Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28

This entry is part 17 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Гарчанде ки Ҷидъӯн подшоҳ шуданро рад кард…

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Ҷидъӯн ҳамчун қаҳрамони миллӣ баргашт, ва фурӯтанона подшоҳи Исроил шуданро рад кард. Аммо хато кард, ки эфӯди тиллоӣ сохт, ки ашёи парастиш шуд, бути нав барои халқ.

Баргашта, Ҷидъӯн сокинони Суккӯт ва Фануилро сахт ҷазо дод (оят.13-21).
Исроилиёне, ки аз ӯ барои наҷот миннатдор буданд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки подшоҳи онҳо шавад, аммо Ҷидъӯн фурӯтанӣ нишон дода, рад кард ва
эълон кард, ки Подшоҳи асосии Исроил танҳо Худост. Аммо баъд, аз тиллое, ки аз мардум ҷамъоварӣ карда, эфӯд сохт, ки он бояд ёдраскунандаи ғалабаи ӯ мебуд (оят.22-28).

Фаромӯш набояд кард, ки ҷанг дар Аҳди Қадим василае буд, ки Худо барои доварӣ кардани халқи муайян дар вақти муайян. Каломи Худо мегӯяд, ки Ӯ ба онҳо имкон дод, ки дар тӯли асрҳо то замони ҳукми ҷанг идома диҳанд. – Накҳати Ҷон

Дарсҳои Худо

22 Ва исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо салтанат бирон, ҳам худат, ҳам писарат, ҳам писари писарат; зеро ки ту моро аз дасти Мидьён раҳо кардӣ». 23 Вале Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Ман бар шумо салтанат нахоҳам ронд, писарам низ бар шумо салтанат нахоҳад ронд; Худованд бар шумо салтанат хоҳад ронд». 24 Ва Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «Аз шумо хоҳише дорам, ки ҳар яке аз шумо гӯшворае аз ғанимати худ ба ман бидиҳад». Зеро ки исмоилиён гӯшвораҳои тилло доштанд.

25 Ва гуфтанд: «Албатта хоҳем дод». Ва пероҳане паҳн карда, ҳар яке гӯшвораеро аз ғанимати худ дар он андохтанд. 26 Ва вазни гӯшвораҳои тиллое ки ӯ талабид, ҳазору ҳафтсад сиқли тилло буд, ғайр аз ҳилолҳо ва ҳалқаҳо ва либосҳои арғувоне ки бар подшоҳони Мидьён буд, ва ғайр аз гарданбандҳое ки бар гардани шутурҳошон буд. 27 Ва Ҷидъӯн аз он тилло эфӯд сохта, онро дар шаҳри худ Ӯфро гузошт; ва ҳамаи исроилиён аз пушти он дар он ҷо ба бутпарастӣ дода шуданд, ва он барои Ҷидъӯн ва хонадони ӯ доме гардид. 28 Ва аҳли Мидьён пеши банӣ‐Исроил итоат карданд, ва дигар сари худро набардоштанд; ва замин дар айёми Ҷидъӯн чил сол ором ёфт. (8:22-28)

Ҷидъӯн эълон кард, ки на ӯ ва на писараш бар Исроил подшоҳӣ намекунанд, зеро ин ҳуқуқ танҳо ба Худо тааллуқ дорад. Аммо пас аз ин фурӯтанӣ, ӯ эфӯди тиллоӣ сохт. Ҷидъӯн ҳоким шуданро рад карда, кӯшиш кард, ки бо роҳи дигар таъсири худро мустаҳкам кунад. Эфӯд барои исроилиён ашёи ибодат ва доми мардум шуд. Марде, ки як вақтҳо бутҳоро шикаста, мардумро наҷот дод, акнун онҳоро ба гуноҳ бурд. Агар мо низ худро дар зери дасти пурқуввати Худованд комилан фурӯтан накунем, он гоҳ “фурӯтании” мо, танҳо боз як зуҳу-ри ҳавобаландии худ хоҳад шуд.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *