Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31

This entry is part 7 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Эҳуд ва Шамҷар

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Исроилиён боз марҳаматҳои Худоро фаромӯш карданд, ҳамчун ҷазо Худои Таоло онҳоро ба дасти подшоҳи Мӯоб ба 18 сол дод. Ва мардум боз ба сӯи Худо нола карданд, ва Худо боз онҳоро наҷот дод. Эҳуд, ки Худо ӯро довар таъин карда буд, ҳокими Мӯобро кушта халқи Худоро ҷамъ карда онҳоро ба ҷанги ғолиб бар душманон бурд. Дар натиҷа, Исроил дар тӯли 80 сол сулҳ пайдо кард. Баъд аз Эҳуд, Шамҷар довар шуд, ки Исроилро аз фалиштиён наҷот дод
(оят.12-31).

Хислати Худо

12 Ва аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд; ва Худованд Аҷлӯнро, ки подшоҳи Мӯоб буд, бар Исроил ғолиб сохт, чунки онҳо он чи дар назари Худованд бад буд, ба амал оварданд. 13 Ва ӯ банӣ‐Аммӯн ва Амолеқро назди худ ҷамъ кард, ва омада, ба Исроил зарба расонид, ва онҳо шаҳри Хурмозорро гирифтанд. 14 Ва банӣ‐Исроил ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳаждаҳ сол хизмат карданд. 15 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд, ва Худованд барои онҳо наҷотдиҳандае, яъне Эҳуд ибни Ҷерои биньёминиро, ки марди чапдасте буд, ба майдон овард; ва банӣ‐Исроил ба воситаи ӯ ба Аҷлӯн — подшоҳи Мӯоб — ҳадия фиристоданд. (3:12-15)

Бо вуҷуди он ки халқи Исроил такрор ба такрор гуноҳ мекарданд, Худое, ки дилаш пур аз марҳамат аст, баробари он ки мардум аз гуноҳҳояшон тавба мекарданд ва аз Худо мадад мепурсиданд, Худо дасти мадад дароз мекард. Биёед, мо низ ба Худо нола кунем. Ӯ ки ашки тавбакунандаамонро мебинад, бар мо раҳм мекунад, нигоҳ накарда, ки чӣ гуна рафторҳои мо вазнин аст.

Дарсҳои Худо

Аз сабаби гуноҳҳои худашон, исроилиён аз шаҳри Иерихон маҳрум шуданд, ки рамзи забт кардани Қанъон буд. Ҳамин тавр, мо низ агар ҳаракат накунем, ки гуноҳҳоямонро решакан накунем, дар худ нигоҳ дошта дар он лаззат барем, мо хатари аз даст додани ҳамаи атоҳои аз Худо гирифтаамонро дорем. Дар бораи он фикр кунед, ки оё дар дили шумо ягон решаи гуноҳҳо боқӣ мондааст, аз Худованд пурсед, ки чӣ тавр аз онҳо халос шавед.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *