Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24

This entry is part 9 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Ёил, зани Ҳобари Қенӣ

Занон Дебӯро ва Ёил бо имони далерона ва хирадман-дии худ Исроилро ба ғалаба оварданд. Амалҳои онҳо мардонро шарманда кард: Бороқ ҷалоли худро аз даст дод ва Сисро аз дасти зани нотавон мурд.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Дебӯро ва Бороқ ба муқобили Сисро баромаданд, ки лашкараш аробаҳо дошт. Қувваи ҳарбии исроилиён дар муқоиса бо қудрати қанъониён ҳеҷ буд, аммо исроилиён бо кӯмаки Худо душманро ғалаба кард (оят. 11-24).

Дарсҳои Худо

Оят. 17-22. Ҳобар, ки насли падарарӯси Мусо буд, дар наздикии Қодеш маскан гирифт (оят.11). Ӯ мехост худро муҳофизат кунад, барои ҳамин ӯ бо подшоҳи Қанъон, ки аз исроилиён хеле қавӣ ба назар мерасид, иттифоқ баст. Бо вуҷуди ин, зани Ёил, тавонист сустии қанъониҳоро дарк кунад. Ва зуҳури Сисро, ки наҷот мекофт, ин ақидаи ӯро тасдиқ кард. Ёил ӯро кушт. Имрӯз ба шумо бо кадом нерӯҳо иттифоқ кардан лозим?

Оё чизҳое, ки дар ин ҷаҳони имрӯза ноустувор ба назар мерасанд, оё ба мо оромии ҳақиқӣ дода метавонад?

Ва Худо дар он рӯз Ёбин подшоҳи Канъонро пеши банӣ‐Исроил мутеъ гардонид. Ва дасти банӣ‐Исроил бар Ёбин подшоҳи Канъон торафт бештар сахт мешуд, то даме ки Ёбин подшоҳи Канъонро маҳв карданд. (4:23-24)

Далерии Ёил ба Исроил ғалаба овард. Номи вай маънои “бузи кӯҳи” – ро дорад. Ёил номи худро сафед карда, халқи Исроилро бо “шири” сулҳ таъмин кард. Ҳаёти шумо ба ҷомеаи шумо чӣ гуна фоида меорад?

Худовандо Худо, ба мо ёрӣ деҳ, ки мо тарзе зиндагӣ ва ба Ту хизмат кунем, то ба наздикон ва ба ҷомеаи худ фоида оварем. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *