Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10

This entry is part 4 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Насли нав

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Худои Таоло исроилиёнро барои он сарзаниш кард, ки аз хоҳиши Ӯ истифода набурданд ва қанъониёнро аз сарзаминашон пурра бадар накарданд. Мардуми тавбакарда фарёд бардошта, барои Худо қурбонӣ меоварданд, вале дер шуда буд (оят. 1-5).
Мардум ва пирони насли Еҳушаъ, ки корҳои Худовандро дар ёд доштанд, то ҳол ба Худо хизмат мекарданд. Аммо онҳоро насли нав иваз карданд, ки дигар на Худоро мешинохтанд ва на он чиро, ки Ӯ барои падаронашон карда буд. Кушоду равшан аст, ки исроилиён ба фарзандони худ Каломи Худоро таълим надоданд ва аз ин рӯ, машъали имонро ба онҳо нагузоштанд (оят. 6-10).

Хислати Худо

3 Ва низ гуфтам: „Онҳоро аз пеши шумо бадар нахоҳам ронд, ва онҳо барои шумо садди роҳ хоҳанд буд, ва худоҳои онҳо барои шумо дом хоҳанд буд“». 4 Ва ҳангоме ки фариштаи Худованд ин суханонро ба тамоми банӣ‐Исроил гуфт, қавм овози худро баланд карда, гиристанд. 5 Ва номи он мавзеъро Бӯким монданд, ва дар он ҷо барои Худованд қурбонӣ карданд. (2:3-5)

Ҷазо барои беитоатӣ ба Каломи Худои Таоло, ба мардум эълон кард, ки қанъониёнро аз онҳо дур намекунад, онҳо бо худоёни худ сабаби афтидани исроилиён хоҳанд шуд. Ба Каломи Худо пурра итоат накардан оқибати ногувор дорад. Оё шумо низ ба Каломи Худо танҳо қисман, пайравӣ намекунед? Бояд фаҳмид, ки чунин рафтор баробар ба беитоатӣ ба Каломи Худо аст.

Дарсҳои Худо

Оят. 6-10. Далели он, ки насли нави исроилиён Худоро намешинохтанд ва он чи Ӯ ба Исроил карда буд намедонистанд. Ин айби насли Еҳушаъ буд, ки натавонистанд ба фарзандонашон, имон ба Худованд ва хоҳиши хизмат карданро ба Ӯ нишон диҳанд. Имрӯз ба Худо имон доштан бениҳоят муҳим ва зарур аст, ки фарзандони мо онро мерос гиранд.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *