ТафсирҳоҚӯлассиён

Китоби Қӯлассиён

This entry is part 1 of 1 in the series Китоби Қӯлассиён
  • Китоби Қӯлассиён

Tафсири Китоби Қӯлассиён

Мавзӯи асосии

Корбардии Қӯлассиён дар ҳаёт ва таълим: Мавзӯи асосии китоби Қӯлассиён дар он аст, ки Исои Масеҳ дар ҳама чиз аввалин аст. Ӯ болотар аст, яъне бузургияти ҳастии Масеҳ дар он аст, ки аввал барои наҷоти мо, барои зиндагии мо, ки мо бо Ӯ зиндагӣ кунем.

Азизон! ду чиз ҳастанд, ки ман ба шумо пешниҳод мекунам, якум китоби Қӯлассиёнро хонед, дар ин ҷо Каломи Худо мегӯяд: “Пас, имон аз ваъз аст ва шунидани ваъз ба воситаи каломи Худост” Румиён 10: 17  яъне мо бояд аввал Каломи Худоро гӯш кунем, фикр кунем, пас имони шумо метавонад зиёд шавад.

Дуюм ин аст, ки ман пешниҳод мекунам шумо ба матни китоби Қӯлассиён, диққат диҳед, мушоҳида кунед ва нигоҳ кунед, ки чӣ маъно дорад ва ин маъно ба зиндагии мо кӯмак мекунад ва рушд мекунад. Худо мехоҳад, ки шумо дар Калом калон шавед. Агар шумо имондорони олӣ ҳастед, пас масеҳиёни олӣ ҳар рӯз бо Исои Масеҳ зиндагӣ мекунанд ва аз рӯи Каломи Худо рафтор мекунанд, зеро мо Худоро дар Рӯҳ ва ростӣ парастиш мекунем. Ва ин аст, ки мо ҳар рӯз бо Худованд зиндагӣ ва рушд мешавем.

Мавзӯи асосии ин китоб дар он аст, ки Исои Масеҳ барои ҳама чиз қудрат дорад, яъне Ӯ дар ҷои аввал меистад. Агар мо ба боби аввал нигоҳ кунем, дар он ҷо омӯзиш, яъне дарс ҳаст, ки  баъдан ба  бузургияти ҳастии Масеҳ бахшида мешавад.

Боби дуюм хатар аст барои имондорон, аз бузургият ва ҳастии Масеҳ дур мекунад, чӣ тавр ба Ӯ нишон диҳем, зиндагӣ кунем, зеро Ӯ Худои комил аст.

Боби сеюм ва чорум вазифаи мост, яъне нишон диҳем, ки мо бо Исои Масеҳ зиндагӣ мекунем ва исбот мекунем, ки Ӯ дар ҳаёти мо дар ҷои аввал меистад. Мавзӯи дигаре ҳаст, ки як чизи кӯтоҳ дар китоби Қӯлассиён мегӯяд, ки комил бошед. Мо дар Исои Масеҳ комил ҳастем.

Мавзӯе ҳаст, ки асосаш дар он ки Масеҳ Худои комил аст ва мо дар Ӯ комил ҳастем. Яъне, фикри асосии китоби  Қӯлассиён ин ҳаст, ки комил бошем. Мо ба воситаи наҷоти Исои Масеҳ комил ҳастем, вақте ки имон меёрем. Ва чизи дигар аз худамон илова намекунем. Ва инчунин тамоми комилияти Худо дар Масеҳ ҳаст. Ин аст он чизе, ки ин китоб нишон медиҳад. Пас, чаро мо ин китоби Қӯлассиёнро аз худ дур кунем, агар ин моро дар Исои Масеҳ рушд кунад.

Oяти аслӣ

Инчунин як ояти аслӣ, яъне ояти аслии ин китоб вуҷуд дорад. Қӯлассиён 2:9 -10 ояти аслии ин китоб, яъне мавзӯи асосии ин китоб аст. Ва ин оят нишон медиҳад ва мегӯяд: “Зеро ки дар тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст, шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ ҳамаро роҳбарӣ ва доварӣ мекунад” – ин Исои Масеҳ ҳаст. Яъне, ҷои Исои Масеҳ дар ҷои аввал меистад. Ин китоб нишон медиҳад, ки мо имондорон ба ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас ниёз надорем. Танҳо ба наҷот. Охирон ягон кор кардан лозим набуд, то ки мо дар Масеҳ комил шавем. Ва дар бораи наҷот ёфтан, бидонед, ки ҳеҷ кор  наметавонад, моҳияти имонро комилтар кунад. Азбаски Ӯ комил буд, яъне Исои Масеҳ комил буд, наҷоти мо Ӯ ба мо ҳадя кард.

Комил чист?

Ман менависам комил, яъне бо забони тоҷикӣ пурра, мумкин камилан ҳам мешавад.  Менависем ва он хеле кам матн дорад, яъне чизе, ки мо кам дорем ва чизе, ки мо дигар намехоҳем, мисли дигарон, чизе ҳаст, пуррагӣ вуҷуд дорад, чизе, ки дар дасти мост. Ба мо дигар ягон чиз лозим нест, яъне ягон дин дигар лозим нест, мо ба имони дигар ниёз надорем. Яъне дигар ягон чиз  ба мо лозим нест, чунки  наҷоти мо комил аст, пурра аст. Имон ба Исои Масеҳ роҳи мутлақ аст. Дар Масеҳ будан дигар ягон амал ва дигар ягон кори савоб лозим нест, чунки мо дар Масеҳ комил ҳастем, яъне мо як ҳастем. Дар Масеҳ комил будан маънои онро дорад, ки наҷоти мо пурра шуд ва мо дар ҳузури Худо ҳастем, аммо баъзе вақтҳо  имони мо суст мешавад бе исбот  дилшикаста мешавем ва ҳиссиёти имони мо ба мисле, ки наҷот надорем. Аммо асоси наҷоти комилияти мо кори Масеҳ аст, на дар дасти мо. Бинобар ин ҳамеша барои мо, нишон медиҳад, ки мо дар ҳузури Худо комил  ҳастем. Худованд Исо мегӯяд: “Ҳар ки Маро  пайраввӣ кунад, дар торикӣ роҳ напаймояд” оё шумо ҳис мекунед, ки шумо ба насли комил тааллуқ доред? Агар мо метарсем, ки Худо моро тарк кардаст, пас наҷоти комил ё пуррагӣ чӣ маъно дорад? Наҷот он аст, ки  яъне мо аз гуноҳ озод шудем ва ҳар рӯз бо Исои Масеҳ зиндагӣ мекунем.



Наҷоти Комил

Ин барнома ё ҷадвал нишон медиҳад, ки наҷоти пурра наҷоти комил аст, яъне ин ҷо нуқтае, ки самти рост аст, яъне мо аз доварии гуноҳ озод шудем, яъне он нуқтаи наҷот аст. Он замоне, ки ба Исои Масеҳ имон меёрем ва ҳам он лаҳзае, ки бо Рӯҳулқудус таъмид гирифтем. яъне Рӯҳулқудс дар даруни мо сокин мешавад ва ин аст саршавии мо, ки мо фарзандони Худо шудем. Вақте, ки мо нигоҳ мекунем, се то наҷоти комил ҳаст, се то мушаххас ва се то иқтисод дорад, ки ин наҷоти комили моро нишон медиҳад. Ҷону бадани мо наҷот меёбем.

Аввалаш аз доварии гуноҳ озод шудем. Яъне мо аз ҷазои гуноҳ озод шудем, ин кафорат медиҳад (Ба имон омадан), ки гуноҳҳои мо бахшида шуданд. Хубиаш дар он ки бо имон омадан, ҷони мо сафед ҳисоб карда шуд (Румиён 3:23 -24). Ин диаграмма ба мо нишон медиҳад, ки Исо чӣ гуна наҷоти комилро таъмин мекунад. Қӯлассиён 1:4-5 ҳамчун мисол истифода шудааст.


Мушаххаси дувум: ин сатҳи, аз боло ба поён зиндагии мо ҳаст, яъне ин он аст, ки мо аз асирии гуноҳ озод мешавем. Аз асирии гуноҳ озод шудан, яъне давом дорад, ки аз боло ба поён меравад, ин яъне мо ҳам аз Каломи Худо ва ҳам аз Рӯҳулқудус қувват мегирем. Оста – оста озод мешавем яъне дар ин дунё зиндагии мо комил намешавад, лекин агар ба самти комил равем, ба самте равем, ки ба монанди Исои Масеҳ дошта бошад. Мо аз асири гуноҳ озод мешавем, яъне нур мешавем. Агар ба китоби Румиён 4:7  нигоҳ кунем, ин зиндагии руҳонии моро нишон медиҳад, ки мо метонем аз зиндагии пешина, аз гуноҳ, аз қуввати гуноҳ оста – оста  озод шавем, чунки зиндагии мо ҳануз табиати нав дорад.

Мушаххаси сеюм:  ин ҷалол ёфтан аст мо ва аз ҳузури гуноҳ озод хоҳем шуд. Чун рӯзи оянда рӯзи қиёмат мо бо Исо Масеҳ ҳастем монанди Ӯ ҳастем ин ҷалол ёфтан аст, ки Ӯ ваъда додаст, ки мо бо Ӯ ҳаёти ҷовидони дорем. Румиён 8 нишон медиҳад, ки Рӯҳ дар бадани мо ҳаст, ва Худованд ба мо наҷоти комил медиҳад. Ҳам рӯҳи мо ва ҳам бадани мо наҷот меёбад. Агар мо ба комилияти худ , ба пуррагии худ дар Масеҳ нигоҳ кунем, ҷои мо дар пеши Худо аст, ба Худованд алоқаманд мешавем, яъне ҷавоб мегирем, бе ягон васила метавонем рузонае дар як робитаи хуб бошем, ки рушд кунем.

Шаҳри Қӯлассо

Ин нома ба шаҳри Қӯлассо навишта шудаст. Шаҳри Қӯлассо дар ҷануби Туркияи имрӯза аст наздаш шаҳри Денизли аст. Он замон Туркия ҷои машҳур буд, ки дар китоби Муқаддас аст, яъне Лудкиё (шаҳри Латакия) ва ҳам Иераполос инҷо сегонагӣ ба хамдигар наздик буданд – яъне Иераполос ҷойи таърихӣ аст, ки оби гарм дошт, ва Лудкиё ҳам шаҳри бизнес тиҷорат буд, ки онҳо фаолият мекарданд. Аммо ба фикри ман дар шаҳри Қӯлассо ҳам кишоварзи бештар мебуд. Онҳо ба ҳамдигар наздик буданд, мумкин як се тарафа аст, ки тақрибан аз ҳамдигар даҳ понздаҳ км дуртар. Азбаски бо ҳамдигар наздик буданд, рафту омад ҳам доштанд. Имрӯз шаҳри Қӯлассо, бо  макони ҷойи худ бостонист, аммо вақт муаян нашудааст ва ин расмро нишон медиҳам.

Дар инҷо хонаҳои берун аз шаҳр мондаанд, зеро мумкин ин ҷойи  бостонии он шаҳр аст. Аммо мо медонем, ки дар аввали асри 2 ва охири асри 1 заминларзае буд, ки бисёр ҷойҳо зарар диданд, замин кафид, деворҳо шикастанд. Ва ҷои дигар аст мисли Лудкия, азбаски ҷойи бинес тиҷорат буд, маблағи хуб доштанд ва онҳо шаҳри худро зуд обод карданд. Дар он замон ҷойи калон ба назари мо майда менамуд, ҳамин тавр.

Павлус

Муаллиф: Павлус
Мо аз Китоби Муқаддас миннатдорем, ки Худо ба воситаи Павлус бо мо сухан мегӯяд. Ин китоб илҳоми Рӯҳулқудс аст, яъне Каломи Худо аз Илҳоми Рӯҳ ба тарафи Павлус расидаст ва ба даруни Павлус даромадааст. Павлус ҳамчун ҳаввории Исои Масеҳ, бо иродаи Худо ин мактубро навиштааст, то ки мо табиати Худо ва иродаи Ӯро дарк кунем.

Илҳоми Каломи Худо худ аз худ пайдо нашудааст. Худо, бо роҳи Рӯҳулқудс, пайғамбарон ва ҳаввориёнро истифода бурд, то Каломи Худро ба мо бирасонад. Илҳоми Каломи Худо худ ба худ пайдо нашудааст, балки аз тариқи Рӯҳи Худо дар байни нависанда, яъне дар байни ин пайғамбарон, паҳн шудааст, ки Худо як Шахсияти зинда ва фаъол аст, ки иродаи худро ба воситаи инсонҳо ифшо мекунад.

Муқаддима ва дуои Павлус (Қӯлассиён 1:1-14)
Павлус дар аввали мактуб бо шукргузорӣ ва дуо суханони худро оғоз мекунад. Вақте мо Каломи Худоро мекушоем, бояд низ бо дуо ба Худо муроҷиат кунем, то фаҳмиши дурусти иродаи Ӯро дарёбем.

Дуои намунавӣ:
«Эй Падари Осмонӣ, чашмони мо кушо, то ки Каломи Туро фаҳмем ва мақсади Туро дар ҳаёти худ дарк намоем. Ба номи Исои Масеҳ дуо мекунем. Омин».

Нуктаҳои асосӣ:
1. Павлус ҳаввории Масеҳ аст, яъне фиристодаи махсус барои паҳн кардани башорат.
2. Каломи Худо аз ҷониби Рӯҳулқудс бо илҳом ба Павлус расидааст.
3. Ин мактуб аз дуо ва шукрона сар мешавад, ки ба мо нишон медиҳад, ки чӣ тавр бояд ба Каломи Худо муносибат кунем.
4. Иродаи Худо ва таълимоти Павлус дар Қӯлассиён барои рушди ҳаёти рӯҳонии мо муҳим аст.

Истифода дар ҳаёт ва таълим:
• Ҳар дафъа пеш аз хондани Китоби Муқаддас дуо кунед, то ки Худо фаҳмиш диҳад.
• Омӯзед, ки чӣ тавр Павлус ба ҳаввориён бо меҳрубонӣ ва ростӣ навиштааст, ва инро дар муоширати худ низ истифода баред.
• Ҳар каломро ҳамчун ваҳйи илоҳӣ қабул кунед ва кӯшиш кунед онро дар ҳаёти худ татбиқ кунед.

Калимаи “ҳавворӣ”

Ҳавворӣ бо забони форсӣ ва арабӣ ҳамчун “расул” тарҷума мешавад. Калимаи “ҳавворӣ” эҳтимолан реша дар луғати ортодоксҳои эфиопӣ дошта бошад, зеро ин калима на арабӣ аст ва на лотинӣ. Ба забони юнонӣ “апостол” гуфта мешавад, ки бо русӣ низ ҳамон аст. Маънии аслии ин калима ба таври техникӣ нишон медиҳад, ки Павлус қобилияти махсус барои сухан гуфтан аз номи Худо дорад. Ӯ расул ва ҳавворӣ аст, яъне шахсе, ки шоҳиди зиндашавии Исои Масеҳ буда, ва аз ҷониби Ӯ барои рисолати хос баргузида шудааст. Ин ақидаи китобӣ аст ва Инҷил ба таври возеҳ дар бораи мафҳуми “ҳавворӣ” ё “расул” ишора мекунад.

Фикр накунед, ки ин мафҳум танҳо фиристоданро ифода мекунад, масалан, агар ман имрӯз ба Тоҷикистон фиристода шавам, ин маънои дигар дорад. Павлус на танҳо як шахси фиристодашуда буд, балки шахсе буд, ки бо қудрати Масеҳи зинда фиристода шуда буд. Дар китоби Қорҳои Ҳаввориён, боби 9, нишон дода шудааст, ки Павлус аз ҷониби Исои Худованд ҳамчун расул интихоб шудааст.

Эҳёи Исо низ шаҳодат медиҳад, ки Ӯ зинда шуд ва рӯ ба рӯ бо Павлус сӯҳбат кард, то ӯро даъват намояд. Дар он мулоқот Павлус пурсид:

«Худовандо, Ту кистӣ?»
Исо посух дод: «Ман Исои Назарӣ ҳастам, ки ту Ӯро таъқиб мекунӣ; лагад заданат ба сихак душвор аст».
Павлус дар ҳолати ларза ва даҳшат гуфт:
«Худовандо! Чӣ фармоиш медиҳӣ, ки ман иҷро кунам?»
Худованд гуфт:
«Бархез ва ба шаҳр бирав, ва он ҷо ба ту гуфта хоҳад шуд, ки чӣ бояд бикунӣ» (Қорҳои Ҳаввориён 9:5-6).

Аз ин рӯ, Павлус барои навиштани китобҳои худ на танҳо қобилият, балки қудрати худодод дошт.

Дар Қӯлассиён 1:1 навишта шудааст: «Салом ба халқи Худо ва бародарону хоҳарони вафодор дар Масеҳ».
Ин калимаҳо нишон медиҳанд, ки Павлус бо илҳоми Худо сухан мегӯяд. Ӯ худро на танҳо хизматгор ё расул меномад, балки шахси боэътимоди Масеҳ мебошад, ки бо қудрат ва ваколати Худо китобҳояшро навиштааст. Ҳамин тавр, вақте ки Павлус худро расул ё ҳавворӣ меномад, ин таъкиде ба қудрати Ӯст. Пас, ба суханони ӯ бо диққат гӯш диҳед!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *