Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Китоби Доварони Исроил
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:12-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 12:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 14:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 15:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:15-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 17:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:10-21
- Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:13-25
Ҷидъӯн, одами оддӣ
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Худо Ҷидъӯнро, марди оддӣ ва заифро даъват кард, то Исроилро аз душман наҷот диҳад. Худои Таоло Ҷидъӯнро даъват кард, ки бар халқи Исроил довар шавад, то онҳоро аз зулми Мидён наҷот диҳад. Бо вуҷуди ин, ки Ҷидъӯн, на ба Худои Таоло, балки бештар ба худ менигарист, кӯшиш кард, ки баҳонае ёбад, то рад кунад. Худованд ба ӯ ваъда дод, ки бо ӯ хоҳад буд ва ӯ бар душман пирӯз хоҳад шуд. Ҷидъӯн то ҳол шубҳа дошта, аз Худо нишонае талаб кард. Он чизеро, ки талаб кард, гирифта, барои Ӯ қурбонӣ овард. Ҷидъӯн қурбонгоҳеро, ки барои Худо сохта буд, “Худованди Осоиштагӣ” номид (оят. 11-24).
Хислати Худо
15 Ва дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Худовандо, ман Исроилро чӣ гуна метавонам наҷот диҳам? Инак, хонаводаи ман дар сибти Менашше аз ҳама бенавотар аст, ва ман дар хонаи падарам аз ҳама ҷавонтарам». 16 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Ман бо ту хоҳам буд, ва ту Мидьёнро мисли як касе шикаст хоҳӣ дод». (6:15-16)
Дудилагии Ҷидъӯнро дида, ки “сабабҳои узрнок” меҷӯяд, то амри Ӯро иҷро накунад, вақте ки Ӯ ба ӯ гуфт: “Ман туро мефиристам” – Худои Таоло ба ӯ ваъда дод: “Ман бо ту хоҳам буд”. Имрӯз Исо ҳамаи суханонро ба шогирдонаш мегӯяд ва ваъда медиҳад, ки бо онҳо хоҳад буд (Матто.28:19,20). Аз ин рӯ, вақте, ки Худои Таоло ба мо муроҷиат мекунад, аз мо танҳо итоат ба даъвати Ӯ талаб карда мешавад.
Дарсҳои Худо
22 Ва Ҷидъӯн фаҳмид, ки ин фариштаи Худованд аст, ва Ҷидъӯн гуфт: «Эй вой ба ман, Худоё Худовандо! Чунки фариштаи Худовандро рӯ ба рӯ дидаам». 23 Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Осоиштагӣ бар ту бод, натарс, нахоҳӣ мурд». 24 Ва Ҷидъӯн дар он ҷо курбонгоҳе барои Худованд сохт, ва онро Худованд‐Осоиштагӣ хонд; он то имрӯз дар Ӯфрои Абиэзрӣ мавҷуд аст. (6:22-24)
Ҷидъӯн аз Худо миннатдор буд, ки ҷони ӯро раҳо кард, бо вуҷуди он ки Ӯро рӯ ба рӯ дидааст, қурбонгоҳе сохта, онро “Худованди Осоиштагӣ” номид. Ин осоиштагии аҷибе, ки Ҷидъӯн аз сар гузаронида буд, ба тамоми Исроил таъсир расонид. Чӣ тавр осоиштагии Худо ба шумо меояд? Мо онро бо кӣ ва чӣ
гуна бояд бо ҳам бинем?
Худованд Худо, ки одамони оддитаринро барои иҷрои корҳои бузург даъват ва истифода мебарад! Мо худ ва зиндагии худро ба Ту месупорем! Омин.