
Ду роҳ, ду дарахт ва ду таҳкурсӣ
- Муносибати ҳаррӯза бо Масеҳ
- Матто 5:1-5 – Тағйироти ботинии мо
- Матто 5:9–12 — Ҳаёт дар контексти имон
- Матто 5:17–20 — Ҷовидонии Каломи Худо
- Матто 5:27–32 – Дар Масеҳ рафтор кардан покӣ аст
- Матто 5:33–37 – Дар бораи қавл ва қасам
- Матто 5:38–48 Душманони худро дӯст доред
- Матто 6:1–4 — Фарқияти байни намоишӣ ва воқеӣ
- Матто 6:5–15 – Дуо: Дилҳои моро ба дили Худо пайваст мекунад
- Рӯза ва Боигарӣ
- Матто 6:25–34 — Ғамхорӣ кардан ё бовар кардан?
- Матто 7:1-6 – Доварӣ накунед
- Ду роҳ, ду дарахт ва ду таҳкурсӣ
Суханони Исо ду роҳро нишон медиҳанд: ду дарахт ва ду хона. Роҳи танг аст, ки ҳаёт медиҳад, вале роҳи васеъ ба ҳалокат мебарад. Акнун Исо мепурсад: таҳкурсии ту дар куҷост? Ба чӣ ё ба кӣ такя дорӣ? Оё ту ба суханони Ӯ, ки суханони ҳаёти ҷовидонианд, эътимод дорӣ? Ё ба фаҳмиши худ, ки ба ҳалокат меорад?
Роҳи танги имон – Матто 7:13–14
13 Аз дарвозаи танг дароед, чунки дарвозаи васеъ ва роҳи осонгузар шуморо ба ҳалокат меоварад ва касоне, ки аз он мегузаранд, бисёр ҳастанд. 14 Лекин ба ҳаёти абадӣ шуморо дарвозаи басо тангу роҳи мушкилгузар меоварад ва кам касон онро меёбанд.
Ин яке аз кӯтоҳтарин, вале муҳимтарин хулосаҳои наҷот аст. Бисёре аз одамон чунин гумон мекунанд: агар ҳама бо як роҳ раванд, пас он роҳ дуруст аст. Аммо Исо мегӯяд, ки дари Худо танг аст, на васеъ.
Фишори иҷтимоӣ бисёр вақт ба шоҳроҳ монанд аст. Ҳама ба як самт мераванд ва мехоҳанд, ки ҳама дар як қолаби мутобиқат бошанд. Ин мисли зарби маъруф аст: “Мехе, ки баландтар аст, аввал кӯфта мешавад.” Аммо Худованд Исо моро даъват мекунад, ки аз дари танг дароем. Ӯ медонад, ки ҳақиқати Худо ҳамон нест, ки тафаккури инсони дунявӣ ё динии дунё пешкаш мекунад. Ман Исо Ҳудованд мегӯям, зеро маҳз ин дари танг аст, ки моро даъват мекунад: қабул кун, ки Исо кист ва чӣ кор барои ту кард.
Ӯ танҳо паёмбар нест — Ӯ Худованд аст. Бисёриҳо намехоҳанд аз ин роҳ раванд. Онҳо мегӯянд: «Оҳ, не, ӯ танҳо паёмбар аст. Мо ба ӯ эҳтиром дорем.» Вале ҳамзамон онҳо суханони Ӯро намехонанд ва намешунаванд.
Ин дари танг моро ба салиб мебарад — ба он ҷо, ки Исо барои гуноҳҳои мо ҷони худро фидо кард. Баъзеҳо мегӯянд, ки Ӯ намурдааст, аммо ҳақиқат дар чор Инҷил ба таври равшан шаҳодат дода шудааст. Бисёриҳо онро рад мекунанд, аммо намефаҳманд, ки ҳаёт маҳз дар ҳамин дари танг пинҳон аст. Роҳи васеъ осон аст. Роҳи танг бошад — душвор. Имрӯз, дар Тоҷикистони мо, гузаштан аз ин дари танг кори осоне нест. Фишори иҷтимоӣ зиёд аст, то ту дар роҳи васеъ бимонӣ. Аммо Исо моро ба назди Худ мехонад. Ӯ Худованд аст. Ӯ моро даъват мекунад, ки омурзиши гуноҳҳоро талаб кунем — зеро Ӯ барои мо мурд. Ва натиҷаи ин — ҳаёт аст, на ҳалокат.
Ин порча ба ман суханеро ба ёд меорад:
👉 Ҳақ ҳақ аст, гарчанде ки кам кас онро пайравӣ мекунад.
👉 Нодуруст нодуруст мемонад, ҳатто агар ҳама онро иҷро кунанд.
Пеши мо ду роҳ аст — ту кадомашро интихоб хоҳӣ кард? Ҳаёт бо Исо — роҳи танг аст, вале ҳаёт мебахшад. Ӯ ҷавоб ба мушкили гуноҳ аст. Ӯ роҳи мусолиҳа бо Худост. Бо Ӯ роҳ рав, ва аз ин роҳи танг бо Ӯ қадам зан.
Худовандо, ба ман ҷасорат деҳ, ки аз ин дари танг дохил шавам, то ҳаёт пайдо кунам. Зеро дар Ту, эй Исо, ҳаёт аст, ва ман мехоҳам имрӯз аз паи Ту бошам.
Матто 7:15–20 – Ду дарахт ва меваи онҳо
Муаллимони козиб бо либоси гӯсфанд меоянд. Ба ибораи дигар, онҳо бегуноҳ ба назар мерасанд, аммо дар зери намуди зоҳирии худ табиати гург доранд. Танҳо аз он сабаб, ки шахсе диндор менамояд, маънои онро надорад, ки ӯ таълимоти дуруст дорад.
Таълимоти ростин ҳаёти худотарс ва меваҳои рӯҳонӣ ба бор меорад. Исо мегӯяд, ки мо онҳоро аз меваашон хоҳем шинохт. Дарахти бад наметавонад меваи хуб диҳад, ва шахси бадниёт низ самари нек намеорад. Дарахти хуб бошад, ҳатман меваи хуб медиҳад. Ҳамин тавр, Исо таъкид мекунад, ки муаллимони ҳақиқиро аз самари ҳаёташон метавон шинохт.
Ростӣ ва дурӯғ натиҷаҳои тамоман гуногун доранд. Дар ҷомеаи мо ду қувваи иҷтимоии муқобил амал мекунанд. Фишори иҷтимоӣ бисёр вақт водор мекунад, ки одамон ба он чизе мутобиқ шаванд, ки бисёриҳо онро ҳақиқат мешуморанд — ҳатто агар ин дурӯғи зебо ороёфта бошад. Ин метавонад ба фиреб ва бардурӯғнамоӣ оварда расонад.
Аммо Худо моро барои чизи дигар офаридааст — Ӯ мехоҳад, ки имонамон аз дили самимӣ берун ояд. Ӯ ба дили мо сухан мегӯяд ва аз дарун амал мекунад, то муҳаббаташро тавассути мо ба дигарон бинмояд. Ин монандии Масеҳӣ аксар вақт бо рӯҳи ҷомеа мухолифат мекунад. Мо бояд андеша кунем: кием мо дар ҳақиқат? Агар як нафар гӯсфанд аст, пас бигзор дар ростӣ либоси гӯсфанд дошта бошад — на барои ниқоб, балки барои ростии ботин.
Барои муаллимони бардурӯғ чанд аломати мушаххас вуҷуд дорад:
1. Таваҷҷуҳи носолим ба зоҳир, мисли либоси гӯсфанд, ки Исо аз он ҳушдор дод.
2. Дасткорӣ кардани натиҷаҳои зоҳирие, ки гӯё нишонаи диндорӣ аст.
3. Таъкид ба мутобиқати берунӣ, на ба тағйироти ботинӣ.
4. Қудрате, ки на аз Рӯҳи Худо, балки аз қудрати инсонӣ ва системаи иҷтимоӣ бармеояд.
5. Иззати дини зоҳирӣ болотар аз ҷалоли Худо мегузорад.
Дар ин порча, мо ду дарахт мебинем:
Яке адолати ҳақиқии Худоро инъикос мекунад, дигаре бошад — адолати бардурӯғ. Паёми Исо равшан аст: Худо дар дили мо зиндагӣ мекунад ва аз дарун амал мекунад, то моро ба Шакли Худ табдил диҳад. Ҷаҳон бошад, кӯшиш мекунад моро аз берун дигар кунад, то ҳама ба ҳамдигар монанд шаванд.
Худовандо, бигзор ҳаёти ман самари хубе диҳад — самари муҳаббат, марҳамат ва файзи Ту. Бигзор бубинам, ки чӣ гуна Ту дили маро тағйир медиҳӣ, то ҳаёти ман самари рӯҳоние оварад, ки ба Ту монанд бошад.
Матто 7:21–29 – Бунёди шумо дар куҷост?
Шумо ба чӣ бовар доред ва имони шумо бар чӣ бино ёфтааст? Бо Исо роҳ рафтан — ин фақат донистани Ӯ нест, балки маънои онро низ дорад, ки мо таҳкурсии имони худро бар Ӯ, санги устувор, бино кардаем.
Барои наҷоти шахс фақат даъват кардани Худо кифоя нест. Бисёриҳо мегўянд: «Худовандо, Худовандо», аммо барои наҷот ба Исо такя намекунанд. Баъзеҳо иддао мекунанд, ки ба номи Исо амалҳои динӣ анҷом медиҳанд, аммо дар асл мӯъмини ҳақиқӣ нестанд. Имони мо аз рӯи он чӣ мегӯем муайян намешавад, балки аз рӯи он ки ба чӣ бовар дорем ва бар кӣ такя мекунем. Ман борҳо шунидаам, ки шахсе мегӯяд: «Ман Исоро эҳтиром мекунам», аммо ҳамзамон ба нафси худ ё амалҳои динӣ такя мекунад, ки гӯё онҳо метавонанд ӯро наҷот диҳанд.
Одами оқил суханони Исоро мешунавад ва онҳоро иҷро мекунад. Ӯ мисли шахсе аст, ки хонаи худро бар санг бино мекунад. Ин таҳкурсӣ хонаашро аз обхезӣ нигоҳ медорад. Аммо шахси беақл хонаи худро дар болои рег, дар ҷое, ки хатари обхезӣ зиёд аст, месозад — ва ҳангоми омадани тӯфон хонааш фурӯ мерезад. Ниҳоят, танҳо шахсе боқӣ мемонад, ки ҳаёти худро бар санги Масеҳ бино кардааст.
Куҷост имони шумо? Дар хотир доред: Худо — Наҷотдиҳанда аст. Бисёр одамон фикр мекунанд, ки метавонанд барои наҷоти худ амалҳои кофӣ анҷом диҳанд — ва дар чунин ҳолатҳо, гӯё ки онҳо худро наҷот медиҳанд. Аммо на, танҳо Худо метавонад наҷот диҳад, ва Ӯ аст, ки барои имони мо замина фароҳам меорад. Ба Ӯ бовар кунед.
Суханони Исо ду роҳро нишон медиҳанд: ду дарахт ва ду хона. Роҳи танг аст, ки ҳаёт медиҳад, вале роҳи васеъ ба ҳалокат мебарад. Акнун Исо мепурсад: таҳкурсии ту дар куҷост? Ба чӣ ё ба кӣ такя дорӣ? Оё ту ба суханони Ӯ, ки суханони ҳаёти ҷовидонианд, эътимод дорӣ? Ё ба фаҳмиши худ, ки ба ҳалокат меорад? Ҳар яки мо бояд ба Ӯ нигарем, зеро медонем, ки суханони Ӯ бо марг, дафн ва эҳёи Ӯ тасдиқ шудаанд. Исо имрӯз зинда аст, ва маҳз ҳамин тавр мо метавонем хонаи ҳаёти худро бар санги Ӯ бино кунем.
Худовандо, ман ба Ту ва суханони Ту такя мекунам. Имони худро бар Ту, ки роҳи устувори наҷотро нишон медиҳӣ, мустаҳкам хоҳам кард. Ман пурра аз Ту вобастаам, зеро Ту ягона Наҷотдиҳандаи гуноҳҳои ман ҳастӣ.