
Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 3
Боби 3 – Имондорон аз фиристодагони Худо дар миёни тоҷикон
Зани подшоҳи Ҳахоманишӣ – Малика Эстер
«Эстер дар назари ҳар касе ки варо медид,
илтифот пайдо мекард.» Эстер 2:15
Дар вақти салтанати подшоҳони Ҳахоманишӣ ба мақсади онҳоро ба Худ наздик кардан Худо дар миёни онҳо паёмбарону коҳинонро мефиристод. Дар байни сокинони ин давлат мардуми ба Худо имон дошта кор ва зиндагӣ мекарданд. Чунин шуд ки ҳатто яке аз подшоҳи Ҳахоманишӣ зани ба Худои зинда имондорро мегирад.
Хишоёршоҳ (Аҳашверӯш, 486-464 пеш аз милод)1 подшоҳи панҷуми Ҳахоманишӣ буда дар Китоби Эстер ва Эзро дар бораи ӯ маълумот вуҷуд дорад. Иброҳим Умарзода дар бораи подшоҳ Хишоёршоҳ чунин мегӯяд: «Дар ин вақт Ксеркс (Хишоёршоҳ) нав ба синни 34 солагӣ қадам гузошта буд ва ӯ аз зеботарин ҷавонони замонаш ба шумор мерафт, вале сустирода буда ҷиддӣ набуд. Аз матонате (устуворӣ), ки хоси давлатдории Куруш ва Доро буд, нишонае ҳам дар ӯ дида намешуд.» (Умарзода, 2006, саҳ. 285)
Аз таърихшинос Ҳеродот маълум аст, ки соли 483 пеш аз милод Хишоёршоҳ зиёфати ҷангӣ ташкил кард ва воқеаи боби 1-юми Эстер он вақт ба амал меояд. Ҳеродот дар соли 479 мегӯяд, ки юнониён бар Хишоёршоҳ ғолиб омаданд ва барои тасаллӣ вай Эстерро ба зани гирифт.2
Эстер кӣ буд?3 Эстер яҳудӣ ва дӯшизаи зебое буд, ӯ пеши подшоҳ рафт ва «подшоҳ Эстерро бештар аз ҳамаи занон дӯст дошт, ва ба ҳузури ӯ вай бештар аз ҳамаи дӯшизагон меҳр ва илтифот пайдо кард; ва ӯ тоҷи хисравонаро ба сари вай гузошта, варо ба ҷои Ваштӣ малика гардонд. Ва подшоҳ базми бузурге, – базме ба хотири Эстер, – барои ҳамаи мирон ва маъмурони худ барпо кард, ва ба вилоятҳо сабукӣ бахшид, ва бо ҳиммати хисравона инъомҳо дод.» (Эстер 2:17-18)
Дар вақте, ки Эстер маликаи дарбор буд шоҳ ба яке аз мирони худ, ки Ҳомон ном дошт мансаби баландро инъом мекунад. Вале аз сабаби нотавонбинии худ Ҳомон аз подшоҳ иҷозати нобуд кардани яҳудиёро гирифта нақшаи ин амалро тайёр мекунад (Эстер 3:6). Амаки Эстер Мордахай ба малика қосидонро фиристода таъкид мекард: «Мордахай гуфт, ки ба Эстер чунин ҷавоб гардонанд: Дар дили худ гумон накун, ки дар хонаи подшоҳ аз миёни ҳамаи яҳудиён раҳо хоҳӣ шуд, балки, агар дар ҳамин вақт хомӯш бимонӣ, вусъат ва халосӣ аз ҷои дигар падид хоҳад омад, вале ту ва хонадони падарат талаф хоҳед шуд, ва кист бидонед, ки оё барои ҷунин вақт ба салтанат нарасидаӣ?» (Эстер 4:13-14). Эстер бо дуо ва эътиқод ба Худо халқи худашро озод мекунад.Албатта баъди ин воқеъаҳо онҳо пеши Худо дуо ва рӯза гирифта илтиҷо карданд ва дар натиҷа Эстер маликаи дарбор ва амакаш Мордахай шахси 2-ӯми давлати Ҳахоманишӣ шуданд (Эстер 10:3).
