ИлоҳиятНаҷот Шиносӣ

Наҷот Шиносӣ

This entry is part 4 of 5 in the series Наҷот

Динҳои дигар – Наҷот дар динҳои дигар ба воситаи кори савоб ё рафтуомад ва бо урфу одати онҳо вобаст аст. Онҳо имон доранд вале ашёи имони онҳо бо рафтори онҳо пайваста аст вале дар Масеҳият ашёи имони мо дар худи Исои Масеҳ ва на ба воситаи кори савоб вобаста аст.

Ислом – «Аз намоз то намоз кафорати гуноҳон аст.»((Чаҳор китоб, Душанбе, Адиб, 1990, сф. 261)) Онҳо фикр мекунанд, ки наҷот ба воситаи намоз, рӯза ва дигар аъмоли неки таслим меояд.

Наҷоти масеҳӣ — наҷотдиҳии масеҳиён оддӣ аст: “Ба Худованд Исои Масеҳ имон оваред, ва наҷот хоҳед ёфт.” (Аъмол 16:31). Маркази наҷот ва вобаста ба Исои Масеҳ аст. Дар замони имон мо ҳама чизро намефаҳмем ва ҳангоми хондани Каломи Худо мефаҳмем, ки наҷоти мо бузург аст (Ибриён 2:3) ва хеле гаронбаҳо (2 Қӯринтиён 4:6-7).

Чӣ гуна мо халос мешавем, агар ба чунин наҷоти бузург беэътиноӣ кунем, ки онро аввал Худованд мавъиза намуд ва баъд онҳое ки аз Ӯ шунидаанд, дар миёни мо тасдиқ кардаанд, (Ибриён 2:3 KM99).

6 Зеро Худое ки гуфт: «Аз зулмот нур бидурахшад», — Ҳамон аст, ки дар дилҳои мо бидурахшид, то ки бо дониши ҷалоли Худо дар шахси Исои Масеҳ моро мунаввар созад. 7 Лекин мо ин ганҷро дар зарфҳои гилин дорем, то маълум шавад, ки бартарии қувват аз они Худо бошад, на аз ҷониби мо. (2 Қӯринтиён 4:6-7 KM99)

Вақте ки шахс ба Исои Худованд имон меорад, мо мебинем, ки ба имон меоянд, кафорат, ҳаёти нав, иттиҳод бо Масеҳ ва ҳамчун фарзанди Худо қабулшуда — ҳамаи инҳо дар як вақт иҷро мешаванд. Вақте ки шахс ба Исои Масеҳ имон меорад ва аз гуноҳаш тавба мекунад, наҷот зиндагии нав бо Худост.

Имон овардан

«Мо боварӣ дорем, ки ҳамаи одамон гуноҳкоранд ва барои Худо беумед гумгаштаанд наҷот муҳим аст барои ҳама ва ягона имконият фақат боварӣ ба Исои Масеҳ аст.»

  • Имон овардан бо тавба кардан якҷоя ҳастанд. Агар тангаи наҷот бошад, як тарафаш имон ва дигараш тавба аст.
  • Имон чист? Ҳаёти инсон ба он ки ба чӣ эътиқод дорад ва дар чизҳое, ки ба онҳо имон ё боварӣ дошта бошад.
  • Оё имон умед аст? «Умед» бо оянда пайваст аст вале имон бо замони гузашта, ҳозира ва оянда алоқа дорад.
  • Дар наҷотшиносӣ, имон ин гардиши ҷони инсон бо Худо мебошад ва тавба рӯй гардондани ҷон аз гуноҳ мебошад.

Роҳи наҷот

Наҷот ба воситаи Имон

  • Аъмол 16:31, Румиён 5:1, Эфсусиён 2:8-9 – Оё мо метавонем ризоияти Худоро ба даст орем? Мо мебинем, ки дар Эфсӯсиён 2:8-9 гуфта мешавад, ки мо на бо аъмоли нек, балки танҳо бо файзи Худо мақбули Худоро ба даст оварда метавонем. Файз кори Масеҳ барои мост, ки гуноҳҳои моро аз байн мебарад. Мо сазовори омурзиш нестем ва на ба даст овардаем, балки ин атои Худост. Мо ба тӯҳфаи Ӯ эътимод дорем.

8 Зеро ки шумо бо файз ба воситаи имон наҷот ёфтаед, ва ин на аз шумост, балки атои Худост, 9 Ва аз аъмол нест, то ки ҳеҷ кас фахр накунад. (Эфсӯсиён 2:8-9 KM99)

Имон пайвандест ба Худо — ба он чизе ки мо бовар дорем ва аз кӣ вобастаем. Имони мо комилан аз роҳи Худо барои наҷоти мо вобаста аст. Мо бо имон рафтор мекунем, на аз рӯи дид (2 Қӯринтиён 5:7). Мо ба Худо такя мекунем, на ба фаҳмиши худамон.

  • Имон бо фикр – ин эътиқод ба Каломи Худо бо фидияи Масеҳ (Рум. 10:14) ки Худо ба мо маълум кардааст (Рум. 1:19).

Имон зарурият аст – Ибриён 11:6 – Аммо бе имон ба назари Худо писанд омадан мумкин нест; зеро ҳар кӣ сӯи Худо меояд, бояд имон дошта бошад, ки Ӯ ҳаст, ва ба толибони Худ мукофот хоҳад дод.

Ин ба воситаи имон аст.

Бо дуо кардан ва ба Худо таваккал кардан мо метавонем имони худро афзун кунем. Мо дар Румиён 10:9 мебинем, ки мо эътироф мекунем, ки Исо кист ва ӯ барои гуноҳҳои мо мурд. Ин эътироф тавассути мо ба назди Худо омадан ва ба Ӯ дуо гуфтан ба даст меояд. Исо наҷотдиҳандаи мост, аз ин рӯ мо гуноҳи худро эътироф мекунем ва иқрор мешавем, ки вобастагии пурраи худ аз кори Масеҳ аст.

9 Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исо Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳьё кард, наҷот хоҳӣ ёфт; (Румиён 10:9 KM99)

Асоси имон ба ҳиссиёт

  1. Забур 105:12 – «Ва ба суханони Ӯ имон оварданд, ҳамду санои Ӯро сароиданд.»
  2. «каломро мешунавад ва дарҳол бо шодӣ қабул мекунад.» Матто 13:20.
  3. Ҳиссиёти инсон бо имон овардан пайваста аст вале ин танҳо набуда балки бояд бо фикр ва хоҳиши инсон якҷоя ба Худо имон овардан мебошад.

Биёед ба Исо ва салибе, ки Ӯ бардошт, назар кунем. Дар Ибриён 12:1–2 навишта шудааст: «1 Бинобар ин мо низ, ки дар гирди худ чунин абри
шоҳидонро дорем, ҳар бори гарон ва гуноҳро, ки моро фаро мегирад, аз худ дур андохта, майдони дар пеши мо бударо бо сабр давон-давон тай кунем «Сарвар (чашма – форсӣ) ва Комилкунандаи имони мо, яъне Исо, назар дӯзем, ки Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст.»

Вақте ки мо ба Ӯ менигарем, Мо касеро мебинем, ки имони моро оғоз намуда ва ба камол мерасонад. Ӯ қодир аст моро бар гуноҳ ғалаба бахшад. Мо наметавонем ба ҳеҷ каси дигар назар дӯзем. Марги Ӯ бар салиб — маҳз он ҷост, ки мо шифои худро меҷӯем. Ӯ шарми маргро бар дӯш гирифт ва пас аз он эҳьё шуд. Тавре ки оят мегӯяд, Ӯ дар тарафи рости тахти Худо нишаст. Ӯ наҷотро ба анҷом расонд — бинобар ин ба Ӯ назар кунед, то наҷот ёбед.

Имон туҳфаи Худо аст

  • «Имон аз шунидани ваъз ва шунидани ваъз ба боситаи Каломи Худо.» Румиён 10:17
  • Аъмол 4:4 – «аммо бисёре аз шунавандагони калом имон оварданд, ва шумораи онҳо тақрибан панҷ ҳазор мард буд.»

Имон ба воситаи дуо
Марқӯс 9:24 – «ба беимонии ман мадад кун.»

  • Луқо 17:5 – «Имони моро зиёд кун.» Луқо 22:32

Тавба кардан
Шарти наҷот – «лекин агар тавба накунед, ҳамаатон ҳамин тавр нобуд хоҳед шуд.» Луқо 13:5

Аъмол 26:20 – «тавба карда, ба Худо рӯҷӯъ намоянд ва корҳое кунанд, ки сазовори тавба бошад.»

Тавба бо фикр аст – тавба «аз фикр гаштан» аст. Мо бояд аз гуноҳ ва худ фикри дигар кунем. Гуноҳ аз ҳисоби айби худ мешавад, Худо поку муқаддас аст ва худи мо муҳтоҷ ва нопок мебошем. Ҳам дар бораи Исои Масеҳ аз фикр гаштан аст. Ӯ фақат пайғамбар нест вале наҷотдиҳандаи мо аст.

Тавба бо ҳиссиёт – ин мазмуни ҳиссиёти дигарро дорад. (2) Қӯринтиён 7:9-11

Тавба бо хоҳиш – хоҳиши дигар ё мақсади дигар мешавад. Хоҳиш аз гуноҳ гаштан мешавад. Луқо 15:18-20 – мисли писари гумроҳшуда

  • Оё эътирофи гуноҳ тавба аст ё не?
  • «Касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад; вале касе ки иқрор шавад ва онҳоро тарк кунад, сазовори раҳм мегардад.» Масалҳо 28:13
  • Тавба кардан воқеаи дил боварӣ ба наҷот аст ва ин ҳеҷ вақт ҷудо аз имон нест. Тавба ва имон овардан якҷоя ҳастанд. Имон овардан бе тавба кардан барои наҷот комил нест. Мумкин намефаҳманд, ки Исо наҷотдиҳанда аст агар мефаҳманд, тавбаи гуноҳ мешавад. Дар наҷотшиносӣ имон ин майли ҷони инсон ба Худо мебошад ва тавба рӯй гардонидани ҷон аз гуноҳ бошад.
  • Оё имон ва тавба кардан барои наҷот зарур аст ё яке аз онҳо?

Баргузидаи Худо

  • Эф. 1:4-5 – «Чунон ки моро пеш аз таъсиси ҷаҳондар Ӯ баргузидааст, то ки ба ҳузури Ӯ дар муҳаббат муқаддас ва беайб бошем. Моро пешакӣмуайян намудааст, ки ба василаи Исои Масеҳ бар тибқи салоҳдиди иродаи Худ, ба фарзандӣ кабул кунад.»
  • Баргузидаи Худо – «Ҳеҷ кас наметавонад назди Ман ояд, магар ин ки Падаре ки Маро фиристод, вайро ҷалб кунад.» Юҳанно 6:44
  • Амали одамизод – «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад.» Юҳанно 6:47
  • Баргузидаи Худо – «Ҳар киро марҳамат кардан хоҳам, марҳамат мекунам; ба ҳар кӣ раҳм кардан хоҳам, раҳм мекунам.» Румиён 9:15

Амали одамизод – «Зеро агар ту бо даҳони худ эътироф кунӣ, ки Исои Худованд аст, ва бо дили худ имон оварӣ, ки Худо Ӯро аз мурдагон эҳё кард, наҷот хоҳӣ ёфт.» Румиён 10:9

Хулосаи ин – Баргузидаи Худо ва амали одамизод мисли роҳи поиз ҳастанд, онҳо баробар рафтар истоданд. Агар як тараф ҷои асосро гирад, тарафи таълимот ба тарафи дуруғ меравад. Агар баргузидаи (интихоби) Худо ҷои асосро гирад, пас мо башорат намекунем ва агар амали одамизод ҷои асосро гирад, пас наҷоти инсон бо қудрати одамизод мешавад.

Хулосаи ин ду ақида ин аст, ки Худоро парастиш кунед, чунки Худо ба ҳеҷ кас муҳтоҷи файзу баракат нест вале Ӯ ба мо муфт файзи Худо нишон медиҳад.

Кафорат шудан – сафедшавии

  • Барои чӣ наҷот барои одамизод лозим аст?
    Одамон кӯр ҳастанд – «Вале агар башорати мо пӯшида бошад, он барои нобудшавандагон пӯшида аст, барои беимонҳое ки худои ин дунё зеҳнашонро кунд кардааст, то ки нури башорати ҷалоли Масеҳ, ки Ӯ сурати Худост, барои онҳо надурахшад.» (2) Қӯринтиён 4:3-4

Гумроҳ шуданд

  1. Луқо 19:10 – «Зеро ки Писари Одам омадааст, то ки гумшударо пайдо кунад ва наҷот диҳад.»

2. Маҳкум шуданд – «Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.» Юҳанно 3:18

3. Зери ғазаби Худо шуданд– «Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад.» Юҳанно 3:36

  • Бо чизҳои рӯҳонӣ мурда шуданд – «Шумо ба сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ як вақте мурда будед.» Эфсӯсиён 2:1
  • Барои чӣ имон овардан мумкин аст? «Вале инсон чӣ гуна ба ҳузури Худо одил шавад? Ва зодаи зан чӣ гуна пок бошад?» Айюб 25:4
  • Чунки кафорати Исои Масеҳ музди гуноҳҳои моро гирифт!

Усулҳои наҷот

  • Ин аз рӯи шариат нест – «Лекин, чун донистем, ки одамизод на бо аъмоли шариат сафед мешавад, балки фақат бо имон ба Исои Масеҳ, – мо ҳам ба Исои Масеҳ имон овардем, то ки бо имон ба Масеҳ сафед шавем, на ин ки бо аъмоли шариат; зеро ки бо аъмоли шариат ҳеҷ ҷисме сафед нахоҳад шуд.» Ғалотиён 2:16
  • Ин аз файзи Худо мебошад – Маънои «файз»и Китоби Муқаддас дар Қуръон нест, калимаи «файз» аз ибрӣ ба арабӣ гузаштааст, онҳо «неъмат»ро истифода мекунанд, вале дар як ақида нестанд. «Неъмат» маънои онро дорад, ки сарват ва боигарӣ дорад ва ин маънои онро дорад, ки касе итоат мекунад неъмат мегирад. (ба Сураи 5:3,6,7 нигоҳ кунед). Вале файз дар Китоби Муқаддас дигар аст, ин баракати Худо аст, ки мо сазовор нестем ва лоиқи он наметавонем шудан. Файз кори Масеҳ барои мост, ки гуноҳҳои моро аз байн мебарад. Мо сазовори омурзиш нестем ва на ба даст овардаем, балки ин атои Худост. Мо ба тӯҳфаи Ӯ эътимод дорем.

Ин ба воситаи хуни Исои Масеҳ аст.

  • Румиён 5:9 – «Пас, алалҳусус алҳол, ки бо Хуни Ӯ сафед шудаем, ба воситаи Ӯ аз ғазаб наҷот хоҳем ёфт.»
  • Ваҳй 1:5 – «Ва аз ҷониби Исои Масеҳ, ки шоҳиди амин, Нахустзода аз мурдагон ва фармонфармон подшоҳони замин аст. Ӯро, ки моро дӯст медорад, ва моро аз гуноҳҳоямон бо Хуни Худ халосӣ дод.»
  • Ибриён 9:22 – «Қариб ҳама чиз мувофиқи шариат ба василаи хун татҳир (пок) меёбад, ва бе рехтани хун омурзиш нест.»
  • Румиён 5:1 – «Пас, мо бо имон сафед шуда, бо Худо ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ сулҳу осоиштагӣ дорем.»
  • Румиён 10:9-10

Кафорат чӣ аст? Кафорат – ин пушондани гуноҳ аст! Калимаи маъбадӣ.

  • забони Ибрӣ ”Капҳар” – маъно «пушида»ро мешавад.
  • Ибодат 16:14-15
  • 150 бор дар Аҳди Қадим
  • Гуноҳ бо қурбонии ҳайвон пушида шуд.

«Кафорат» — ин вожаи мухтасар барои маънои бахшиш аст. Дар забони тоҷикӣ мо “сафед кардан” мегӯем, ки маънои рӯҳонӣ дорад ва дар маъбад истифода мешуд. Он чизе ки торик ва ифлос буд, тоза ва сафед карда шудааст.

Аҳд кардан — ин сухани расмии суд ва қонун аст. Худо бо хуни қурбонӣ бо инсоният аҳде баст. Савол ин аст: оё ту роҳи Ӯро меписандӣ ва қабул мекунӣ, ё кӯшиш мекунӣ, ки наҷоти худро худ ба даст биёрӣ?

Калимаи “халос шудан” аз бозори ғуломӣ сарчашма мегирад. Ин маънои онро дорад, ки мо аз ғуломӣ озод карда шудаем. Мо дигар зери асорати гуноҳ нестем — он гуноҳҳое, ки моро банд ва зер карда буданд, дигар бар мо ҳукмрон нестанд.

Хислати кафорат – Румиён 3:21-31

  • Ин аъмоли Худо аст, ки Ӯ фармудааст гуноҳкори тавбакардаро дар Исо адолат шуморидааст.
  • Кафорат амали якбора аст – на равиш.
  • Кафорат шуморидан дараҷаҳо надорад – ҳар имондор ба назари Худо як аст, хоҳ аз гуноҳ сафед шудааст ё дар гуноҳ аст.
  • Кафорат ин амали Худо аст, на аз одамизод.
  • Худо моро насохтааст, ки мо ҳеҷ вақт гуноҳ надорем, аммо мо медонем, ки бо адолати Ӯ сафед шудем.

Кафорат мавзуи адлия аст.

  • Худо бо адолаташ Масеҳро ба ҷои гуноҳҳои мо дар ҳисоби мо шуморидааст.
  • Тақдис кардан ин равиш аст, ки мо бисёртар мисли Масеҳ шавем. Мумкин тақдис кардан ҳар рӯз фарқ дорад аммо кафорат фарқ надорад.
  • ”Кафорат” – ҳам маънои «халос шудан» ё «фидия»ро дорад.
  • Kаломи бозори ғулом, Румиён 8:21 – дар ин оят «халосӣ ёфта» тарҷума шудааст.
  • Фидя – нархи гуноҳ пардохта шуд то, ки мо озод шудем

«Зеро ки шумо бо нархи гарон харида шудаед.» (1) Қӯр. 6:20

  • Матто 20:28 – «Чунки Писари Одам на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад.»
  • Луқо 1:68 – ”ба вай халосӣ ато фармудааст”
  • 1 Петрус 1:18-19 – Кафорат дар ин оят «харид» тарҷума шудааст.
  • Ибриён 9:12 – «На ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Худ як бор ба қудс дохил шуда, кафорати абадӣ пайдо кард.» Мо бандагони гуноҳ будем, Исо моро харид ва халос кард.
  • Румиён 3:24 – ”Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи харидани Исои Масеҳ, сафед карда мешаванд.” Ҳам «ба воситаи пушонидани Исои Масеҳ сафед карда мешаванд.»

”кафорате” – маънои қурбонӣ, ки бо шариат созиш мекунад. Ин ҷо калимаи суд ва адлия, то ки қонунии шариат иҷро мешавад.

23 Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд 24 Ва ройгон, бо файзи Ӯ, ба воситаи кафорате ки дар Исои Масеҳ аст, сафед карда мешаванд, 25 Ки Ӯро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон кафорате бошад, барои нишон додани адолати Ӯ дар омурзиши гуноҳҳое ки пештар, дар замони пурсабрии Худо содир шудаанд, 26 Ва барои нишон додани адолати Ӯ дар замони ҳозира, то ки Ӯ одил бошад ва ҳар киро, ки ба Исо имон меоварад, сафед кунад. (Румиён 3:23-26 KM99)

Ададҳо 7:89 – дар ин оят «сарпӯше»ро тарҷума шудаст. Ҷое ки Худо бо одамизод воҳурӣ мекунад”дар хуни Ӯ ба воситаи имон сарпӯше бошад”

Қурбонии Исо қурбонии пушонанда аст.

  • Шариат розӣ шуд. Гуноҳҳои мо бо хуни Исо созиш карданд.
  • Ибриён 2:17 – «Саркоҳини раҳим ва амине ба ҳузури Худо бошад, барои он ки гуноҳҳои қавмро кафорат кунад.»
  • (1) Юҳанно 2:1-2 – «ба ҳузури Падар Шафоатгаре дорем, ки Исои Масеҳи Одил аст. Ва Ӯ кафорат аст барои гуноҳҳои мо.»
  • Чун гуноҳҳои пештар дар канор монданд, Худо онҳоро ҳисоб накард. Аммо ҳозир бо Хуни Исои Масеҳ, гуноҳҳои мо нафақат пушида аст, балки сафед шуда ҳисоб аст.

Қурбонии Исо ягона василаи пӯшондани гуноҳ аст. Қонун талаб мекард, ки гуноҳ ҷуброн карда шавад, ва қурбонӣ ягона роҳи қонеъ кардани адолати қонун буд. Гуноҳҳои мо дар назари Худо ба воситаи хуни Исо оштӣ дода шуданд.

Азбаски гуноҳҳои гузашта (дар замони Аҳди Қадим) муваққатан як сӯ гузошта мешуданд, Худо онҳоро ба ҳисоб намегирифт. Мо мегӯем, ки онҳо танҳо пӯшида мешуданд. Аммо ҳоло, ба воситаи хуни Исои Масеҳ, гуноҳҳои мо на танҳо пӯшида мешаванд, балки пурра бахшида мегарданд. Худо ба воситаи қурбонии Исо гуноҳҳоро то абад дур сохт — барои ҳамаи онҳое, ки ба Исои Масеҳ имон овардаанд.

Касе ки имон оварда, вале аз Худо дур шудааст — оё ӯ ҳаёти ҷовидонӣ дорад ё не? Ба ибораи дигар, наҷот дар дасти мо аст ё аз они Худо? Оё мо метавонем наҷоти худро аз даст диҳем? Оё Худо наҷоти моро аз дасти Худ бармегирад? Оё Худо чизе ваъда медиҳад ва баъдан онро бозпас талаб мекунад?

Вақте мо дарк мекунем, ки аҳд чист, фаҳмида метавонем, ки он ваъдаи бечунучаро аст. Мо ба Худо пайванд шудаем ва фарзандони Ӯ гардидаем. Ӯ ҳеҷ гоҳ падари бад ё фаромӯшкор нахоҳад буд — Ӯ ба ваъдааш вафо мекунад. Ӯ моро дӯст медорад, ва барои ҳамин мехоҳад, ки мо мисли Ӯ зиндагӣ кунем. Агар мо рӯй гардонем, Ӯ моро тарбия мекунад, вале ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад (Ибриён 13:5). Фарзанди ҳақиқии Худо оқибат аз паи Падараш меравад. Албатта, мо баъзан ноком мешавем ва меафтем, аммо Худо ҳамеша омода аст, ки моро бигирад ва роҳнамоӣ намояд.

Эътиқоди наҷот Румиён 8:29-39

  • Касе ки имон оварда аз Худо дур шуда аст, оё ӯ ҳаёти ҷовидониро дорад ё не?
  • (1) Қӯринтиён 5:1-5
  • Ин баракати Худо аст, чунки Рӯҳи Худо ба мо шаҳодат медиҳад.
  • Румиён 8:15-16 – «Чунки шумо рӯҳи бандагиро қабул накардаед, ки боз ҳаросон шавед, балки Рӯҳи фарзандхондагиро қабул кардаед, ки ба Он мо нидо мекунем: Эй Або, эй Падар! Ҳамон рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худо ҳастем.»

Писархон шудан – мо меросхӯри Ӯ шудем ин мавқеъ ва имтиёзи фарзанди Худо мебошад. Ҳама вақт пеши Ӯ рафта метавонем.
– Эфсусиён 2:19-20 – «Пас, шумо акнун на ғайр ҳастед ва на бегона, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаи Худо, ва бар асоси ҳаввориён ва анбиё барқарор гардидаед, ки Худи Исои Масеҳ санги зовия аст.»

  • Ғалотиён 4:5-6 Баъди имон овардан чӣ мешавад?
  • Тақдис шуданд – Ҳаёти нав

«Мо боварӣ дорем, ки Рӯҳулқудс

дар ҳозиразамон фақат дар имондорони

ҳақиқӣ дар Масеҳ мебошад, ки Ӯ

хизмати Худро дар замин давом дода

имқоният медиҳад, ки имондорон

зиндагии муқаддасона баранд.»

Қудсият шабеҳи Масеҳ будан аст. Мо бо Ӯ роҳ мегузарем, зеро Ӯ дар даруни мо зиндагӣ мекунад. Ӯ ба мо қувват мебахшад, то ки Ӯро инъикос намоем. Ҷудошавӣ — меваи муқаддас шудан аст, вале асоси тақдиси мо худи Масеҳ мебошад. Ӯ мафҳуми аслии қудсият аст. Ин пок шуда шуморидан аст. (1) Қӯр. 6:11 ва ҳам дар равиши имондорон зиндагии пок мешаванд.

  • Тақдис шудан дар Ислом – «Дар ҷамият, робитаи байни дигарон ва шакли ҷамият, рост ба тақдиси ҳамаи кас барои (development) инкишофи рӯҳонӣ алоқамандӣ дорад.»((Islam and Politics by Muhammad Asad, Al-Islam Publications. No location or date of printing given.))

Чӣ хел Худо моро тақдис мекунад? Худо ташаббус кори покшавии мо мебошад вале мо ҳам вазифаи пок шуданро дорем. Ин озод шудан аз қудрати гуноҳ мебошад.

  • Фил. 2:12-13 –
  • Ғалотиён 5:16
  • Ғалотиён 5:22-23
  • Қӯл. 2:6
  • Титус 3:5

Ба воситаи чӣ пок мешавем?
– Ҳаёти Худо дар мо – «Ман омадаам, то ки онҳо ҳаёт ёбанд ва онро ба фаровонӣ дошта бошанд.» Юҳанно 10:10

  • Табиати нав – «Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илоҳӣ гардида, аз фасоди шаҳват (чизҳои вайрон ва нафсонӣ), ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед.» (2) Петрус 1:4
  • Офаридашудаи нав – «Пас, касе ки дар Масеҳ аст, маҳлуқи навест; чизҳои қадима гузаштааст, ва инак ҳама чиз нав шудааст.» (2) Қӯр. 5:17, Эф. 2:10, 4:24

Таҷлил Кардан

«Мо боварӣ дорем ба эҳъёи ҷисмонии

ҳамаи одамони имондор ва беимон,

имондорон бо Масеҳ эҳъё мешаванд

барои зиндагии абадӣ бо Худо,

беимонон эҳъё мешаванд барои абадӣ

дур шудан аз Худо.»

  • Таҷлил Кардан – ҷалол шудан – ин озод шудан аз дучоршавӣ бо гуноҳ. Бадани мо дар рӯзи қиёмат ҷалол меёбад.
  • (1) Юҳанно 3:2 – «Эй маҳбубон! Мо акнун фарзандони Худо ҳастем, вале ҳанӯз маълум нашудааст он чи хоҳем буд. Фақат ҳамин қадарашро медонем, ки дар вақти зоҳир шуданаш монанди Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид.»

Адабиёт

Islam and Politics by Muhammad Asad, Al-Islam Publications.

Know what you believe by Paul E. Little, Scripture Press Publication, Illinois, 1973

Lectures in Systematic Theology by Henry C. Thiessen; William B. Eerdmans Publishing Company, Michigan, 1979.

Чаҳор китоб, Душанбе, Адиб, 1990, сф. 26.

— Ин дафтарча табдил ва истифода карда мумкин аст, фақат сарчашмаи он маълум кунед.

«Дафтарчаи Наҷот шиносӣ» аз Накҳати Ҷон – Душанбе, 2007.

Series Navigation<< Қурбонӣ барои чӣ?Тавба Чист? >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *