Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Китоби Доварони Исроил
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:12-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 12:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 14:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 15:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:15-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 17:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:10-21
- Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:13-25
Варрасии доврии махсуси Худо барои вақти муайян
Ҷангҳои нотамом
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Исроилиён дар маҷмӯъ, Қанъонро ба даст оварданд, аммо ҷангҳо бо халқҳое, ки дар гирди он сокин буданд, ҳанӯз ба охир нарасидаанд. Аз ин рӯ, чанде пеш аз марги худ, Еҳушаъ ба ҳар як сибти Исроил амр дод, ки муборизаро барои пурра забт кардани тамоми қаламрави мероси худ идома диҳанд Еҳушаъ ибни Нун 18:3). Яҳудо бо дастгирии қабилаи Шимъӯн, аввалин шуда, Бозақ ва Ерусалимро забт кард (оят. 1-10).
Хислати Худо
Худои Таоло қавми Худро, ки пас аз марги Еҳушаъ дар ошуф-тагӣ буданд, роҳнамоӣ мекард. Ба ҳамин монанд имрӯзҳо, агар мо ба душвориҳо дучор шавем, ба куҷо рафтан ва чӣ кор карданро надонем, Худованд шахсан Худаш моро роҳнамоӣ карда, роҳбарӣ мекунад.
Дарсҳои Худо
Оят. 1-10. Пас аз марги Еҳушаъ исроилиён то ҳол, бо халқҳои Қанъон ҷанг мекарданд. Сарфи назар аз марги пешво, онҳо бояд рисолати худро анҷом медоданд. Халқи Худо наметавонад ихтиёран, аз иҷрои кори ба онҳо супурдашуда даст кашанд, то даме, ки Салтанати Худо барқарор гардад. Инро дарк намуда, биёед хизмати худро, ки Худо ба мо додааст, тарк накунем, ки мехоҳад то ба охир ба Ӯ содиқ бошем. Ва мо баҳона намекунем, ки гӯё вазъият
тағйир ёфтааст ва ё захираҳо кифоя нест.
Худовандо, ба мо ёрӣ деҳ, то хизматамонро, ки ба мо супоридаи, содиқона иҷро кунем. Омин.
Қайд дар бораи ҷанг дар Аҳди Қадим. Худо халқи худро барои доварӣ бар зидди баъзе халқҳое истифода бурд, ки ба роҳҳои Худо беэътиноӣ мекарданд. Ин мисли ҷиҳоди имрӯза нест, зеро он ҳукми муайян дар бораи як қавми мушаххас барои як давраи мушаххас буд. Ба мо гуфта мешавад, ки ба ҷаҳон бо Инҷил бирасем ва душманони худро дӯст дорем. (Эзоҳ аз Накҳати Ҷон)
Доварон 1:11-21
Ғалабаҳо бо имон
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Колеб, яке аз пешвоёни банӣ Яҳудо ваъда дод, ки касе Қирят-Сеферро ба даст оварад, ба ӯ духтари худро ба занӣ медиҳад. Отниил, ки ин шартро иҷро кард, на танҳо арӯс, балки чашмаҳои обро низ, ҳамчун тӯҳфаи тӯӣ гирифт (11-15).
Баъд аз ин, лашкари якҷояи Яҳудо ва Шимъӯн, якчанд шаҳрҳоро забт карданд. Вале онҳо тамоми бутпарастонро, аз ин ҳудуд пеш карда натавонистанд
(оят.16-21).
Дарсҳои Худо
17 Ва банӣ‐Яҳудо бо бародаронашон банӣ‐Шимъӯн равона шуданд, ва онҳо ба канъониёне ки дар Сефат сокин буданд, шикаст расониданд; ва онро валангор карда, номи ин шаҳрро Ҳормо хонданд. 18 Ва банӣ‐Яҳудо Ғаззаро бо навоҳии он, ва Ашқалӯнро бо навоҳии он, ва Эқрӯнро бо навоҳии он гирифтанд. 19 Ва Худованд бо банӣ‐Яҳудо буд, ва онҳо кӯҳсорро тасарруф намуданд; аммо сокинони водиро натавонистанд бадар ронанд, зеро ки онҳо аробаҳои оҳанин доштанд. 20 Ва Ҳебрӯнро ба Колеб доданд, чунон ки Мусо гуфта буд; ва ӯ аз он ҷо се писари Аноқро бадар ронд. 21 Вале ябусиёнро, ки дар Ерусалим сокин буданд, банӣ‐Биньёмин натавонистанд бадар ронанд; ва ябусиён то имрӯз бо банӣ‐Биньёмин дар Ерусалим сокин ҳастанд. (1:17-21)
Бо вуҷуди муваффақиятҳои аввал, банӣ Яҳудо натавонистанд водиеро, ки дар он сокинони бо аробаҳои “зиреҳпӯш” мусаллаҳ буданд, ишғол кунанд. Ин минтақа аҳамияти бузурги стратегӣ дошт, лекин барои ҳамлагарон ҳадафи душвор буд. Аммо ҳамаи ин монеаи мустақиле набуд, зеро Худои Таоло аллакай ба халқи Худ ваъда дода буд, ки бар қанъониён, нигоҳ накарда ба аробаҳои онҳо, ғалаба хоҳанд кард (Еҳушаъ 17:18).
Баъдтар, дар замони Дебӯро исроилиён лашкари бузурги Сисро ва 900 аробаҳои оҳанини ӯро мағлуб карданд (Доварон 4:15). Сабаби он ки андешаҳои сокинони водиро пеш карда натавонистанд, бартарии техникӣ набуд, балки барои он буд, ки онҳо ба ваъдаи Худо боварии қатъӣ надоштанд. Боҳамин сабаб, банӣ Бинёмин натавонистанд ябусиёнро аз Ерусалим берун кунанд.