Худо чӣ хел дар дили Хишоёршоҳ кор кард? Дар китоби Эстер омадааст, ки шабе хоби подшоҳ паридааст ва ӯ китобдонашро амр мекунад, ки Китоби ёддоштҳои айёмро оварда дар ҳузури ӯ бихонад ва аз ин китоб номи Мордахай, ки як сӯиқасди зидди подшоҳро ошкор карда ӯро наҷот додааст ба ёди подшоҳ расида аз ӯ пурсу пос мекунад (Эстер 6:1-3).
Албатта ба мо маълум, ки яҳудиён наҷот ёфтанд вале мақсади Худо дигар буд, Ӯ мехост ки аз ин амал халқҳои дигар Худоро шинохта имон оваранд – «Ва дар ҳар вилоят ва шаҳр, дар ҳар ҷое ки амри подшоҳ ва қонуни ӯ расид, барои яҳудиён хурсандӣ ва шодмонӣ, базм ва ид буд, ва бисёре аз қавмҳои ин сарзамин яҳудӣ шуданд, зеро ки тарси яҳудиён онҳоро фаро гирифта буд.» (Эстер 8:17). То ин воқеъаҳо дар ин сарзамин аксарияти аҳолӣ бутпараст буданд ва яҳудиён Худои зиндаро парастиш мекарданду зидди бутпарастӣ буданд ва ба ин восита Худо қудрату меҳрубонии Худро ошкор кард, Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи одамон имон оваранд.
«Дар шаъни Худованд суруд гӯед,
исми Ӯро муборак хонед,
наҷоти Ӯро рӯз ба рӯз башорат диҳед.
Ҷалоли Ӯро дар миёни халқҳо баён намоед,
ва корҳои аҷоиби Ӯро дар миёни ҳамаи қавмҳо.
Ба Худованд дар шавкати қудсият саҷда кунед;
пеши Ӯ биларзед, эй тамоми аҳли замин!»
Забури Довуд 95:2,3,9
Эзрои Коҳин муаллими подшоҳи Ҳахоманишӣ
Ҳатман хонандаи тоҷик аз таърихи дар Китоби Муқаддас, ки Эзро номида мешавад ва дар китоб бо замони Ҳахоманишиниҳо ошно мешавад дар ҳайрат мемонад, ки чӣ хел подшоҳи Куруши Кабир ва Дорои Як ба яҳудиён меҳрубон буданд ва давлати Ҳахоманишӣ иродаи Худоро иҷро мекардаанд.
Китоби Эзро дар бораи Куруш (боби 1 ва 3), Дорои Як (Эзро 4:5-7 ва боби 5)4, Хишоёршоҳ (Эзро 4:6) ва Ардашери Як5 (боби 4 ва 7) нақл мекунанд. Дар ин китоб фармонҳои Куруши Кабир (1:1-4), Дорои Як (6:1-12) ва ду фармони Ардашери Як (4:17-24 ва 7:11-26) китобат шудаанд. Китоби Эзро илҳоми Илоҳист ва Худо онро нишон медиҳад, ки фармонҳои давлати Ҳахоманишӣ хостӣ Ӯ мебошанд ва аз ин фармонҳо чунин бармеояд, ки Худованд бо василаи паёмбаронаш дар дилҳои подшоҳон кор мекард.
Бо фармони навбатии худ Куруши Кабир амри Дорои Як-ро дар бораи бо маблағ таъмин намудани сохтмони хонаи Худоро тасдиқ мекунад ва озодии дини яҳудиён, таъмири маъбади Ерусалим аз нав иҷозат медиҳад.
Эзро дар соли 457 ба Ерусалим меравад (Эзро 7:1-9) ва ин соли ҳафтуми подшоҳии Ардашери Як буд.6 Дар солҳои аввал Ардашери Як зидди таъмири шаҳри Ерусалим буд, «Пас, фармоне бидиҳед, ки ин одамон корро бас кунанд, ва ин шаҳр бино наёбад, то даме ки аз ҷониби ман фармоне дода шавад.» (Эзро 4:21). Эзрои коҳин бо шоҳ бисёр наздик буда аз дасти Ардашери Як мактуб ва фармонро мегирад ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар он мактуб маълумоти бисёр муҳим будааст.
Фармони Ардашери Як подшоҳи шашӯми Ҳахоманишӣ ба Эзро7:
«Шоҳаншоҳ Ардаҳшасто (Ардашери Як) ба Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон. Ва алҳол, аз ҷониби ман фармон дода шуд, ки дар мамлакати ман ҳар кас аз миёни қавми Исроил ва коҳинону левизодагони онҳо, ки розӣ бошад ҳамроҳи ту ба Ерусалим беравад, – бигзор равад. Аз баски ту аз ҷониби подшоҳ ва ҳафт мушовири ӯ фиристода шудаӣ, то Яҳудия ва Ерусалимро бар тибқи шариати Худои ту, ки дар дасти туст, тафаққуд намоӣ, ва нуқраю тиллоешро, ки подшоҳ ва мушовиронаш барои Худои Исроил, ки масканаш дар Ерусалим аст, хайрот кардаанд, бибарӣ, ва низ тамоми нуқраю тиллоеро, ки ту дар тамоми кишвари Бобил ба даст оварӣ, бо якҷоягии хайрот ки қавм ва коҳинон барои хонаи Худои худ, ки дар Ерусалим аст, додаанд,
Пас фавран (бо шитоб – Н.Ҷ.) ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо. Ва ҳар он чӣ ба назари ту ва бародаронат писанд ояд, ки бо бақияи нуқра ва тилло бикунад, – бар тивқи иродаи Худои худ бикунед. Зарфҳоеро, ки ба ту барои ибодати хонаи Худои ту дода шудааст, ба ҳузури Худои Ерусалим бигузор. Ва лавозимоти дигари хонаи Худои туро, ки ба додани он ту вазифадор бошӣ, – аз ганҷхонаи подшоҳ бидеҳ. Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр (Байнаннаҳрайн) фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад: То сад киккар нуқра, ва то сад кӯр гандум ва то сад бат шароб, ва то сад бат равған, ва аз намак – ҳар қадаре ки хоҳанд.
Ҳар он чӣ бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад? Ва шуморо огоҳ менамоям, ки бар ҳамаи коҳинон ва левизодагон, муғанниён, дарбонон, тобеон ва ходимони ин хонаи Худо закот, боҷ ва хироҷ андохтан лозим нест. Ва ту, эй Эзро, бар тибқи ҳикмати Худои ту, ки дар дасти туст, доварон ва қозиёнро таъин намо, то бар тамоми қавме ки дар Мовароуннаҳр мебошанд, – бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад, бигзор фавран бар вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарғз, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс.»
Баъди ин фармон, Эзро ин хел тафсир мекунад: «Муборак аст Худованд Худои падарони мо, ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст, ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад, ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ саховори марҳамат гардондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардоронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.» (Эзро 7:11-26)
Аз ин матн чанд маълумот дар бораи робитати Эзро ва подшоҳи Ардашери Як пайдо мешавад. Аввал ин, ки Ардашери Як ки будани Эзроро медонист, «Эзрои коҳин ва китобдони комили шариати Худои осмон.» Коҳини яҳудиён, ки шариати Мусоро таълим медод ва ҳамчун шахси миёнарави Худо ва халқ дар назари ӯ илтифот ва шӯҳрат ёфта буд.
Дуввум худи шоҳ ба шахсияти Эзро бисёр таваҷҷӯҳ намуда ба ӯ иҷозати давлатиро дар барои нақшааш барои таъмири маъбад медиҳад. Таваҷҷӯҳи шоҳ ва ин марди Худо барои таъмири маъбад онро нишон медиҳад, ки подшоҳ бо Эзро муносибати бисёр наздик дошт.
Саввум, Эзро аз ҷониби подшоҳ фиристода шуд ва худи Ардашер фармонро ба ӯ дода мегуяд:«Бигзор Эзро равад…бар ҳамаи онҳое ки шариати Худои туро медонанд, доварӣ кунанд; ва онҳоеро, ки намедонанд, таълим диҳед. Ва ҳар кӣ мувофиқи шариати Худои ту ва мувофиқи қонуни подшоҳ рафтор накунад, бигзор фавран бар вай доварӣ намуда ҳукм кунанд: ё ба қатл, ё ба бадарғз, ё ба мусодираи молу мулк ва ё ба ҳабс.»Аз ин ҷо ба мо равшан аст, ки Эзроро Ардашери Як нафақат намояндаи амалҳои заминӣ балки ҳамчун ходими рӯҳонӣ дар Ерусалим таъин мекунад.
Чорум ба подшоҳ Ардашери Як таълимоти Эзро маъқул буда медонист, ки ин фармони умумӣ набуда махсус ва аниқ мебошад, ӯ ба урфу одатҳои яҳудиён шинос буд ва дар фармон чунин омадааст: «ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо.» Ардашер медонист, ки яҳудиён фақат дар Ерусалим қурбонӣ мекунанд ва чӣ хел намуди қурбониҳо дар оини яҳудӣ вуҷуд дорад. Оё подшоҳи Ҳахоманишӣ ба таълимоти каломи Худо гӯш мекард? Ё имон оварда буд? Инро фақат Худо медонад аммо аз ин фармон чунин бармеояд, ки ӯ ба тавроти Мусо шинос буда таълимоти Эзроро меписандид ва ӯро яке аз муаллимони олӣ мешумурд. Худи Эзро ба Ардашери Як чунин гуфта буд, «чунки мо ба подшоҳ сухан ронда, гуфта будем: Дасти Худои мо ба ҳар касе ки ба Ӯ рӯ меоварад, ба некӯист, вале қудрати Ӯ ва ғазаби Ӯ бар зидди ҳамаи онҳоест, ки Ӯро тарк мекунанд.» (Эзро 8:22) Агар Эзро ин ҷумлае, ки ақидаи Худои бемонандро ба ӯ гуфт, албатта Ардашери Як парастиши худои дигарро намекард, чун ки ин ҷумла Худои дигарро маҳкум мекунад.
Подшоҳ ба Эзро дар раванди пешбарии амлиёти маъбад (ҷои ибодати яҳудӣ) бисёр ёрӣ медод ва ба нуфузи баланд доштани дини яҳудӣ эътиқод дошт ва худи Эзро, аҷабе нест, ки муаллими шоҳ буда, барои Ардашери Як шахси рӯҳонии баланд ҳисоб меёфт ва доимо ҳамнишин ва дӯсти наздиктаринаш буд.
Панҷум, Ардашер ба Худои ягона ҳадя ва қурбонӣ кардааст:
«Пас фавран (бо шитоб) ба ин пул говон, қӯчқорон, баррагон ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳоро бихар, ва онҳоро бар қурбонгоҳи хонаи Худои шумо, ки дар Ерусалим аст, забҳ намо… Ва аз ҷониби ман, ки подшоҳ Артаҳшасто ҳастам, ба ҳамаи хазинадорони Мовароуннаҳр (Байнаннаҳрайн) фармон дода шудааст, ки ҳар он чи Эзрои коҳин ва китобдони шариати Худои осмон аз шумо талаб кунад, фавран бояд ба ҷо оварда шавад:
Ҳар он чӣ бар тибқи аҳкоми Худои осмон бошад, бояд барои хонаи Худои осмон бекаму кост ба ҷо оварда шавад, зеро чаро ғазабе бар салтанати подшоҳ ва писаронаш нозил шавад?»
Аз ин фармон чунин бармеояд, ки шоҳ барои Худо қурбонӣ карда таъкид кардааст: «бекаму кост ба ҷо оварда шавад». Мақсадаш албатта барои бахшида шудани гуноҳҳои худ ва писаронаш мебошад то ин, ки бар салтанати ӯ ғазаби Худо наояд. Ин фармони 2-вуми ӯ бар аъкси фармони якӯмаш мебошад, ки пештар ба рафти таъмири хонаи Худо дар Ерусалим монеъ шуда кори сохмонро мехобонад. Аз инҷо бармеояд ки ин фармон дар давраи аввали подшоҳии Ардашер навишта шуда буд,8 ва подшоҳ фармони навбатиро ба монанди шахси тавбакардистода менависад. Эзро онро дар китобаш нишон медиҳад, ки Худо дар дили вай кор кардааст то, ки подшоҳ барои Худованд қурбонӣ кардааст.
Ардашери Як робитаи худро бо Худо барқарор карда мехоҳад ба Ӯ итоат кунад, ин ташаббус аз Худо буд, ки Ардашери Як ӯро ҷустуҷӯ мекард. Эзрои коҳин, ки миёнарави инсону парвардигор буд ва аз ин фармон маълум аст, ки шоҳ аз Эзрои коҳин миёнаравии байни Худо ва ӯ ва писаронашро хоҳон буда аз ӯ хостааст, ки воситачӣ бошад.
Эзро ин фармонро чунин шарҳ медиҳад: «Муборак аст Худованд Худои падарони мо, ки ин майлро дар дили подшоҳ ҷойгир кардааст, ки хонаи Худовандро, ки дар Ерусалим аст, зинат диҳад, ва маро дар ҳузури подшоҳ ва мушовирони вай, ва ҳамаи мирони пуриқтидори подшоҳ саховори марҳамат гардондааст, ва ман бар тибқи дасти Худованд Худои ман, ки бар ман буд, қувват гирифтам ва аз миёни Исроил сардоронро ҷамъ овардам, то ки ҳамроҳи ман бароянд.» (Эзро 7:27-28)Эзро медонист, ки Худои зинда дар дили шоҳ кор кардааст, то ки Адрашери Як ба Ӯ имон оварад ва имондории ӯ аз ин фармон равшану возеҳ мебошад. Ҳамчунин ин натиҷаи он аст, ки подшоҳони Ҳахоманишӣ иродаи Худоро иҷро мекарданд, ва Худо ба онҳо муҳаббаташро нишон дод.
Бори дигар тасдиқи он ҳаст, ки Ӯ доимо дар ҷустуҷӯи тоҷикон буда дар дили онҳо кор карда дар байни онҳо паёмбарони Худро ҷойгир мекард.
Марди Худо дар хизмати давлати Ҳахоманишӣ
Наҳемё соқи ва яке аз мушовирон ва дӯсти наздики подшоҳ Ардашери Як буд ва шоҳ ин марди Худоро барои барқарор кардани деворҳои шаҳри Ерусалим сафарбар мекунад. Наҳемё дар айёми Ардашери Як (464-423 пеш аз милод) зиндагӣ карда ва тақрибан дар солҳои 445-444 (Наҳемё 2:1) ба Ерусалим рафта соли 429 баргаштааст (Наҳемё 13:6).
Ин марди Худо дар ҳар мушкилӣ дуо мекард ва баъд ба қабули шоҳ рафта арзи худро мекард. (Наҳемё 1:4-11; 2:4; 5:19; 6:9; 6:14; 13:14; 13:22; 13:29-31) Наҳемё фаҳмид, ки девору дарвозаҳои Ерусалим хароб шудааст ва аз шунидани ин ӯ дуо мекард.
Рӯзе чунин мешавад, ки Ардашери Як Наҳемёро ғамгин дида аз ӯ пурсон мешавад: «Чаро чеҳраат ғамгин аст, ва ҳол он ки ту бемор нестӣ? Магар ки андешаи баде дар дил дорӣ!» Ва ман хело сахт тарсидам, ва ба Подшоҳ гуфтам: «Бигзор подшоҳ то абад зинда бод! Чаро чеҳраи ман ғамгин набошад, дар сурате ки шаҳри қабристони падаронам харобазор гардидааст, ва дарвозаҳояш ба оташ сӯхтааст.»
Ва подшоҳ ба ман гуфт: «Пас ту чӣ металабӣ?» ва ман ба Худои осмон дуо хондам, ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, ва агар бандаи ту дар ҳузури ту илтифот ёбад, маро ба Яҳудия, ба шаҳри қабрҳои падаронам бифирст, то ки онро бино намоям.»
Ва подшоҳ ба ман гуфт, дар сурате ки малика дар паҳлуи ӯ нишаста буд: «Сафари ту то кай тӯл хоҳад кашид, ва кай хоҳӣ баргашт?» Ва Подшоҳ салоҳ донист, ки маро бифирстад, ҳамин ки мӯҳлатро ба ӯ фаҳмондам.
Ва ба подшоҳ гуфтам: «Агар ба подшоҳ мақбул афтад, бигзор ба ман номаҳо барои болиёни Мовароуннаҳр9 навишта диҳанд, то ки онҳо маро гусел намоянд то даме ки ба Яҳудия бирасам, ва номае барои Ософ, ки нозири ҷангалҳои подшоҳ аст, то ки вай ба ман барои дарвозаҳои қалъаи назди маъбад, ва барои ҳисори шаҳр, ва барои хонае ки ман дар он маскан хоҳам гирифт.»
Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод. Ва чун назди болиёни Мовароуннаҳр омадам, номаҳои подшоҳро ба онҳо додам; ва подшоҳ саркардагон ва саворонро ҳамроҳи ман фиристода буд.» (Наҳемё 2:2-8)
Баъди ин мулокот ва гуфтушунид подшоҳ аз рӯи дархости Наҳемё амал карда: «Ва подшоҳ бар тибқи дасти некӯи Худои ман, ки бар ман буд, ин чизҳоро ба ман дод.» Ба мо чунин маълум шуд, ки Наҳемёи соқӣ яке аз назоратчии саломатии шоҳ буд ва Ардашери Як ӯро бисёр дӯст медошт ва хости Худоро иҷро карда Наҳемёро бо масолеҳи зарурӣ ва бехатараашро таъмин карда бо мактубҳои даркорӣ барои барқарор дардани девору дарвозаҳои Ерусалим мефиристад.
Ва ин бисёр аҷиб аст, ки Ардашери Як хизматгори беҳтарини худро волии замини Яҳудо таъин мекунад (Наҳемё 5:14-15) ва Наҳемё дар ин сарзамин сездаҳ сол фармонҳои шоҳро дар Яҳудо ба амал меорад. Наҳемё, марди Худо доимо дар маҷлисҳои шоҳ ва маликаи дарбор ҳозир буд, шоҳ Ардашери Як ба ӯ бисёр эътиқод дошт. Ин бесабаб набуд, чунки нақшаи Худо ин тавр буд ва аз ин сабаб Ӯ пайғабаронашро дар байни сарварони давлати Ҳахоманишӣ ҷой медод. Ин гувоҳ бар он аст ки Худо ҳануз аз асри панҷи пеш аз милод дар ҷустуҷӯи Тоҷикон буд.
«Ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо барқарор шудаанд….. Чунки вай хизматгори Худост бар нафъи ту.» (Инҷил, Румиён 13:1,4)
- Дар забони Ибрӣ ин ном чун «Аҳашверӯш» ва дар забони форсӣ чун «Хишоёршоҳ» ва дар забони юнонӣ чун «Ксеркс» ёд мешавад. Дар забони форси кадим номи вайро чун «Кшаяршоҳ» менависанд.
- Вилкинсон, 1983, саҳ. 131
- Маънии номи Эстер ситора аст; ва дар забони Ибрӣ гиёҳи “Ҳадаса” (Эстер 2:7), маънои ин номро дорад. Ин ном барои дини зардуштӣ муҳим аст ва ин гиёҳ дар вақти парастиши дини зардуштӣ истофода мекарданд. (In search of Zarathustra, pg 196). Асли дини Эстер Яҳудӣ буд. Мазори Эстери малика то имрӯз дар шаҳри Ҳамадон (Экбатан) вуҷуд дорад.
- Фармони Дорои Як тақрибан дар соли 520 пеш аз милод нашр шуда буд.
- Дар забони Ибрӣ ин ном чун «Артаҳшасто» ва дар забони тоҷикӣ ин ном чун «Ардашери Як» ва Дар забони юнонӣ ин ном чун «Артаксеркс» ёд мешавад. Ардашери Як соли 464 то 423 пеш аз милод подшоҳи кардааст ва ба сулолаи Ҳахомашини таалуқ дорад. Номи вайро бо номи «Ардашери Аввал» шоҳи Сосониён буд ( 211 то 242 милодӣ) ғалат накунед.
- Бобҳои 1-6 Эзро таърихи 82 соларо, яъне солҳои 539 то 457 ҷамбаст мекунад. Албатта дар вақте, ки Эзро ба Ерусалим омад пир буд вале ӯ фақат ин таърихро ҷамъ карда ва дар миёни он подшоҳон набуд, ӯ дар салтанати Артаҳшасто буд (Ардашери Як, 464-423 пеш аз милод). Ҳамсуҳбат будани Эзро ва Куруши Кабир, ба қавли Бароти Абдураҳмон (Абдураҳмон, 2006, саҳ. 253-258). Агар чунин бошад пас дар вақти бозгашт ба Ерусалим Эзро 112 сола буд. Шояд Бароти Абдураҳмон ин ақидаро барои таъсири драмавӣ инро менависад. Инчунин маълум аст ки бобои Эзро аз дасти Набукаднесар кушта шуда буд (4 Подшоҳон 25:18-21 ва Эзро 7:1). Мувофиқи ин маълумот соли 586 Набукаднесар Ерусалимро забт кард.
- Ин матн дар забони арамӣ аст, на ибрӣ ва ин далели ҳақ будани ин маълумот аст.
- Фармони аввал дар Эзро 4:17-24
- (Тарҷумаи ин макон бояд – «Байнаннаҳрайн» бошад.