Таърих

Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 4

This entry is part 5 of 10 in the series Худо ҷӯёи Тоҷикон аст

Боби 4 – Пешгӯӣ барои Тоҷикон1

«Ончунон каломе ки аз даҳони Ман мебарояд, хоҳад буд:

вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт,

балки он чиро, ки Ман хостаам,

ба ҷо хоҳад овад, муваффақ хоҳад шуд.»

Ишаъёи набӣ 55:11

Дар Китиби Муқаддас якчнад пешгӯй дар бораи кишварҳои дунё вуҷуд доранд. Дар ин пешгуиҳо сухан дар бораи доварони ин ҷойҳо гуфта шудааст, лекин пешгӯидар бораи тоҷикон фарқ мекунад. Масалан, Ирмиёи набӣ чунин мегӯяд:

«Каломи Худованд дар бораи Элом, ки бар Ирмиёи набӣ дар ибтидои подшоҳии Сидқиё2 подшоҳи Яҳудо нозил шуда, гуфт:

Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, ман камони Эломро, ки қуввати асосии онҳост, хоҳам шикаст;ва чор бодро аз дор канори осмон бар Элом хоҳам овард,ва онҳоро бо ҳамаи ин бодҳо пароканда хоҳам кард, ва халқе нахоҳад буд, ки рондашудагони Элом ба он ҷо наоянд; ва онҳоро пеши душманонашон ва пеши толибони ҷонашон ба шикаст дучор хоҳам кард, ва бар онҳо мусибат, яъне оташи ғазаби Худро хоҳам овард, мегӯяд Худованд,ва шамшерро аз паи онҳо хоҳам фиристод, то даме ки онҳоро тамоман талаф намоям; Ва тахти Худро дар Элом барқарор хоҳам намуд, ва подшоҳ ва миронро аз он ҷо нест хоҳам кард, – мегӯяд Худованд. Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонаид, мегӯяд Худованд.» Ирмиёи набӣ 49:34-39

Эломиҳо кистанд?3 Ин ном бо якчанд намуд навишта шудааст ба монанди Элом, Эълам ва Аллом ва дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров омадааст: «Пайдоиши нахустин падидаҳои давлат дар Эрон ба асрҳои IX- VII пеш аз милод тааллуқ дорад. Аввалҳо ба подшоҳии Аллом ва баъд ба Ҳахоманишиҳо итоат мекарданд, тақрибан дар соли 640 пеш аз милод.» (Ғафуров, 1998, саҳ. 89) Ва сарзамини Аллом ноҳияҳои ҷанубу ғарбии Эронро дар бар мегирифт.

Номи яке аз шаҳрҳои Сузӣ (Шушан) чандин маротиба дар Китоби Муқадддас зикр ёфтааст, ки ин сарзамин ҷои зисти тоҷикзабонон мебошад. Инчунин номи Эълам макони Аншон (Мовароуннаҳр) зикр мешавад, ки дар замони мо ин сарзамини Тоҷикистон мебошад. (Умарзода, 2006, саҳ. 56, 170-175. Китоби Муқаддас: Эзро 4:9; Наҳемё 1:1; Эстер 1:2, ва Дониёл 8:2.)

Мақсади мо аз ин пешгӯиҳо дар он аст, ки онҳо ба тоҷикзабонон дахл дошта ва онҳо аз он пешгуиҳое ки дар бораи дигар халқу малакатҳо гуфта шудаанд ба кулли фарқ мекуннад. Дар пешгӯиҳо маҳз дар бораи умед ба ин одамон сухан меравад. Дар бисёр пешгӯиҳо Худо ба воситаи пайғамбаронаш дар бораи умеди оянда надоштани ин ё он халқу давлат гуфтааст, аммо дар бораи тoҷикзабонон бо умеди оянда мегӯяд: «Вале дар рӯзҳои охир асирони Эломро хоҳам баргардонаид».

Ва ин пешгӯии Ирмиёи набӣ нишон медиҳад, ки сарзамини Элом бо баракати Худо пайваст мебошад. Ӯ ҳамаи асирони дигар мамлакатҳои дунёро ба ватан баргардонида нақшаи Худро барои наҷоти ин халқҳо анҷом медиҳад, ва ин ба пешгӯии дигари Ирмиё монанд аст, ки омадааст: «асирони Яҳудо ва асирони Исроилро хоҳам баргардонид.» Ирмиёи набӣ 33:7

Масеҳиёни Эронӣ ин оятро чунин тафсир мекунанд, ки дар оянда Худо ба халқи онҳо баракат медиҳад. Онҳо дар бораи парокандагии форсизабонони Эронӣ, ки бисёрии онҳо имондоранд, ин оятро дар кору фаъолиатшон дар ҳамаи ташкилотҳояшон пайваст карда аминанд ки он ба ҳозираву ояндаи онҳо дахл дорад.(Ҳантзингер, Форсиён дар Китоби Муҷаддас) Ҳоло мо назаре ба таърих карда дидем, ки чӣ хел Худо бо халқи тоҷик дар давраи Ҳахоманишӣ наздик шуда кор мекард, ва пешгӯӣ Ирмиё нишон медиҳад, ки нақшаи Ӯ ба амал омадаистодааст.

«Эй гадоёни харобот,

Худо ёри шумост,

Чашми инъом мадоред

Зи анъоме чанд.»

Ҳофиз

Series Navigation<< Худо ҷӯёи Тоҷикон аст – 3Худо Ҷуёи Тоҷикон аст – 5 >>
  1. Тасвир аз Осорхонаи бостоншиносии Теҳрон аст. Навиштаи юнонӣ дар бораи Лаодикия – шаҳри таъсири сахти Mасеҳӣ.
  2. Сидқиё подшоҳи Яҳудо, соли 597 то 586 пеш аз милод дар Яҳудо салтанат меронд.(Вилкинсон,1983, саҳ.199) Ин пешгӯй пеш аз саршавии давраи Ҳахоманишиҳо омадааст.
  3. Элом аввал дар Китоби Муқаддас, Ҳастӣ 10:22 – Элом писари Сом писари Нӯҳ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *