Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Китоби Доварони Исроил
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:12-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 12:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 14:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 15:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:15-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 17:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:10-21
- Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:13-25
Дебӯро, зан – довар
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Пас аз марги Эҳуд, исроилиён боз ба муқобили Худо гуноҳ кардан гирифтанд, ки дар натиҷа дар давоми бист сол дар зери зулми подшоҳи Қанъон азоб кашиданд. Ва Исроил боз ба Худо фарёд зада, дар тавба наҷот талбид. Сипас Худои Таоло Дебӯрои набияро довар таъин кард ва ӯ ва Бороқро ба ҷанг омода кард (оят. 1-10).
Хислати Худо
Ва Дебӯрои набия, зани Лапидӯт, дар он замон Исроилро доварӣ менамуд. (4:4)
Худои Таоло Дебӯрои набияро довар барои Исроил таъин кард. Ин далели таърихӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳангоми даъват ба хизмат на ҷинс ва на сину соли инсон барои Худованд аҳамияте надорад. Раҳмати чунин Худо имрӯз дар мо боқӣ мемонад. Ҳатто агар мо нотавон ва ноуҳдабаро бошем ҳам, мо бояд ба даъвати Худованд посух гӯем ва боварии комил дошта бошем, ки бо кӯмаки Ӯ, мо метавонем кори бузургеро анҷом диҳем!
Дарсҳои Худо
1 Ва баъд аз вафоти Эҳуд аз нав банӣ‐Исроил он чи дар назари Худо бад буд, ба амал оварданд. 2 Ва Худованд онҳоро ба дасти Ёбин подшоҳи Канъон, ки дар Ҳосӯр подшоҳӣ мекард, супурд; ва сарлашкари вай Сисро буд, ки дар Ҳарӯшет‐Ҳаҷӯим сукунат дошт. 3 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурданд; зеро ки вай нӯҳсад аробаи оҳанин дошт, ва банӣ‐Исроилро бист сол сахт ба танг овард. (4:1-3)
Еҳушаъ ҳангоми забт кардани Қанъон, Ҳосӯрро несту нобуд кард. Пас аз якуним аср подшоҳи Ҳосӯр чунон тавоно гардид, ки вай дар давоми солҳои дароз, ба халқи Исроил бераҳмона зулм мекард. Сабаби ин метаморфозаи таърихӣ он буд, ки яҳудиён аз Худои худ рӯй гардонда, бо бутпарастон омехта шуда, тарзи зиндагӣ ва дини онҳоро қабул карданд. Агар мо, масеҳиён, ки ворисони имони бузург ба Худои Ҳай ҳастем, ба Каломи Ӯ итоат накунем, пас
ин моро ба он оварда мерасонад, ки мо таъғирнопазир ғуломи ин ҷаҳони зишт хоҳем шуд.
