Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28

This entry is part 42 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Ҳукми инсон ва ҳукми Худо

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Ҳукми инсон – Натиҷаи кирдори бадахлоқии сокинони Ҷабъа ба ҷанги бародаркушӣ байни Исроил ва банӣ-Бинёмин буд.

Қабилаҳои Ироил тасмим гирифтанд, ки бар зидди сокинони Ҷабъа ҷанг кунанд. Дар аввал онҳо талаб мекарданд, ки танҳо шахсони масъули низоъ ба дасти онҳо супорида шаванд. Аммо Бинёминиён рад карданд. Гузашта аз ин онҳо дар Ҷабъа ҷамъ омада сарфи назар аз бартарии 13 – каратаи шуморонаи тарафи муқобил ӯро ду маротиба мағлуб карданд. Пас аз он Исроилиён ба Байт – Ил, ки сандуқи аҳд дар он ҷо буд, омада аз Худо пурсиданд. Худои Таоло ба онҳо ваъда дод, ки бар писарони Бинёмин ғалаба хоҳанд кард (оят. 8-28).

Хислати Худо

19 Ва банӣ‐Исроил бомдодон бархоста, назди Ҷабъа ӯрду заданд. 20 Ва исроилиён берун омаданд, то ки бо Биньёмин ҷанг кунанд, ва исроилиён назди Ҷабъа ба муқобили онҳо барои ҷанг саф бастанд. 21 Ва банӣ‐Биньёмин аз Ҷабъа берун омада, дар он рӯз бисту ду ҳазор нафарро аз исроилиён кушта бар замин ғалтониданд. 22 Вале қавм, яъне исроилиён, қувват ёфта, дар ҳамон ҷое ки рӯзи якум саф баста буданд, аз нав барои ҷанг саф бастанд. 23 Ва банӣ‐Исроил баромада, ба ҳузури Худованд то шом гиристанд, ва аз Худованд пурсида, гуфтанд: «Оё боз бар зидди бародарони худ банӣ‐Биньёмин барои ҷанг наздик оем?» Ва Худованд ғуфт: «Бар зидди онҳо бароед». 24 Ва банӣ‐Исроил дар рӯзи дуюм ба ҷониби банӣ‐Биньёмин пеш омаданд. 25 Ва биньёминиён дар рӯзи дуюм ба пешвози онҳо аз Ҷабъа берун омаданд ва аз банӣ‐Исроил боз ҳаждаҳ ҳазор нафарро кушта бар замин ғалтониданд, ки ҳамаашон шамшерзан буданд. 26 Ва тамоми банӣ‐Исроил, тамоми қавм баромада, ба Байт‐Ил омаданд, ва гириста, дар он ҷо ба хузури Худованд нишастанд, ва дар он рӯз то шом рӯза доштанд, ва қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ ба ҳузури Худованд оварданд. (20:19-26)

Худо Довари ҳақиқии Исроил аст. Вай иҷозат дод, ки исроилиён ду маротиба мағлуб шаванд, то ки ниятҳои ноодилонаи онҳоро ислоҳ кунанд ва оташи ғазаби онҳо хомӯш шавад. Ба ибораи дигар, Худои Таоло касонеро, ки мехостанд худашон ҳукми Худоро иҷро кунанд, маҳкум кард. Мо метавонем ба тарафдории дуруст истода бигӯем, ки барои адолат мубориза барем. Аммо мо танҳо одамони нокомил ҳастем, мо метавонем танҳо ҳукми нокомилро иҷро кунем. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша ниятҳои худро дар партави ҳақиқати Навиштаҳо тафтиш кунем.

Дарсҳои Худо

Ва бархоста, ба Байт‐Ил рафтанд, ва аз Худо пурсиданд, ва банӣ‐Исроил гуфтанд: «Кист, ки аз миёни мо аввал бар зидди банӣ‐Биньёмин ба ҷанг барояд?» Ва Худованд гуфт: «Яҳудо аввал барояд». (20:18)

Банӣ Яҳудо, ки як вақтҳо аввалин шуда ба Қанъон даромада замини ваъдашударо тасарруф карданд (оят. 1:1), ҳоло аввалин шуда ба бародарони
ҳамсари худ, яъне ба Бинёмин мухолифат карданд. Драмаи ривоҷёбанда, сабаби натиҷаи фоҷиабори аз Худо рӯй гардонда шудани исроилиён буд.

Зиндагии амалӣ

Бӯҳрони марги бадахлоқонаи каниз ғайричашмдошт қабилаҳои Исроилро муттаҳид мекунад. Ин левии диндори худхоҳ мардумро ҷамъ мекунад, то бар зидди сибти Биньёмин бархезанд. Мардум барои аввалин бор дар китоб масъулияти маънавиро бар дӯш мегиранд.

Оё барои ҷамъ омадани ҷомеаи шумо бӯҳрон лозим аст? Ҷамъ омадан барои ибодат ва муттаҳидшавӣ ба ҳадафҳои Худо бояд меъёр бошад, на истисно. Биёед дар бораи ӯҳдадориҳои худ ба оилаи рӯҳонии худ андеша кунем ва барои рӯҳбаланд кардани якдигар ҷамъ шавем.

Худои Муқаддас ба мо аз боло ҳикмат деҳ, то иродаи Туро бо андешаҳои адолати худамон иваз накунем ва хато накунем. Омин.


Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *