худо давлати Ҳахоманиширо интихоб кард то, ки онҳо Ӯро шиносанд.

Мо бояд дарк кунем, ки ин пешгӯӣ чизи оддӣ набуд. Дар Китоби Муқаддас дар бораи халқи Яҳуд ва мақсади рӯҳонии Худо нақл карда мешавад. Вале дар ин ҷо дар бораи як подшоҳи ғайри Яҳуд сухан меравад ва пурсида мешавад барои чӣ? Барои он, ки Худованд ҳам барои дигар миллатҳо ва аз он ҷумла барои миллати форс муҳим ва барои муҳлати тулонӣ – тоҷикон низ, аҳамияти калон дорад.

Дар осорхонаи Британия силиндраи Куруши Бузург пайдо шудааст.

Фармони Куруши Кабир – таъмири маъбад

Яҳудиён бе иҷозати подшоҳ ба Ерусалим баргашта ба таъмири маъбад сар карда наметавонистанд ва аз ин сабаб Худо бо рӯҳи Куруш кор кард.

«Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Фарс, барои он ки каломи Худованд аз забони Ирмиё иҷро шавад, Худованд рӯҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт, ва ӯ дар тамоми мамлакати худ ҷор андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: ҳама мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст, ки дар Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Худояш бо вай бошад, бархоста ба Ерусалим, ки дар Яҳудия аст, биравад ва хонаи Худованд Худои Исроилро, – ҳамон Худоро, ки дар Ерусалим аст, – бино намояд.» (Китоби Муқаддас, Эзро 1:1-4)

Ин ваъдаи Худованд ба воситаи Ирмиёи набӣ3 гуфта шуда буд, ва ҳоло онро Эзро аз нав баён мекунад. «Инак, Ман ба он марҳам ва даво хоҳам бахшид, ва онҳоро шифо хоҳам дод, ва фаровонии осоиштагӣ ва ростиро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт. Ва асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид, ва онҳоро мисли пештара бино хоҳам кард.» (Ирмиё 33:6-7)

Ин фармони Куруш, дар нақшаи Худо буд ва баъд аз мағлуб шудани Бобил ин фармон эълон шуд (соли 539 ё 538). Барои тасдиқи ин мисол порчеро аз китоби «Таърихи Қадими Халқи Тоҷик» овардан мукин аст: «Асирони Бобулро озодӣ бахшид ва ба онҳо иҷозат дод, ки ба ватанашон баргарданд. Дар Бобул махсусан яҳудиёни асир зиёд буданд. Куруш ба онҳо рухсат дод, ки ба Исроил раванд ва (мисли) ин пешин зиндагонӣ ба сар баранд. Куруш озодии пайравӣ аз дину оинро эълон кард, яъне ҳар кас мутобиқи дини худ ибодат мекард ва душманӣ бо пайровони динҳо дигар манъ карда шуд.» (Яъқубов, 2000, саҳ. 132)

Агар мо бо диққат дида метавонем дар фармонаш, Куруш мегӯяд, «ҳама мамлакатҳои заминро Худованд, Худои осмон, ба ман додааст, ва Ӯ ба ман амр фармудааст». Ӯ эътироф мекунад, ки Худои яккаву ягона мамлакатҳои заминро ба вай дода ва ба ӯ амр фармудааст. Албатта Куруш медонист, ки Худо ба воситаи Ишаъёи Набӣ ӯро интихоб кардааст ва инро эътироф мекунад.

Дар бораи ин фармон Бароти Абдураҳмон дар романи таърихии худ бисёр муфассал менависад:

«Ман Куруш, шоҳаншоҳи Порсу Мод ва ҷаҳор самти олам ба қавми бани Исроил дуруд мерасонам, ки ҳамаи асирони ба Бобул овардаи Навохудоносор бо амри ман саросар озод карда шуданд. Ва ман бо инояти худоён ба хазинадорам Миртадод фармудам, ки тамоми сутунҳои мисин, дегҳо, хокандозҳо, кордҳо косаҳо, қошуқҳо, пиёлаҳо, миҷмару дулҷалҳоро, ки аз мис, нуқра ё тилло будан, ба ибодатхонаи Иерусалим бозгардонад!» (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 256)

Аз ин воқеаи таърихи маълум мешавад, ки подшоҳи охири Бобил Набонид,4 зидди худоён ва маъбадҳои дигар буда ӯ фақат тарафдори худои Бобил буд. (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 206) Дар вақти нашри фармони Куруш, ки халқ интизори роҳбари дигар, ки динашонро озод кунад, буданд ин фармон ба фотеҳи нави Бобил ёри мерасонад, ки дар натиҷа халқ тарафдораш мешавад. Баъди ин яҳудиён ба фармон такя мекарданд вале онҳо метарсиданд ва ин маъбад қариб 20 сол пас аз ин фармон таъмир шуд.

«Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба баровардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои Худованд шурӯъ карданд, ва лекин бунёди маъбади Худованд ҳанӯз ниҳода нашуда буд.

Ва нуқра ба сангтарошону наҷҷорон, ва хӯроку машруботу равған ба сидӯниён ва сӯриён доданд, то аз Лубнон, мувофиқи иҷозате ки Куруш, подшоҳи Форс, ба онҳо додааст, дарахтони арзро бо роҳи баҳр ба Ёфӯ биёранд.» Эзро 3:6-7

«Вале Зарубобил ва Ешуа ва дигар сардорони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: “Шумо бо мо хонаи Худои моро бино нахоҳед кард, балки танҳо мо барои Худованд Худои Исроил, чунон ки подшоҳ Куруш, подшоҳи Форс, ба мо амр фармудааст, бино хоҳем кард.” ва мардуми он кишвар дастҳои қавми Яҳудоро суст мекарданд ва онҳоро аз бино кардан метарсониданд.» Эзро 4:3-4

Баъд аз нашри фармони Куруш яҳудиён ба Ерусалим дар се давра баргаштанд:

Аз ин таърихномаҳо маълум мешавад, ки фармони Куруш аҳмият ва таъсири калон дошт, ва яҳудиён қариб 100 сол баъди эълон шудани фармон ба он такя мекарданд.

«Бигзор тамоми аҳли замин аз Худо тарсон бошанд; ҳамаи сокинони дунё аз Ӯ ҳаросон шаванд, зеро ки Ӯ гуфт, ва иҷро шуд; Ӯ амр кард, ва қоим гардид. Худованд машварати халқҳоро ботил мекунад, ба андешаҳои қавмҳо монеъ мешавад. Машварати Худованд қоим аст то абад, андешаҳои дили Ӯ то абадуддаҳр.» Забур 32:8-11

Series Navigation<< Худо ҷӯёи шумост!Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 2 >>
  1. Дар 1 Вақоеънома 17:3-15 ин ваъда дар бораи оянда аст, вале дар Луқо 1:30-35; 2:10-12 ба амал омадани ин ваъдаро мебинем.
  2. Шаҳри Ерусалим аз қадим пойтахти давлатӣ Яҳудиён мебошад.
  3. Ирмиёи набӣ соли 627 то 580 пеш аз милод хизмати Худоро кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *