Одам

Шеър дар бораи Одам

This entry is part 1 of 2 in the series Дар бораи Одам чӣ?

«Гар гавҳари тоатат насуфтам ҳаргиз,

Гарди гунаҳ аз чеҳра наруфтам ҳаргиз,

Навмед наям зи боргоҳи карамат,

Зеро ки якеро ду нагуфтам ҳаргиз.»

(Хайём)

«Пок аз адам омадему нопок шудем,

Шодон ба дар омадему ғамнок шудем.

Будем зи оби дида дар оташи дил,

Додем ба бод умру дар хок шудем.»

(Хайём)

«Нақшест, ки бар вуҷуди мо рехтаӣ,

Сад булъаҷабӣ зи мо барагехтаӣ.

Ман з-он беҳ аз ин наметавонам будам,

К-аз бӯта маро бад-ин сифат рахтаӣ.»

(Хайём)

«Хайём, барои гунаҳ ин мотам чист?

В-аз ғам хӯрдан фоида бешу кам чист?

Гар ҳеҷ гунаҳ набошадӣ, ғуфрон чист?

Ғуфрон зи барои гунаҳ омад, ғам чист?»

(Хайём)

«Дида дарё кунаму савр ба саҳро фиганам,

В-андар ин кор дили хеш ба дарё фиганам.

Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,

К-оташ андар ҷигари Одаму Ҳаво фиганам.»

(Ҳофиз)

Оятҳои асосии Библия дар бораи Одам

26 Ва Худо гуфт: «Одамро ба сурати Мо, ба шабоҳати Мо биофарем; ва онҳо бар моҳиёни баҳр, ва бар паррандагони осмон, ва бар чорпоён, ва бар тамоми замин, ва бар тамоми ҳайвоноте ки бар замин мехазад, ҳукм ронанд». 27 Ва Худо одамро ба сурати Худ офарид, ӯро ба сурати Худо офарид; онҳоро марду зан офарид. 28 Ва Худо онҳоро баракат дод, ва Худо ба онҳо гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед, ва онро тасарруф намоед, ва бар моҳиёни баҳр ва бар паррандагони осмон ва бар ҳар ҳайвоне ки бар замин мехазад, ҳукмрон бошед». Ҳастӣ 1:26-28

21 Ва Худованд Худо хоби сахте бар одам овард; ва ҳангоме ки хобаш бурд, яке аз қабурғаҳои ӯро гирифт, ва гӯшт дар ҷояш пур кард. 22 Ва Худованд Худо аз қабурғае ки аз одам гирифт, зане сохт, ва ӯро назди одам овард. 23 Ва одам гуфт: «Ин аст устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст».

24 Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ хоҳад пайваст; ва як тан хоҳанд буд. 25 Ва ҳар ду, Одам ва занаш, бараҳна буданд, ва хиҷил намешуданд. Ҳастӣ 2:21-25

8 Ва овози Худованд Худоро шуниданд, ки дар вақти салқинии рӯз дар боғ мегашт; ва Одам ва занаш аз пеши назари Худованд Худо дар миёни дарахтони боғ пинҳон шуданд. 9 Ва Худованд Худо ба Одам хитоб карда, гуфт: «Куҷоӣ ту?» 10Гуфт: «Чун овозатро дар боғ шунидам, ҳаросон шудам, зеро ки ман бараҳнаам, ва пинҳон шудам». 11 Ва гуфт: «Кӣ ба ту гуфт, ки ту бараҳнаӣ? Оё аз он дарахте ки хӯрданашро ба ту манъ кардам, хӯрдаӣ?» 12 Одам гуфт: «Ин зане ки ба ман додаӣ, аз меваи дарахт ба ман дод, ва ман хӯрдам». Ҳастӣ 3:8-12

Ҳаёт ба воситаи Масеҳ ба ҷои мамот ба воситаи Одам.

12 Пас, чунон ки ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон доҳил шуд ва бо гуноҳ мамот омад, ончунон низ ба ҳамаи одамон гузашт, чунки ҳама гуноҳ карданд. 13 Зеро ки пеш аз шариат ҳам гуноҳ дар ҷаҳон буд, лекин вақте ки шариат нест, гуноҳ ҳисоб карда намешавад. 14 Бо ин ҳама, аз Одам то Мусо мамот бар онҳое низ ҳукмрон буд, ки гуноҳе ба монанди гуноҳи Одам накарда буданд, ки ӯ тимсоли Шахси оянда аст. 15 Лекин бахшоиши файз на ончунон аст, ки гуноҳ бошад. Зеро ки агар бо гуноҳи як кас бисьёр касон гирифтори мамот шуда бошанд, пас, алалхусус файзи Худо ва бахшоиши он барои бисьёр касон ба василаи файзи як одам, яъне Исои Масеҳ, фаровон мегардад. Нома ба Румиён 5:12-15

18 Бинобар ин онҳое ҳам, ки дар Масеҳ мурдаанд, нобуд шуданд. 19 Ва агар мо фақат дар ҳамин ҳаёт ба Масеҳ умед мебаста бошем, мо аз ҳамаи одамон бадбахттарем. 20 Аммо Масеҳ аз мурдагон эҳьё шуда, навбари мурдагон гардид. 21 Зеро, чунон ки мамот ба воситаи инсон омад, эҳьёи мурдагон низ ба воситаи инсон омад. 22 Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд.

23 Ҳар яке бо навбати худ: аввал Масеҳ, баъд онҳое ки аз они Масеҳанд дар вақти омадани Ӯ. 24 Баъд охират фаро мерасад, ки он вақт Ӯ Малакутро ба Худо ва Падар месупорад ва ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад; 25 Зеро Ӯ бояд салтанат ронад то даме ки ҳамаи душманонро зери пойҳои Худ сарнагун созад. 26 Душмани охирине ки маҳв карда хоҳад шуд, мамот аст, 27 Чунки ҳама чизро зери пойҳои Ӯ мутеъ кардааст; вақте ки мегӯянд: ҳама чиз ба Ӯ мутеъ карда шуд, равшан аст, ки ин ба истиснои Он аст, ки ҳама чизро ба Ӯ мутеъ кардааст.

1 ба Қӯринтиён 15:18-27

Series NavigationОдам шиносӣ >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *