Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – (2) Петрус 2:1-9

This entry is part 3 of 6 in the series Нони ҳаррӯза - (2) Петрус

Ҳукм ба муаллимони бардурӯғ

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Муаллимони бардурӯғ пинҳонӣ ба калисо ворид шуда, мардумро бо дурӯғҳои худ гумроҳ мекунанд. Онҳо худро имондор вонамуд мекунанд, аммо дар асл онҳо Масеҳро инкор мекунанд ва танҳо аз паи ба даст овардани манфиат ё ҷалоли худ мераванд (оят. 1-3).
Ҳавворӣ ба хонандагон сарнавишти касонеро, ки бар зиддӣ Худо гуноҳ кардаанд, хотиррасон мекунад ва фикри пешгиринашавандаи доварии Ӯро бар онҳое, ки таълимоти бардурӯғ мекоранд, таъкид мекунад (оят. 4-8).

Хислати Худо

Оят. 3-6. Худои Таоло бадиро бетаъғир ҷазо медиҳад. Тасвирҳои доварӣ бар касоне, ки ба иродаи Ӯ итоат накардаанд, нишон медиҳад, ки Худованд муаллимони бардурӯғро низ, сахт ҷазо медиҳад. Оё шумо ноумедӣ ҳис намекунед, дар фикри он, ки дар ин ҷаҳон одамони шарир аксар вақт муваффақ мешаванд, дар ҳоле ки одилон нотавон ба назар мерасанд? Бовар кунед, ки Худои Одил ситамкоронро ҳукм хоҳад кард.
Оят. 5,7,9. Худо одамони парҳезгорро, ҳатто ҳангоми доварӣ бар бадкорон муҳофизат мекунад. Ӯ ба назди касоне, ки ба Ӯ имон овардаанд, дар вақти душворӣ ҳамчун Наҷотдиҳанда меояд. Биёед ҳамеша нигоҳ ва таваккал кунем ба Худое, ки моро аз васвасаҳо ва офатҳои ин ҷаҳони бад нигоҳ медорад ва наҷот медиҳад.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус боби 1Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус 2:10-22 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *