Тафсирҳо

Тафсири (1) Юҳанно – НОМАИ ЯКУМИ ЮҲАННО

This entry is part 1 of 6 in the series Номаи якуми Юҳанно


Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»((https://www.isoimaseh.com/wp-content/uploads/.pdf))

Мо даъват шудаем, ки ба Масеҳ тақлид намоем, аммо на ба Масеҳи бар обқадамзананда, балки ба роҳгардиҳои одии Ӯ. Мартин Лютер

Муқаддима – Номаи якуми Юҳанно ба албоми суратҳои оилавӣ монанд аст. Он аъзоёни оилаи Худоро тасвир менамояд. Чунон ки фарзандон ва падару модарон монанданд, фарзандони Худо низ ба Ӯ монандӣ доранд. Ин Нома ҳам ин нишонаҳои монандиро тасвир мекунад.
Шахс узви оилаи Худо шуда, ҳаёти Худоро ба даст меорад – ҳаёти абадиро. Онҳое ки ин ҳаётро доранд, онро ба таври гуногун зоҳир мекунанд. Масалан, онҳо Исои Масеҳро чун Худованд ва Наҷотдиҳандаи худ эътироф мекунанд, онҳо Ӯро дӯст медоранд, фарзандони Худоро дӯст медоранд, ба фармудаҳои Ӯ итоат мекунанд ва дар гуноҳ зиндагӣ намекунанд. Онҳо гӯё дар худ нишонаҳои ҳаёти абадиро доранд. Юҳанно ин Номаро барои он навишт, то ҳамаи онҳое ки ин нишонаҳои оилавиро доранд, донанд, ки ҳаёти абадӣ доранд (1 Юҳ. 5,13).

Номаи якуми Юҳанно аз бисёр ҷиҳатҳо ғайриодӣ аст. Агарчи он номаи воқеист, ки ҳақиқатан фиристода шуда буд, на муаллиф зикр шудааст, на ба кӣ навишта шудани он. Бешубҳа, онҳо якдигарро хуб мешинохтанд. Дар ин китоби хуб боз як чизи олидараҷа ҳаст: ҳақиқатҳои ниҳоят амиқи ахлоқиро муаллиф бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва одӣ баён мекунад, ки дар онҳо ҳар як калима муҳим аст. Кӣ гуфтааст, ки ҳақиқатҳои амиқ бояд бо ҷумлаҳои мураккаб баён шаванд? Ба ақидаи мо, мавъиза ё нақли хаттие ки баъзеҳо онҳоро таъриф мекунанд ва «амиқ» меҳисобанд, норавшан ва ноаниқ мебошанд.

ВАҚТИ НАВИШТА ШУДАН


Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки Юҳанно се мактуби қонунии худро солҳои 60-ум дар Уршалим, то он вақте ки румиён ин шаҳрро вайрон карданд, навиштааст. Дар охири асри якум навишта шудани мактуб ба ҳақиқат наздиктар аст (солҳои 80-95-уми пас аз милод). Оҳанги падаронаи номаҳо бо анъанаи қабулшуда оид ба расул Юҳаннои солхӯрда мувофиқат мекунад, ки дигар роҳ гашта наметавонист ва ҳангоме ӯро ба ҷамоат бардошта мебурданд, мегуфт: «Фарзандонам, якдигарро дӯст доред!»

МАҚСАДИ НАВИШТА ШУДАН

Дар замони Юҳанно фирқаи бардурӯғе пайдо шуд, ки бо номи фирқаи гностикҳо маълум аст (юн. «гнозис» «дониш»). Гностикҳо мегуфтанд, ки онҳо масеҳиёнанд, аммо дар айни ҳол даъво менамуданд, ки дониши иловагӣ доранд, ки аз он чи расулон мавъиза мекунанд, болотар аст. Онҳо изҳор менамуданд, ки то инсон бо «ҳақиқатҳо»-и боз ҳам амиқтар ошно нашавад, имкониятҳои худро пурра амалӣ гардонда наметавонад. Баъзеҳо таълим медоданд, ки материя манбаи бадист, бинобар ин Одам Исо наметавонист Худо бошад. «Масеҳ» нурафкании илоҳӣ буд, ки ба Исо ҳангоми таъмид гирифтани Ӯ фуруд омад ва пеш аз маргаш Ӯро тарк кард, эҳтимол, дар боғи Ҷатсамонӣ. Мувофиқи ақидаи беасоси онҳо, Исо ҳақиқатан мурд, аммо Масеҳ намурда буд.

Чунон ки Майкл Грин менависад, онҳо таъкид менамуданд, ки «Масеҳи осмонӣ беҳад пок ва рӯҳонӣ буд, то ки бо алоқаи муттасил бо ҷисми одамӣ худро доғдор кунад». Хуллас, онҳо таҷассумро рад мекарданд ва эътироф намекарданд, ки Исо Масеҳ аст ва ин Исои Масеҳ ҳам Худо ва ҳам Одам аст. Юҳанно фаҳмид, ки ин одамон масеҳиёни ҳақиқӣ набуданд, ва хонандагони худро огоҳ карда, нишон дод, ки гностикҳо муҳри фарзандони ҳақиқии Худоро надоранд.

ВА МАВЗУЪ


Юҳанно чунин меҳисобад, ки шахс ё фарзанди Худост, ё не; ҳолати мобайнӣ вуҷуд надорад. Барои ҳамин ҳам Нома пур аз муқобилгузориҳои тамоман мухолиф аст – нур ва зулмот, муҳабб ат ва адоват, ҳаёт ва марг, Худо ва иблис. Дар айни замон бояд зикр кард, ки рафтори хоси одамонро тасвир кардан ба расул маъқул аст. Масалан, байни масеҳиён ва ғайримасеҳиён фарқ гузошта, ӯ на як гуноҳро, балки он чизеро ба асос мегирад, ки одамро тавсиф медиҳад. Ҳатто соати шикаста ду бор дар як шабонарӯз вақти дурустро нишон медиҳад! Аммо соати хуб ҳамеша вақти дурустро нишон медиҳад.

Умуман рафтори ҳаррӯзаи шахси масеҳӣ пок ва росткорона аст, ва ин ӯро ҳамчун фарзанди Худо фарқ мекунонад. Юҳанно калимаи «донистан»-ро бисёр истифода мебарад. Гностикҳо мегуфтанд, ки ҳақиқатро медонанд, аммо Юҳанно ин ҷо фактҳои ҳақиқии ҳаёти масеҳиёнаро, ки ба таври боваринок донистан мумкин аст, тасвия медиҳад. Вай Худоро ҳамчун нур (1,5), муҳаббат (4,8.16), ростӣ (5,6) ва ҳаёт (5,20) тасвир мекунад. Ин маънои онро надорад, ки Худо Шахсият нест, балки ки Ӯ Сарчашмаи ҳамин чор баракат аст. Инчунин Юҳанно Ӯро ҳамчун Худои одил (2,29; 3,7), пок (3,3) ва бегуноҳ (3,5) қаламдод менамояд.
Юҳанно калимаҳои содаро истифода мебарад, аммо фикрҳои ифодакардааш аксаран амиқ ва гоҳ-гоҳ душворфаҳм мебошанд. Ҳангоми омӯхтани ин китоб мо бояд дуо кунем, ки Худованд ба мо ёрӣ диҳад, то Каломи Ӯро фаҳмем ва ба ҳақиқате ки бароямон ошкор мекунад, итоат кунем.

((https://www.isoimaseh.com/wp-content/uploads/.pdf))

Series NavigationБоби 1 аз номаи (1) Юҳанно >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *