Наҷот Шиносӣқурбонӣ

Ибриён 10:1–10 – Мукаммалӣ дар марги Масеҳ

This entry is part 11 of 12 in the series Қурбонӣ дар нақшаи наҷоти Худо

Системаи қурбонии Аҳди Қадим танҳо сояе аз воқеияти рӯҳонист. Он наметавонист комилӣ бахшад ва гуноҳро пурра аз байн бибарад. Қурбониҳои яҳудӣ бо вуҷуди он ки пайдарпай ва сол ба сол такрор мешуданд, қодир набуданд инсонро пурра пок созанд ва виҷдонашро озод кунанд.

Дар кишвари мо, мо низ қурбонӣ мекунем – ҳамчун ёдоварӣ аз имони Иброҳим. Баъзеҳо ин амалро барои иҷрои ӯҳдадориҳои динии худ анҷом медиҳанд, дигарон шояд барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти маънавии худ. Аммо, маҳдудияти қурбониҳо дар такроршавии пайваста ва нотавонии онҳо дар пок кардани гуноҳҳо намоён мешавад. Ин ба мо вазъи рӯҳонии башарро хотиррасон мекунад: инсон гунаҳкор аст, Худо бошад муқаддас. Ҷудоӣ миёни инсон ва Худо боқӣ мемонад. Пас, чӣ гуна метавон аз гуноҳ омурзида шуд?

Мақсади ин порча он аст, ки нишон диҳад: қурбонии Масеҳ дар салиб як бор ва барои ҳамеша буд. Он қурбонӣ аз ҳамаи қурбониҳои низоми Мусо бартарӣ дорад. Масеҳ бо бадани худ қурбонӣ гашт – дар маргаш. Хуни Ӯ барои пардохти гуноҳҳо рехта шуд, то ононеро, ки ба Ӯ таваккал мекунанд, комил гардонад. Қурбонии такрорӣ дигар лозим нест. Тавре ки Масеҳ дар салиб гуфт: «Ин анҷом шуд.»

Дар ин порча се нуктаи асосӣ дар бораи қурбонӣ нишон дода мешавад:

 1. Қурбониҳои ҳайвонот танҳо сояи воқеият буданд – нусхаҳои нокомил. (10:1–4)

Онҳо наметавонистанд виҷдони инсонро озод кунанд ва гуноҳро нобуд созанд.

 2. Исо – қурбонии олӣ аст, ки гуноҳҳоро воқеан нест мекунад.

Ончи Худо муҳайё месозад, ҳамеша аз ончи инсон пешкаш мекунад, комилтар аст. (10:5–10)

 3. Имрӯз дигар қурбонии ҳайвонот лозим нест.

Қурбониҳои ҳарсолаи такрорӣ наметавонистанд инсонро пурра пок созанд. Аммо Масеҳ, ҳамчун Саркоҳини олӣ, худашро як бор барои ҳамеша қурбон кард. (10:10–12)

Мо мебинем, ки низоми қурбонии Мусо танҳоянд нишондиҳандаи он чизе буд, ки дар оянда воқеъ хоҳад шуд. Ҳамаи қурбониҳои пешин ба қурбонии комиле ишора доштанд, ки бо марги бадани Масеҳ дар салиб воқеъ шуд. Ва вақте ки Исо аз мурдагон эҳьё гашт, ин қурбонӣ ҳамчун қабулшуда аз ҷониби Худо тасдиқ гардид.

Дар Ибриён 10:10 таъкид бар он аст, ки хун кофӣ набуд – бадани Исо бояд мемурд. Дар ояти 10:5 пешгӯӣ мешавад, ки Масеҳ бо ҷасади худ хоҳад омад. Ин моро ба муҳиммияти воқеии марги Масеҳ дар салиб мерасонад. Ақидаи бардурӯғе ҳаст, ки гӯё Исо аз марг дар салиб наҷот ёфтааст. Аммо чунин андеша нақшаи абадии Худоро заиф месозад. Ҷазои гуноҳ марг аст ва Масеҳ бо омодагӣ ҷазои моро ба дӯш гирифт.

Чунон ки дар Ибриён 10:5–7 гуфта шудааст, Ӯ ҳама чизро дод ва ҷисман фидо шуд. Исо омад, то иродаи Худоро иҷро кунад — ва иродаи Ӯ ин буд, ки Ӯ бимирад, дар қабр дафн шавад ва дар эҳё зинда бархезад.

Падари Осмонӣ, Туро шукр мегӯям, ки наҷоти ман дар дасти Ту аст. Ман ба марги Масеҳ, ки гуноҳҳои маро бардошт, бовар дорам. Ин ягона роҳи наҷот аст.

Ибриён 10:11-18 – Ҳар коҳин ҳар рӯз

11 Ва ҳар коҳин ҳар рӯз дар ибодат меистад ва айни ҳамон қурбониҳоро борҳо тақдим менамояд, ки онҳо ҳаргиз наметавонанд гуноҳҳоро нест кунанд. 12 Аммо Ӯ як қурбониро ба сурати абадӣ барои гуноҳҳо тақдим намуда, ба ямини Худо бинишаст, 13 Ва пас аз ин мунтазир аст то даме ки душманонаш зери пои Ӯ андохта шаванд. 14 Зеро ки Ӯ ба василаи як қурбонӣ тақдисшавандагонро то абад комил гардондааст. 15 Рӯҳулқудс низ ба мо шаҳодат медиҳад, зеро ки гуфта шудааст:

16 «Ин аст аҳде ки бо онҳо баъд аз он айём хоҳам баст, мегӯяд Худованд: қонунҳои Худро дар дилҳои онҳо хоҳам гузошт ва дар афкори онҳо хоҳам навишт, 17 Ва гуноҳҳо ва шароратҳои онҳоро ба ёд нахоҳам овард». 18 Ва дар он ҷое ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст, қурбонӣ барои онҳо дигар лозим нест.

Ибриён 10:11 мушкилиро ҷамъбаст мекунад: коҳини Аҳди Қадим пайваста қурбонӣ пешкаш мекард, вале ин қурбониҳо наметавонистанд гуноҳҳоро комилан нест кунанд.

Муқоисаи равшан дар бораи қурбонӣ:

Коҳинони Аҳди ҚадимМасеҳ, Коҳини Аҳди Ҷадид
Рӯз ба рӯз қурбонӣ мекунандБарои ҳама вақт қурбонӣ кард
Пайваста истодаандМасеҳ нишаст
Қурбониҳои такрорӣЯк қурбонӣ барои ҳама вақт
Танҳо гуноҳҳоро мепӯшонандГуноҳро комилан нест мекунад

Вақте ки гуфта мешавад, ки Исо нишаст, ин ба Забур 110 ишора мекунад, ки дар он Масеҳ ҳамчун Подшоҳе нишон дода мешавад, ки бар душманонаш ғолиб омадааст. Вақте ки Исо ин ғалабаро овард, наҷот ба анҷом расид. Мо дар Масеҳ мукаммалем. Яъне, барои ба даст овардани наҷот дигар ҳеҷ коре кардан лозим нест. Ин ҳақиқат дар Қӯлассиён 2:10 низ зикр шудааст. “Инак, шумо низ ба воситаи як шудан бо Масеҳ, ки Ӯ болотар аз ҳар ҳокиму ҳар соҳибқудрат аст, аз Ӯ пур шудаед.”

Далели олӣ будани қурбонии Масеҳ бо се чиз собит мешавад:

 1. Қонуни нав: Аҳди нав дар дили имондорон навишта шудааст, на бар санг, мисли шариати Мусо (10:15–16). Ин аз Ирмиё 31:33 иқтибос шудааст, ки пештар дар Ибриён 8:7–12 низ зикр шуда буд.

 2. Ғофирӣ абадист: Ирмиё 31:34-ро иҷро мекунад, ки Худо мегӯяд: “Гуноҳҳои онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард.” Ин нишон медиҳад, ки ин қурбонӣ гуноҳро комилан нест мекунад. Гуноҳ дигар сабт намешавад, ҳатто Худо ҳам онро ба ёд намеорад (10:17).

 3. Кофист: Вақте гуноҳҳо гирифта шудаанд, дигар зарурате ба қурбонии нав нест (10:18).

Дар Масеҳ, системаи кӯҳнаи қурбонӣ пурра иҷро шуд ва ба охир расид. Қурбониҳои ҳайвонот дигар лозим нестанд. Мурдани Масеҳ бар салиб қурбонии охирин ва комил буд. Ӯ қурбоние овард, ки барои ҳамеша басанда аст, то дигар қурбонии ҳайвонҳо маъное надошта бошад.

Идомаи қурбониҳои ҳайвонот гӯё инкор кардани нақшаи бузурги наҷоти Худост ва ба одам вобаста шудани фаҳмиши наҷотро нишон медиҳад. Ибриён 1:3 низ кори аҷиби Масеҳро ҷамъбаст мекунад, ки мегӯяд: “Писар дурахши шуҳрату ҷалоли Худоро нишон медиҳад ва аз ҳар ҷиҳат монанди Худо буда, бо амри пурқудраташ тамоми олами мавҷудотро идора мекунад. Баъд аз пок кардани гуноҳҳои одамизод Писар дар боло аз дасти рости Худои Олимақом нишаст.”

Падари Осмонӣ, ташаккур барои нақшаи аҷиби наҷоти Ту. Дар Масеҳ ман қурбонии ниҳоиро мебинам ва ба он бовар дорам, ки гуноҳҳои маро мебардорад. Илтимос, ба ман фаҳмиши амиқе аз файзи аҷиби Ту деҳ — файзе, ки як бору якбора ҳама чизро комил мекунад.

Series Navigation<< Ибриён 9:20–28 — Муҳимияти қурбонии хунИбриён 10:19–25 – Роҳи нави зиндагӣ кушод >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *