Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза 1 Петрос 1: 13 то 25

This entry is part 3 of 10 in the series Нони Ҳаррӯза - 1 Петрус

Ҳаёти муқаддас ва муҳаббати самимӣ – Тақдиси имондорон ба воситаи хуни қурбонии Масеҳ.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

13 Бинобар ин, камари ақли худро маҳкам баста ва ҳушьёр шуда, ба файзе ки дар вақти зуҳури Исои Масеҳ ба шумо ато хоҳад шуд, комилан умедвор бошед. 14 Ҳамчун бачагони фармонбардор, ба ҳавасҳои пештарае ки дар вақти нодонии худ доштед, мувофиқат накунед, 15 Балки, чунон ки Даъваткунандаи шумо муқаддас аст, худатон низ дар тамоми рафторатон муқаддас бошед, 16 Зеро ки навишта шудааст: «Муқаддас бошед, чунки Ман муқаддас ҳастам». 17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед, 18 Чун медонед, ки шумо на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле ки аз падарони худ мерос гирифтаед, 19 Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок, 20 Ки пеш аз таъсиси ҷаҳон пешакӣ таъин шуда буд, лекин дар замони охир барои шумо зоҳир шудааст, 21 Ки ба воситаи Масеҳ шумо ба Худое имон овардед, ки Масеҳро аз мурдагон эҳьё кард ва ба Ӯ ҷалол бахшид, то ки шумо ба Худо имон ва умед дошта бошед.

Ҳамчун одамоне, ки тавассути Хуни қурбонии Исои Масеҳ наҷот ёфтаанд, мо бояд тарзи зиндагӣ дошта бошем. Ки аз он чизе пеш аз имон оварданамон комилан фарқ кунад. Мо бояд аз мавҷудияти бемаънӣ ва зишт даст кашида, тамоми умед ва имони худро ба Ӯ гузошта, бо тарс пеши Худо зиндагӣ кунем (оят. 13,21).

22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред, 23 Ҳамчун касоне ки аз нав ба вуҷуд омадаед на аз тухми фонӣ, балки аз тухми бефано, ба василаи каломи Худо, ки зинда аст ва то абад боқист. 24 Зеро ки ҳар ҷисм мисли алаф аст, ва ҳар ҷалоли одамӣ — мисли гули алаф; алаф хушк мешавад, ва гули он мерезад; 25 Аммо каломи Худованд то абад боқист. Ва ин аст он каломе ки ба шумо мавъиза шудааст.

Худо абадист бинобар ин Каломи Ӯ, ки наҷоти мо бар он асос ёфтааст, абадӣ аст. Масеҳиёне, ки тавассути Каломи Худо аз нав тавалуд шудаанд, даъват карда мешаванд, ки ба он пайравӣ кунанд, то якдигарро дӯст доранд (оят.22-25).

Хислати Худо

17 Ва агар шумо Ӯро Падар мехонед, ки бе рӯйбинӣ ҳар касро аз рӯи аъмолаш доварӣ мекунад, пас замони ғурбати худро бо худотарсӣ бигзаронед

(оят.17) Худо – Падари мост, мувофиқи марҳамати бузургиӮ, ки моро аз нав ба дунёовард (оят.3 – Муборак аст Худо ва Падари Худованди мо Исои Масеҳ, ки бо марҳамати бузурги Худ, ба василаи эҳьёи Исои Масеҳ аз мурдагон, моро аз нав ба вуҷуд овард барои умеди зинда.). Аммо Ӯ ҳамчунин Доварӣ мост далели он, кимо ҳуқуқи Худоро, Падарномиданро гирифтаем, маъноионро надорад, ки доварии одилонаи Ӯ аз мо мегузарад. Аз инрӯ, мо бояд равшан дарк кунем,ки мо дар ин ҷаҳон бегонаем ва бо тарси Худованд зиндагӣкунем.

Дарсҳои Худо

22 Чун ҷонҳои худро бо итоати ростӣ ба воситаи Рӯҳ барои бародардӯстии бериё пок кардаед, доимо якдигарро аз самими қалб дӯст бидоред,

(оят.22) Муҳаббат ба бародарону хоҳарони имондор, ки аҳамияти он китобҳои Аҳди Ҷадид борҳо таъқид шудааст, бо итоат кардан ба ҳақиқати хушхабар оғоз меёбад. Танҳо онҳое, ки ба он итоат мекунанд, метавонанд наздикони худро бо дили пок дӯст доранд ва дар покӣ зиндагӣ кунанд.

Дуо

Худои муқаддас, мо ба ту таваккал мекунем ва тамоми умеди худро ба Ту мегузорем. Мо барои покӣ ва муҳаббат ба ҳамдигар саъю кӯшиш хоҳем кард. Ба мо дар ин кӯмак расон. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 1:1 то 12Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:1 то 10 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *