
Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 2
Боби 2 – Пайғамбарӣ дар миёни Подшоҳони Ҳахоманишиҳо
«Ва Ман дар миёни онҳо аломате ба амал хоҳам овард, ва онҳоеро, ки аз байнашон растагор шуда бошанд, сӯи халқҳо…
ки овозаи Маро нашнидаанд ва ҷалоли Маро надидаанд, хоҳам фиристод, ва онҳо ҷалоли Маро дар миёни халқҳо хабар хоҳанд дод.» Ишаъёи набӣ 66:19
Барои аён намудани иродаи худ Худованд дар байни сулолаи Ҳахоманишиҳо пайғамбаронро фиристодааст. Ба монанди Дониёли Набӣ, Эзрои Коҳин ва Наҳемёи Набӣ дар байни ин сулолаи подшоҳон зиндагӣ ва фаолият кардаанд. Онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамнишини дарбор буда ба гирифтани чунин фармон соҳиб шуданд. Ҳоло таъсири пайғамбаронро ба фармонҳои подшоҳони Ҳахоманишиҳо нигоҳ мекунем, ки чӣ хел Худо дили ин подшоҳонро бо воситаи пайғамбарон моил кардааст.

Набукаднесар (Навохудоносор) подшоҳи Бобулистон Ерусалимро дар соли 605-и пеш аз милод забт карда халқи Яҳудро ба асирӣ бурд ва дар миёи онҳо Дониёли набӣ ва дигар ҷавонони солимақл буданд. (Умарзода, 2006, саҳ.75) Дар вақти зиндагии ӯ дар замони подшоҳони Бобил ва фарсизабонон ба Дониёли набӣ аз Худованд ваҳй омад. Дар он вақт Дониёл яке аз вазирони калони подшоҳ буд. Дониёли набӣ соли 605 аз Ерусалим ба асирӣ рафт ва то соли 536 – соли сеюми ҳукумронии Куруш, (Дониёл 10:1) дар дарбори вай хизмат кард. Таъсири Дониёл аввал ба Дорёвеш насли Модай маълум шуд. Кишвари Мидия (Мод) дар ҷои шимолу ғарбии Эрони имруза дар асрҳои VII-VI пеш аз милод воқеъ буд.(Ғафуров, 1998, саҳ. 67, Умарзода, 2006, саҳ. 74)
Форсҳо ва Модҳо дар як шоҳигари буданд, пеш аз Куруш подшоҳӣ ин сарзамин аз сулолаи Модҳо буд ва баъд аз Куруш подшоҳи ба дасти Форсҳо мегузарад. Модари Куруш Мандана, духтари шоҳи Модҳо Астиаг буд.(Умарзода,2006, саҳ. 239-240)
Дар бораи таърихи Ҳахоманишиҳо Бобоҷон Ғафуров чунини менависад:
«Бунёди давлати Ҳахоманишиҳоро подшоҳии тоифаҳои форс Куруши II гузошт, ки пештар чун вассал ба салтанати Мидӣ тобеъ буд. Ӯ дар натиҷаи муборизаҳои сахт ва дуру дароз на фақат аз тобеият халос шуд, балки дар соли 550 пеш аз милод давлати Мидиро тамоман торумор намуда, ба зери итоати худ даровард. Вай дар баробари унвони подшоҳии Форс унвони подшоҳии Мидиро ҳам соҳиб шуд.» (Ғафуров, 1998, саҳ. 90)
Ин ҷои тааҷуб нест, ки Куруш бар мамлакати нави Бобил як роҳбари Модро мемонад. Дар Курушнома омадааст:
«Куруш ақида дошт, ки подшоҳ барои халқи худ бояд мақоми чӯпонро дошта бошад. Чӣ тавре ки чӯпон барои беҳбудии галаю рама кушиш менамояд, шоҳ низ барои халқи худ, беҳбудӣ он ҳифзи он ғамхорӣ намояд.» (Умарзода,2006, саҳ. 239-240; Яъқубов, 2000, саҳ. 133)
Ҳоло мебинем, ки чӣ хел Худо дар як қисми давлати Ҳахоманишӣ мӯъҷизот кард ва Дорёвеш насли Модай Худоро ҳамду сано мекунад.
Дорёвеш кӣ буд?
«Дар соли аввали Дорёвеш ибни Аҳашверӯш аз насли Модай, ки бар мамлакати калдониён подшоҳ шуда буд.» (Дониёл 9:1).1
Дорёвеш фақат ба мамлакати калдониён ҳукмрон буд ва мамлакати калдониён макони Бобилистон ва Ошур буд, вале Куруши Кабир ба мамлакатҳои Бобилистон, Ошур, Мод, Арманистон, Каппадокия ва Элому Порс ҳукмронӣ мекард. (Зиёев, 2005, саҳ. 103-105) Пойтахти Куруши Кабир дар шаҳри Посаргард буд ва мазкази дуюми давлати вай шаҳри Экбатан буд. (Яъқубов, 2000, саҳ. 128-137.)2 Дар ин бора дар китоби Дониёли Набӣ омадааст: «Ва ин Дониёл дар салтанати Дорёвеш ва дар салтанати Куруши форсӣ комёб гардид.» (Дониёл 6:28).
Ақидае ҳаст, ки гуё ҳамин Дорёвеш Гаубру мебошад,(Вилкинсон, 1983, саҳ. 222, Виткомб, 1963, саҳ. 83).3
Бароти Абдураҳмон менависад: «Гаубру бо Куруш аҳду паймон мебандад ва дертар ҳамроҳи сипоҳиёнаш дар фатҳи Бобул ширкат меварзад. Баъди забт намудани Бобул Валтасарро((Дар Китоби Муқаддас ин ном «Балшасар» зикр шудааст.)) мекушад ва муддате ҳамчун волии шаҳр сиёсати давлатдории Куруши кабирро пеш мебарад. Баъди якчанд ҳафта аз ҷониби модари Валтасар – маликабону Нитокрис кушта мешавад. Лашкаркаши набардозмудаю далер ва соҳибтадбир, ба боварии Куруш сазовор шуда, бештар ба сафи ҷанговарони бобулӣ сарварӣ мекард.» (Абдураҳмон,2006, саҳ.408) Агар ҳамин Дорёвеш Гаубруро бошад шояд ба хотири оддӣ будани номи Дорёвеш ва дар замони фаолияти Дониёл номи Дорёвеш зикр мешавад ва бо соли якуми салтанати Дорёвеш омадааст.(Дониёл 9:1 ва 11:1) Таърихнависон менависонанд, ки Гаубру кушта шуд баъди чанд вақт ва албатта дар соли якюми салтанатии вай ва ин бемақсад нест, ки дар китоби Дониёл ӯ такрор нашудааст чун, ки дар соли сеюми Куруш подшоҳии Форс таъсис ёфтааст. (Дониёл 10:1).4
Саршавии давлати Ҳахоманиши дар вақти ғолиб омадани онҳо дар давлати Бобулистон буд ва дар шаби афтидани Бобил Дониёли набӣ дар он вақт дар қасри подшоҳӣ буда пешгӯӣ кард (Дониёл боби 5), ки давлати Бобил тақсим шуда ба Модай ва форс дода мешавад (Дониёл 5:22-31).
Дониёли набӣ дар саршавии давлати Ҳахоманишӣ, дар мамлакат 120 ҳоқимон буданд, ки ба онҳо се нозир назоратчӣ буданд ва яке аз ин нозирон Дониёл буд (Дониёл 6:1-2). Мамлакати Бобил дар вақти дар зери фармони Ҳахоманишӣ будан қариб сеяки қудрат дар итоати Дониёли набӣ вуҷуд дошт ва аз ин сабаб ӯ бо подшоҳ Дорёвеш, ҳоқими асосии Бобил дар зери дасти Куруши Кабир, маслиҳатгари доимӣ буд.
Аз китоби Дониёл боби 6-ум чунин бармеояд, ки ӯ бо подшоҳ ҳамсуҳбати бисёр наздик ва маҳбуб буд ва аз сабаби дар вақти ӯро аз чоҳи шерон халос карданаш чунин фармон интишор кард:
«Ва подшоҳ амр фармуд: Подшоҳ Дорёвеш ба ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳое ки дар тамоми мамлакат сокин буданд, навишт: Саломатии шумо афзун бод! Аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки дар тамоми салтанати мамлакати ман (Бобил –Н.Ҷ.) ва ҳузури Худои Дониёл ларзон ва тарсон бошанд; зеро ки Ӯ Худои Ҳай ва қайюми Ҷовидвуҷуд аст, ва малақути Ӯ безавол аст, ва салтанати Ӯ беинтиҳост. Ӯ халос мекунад ва наҷот медиҳад, ва бар осмон ва замин аломот ва мӯъҷизот ба амал меоварад, Ва Ӯ Дониёлро аз панҷаи шерон раҳоӣ додааст. Ва ин Дониёл дар салтанати Дорёвеш ва дар салтанати Куруши форсӣ комёб гардид.» (Дониёл 6:24-28)
Аз ин фармон ба чанд чизҳо мо ошно мешавем; якум дар вақти ҳукмронии Ҳахоманишӣ дар бораи худи Дониёл ва Худои Ҳай, яъне Худои зинда ва ягона, паёмбарии Ӯ дар қасри подшоҳӣ ба хотири донистан ва шинохтани Худои зинда ва он одамонеро, ки ба Худо имон оваранд. Таърихшинос Иброҳим Умарзода исбот мекунад, ки Ориён (тоҷикон) ба ақидаи монотеизм (ба Худои яккаву ягона) эътиқод доштанд ва ҷуёи Худо буданд. (Умарзода, 2006, саҳ. 118-119, 306-308, 312-314) Мумкин аз нуфузу таъсири паймбарони Китоби Муқаддас ин ақидаро қабул мекарданд. Ва дуввум ин фармон нишон медиҳад, ки Худо ҳукмрон ва наҷотдиҳанда мебошад ва ин аз муъҷизоти ба Дониёл рӯйдода зоҳир мешавад (Дониёл 6:26-27) ва Дорёвеш бо имон ин фармонро баъд аз дидани муъҷизот менависад.
Сеюм, Худо дар миёни мардуми форсизабон кор карда истода буд то, ки ба воситаи муъҷизот Ӯро дарк кунанд ва аз таърихи ин воқеа маълум мешавад, ки Худо ҷӯёи тоҷикон аст ва Дониёли набиро дар миёни онҳо фиристод то ба воситаи ин муъҷизот ҳамаи халқҳо Ӯро шиносанд ва бо тоҷикон ҳам, ки яке аз ин халқҳо мебошанд ин раванд сар мешавад.
«Ҳикмате нест, ва хираде нест, ва машварате нест бар хилофи Худованд.» Масалҳо 21:30
Нақшаи Худо дар замони Дорои Як иҷро шуд
Дар китоби Эзро шахсе бо номи Зарубобил қайд мешавад ва ин шахс волии Яҳудо буд (Ҳаҷҷаи Набӣ 1:1) ва ҳам гӯруҳи аввалро ба Ерусалим оварда роҳбарӣ мекард (Эзро 2:1-2). Ин шахс дар он вақт роҳбари муҳим буд чун, ки ӯ аз насли подшоҳони яҳудиён буд (1 Вақоеънома 3:19). Зарубобил дӯсти Дорои Як ва яке аз посбонони шахсии подшоҳ буд. (Ҷосефус, саҳ.294) Ҳамаи воқеаҳои Дорои Як дар Китоби Муқаддас бо Зарубобил вобаста аст (Эзро 3:1-8; 4:2; 5:2) ва ин марди Худо мумкин дар ин раванд нуфуз пайдо мекард.
Дар замони салтанати Дорои Як (521-486 пеш аз милод) дар сиёсати ин давлат баҳсу мунозира дар бораи иҷозати расмӣ доштан ё надоштани яҳудиён бораи баргаштан ба ватан ва барқарор кардани Маъбади Ерусалим пайдо мешавад. Яке аз ташаббускорони ин моҷаро Татнай ном волии Байнаннаҳрайн бо маълумоти худ ба шоҳ дар бораи набудани иҷозати баргаштани яҳудиён барои барқарор кардани маъбад доимо монеъа мешуд. Баъди тафтишу пайдо кардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ шоҳ Дорои Як фармони худро интишор мекунад, ки дар китоби Эзро боби 6 навишта шудааст:
«Он гоҳ подшоҳ Дорёвеш((«Дорёвеш» дар забони Ибрӣ, «Дорои Як» дар забони тоҷикӣ ва баъзе вақт «Дороюши Бузург» ё «Доробшоҳ» меноманд. Дар забони форсии Қадим «Дуриявус» мегуфтанд, «Таърихи Тамаддуни Ориён» саҳ. 235.)) фармон дод, ва дар китобхонаи Бобил, ки ганҷҳоро дар он ҷо мегузоштанд, ҷустуҷӯ карданд. Вале дар Аҳмато, дар қасре ки дар кишвари Модай буд, тӯморе ёфт шуд, ва андаруни он чунин навишта шудааст: “Барои хотира. Дар соли якуми подшоҳ Куруш, подшоҳ Куруш дар барои хонаи Худо дар Ерусалим фармон дод, ки ин хона – ҷое ки қурбониҳо забҳ карда мешавад, – бино ёбад, ва бунёдаш мустаҳкам бошад; баландии он шаст зироъ, фарохии он шаст зироъ шавад, бо се қатор сангҳои бузург ва як қатор чӯби нав; ва харҷаш аз хонаи подшоҳ дода шавад. Ва низ зарфҳои тилло ва нуқраи хонаи Худо, ки Набукаднесар онҳоро аз маъбади Ерусалим гирифта, ба Бобил оварда буд, баргардонида, ба маъбади Ерусалим, дар ҷои худашон, бурда шаванд, то ки онҳо дар хонаи Худо гузошта шаванд.” Ва алҳол, эй Татнай, волии Мовароуннаҳр5, Штар-Бузнай ва рафиқони шумо, ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, аз он ҷо дур шавед! Ба кори ин хонаи Худо мудохила накунед: бигзор волии яҳудиён ва пирони яҳудӣ ин хонаи Худоро дар ҷои он бино кунанд. Ва аз ҷониби Ман фармон дода мешавад, ки шумо бо ин пирони яҳудӣ дар бобати бино кардани ин хонаи Худо закоти Мовароуннаҳр, фавран ба ин додамон барои хароҷот дода шавад, то ки корашон лат нахӯрад; ва тамоми чизи даркориашон: гӯсолаҳо ва қӯчқорҳо ва барраҳо аз баҳри курбониҳои сӯхтанӣ барои Худои осмон, гандум, намак, шароб ва равган, аз рӯи гуфтаи коҳиноне ки дар Ерусалим ҳастанд, рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад, то ки онҳо ҳадияҳои хушбӯй барои Худои осмон қурбонӣ намоянд ва барои ҳаёти подшоҳ ва писаронаш дуо гӯянд. Ва аз ҷониби ман фармон дода мешавад, ки ҳар одаме ки ин амрро тағир диҳад, аз хонаи вай ғӯлачӯбе гирифта, вай бар он бардошта овехта хоҳад шуд, ва хонаи вай ба ин сабаб вайрон карда хоҳад шуд. Ва Худое ки исмаш дар он ҷо сокин аст, ҳар подшоҳ ва қавмро, ки дасти худро барои тағир додани ин амр бар зарари ин хонаи Худо, ки дар Ерусалим аст, дароз мекунад, вожгун хоҳад сохт. Ман, Дорёвеш, ин фармонро додаам, то ки фавраи ба ҷо оварда шавад.» (Эзро 6:1-12)
«Дар натиҷаи аз архив дарёфт кардани қарори Куруши Кабир бори дуюм аз тарафи Доро соли 520 пеш аз милод.» (Умарзода,2006, саҳ.350) Дар натиҷа ӯ ба мисли Куруш маблағ ва масолеҳи сохтамонӣ барои маъбад ҷудо карда ба Худои осмон қурбонӣ мекунад. Дорои Як оини Зардуштиро қабул карда ҳурмат мекард, гумон меравад, ки ӯ Аҳурамаздо ва Худои яҳудиёнро як мешуморид ва аз ин сабаб шоҳ барои қурбонӣ барои худ ва фарзандонаш фармон мебаровард. Ба Худои осмон имон доштани Дорои якро аз қурбонӣ кардан ба худоёни дигар боз намедошт ва дар матни рӯи сангии Дорои Як дар Переспоҳ чунин навишта шудааст, ки ӯ худоёни дигарро ҳурмат карда қурбонӣ мекард.
Аз воқеаҳои дар давраи Дорои Як ва матни фармони ӯ чунин бармеояд, ки аз соли якум то соли чоруми ҳукмронии ӯ дар қаламрави мамлакат шӯришҳо ҷой доштанд. (Ғафуров, 1998, саҳ. 96) Яке аз шӯриши маҳшури замони ӯ дар таърих дар яке аз расмҳои кӯҳи Бесутун аскёбӣ шудааст. (Яъқубов, 2000, саҳ.135-136)
Дар ин нигораҳо муборизаҳо ва шуриши ҳафт кишвар бо ғолибияти онҳо нишон дода шудааст. Аз ин ҷиҳат мумкин шоҳ ба хотири пайдо нашудани шӯриши нав бо яҳудиён оштигӣ карда бо онҳо созиш карда фармон медиҳад, ки чизҳои даркориашонро «рӯз ба рӯз ба онҳо бекаму кост дода шавад».
«Куруши Дориюшро сиёсатмадорони дурандеш буданд, онҳо аз лиҳози сиёсат ба зердавлатони худ муносибати одилона доштанд, то дар империя низоъу нооромиҳо рӯй надиҳад.» (Яъқубов, 2000, саҳ.149)
Фармони Дорои Як нисбати фаромони Куруш ҳамин иловагиро дорад, ки агар касе ба ин фармон итоат намекунад ба марг маҳкум карда мешуд ва ин илова ба мақсади сар назадани шӯриши нав бар зидди яҳудиён ва халқи Исроил навишта шуда буд.
«Дили одам роҳи ӯро нақша мекашад, вале Худованд қадамҳои ӯро равона менамояд.»
(Китоби Муқаддас, Масалҳо 16:9)
- Ин оят дар соли 539 пеш аз милод дар вақти сарнагуншавии Бобил гуфта шуда буд. Куруши Кабир Бобулро сарнагун кард (Ғафуров, саҳ. 92). Подшоҳ Дорёвеш ки инҷо зикр мешевад Дорои Як набуд чун, ки Дорои Як соли 522- 484 пеш аз милод подшоҳи кардааст. Дорои Як дар аёми 21 солагиаш подшоҳ шуд (Таърихи қадими Халқи Тоҷик, саҳ. 135) Он вақт Дорёвеш (талафузи Ибрӣ) номи оддӣ буд.
- Дар давлати Дорои Як пайтахти империя дар шаҳри Шуш ҷой дошт. Посаргард (پارسه – Тахти Ҷамшед) назди Широз ва Экбатан назди Ҳамадон воқеъ мебошад.
- Умарзода дар асараш «Таърихи Тамаддуни Ориён», саҳ. 250 номи ӯро «Гобрӣ» мегуяд.
- Ҷосефус гумон мекунад, ки дар соли дуюми Куруш мурда шуд, Ҷосефус,саҳ. 858.
- Тарҷумаи ин макон бояд – «Байнаннаҳрайн» бошад. Дар Китоби Муқаддас, дарёи Даҷла ва Фурот тарафи Бобилро дар назар дорад. (Иброҳим Умарзода, саҳ. 223). Тарҷумаи форсӣ, «ғарби руди фурот» мегӯяд. Ҳам Китоби Муқаддас «Арам-наҳрайн» баъзи вақт он замин номи кадимтар тарҷума мешавад (Ҳастӣ 24:10). «Мовароуннаҳр» маънои асосӣ ин аст, ки шаҳрҳои мобайни ду наҳр (дарё) ва дар адабиёти Тоҷикӣ дарёи Аму (Ҷайҳун) ва замини шимолии онро дар назар дорад. (Фарҳанги Забони Тоҷиӣ, ҷилди 1, саҳ. 697)