Дарсҳои рӯҳонӣМуносибати ҳаррӯза бо Масеҳ

Матто 5:9–12 — Ҳаёт дар контексти имон

This entry is part 3 of 3 in the series Муносибати ҳаррӯза бо Масеҳ

Мо бо ҷомеаи атроф чӣ гуна муносибат дорем? Оё мо сулҳҷӯ ҳастем? Оё ҷомеа ба эътиқоди мо мухолифат мекунад?

9 Хушо сулҳҷӯён, зеро ки онҳо фарзандони Худо хонда хоҳанд шуд. 10 Хушо таъқибшудагон дар роҳи адолат, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост.
11 Хушо шумо, вақте ки шуморо ба хотири Ман дашном диҳанд ва таъқиб намоянд ва барноҳақ ҳар навъ ғайбат кунанд. 12 Шод ва хушҳол бошед, чунки мукофоти шумо дар осмон бузург аст: зеро ки анбиёи пеш аз шуморо низ ҳамин тавр таъқиб мекарданд.
(KM99)

Ҷустуҷӯи сулҳ бо дигарон ва нигоҳ доштани ҳамоҳангӣ дар муносибатҳо нишон медиҳад, ки мо худро фарзандони Худо медонем. Худо Худованди сулҳ аст ва мехоҳад, ки тамоми башарият бо Ӯ мусолиҳа кунад. Онҳое ки ба Ӯ пайравӣ мекунанд, бояд ин табиатро инъикос кунанд: мо бояд сулҳҷӯ бошем, бо дигарон созгор бошем, сухане нагуем ва коре накунем, ки девор ва фосила эҷод кунад. Баръакс, кӯшиш кунем, ки барои дигарон фоидаовар бошем ва низоъҳоро рафъ намоем.

Дар байни сулҳҷӯ будан ва сулҳ овардан фарқият мавҷуд аст. Сулҳҷӯ будан фақат хомӯш мондан ва баҳс накардан нест. Сулҳро овардан маънои ворид шудан ба вазъият ва амал кардан дорад. Худо он касонеро, ки талош мекунанд сулҳро барқарор намоянд, баракат медиҳад, зеро Ӯ Худои сулҳ аст.

Ишаъё 52:7 ба мо тасвир медиҳад, ки сулҳро чӣ гуна метавон паҳн кард: Чӣ гуна зебост бар кӯҳҳо пойҳои мубашшир, ки аз сулҳу осоиштагӣ башорат медиҳад, аз некӣ башорат медиҳад, наҷотро зълон мекунад, ба Сион мегӯяд: «Худои ту салтанат меронад!» (KM99)

Роҳнамоии дигарон ба сулҳ бо Худо вазифаи мост. Мо имрӯз чӣ гуна метавонем ин корро анҷом диҳем?

Аммо на ҳама ин талошҳоро мепазиранд. Дар оятҳои 11–12 мебинем, ки мо дучори муқовимат хоҳем шуд. Дунё бисёр вақт пур аз низоъ ва зиддият аст, ва на ҳама сулҳҷӯёнро дӯст медоранд.

Ду навъи таъқибот метавонад ба зиндагии мо ворид шавад:
— Аз сабаби адолат (оят 10);
— Ва аз сабаби пайравӣ аз Масеҳ (оят 11).

Пайравии ростин ба Исо маънои ҳаёти одилона ва бо имонро дорад, вале вақте ки Мо Ӯро эълон мекунем ва суханонашро паҳн менамоем, эҳтимоли муқобилият ва таъқибот бештар мегардад. Мисли пайғамбарони Аҳди Қадим, онҳое ки ба Масеҳ пайравӣ мекунанд, таъқиб хоҳанд шуд. Савол ин аст: Мо чӣ гуна посух медиҳем? Мо шод мешавем, зеро мукофоти мо дар осмон аст. Худо баракати Худро ба мо медиҳад ва ниёзҳои моро таъмин мекунад.


Худовандо, ба ман имконият деҳ, ки мисли Ту зиндагӣ кунам ва Туро инъикос намоям. Дар дили ман шодӣ бидеҳ, ҳатто вақте ки ман таъқиб мешавам. Ёрӣ деҳ, ки дар ҳама ҳолат сулҳҷӯ бошам.

Матто 5:13–16 — Намак ва нур шудан

Намак барои аксари хӯрокҳое, ки мо мехӯрем, муҳим аст. Тасаввур кунед, ки ош ё шӯрборо бе намак бихӯред — оё онро то охир мехӯред?

13 Шумо намаки ҷаҳон ҳастед. Лекин агар намак қувваташро гум кунад, ба кадом чиз боз намакин шавад? Дигар ҳеҷ кор намеояд, ҷуз он ки ба берун партофта шавад ва поймоли мардум гардад. 14 Шумо нури ҷаҳон ҳастед. Шаҳре ки бар фарози кӯҳ воқеъ аст, наметавонад аз назар пинҳон шавад.
15 Шамъро низ даргиронда, на дар зери зарфе, балки бар шамъдон мегузоранд, ва он гоҳ ба ҳама касоне ки дар хонаанд, рӯшноӣ медиҳад . 16 Ҳамчунин бигзор нури шумо бар мардум битобад, то ки аъмоли неки шуморо дида, ба Падари шумо, ки дар осмон аст, ҳамду сано хонанд.

Намак барои ҳаёт зарур аст. Бе он хӯрок бе таъм ва кунд мешавад. Ҳаёти мо дар Масеҳ низ ҳамин тавр аст. Мо худ сарчашма нестем, аммо Ӯ ҳаст — ва Ӯ ба мо қобилияти бахшидани таъм ва маззаи рӯҳонӣ ба дигаронро медиҳад. Оё шумо таъсири худро гум кардаед? Боз ба Масеҳ рӯ оваред ва бигзор Ӯ шуморо нав таъсир бахшад, то барои дигарон намак бошед. Намаке, ки бемазза гардад, партов мешавад ва дигар фоида надорад.

Намак будан барои дигарон маънои онро дорад, ки мо бояд дар миёни онҳо бошем. Масеҳ моро даъват накардааст, ки аз зиндагии ҷисмонӣ ва ҷамъиятӣ канор гирем. Ҷаҳон набояд ба мо таъсир расонад, балки мо бо қуввати Масеҳ, ки дар мо ҳаст, метавонем ба дигарон таъсир бахшем. Ҷаҳон кӯшиш мекунад, ки моро ба қолаб ва роҳҳои худ фишорад, вале дар Масеҳ мо ҳаёти нав дорем — ки метавонад ба дигарон таъми нав диҳад. Бигзор Ӯ ҳаёти шуморо «намакад».

Намак инчунин нигоҳдоранда аст — он чизҳоро аз фасод эмин медорад. Ба ҳамин монанд, мо дар Масеҳ ҳаёти худро мебахшем, то дигарон аз марг наҷот ёбанд. Вақте ки намак бо чизҳои ифлос омехта мешавад, қудрати нигоҳдории он кам мешавад. Агар мо бо Масеҳ зиндагӣ кунем, метавонем барои дигарон намак бошем ва ба онҳо дар ҳаёташон кумак кунем.

Исо ба шогирдонаш мегӯяд, ки онҳо нури ҷаҳонанд. Дар Тоҷикистон, ки баъзан барқ қатъ мешавад, шабҳои бемоҳ хеле торик мешаванд. Дар чунин вақт, агар касе омода набошад, ёфтани шамъ ё чароғ душвор аст. Ин ҳолат аҳамияти нурро нишон медиҳад. Мо як умр ба нур ниёз дорем. Дар Масеҳ мо ҳаёти нав дорем ва равшании Ӯро инъикос мекунем. Мо бояд барои дигарон нур бошем — ин даъвати мост.

Нур дар торикӣ метобад ва ба чашм қобили дидан медиҳад. Ба ҳамин маъно, пайрави Масеҳ барои дигарон нур мешавад — то онҳо бубинанд, ки Худо чӣ қадар нек аст ва муҳаббати Ӯ чӣ гуна метавонад моро дигаргун созад.

Ишаъё 42:6 ба нақши мо ишора мекунад «Ман, ки Худованд ҳастам, Туро барои адолат даъват намудаам, ва дасти Туро хоҳам гирифт, ва Туро
нигаҳбонӣ хоҳам кард, ва Туро аҳди қавм ва нури халқҳо хоҳам гардонид.”

Худовандо, бигзор нури Туро инъикос кунам ва дар аъмоли худ равшан бошам, то дигарон некии Туро бубинанд ва муҳаббати Туро дарк кунанд.

Series Navigation<< Матто 5:1-5 – Тағйироти ботинии мо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *