Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус 3:1-7

This entry is part 5 of 6 in the series Нони ҳаррӯза - (2) Петрус

Бидъаткорон омадани дуюми Масеҳро инкор мекунанд

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Ба хоҳиши он ки имондоронро огоҳ созад, ки ба таълимоти бардурӯғ, ки боиси афтидани рӯҳонӣ мегардад, нашаванд, Петрус ду нома навишт. Ӯ хонандагонро даъват менамояд, ки Каломи Худоро, ки ба онҳо дода шудааст, маҳкам нигоҳ доранд ва ба овози одамоне, ки дар омадани дуюми Масеҳ баҳс мекунанд, гӯш надиҳанд (оят. 1-7).

Хислати Худо

5 Онҳое ки чунин гумон мекунанд, намедонанд, ки дар ибтидо бо каломи Худо осмон ва замин аз об ва ба воситаи об таркиб ёфта буданд: 6 Бинобар ин дуньёи онвақта дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расид. 7 Аммо осмон ва замини ҳозира низ бо ҳамон калом барои оташ нигоҳ дошта шудаанд ва то рӯзи доварӣ ва ҳалокати мардуми осӣ саришта карда мешаванд. (3:5-7)

Худои Таоло оламро бо Каломи Худ офаридааст. Дар айёми Нӯҳ, Ӯ бо Каломи Худ бар ҷаҳон доварӣ овард. Ӯст, ки имрӯз дар олам ҳукмронӣ мекунад. Ва Калом дар рӯзи охир ҷаҳони беимонро доварӣ хоҳад кард. Азбаски ҳама чиз танҳо ба иродаи Худо ва Каломи Ӯ вобаста аст, доварии ваъдашуда, дар ҳар лаҳза метавонад оғоз шавад. Мо вақти таъинкардаи Худоро намедонем, аз ин рӯ мо бояд бедор ва ҳамеша барои омадани он рӯз омода бошем.

Дарсҳои Худо

Оят. 5,6. Бисёр одамон дидаву дониста ҳақиқатҳоеро сарфи назар мекунанд, ки барои онҳо нороҳатанд ва ба амалӣ шудани хоҳишҳои онҳо халал мерасонанд. Онҳо танҳо ба он «принсипҳо» риоя мекунанд, ки ба орзуҳои онҳо мувофиқанд. Оё шумо Каломи Худоро пурра қабул мекунед? Оё шумо
ба Ӯ итоат мекунед?

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус 2:10-22Нони Ҳаррӯза – 2 Петрус 3:8-18 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *