Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус боби 1

This entry is part 2 of 6 in the series Нони ҳаррӯза - (2) Петрус

Даъватҳо ва интихобҳои худро боварӣ ҳосил кунед

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Бо Худо муносибати хуб дошта, масеҳиён бояд хислати Ӯро дар тарзи зиндагӣ инъикос кунанд. Барои ин, мо бояд тасдиқ кунем ки Худованд моро дар ҳақиқат интихоб ва даъват кардааст. Дар акси ҳол тамоми кӯшишҳои мо барои ба Ӯ монанд шудан бефоида хоҳад буд (оят. 1-11).

Хислати Худо

Ки бо онҳо ба мо ваъдаҳои бузург ва гаронбаҳо дода шудааст, то ки шумо ба воситаи онҳо шарики табиати илохӣ гардида, аз фасоди шаҳват, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, дур шавед… (1:4)

Худо ба мо ваъдаҳои гаронбаҳо ва бузург додааст. Онҳо ба имондорон имконият медиҳанд, ки хислати Худовандро ба ҷаҳони атрофашон нишон диҳанд ва ба васвасаҳо муқобилат кунанд. Биёед Худои Падарро ҷалол ва ҳамду сано гӯем, ки Ӯ моро аз роҳҳои харобиовари ин ҷаҳон дур карда, то бо Исои Масеҳ муносибати шахсӣ дошта бошем ва дар табиати илоҳии Ӯ иштирок кунем.

Дарсҳои Худо

5 Бинобар ин шумо тамоми ҷидду ҷаҳди худро ба кор бурда, ба имони худ некӯкориро изофа намоед, ба некӯкорӣ — хирадмандиро, 6Ба хирадмандӣ — порсоиро, ба порсоӣ — тоқатро, ба тоқат — парҳезгориро, 7 Ба парҳезгорӣ — бародардӯстиро ва ба бародардӯстӣ — муҳаббатро. 8 Агар ин сифот дар шумо ёфт шавад ва афзоиш ёбад, шумо дар шинохтани Худованди мо Исои Масеҳ бе муваффақият ва бе самар наҳоҳед монд; 9 Вале дар ҳар кӣ ин сифот ёфт нашавад, вай кӯр аст, яъне чашмонашро пӯшида, фаромӯш кардааст, ки гуноҳҳои пештараи ӯ татҳир шудаанд. (1:5-9)

Масеҳиён бояд кӯшиш кунанд, ки имони худро устуворона инкишоф диҳанд ва аз ҳолати рӯҳонии ҳозираи худ қаноатманд нашаванд. Мисли Масеҳ шудан, саъю кӯшиши зиёдро талаб мекунад. Оё имони шумо аз замони наҷот ёфтаатон, ба камол расид ё мустаҳкам шуд? Оё шумо аз имони худ ба Худованд меваҳои хуб меоваред?

2 Петрус 1:12-21

Пешгӯии бетағир

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Дар замони навиштани ин хабар одамоне буданд, ки Инҷили Исои Масеҳ афсона буд. Аз ин сабаб Петруси ҳавворӣ зарур мешуморид, ки тавзеҳоти дуруст диҳад. Ҳангоми ҳимояи ҳақиқии Хабари хуш, Ӯ ба хотир меорад, ки шахсан шоҳиди дигаргуншавии Масеҳ буд ва овози Худоро шунидааст (Луқо. 9:28-36).
Петрус минбаъд қайд мекунад, ки далели ҳақиқати Инҷил иҷрошавии пешгӯиҳост, ки дар замони Аҳди Қадим гуфта шуда буданд (оят.12-21).

Дарсҳои Худо

19 Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд; 20 Ва пеш аз ҳама чиз инро бидонед, ки ҳеҷ як нубуввати Навиштаҳо тафсири шахсиро раво намедонад; 21 Зеро ки ҳаргиз нубувват ба ҳасби иродаи одамизод ба забон ронда нашудааст, балки муқаддасони Худо, бо таҳрики Рӯҳулқудс, онро ба забон рондаанд. (1:19-21)

Худо ҳақиқати Исои Масеҳро тавассути иҷро кардани пешгӯиҳо дар Навиштаҳои Аҳди Қадим тасдиқ мекунад. Асрҳои зиёд пеш аз таваллуди Масеҳ, одамони муқаддаси Худо, ки аз Рӯҳулқудс пур шуда буданд, пешгӯиҳои зиёдеро навиштанд, ки иродаи Худоро донем ва мувофиқи он амал кунем

Худонинг дарслари

12 Барои ҳамин ман ба ёди шумо овардани инро ҳаргиз бас намекунам, гарчанде ки шумо инро медонед ва дар ин ростӣ устувор ҳастед. 13 Аммо ман салоҳ медонам, то даме ки дар ин хайма ҳастам, шуморо бо ёдоварӣ таҳрик диҳам, 14 Чун медонам, ки ба қарибӣ бояд хаймаи худро тарк кунам, чунон ки Худованди мо Исои Масеҳ ба ман эълон намудааст. 15 Ва саъю кӯшиш хоҳам кард, ки шумо пас аз риҳлатам низ ҳамеша инро ба ёд оваред. (1:12-15)

Ҳавворӣ ҳақиқатеро, ки ба насрониён маълум аст, ёдовар мекунад ва изҳор мекунад, ки ӯ аз он хотиррасон карданро бас намекунад, то пас аз рафтанаш ҳам фаромӯш нашавад. Шумо чӣ гуна кӯшиш мекунед, ки Каломи Худоро дар дили худ нигоҳ доред?

Series Navigation<< Замина ба китоби 2 ПетрусНони Ҳаррӯза – (2) Петрус 2:1-9 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *