Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56

This entry is part 22 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Бадкорон нобуд карда шуданд

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Абималик бо сокинони зиндамондаи Шакем, ки дар он паноҳ бурда буданд, бурҷи Байт-Ил-Бритро сӯзонд (оят. 46-49).
Пас аз он ӯ Тебесро забт кард, валекин шаҳрвандон дар қалъа пинҳон шуданд. Порчаи санги осиёбро аз манорае, ки зане партофта буд, сари Абималикро захмдор кард. Марги нангинро нахост, ба яке аз сарбозон фармуд, ки ӯро букушад. Ҳамин тавр, Худои Таоло Абималик ва сокинони
Шакемро барои ҳамаи бадиҳои содиркардаашон подош дод (оят. 50-56).

Хислати Худо

Ва Худо бадкирдории Абималикро, ки дар ҳаққи падараш бо куштани ҳафтод бародари худ карда буд, бар сараш баргардонид; ва тамоми бадкирдории мардуми Шакемро Худо бар сарашон баргардонид; ва лаънати Ютом ибни Ерубаал бар онҳо омад. (9:56)

Худо ҳамеша бадиеро, ки одамони бад содир мекунанд, маҳкум мекунад. Ҳам Абималик ва ҳам сокинони Шакем ба марги нангин гирифтор шуданд. Аз берун чунин ба назар мерасад, ки дар набард якдигарро нобуд кардаанд, аммо дар асл, дар паси ин ҳукми Худост. Баъзан шояд фикр кунем, ки Худои Таоло ба беадолатии дунё пай намебарад, вале мо бояд бовар кунем ва дар хотир дошта бошем, ки Ӯ ин ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва ҳукмронӣ мекунад ва бо адолати худ роҳнамоӣ мекунад.

Дарсҳои Худо

46 Ва ҳамаи сокинони бурҷи Шакем инро шунида, ба бурҷи Байт‐Ил‐Брит омаданд. 47 Ва ба Абималик хабар расид, ки ҳамаи сокинони бурҷи Шакем дар он ҷо ҷамъ шудаанд. 48 Ва Абималик ва тамоми қавме ки бо ӯ буданд, ба кӯҳи Салмӯн баромаданд; ва Абималик табаре ба дасти худ гирифта, шохаи калоне аз дарахт бурид, ва онро бардошта, бар китфи худ гузошт, ва ба қавме ки бо ӯ буданд, гуфт: «Он чи ман кардам, дидед; пас таъҷил намуда, мисли ман амал кунед». 49 Ва тамоми қавм низ, ҳар яке шохаи худро бурида аз ақиби Абималик рафтанд, ва онҳоро дар гирди бурҷ гузошта, ба воситаи онҳо бурҷро оташ доданд; ва ҳамаи одамони бурҷи Шакем низ, ки тақрибан ҳазор мард ва зан буданд, мурданд. (9:46-49)

Абималик барин марди золимро подшоҳ интихоб кардани худи шакемиён қарор дод. Табиист, ки ин ниҳоят ба марги онҳо оварда расонд. Мо бояд аз ин хондаамон ибрат гирем ва дар интихоби роҳбарони ҷомеа ва кишварамон ниҳоят масъулиятшинос бошем.

Худовандо, Ту Довари одил ҳастӣ! Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи онҳое, ки ба қуввати худ такя мекунанд, ба назди Ту бо сари хам меоянд. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *