
Матто 6:1–4 — Фарқияти байни намоишӣ ва воқеӣ
- Муносибати ҳаррӯза бо Масеҳ
- Матто 5:1-5 – Тағйироти ботинии мо
- Матто 5:9–12 — Ҳаёт дар контексти имон
- Матто 5:17–20 — Ҷовидонии Каломи Худо
- Матто 5:27–32 – Дар Масеҳ рафтор кардан покӣ аст
- Матто 5:33–37 – Дар бораи қавл ва қасам
- Матто 5:38–48 Душманони худро дӯст доред
- Матто 6:1–4 — Фарқияти байни намоишӣ ва воқеӣ
Мо имони худро пинҳон намедорем, балки онро дар амал зоҳир мекунем. Бо вуҷуди ин, дар зиндагӣ бо имони худ ба Масеҳ зистан ва танҳо кӯшиши таъсир расонидан ба дигарон — ду чизи гуногунанд.
6:1 “Зинҳор, садақаи худро дар пеши назари мардум ба амал наоваред, то ки онҳо шуморо бубинанд; вагар на шумо аз Падари худ, ки дар осмон аст, мукофоте нахоҳед дошт. 2 Пас, вақте ки садақае медиҳӣ, пешопеши худ карнай нанавоз, чунон ки риёкорон дар куништҳо ва кӯчаҳо мекунанд, то ки мардум онҳоро таъриф кунанд. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: онҳо мукофоти худро гирифтаанд. 3 Аммо вақте ки ту садақа медиҳӣ, бигзор дасти чапат аз он чи дасти ростат мекунад, хабардор нашавад, 4 То ки садақаи ту дар ниҳон бошад; ва Падари ту, ки ниҳонбин аст, ба ту ошкоро мукофот хоҳад дод.” (KM99).
Чаро мо корҳое, ки мекунем, мекунем? Як духтари тоҷикро ба ёд меорам, ки як мард бо модараш барои хостгорӣ ба хонаашон омада буд. Мард либосҳои беҳтарини худро ба бар кард ва то ҳадди имкон меҳрубон буд. Аммо ӯ ин корҳоро барои намоиш мекард. Баъд аз издивоҷ мо шунидем, ки ин мард нӯшокӣ менӯшид ва суханони бад мегуфт. Ӯ ҳамон шахси «хубе» набуд, ки худро нишон дода буд. Чанд нафари мо ба ин мард монанд нестем?

Муҳаббати ҳақиқӣ кори дурустро мекунад, зеро он аз муҳаббат ба Худо ва одамон сарчашма мегирад. Худо дили моро мебинад ва ниятҳои моро медонад. Ин муҳаббат барои намоиш нест.
Аввалан, шахсе, ки барои намоиш амал мекунад, мукофоти осмонӣ нахоҳад гирифт — Худо аз чунин амалҳо мутаассир намешавад. Сониян, агар ту як кори нек ё тӯҳфаро анҷом диҳӣ ва онро ба намоиш гузорӣ, пас мукофоти ту ҳамон қадрдонии одамон хоҳад буд — на бештар. Ниҳоят, шахси поквиҷдон дар ниҳонӣ ва бе худнамойӣ медиҳад, ва аз таҳти дил кӯшиш мекунад, ки дигаронро бо баракати Худо шод гардонад. Ин аст самимият — ва чунин шахсро Худо баракат медиҳад.
Принсипҳои зиндагии одилона:
• Мо нуре ҳастем, ки муҳаббат ва кори Худоро дар худ инъикос мекунем, аммо корҳои некро барои кафкӯбии одамон анҷом намедиҳем.
• Инсон ба намуди зоҳирӣ менигарад, аммо Худо ба қалб назар мекунад — Ӯ ният ва ҳадафи моро медонад.
• Дурӯя диниро дидаву дониста барои рӯйпӯш кардани гуноҳ ва расидан ба манфиати шахсӣ истифода мекунад, вале дӯстдори Худо имони худро бо ихлос зоҳир мекунад, на бо мақсади гирифтани чизе аз дигарон.
• Қадр ва иззат сазовори Худост — на шахсе, ки ҳадя медиҳад, дуо мехонад ё худро диндор нишон медиҳад.
Эй Парвардигор, ба қалби ман нигоҳ кун. Бигзор амалҳоям самимӣ бошанд ва муаррифии ман ростқавлона. Ман намехоҳам одамонро хурсанд кунам, балки танҳо Туро.