Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 4:1-11

This entry is part 8 of 10 in the series Нони Ҳаррӯза - 1 Петрус

Биносозони меҳрубон

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Исо бегуноҳ буд, уқубат кашида гуноҳҳои моро ба гардани Худ гирифт. Бо донистани ин, масеҳиён бояд тарзи ҳаёти пешинаи худро тарк кунанд ва кӯшиш кунанд, ки иродаи Худоро иҷро кунанд. Барои ҳамин ҷаҳон моро масхара хоҳанд кард ва аз мо нафрат хоҳанд дошт. Бо вуҷуди ин, ва барои имондорон муҳим аст, ки дарк кунанд, ки доварии Худо наздик аст, ва ба Худованд дуо гӯянд ва ба якдигар бо муҳаббат хизмат карданро давом диҳанд. Ва он гоҳ, Худои Таоло тамоми ҷалолро ба даст хоҳад овард (оят.1-11).

Дарсҳои Худо

7 Аммо фарҷоми ҳама чиз наздик аст. Пас бомулоҳиза ва барои дуо ҳушьёр бошед. 8 Пеш аз ҳама чиз ба якдигар муҳаббати пурзӯр дошта бошед, чунки муҳаббат гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад;

Вақте ки рӯзи бозгашти Масеҳ наздик мешавад, ранҷу азоби масеҳиён афзоиш хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, мо бояд монда нашуда ҳушёр бошем, дуо гӯем ва дар ҳақиқат ҳамдигарро дӯст дорем. Дуо ва муҳаббат метавонад ҷамъомадҳои моро муттаҳид созад, то ҳама душвориҳоро паси сар кунад ва ғолиб ояд.

9 Якдигарро бешикваю шикоят меҳмоннавозӣ кунед; 10 Ба якдигар, ҳар яке аз рӯи бахшоише ки ёфтаед, ҳамчун муваккалони неки файзи гуногуни Худо хизмат кунед. 11 Касе агар сухане ба забон ронад, бигзор ҳамчун суханони Худо ба забон ронад; касе агар хизмат кунад, бигзор мувофиқи қуввате ки Худо ба вай медиҳад, хизмат кунад, то ки дар ҳама чиз Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҷалол ёбад, ки Ӯро ҷалол ва салтанат то абад бод. Омин.

Мо даъват шудаем, ки «биносозони хуби гуногуни файзи Худо» бошем. Чи тавре ки воиз наандешаҳои худро, балки Каломи Худоро менависад. Одамоне, ки ба Худованд хизмат мекунанд, бояд хизмати худро бо қувват ва ғайрате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, анҷом диҳанд. Саъю кӯшиш ва истеъдодҳои моро дида, одамон метавонанд ба мо ҳамду сано гӯянд, аммо агар мо ҳамчун бандагони нек ва содиқи Худованд хизмат кунем, ва донем, ки тамоми ҳамду сано азони Ӯст.

Дуо

Худовандо ба ҳамаи аъзоёни ҷамъомади мо кӯмак кун, то ба ҳамдигар бо муҳаббат хизмат кунанд ва барои бозгашти Ту омода бошанд. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:13 то 22Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 4:12 то 19 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *