Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10

This entry is part 12 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Паёми Худо пеш аз наҷот

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Исроилиён боз дар гуноҳ афтиданд, ва Худои Таоло онҳоро ба воситаи дастони Мидён ҷазо дод, ки онҳоро бо корҳои худ ба қашшоқӣ расонданд. Мардум бори дигар ба Худо фарёд заданд ва Ӯ пайғамбаре фиристод, ки сабаби азоби онҳоро ошкор кард: онҳо аз Худо рӯй гардонданд ва ба Каломи Ӯ итоат накарданд (оят.6-10).

Хислати Худо

Оят. 1-6. Исроилиён бори дигар ба раҳми Худо беэътиноӣ карданд. Барои ин, Худои Таоло онҳоро ба дасти Мидён ба муддати ҳафт сол супурд. Одамон дар вазъиятҳои душвор дучор шуда, ба Худо фарёд зада, бахшиш ва наҷот талаб мекарданд, аммо баъд оромӣ ёфта, боз гуноҳ кардан мегирифтанд. Оё дар ҳаёти шумо низ чизе ба ин монанд рӯй медиҳад? Магар ранҷу азобе, ки шумо рӯ ба рӯ мешавед, натиҷаи муҳаббати Худо нест, ки моро ҷазо медиҳад, ки фарзандонашро ба роҳи ҳаёт баргардонад. (Ибриён. 12:5-8).

5 Ва он насиҳатро, ки ба шумо, ҳамчун ба писарон гуфта шудааст, фаромӯш кардаед: «Эй писарам! Ба ҷазои Худованд беэътиноӣ накун, ва ҳангоме ки Ӯ туро мазаммат намояд, маъюс нашав; 6Зеро ки Худованд ҳар киро дӯст дорад, ҷазо медидиҳад; ҳар писари писандидаи Худро мезанад».

7 Агар ба ҷазо тоб оваред, Худо бо шумо, чун бо писарон, рафтор мекунад. Зеро, оё писаре ҳаст, ки падараш ӯро ҷазо надиҳад? 8 Аммо агар шумо бе ҷазо монед, ки он насибаи ҳама аст, пас шумо ҳаромзодагонед, на писарон. (Ибриён. 12:5-8)

Дарсҳои Худо

Оят. 2-6. Исроилиён ҳамеша аз Худо рӯй мегардониданд, ки дар натиҷа онҳо ҳамеша зери таҳдиди ғорати душман ва гуруснагӣ зиндагӣ мекарданд. Танҳо онҳое, ки дар ҳузури Худо бо адолат рафтор мекунанд, метавонанд аз неъматҳои фаровоне, ки Ӯ бар онҳо мефиристод, баҳра баранд.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *