Қӯлассиён 2:9
- Китоби Қӯлассиён
- Муқаддимаи Қӯлассиён
- Дуои Шукргузорӣ – Қӯлассиён 1:7-10
- Қуввати Худо – Қӯлассиён 1:11-14
- Исо Худованд аст – Қулассиён 1:15-20
- Сулҳ бо Худо – Қӯлассиён 1:21-29
- Инҷил дар Амал – Қӯлассиён 2:1-8
- Қӯлассиён 2:9
- Пур будани мо дар Масеҳ – Қӯлассиён 2:10
- Қӯлассиён 2:11-14 – Ҳаёти Нав дар Масеҳ
- Қӯлассиён 2:16-23 – Огоҳӣ аз қонунпарастӣ ва доварии бардурӯғ
- Қӯлассиён 3:1-11
- 3:12-17 — Шахсияти нави мо дар Масеҳ
- Қӯлассиён 3:18 – 4:1
- Қӯлассиён 4 Дуо ва Муносибатҳо
Ояти 8 ҳушдор медиҳад: “Бохабар бошед”, яъне эҳтиёт кунед аз тафаккури дунёвӣ ва фалсафаҳои инсонӣ. Дар ояти 9 Китоби Муқаддас ба мо ҳақиқати муҳимро ошкор месозад: Кӣ будани Исои Масеҳ. Ояти 10 бошад, ба мо мефаҳмонад, ки наҷоти мо чӣ тавр сурат мегирад. Аз ин рӯ, мо бояд дар таълимоти дуруст устувор бошем ва дигаронро низ ба роҳи ҳақиқат ҳидоят кунем.
Қӯлассиён 2:9 – Пуррагии Илоҳият
“Зеро ки дар Ӯ тамоми пуррагии Илоҳият ҷисман сокин аст.”
Ояти 8 ҳушдор медиҳад: “Бохабар бошед”, яъне эҳтиёт кунед аз тафаккури дунёвӣ ва фалсафаҳои инсонӣ. Дар ояти 9 Китоби Муқаддас ба мо ҳақиқати муҳимро ошкор месозад: Кӣ будани Исои Масеҳ. Ояти 10 бошад, ба мо мефаҳмонад, ки наҷоти мо чӣ тавр сурат мегирад. Аз ин рӯ, мо бояд дар таълимоти дуруст устувор бошем ва дигаронро низ ба роҳи ҳақиқат ҳидоят кунем.
Илоҳияти Исо Масеҳ на танҳо як ҳақиқати муҳими имон аст, балки мавзӯест, ки баъзан муаллимон дар фаҳмондани он ба душворӣ дучор мешаванд. Яке аз муҳаққиқон менависад: “Ин яке аз равшантарин ва боарзиштарин оятҳои Китоби Муқаддас аст, ки дар бораи табиати илоҳии Худованд Исои Масеҳ сухан мегӯяд.”
Муҳимияти дуруст таълим додан
Муаллим бояд на танҳо Китоби Муқаддасро амиқ дарк кунад, балки онро равшан ва фаҳмо таълим диҳад. Чунон ки гуфта шудааст: “Хатиб будан – ин ҳунари асри мост.” Имрӯз бисёриҳо дар фаҳмиши ҳақиқати амиқ зоҳирӣ муносибат мекунанд, аммо моро лозим аст, ки бо тамоми ҳастии худ маърифати илоҳиро ҷӯё бошем. Масеҳ комилан Худо аст, ва ин ҳақиқатро бояд ҳам бидонем ва ҳам эълон кунем.
Муаллим на танҳо бояд дуруст таълим диҳад, балки барои шунавандагон маъноро равшан фаҳмонад. Ҳангоми дарс гуфтан муҳим аст, ки мазмун содда, возеҳ ва фаҳмо бошад. Каломи Худоро набояд душворфаҳм сохт, балки бояд онро ба тавре омӯзонд, ки ҳама тавонанд онро дарк кунанд ва ба он амал намоянд.

Кӣ будани Исои Масеҳ
Қӯлассиён 2:9 ба мо нишон медиҳад, ки Масеҳ ганҷинаи маърифати илоҳӣ аст. Дар Қӯлассиён 1:19 низ гуфта шудааст: “Зеро писандидаи Худо ҳамин буд, ки тамоми илоҳият дар Ӯ сокин бошад.” Ин маънои онро дорад, ки Исо комилан Худо аст, ва тамоми сифату қудрати Худо дар Ӯ вуҷуд дорад. Исои Масеҳ на танҳо Писари Худо аст, балки Ӯ ҳамеша бо Худо як буд. Ӯ дар ҷисм зуҳур кард, аммо вуҷуди Ӯ аз абад буд, зеро Ӯ ҳамеша бо Падар буд ва Худи Худо буд. Ҳамаи хислатҳои Худо дар Ӯ таҷассум ёфтаанд, ва Ӯ дорои илоҳияти комил аст.
Чӣ маъно дорад “пуррагии Илоҳият”?
Ин маънои онро дорад, ки тамоми моҳият, қудрат ва табиати Худо дар Исои Масеҳ комилан сокин аст. Ӯ на як шахсияти оддӣ аст, на танҳо як паёмбар, ва на танҳо як намояндаи Худо. Ӯ Худи Худо аст. Бар асоси ин, мо бояд бифаҳмем, ки Масеҳ на танҳо пайғамбар, муаллим ё раҳбар буд, балки таҷассум ва зоҳири пурраи Худо дар замин буд. Ӯ на танҳо мисли Худо буд, на танҳо фиристодаи Худо, балки Ӯ Худои зинда аст, ки аз азал буд ва то абад хоҳад буд.
Натиҷаи ин ҳақиқат барои мо
Агар Масеҳ комилан Худо бошад, пас ба Ӯ имон овардан ва Ӯро пайравӣ кардан ягона роҳи наҷот аст. Ӯ ганҷи ҳикмат ва маърифати илоҳӣ мебошад. Бинобар ин, барои мо муҳим аст, ки ба Ӯ эътиқод дошта бошем, Ӯро парастиш кунем ва таълимоти Ӯро риоя намоем.
Худои меҳрубон, ташаккур мегӯям, ки Писари Худро ба ҷаҳон фиристодӣ, то ки Ӯ барои мо дари наҷотро боз кунад ва роҳи ростро нишон диҳад.
Синоди Халкидон
Таълимоти нодурусти он замон чунин мешумурд, ки ҳар чизе, ки ҷисм дорад, бад аст. Онҳо мегуфтанд, ки Исо фақат рӯҳ дошта, ҷисм надошт. Вале ин фикр зидди таълимоти ҳақиқии Китоби Муқаддас аст. 1 Юҳанно 4:2 мегӯяд: “Рӯҳи Худо бо ин шинохта мешавад: ҳар рӯҳе, ки Исои Масеҳи дар ҷисм омадаро эътироф кунад, аз Худост.”
Ин оят нишон медиҳад, ки фикри онҳое, ки ҷисмро бад меҳисобиданд ва рад мекарданд, иштибоҳ буд. Онҳо нодуруст таълим медоданд, ки гӯё Исои Масеҳ ҳамчун рӯҳ зоҳир шуда бошад ва ҷисм надошта бошад. Аммо Каломи Худо комилан зидди ин андеша аст. Масалан, Қӯлассиён 2:9 таъкид мекунад, ки Исои Масеҳ пурра Худост ва ҷисман дар Ӯ тамоми камоли Илоҳӣ сокин аст.
Таърихи калисои Халкидон ба қисми шарқии Истамбули имрӯза, минтақаи Кадикёй, марбут аст. Ин синод, ки бо номи “Синоди Халкидон” машҳур аст, асосан дар бораи табиати Исои Масеҳ баҳс мекард. Синоди Халкидон таълим медиҳад, ки Исои Масеҳ ҳам 100% Худо ва ҳам 100% инсон аст. Вале, албатта, Ӯ инсони бегуноҳ буд. Дар ин таълимот ду табиати Ӯ—илоҳӣ ва инсониро—бешубҳа тасдиқ мекунанд. Ин ду табиат бидуни ихтилоф ва тағйир, ҷудонашаванда ва ҳамоҳанг амал мекунанд.
Азбаски Худо дар шахсияти Исои Масеҳ инсониятро пазируфт, ин ду табиат на танҳо зиддият надоранд, балки ҷудошаванда низ нестанд. Онҳо якҷоя амал мекунанд ва ҷалоли Худоро зоҳир менамоянд. Вале муҳим аст бидонем, ки гарчанде Исои Масеҳ инсон шуд, Ӯ гуноҳ надошт ва табиати Ӯ тағйир наёфт.
Ақидаи Халкидон
(Нусхаи тарҷумаи эътиқодномаи Халкидон)
Пас, мо, аз паи падарони муқаддас, ҳама бо якдилӣ таълим медиҳем, ки як Писарро эътироф кунанд—яъне Худованди мо Исои Масеҳро. Ӯ ҳамон Писари Худост, ки дар илоҳият комил ва дар инсоният низ комил аст; Худои ҳақиқӣ ва инсони ҳақиқӣ, бо рӯҳи оқил ва ҷисм. Ӯ мувофиқи илоҳият бо Падар ҳамтабиат (ҳаммазҳар) аст ва мувофиқи инсоният бо мо ҳамтабиат аст, дар ҳама чиз мисли мо, ҷуз гуноҳ. Ӯ аз азал аз Падар зода шудааст (дар илоҳияти худ), ва дар айёми охир барои мо ва барои наҷоти мо аз Марями Бокира, модари Худо, таваллуд ёфтааст (дар инсонияти худ).
1Пас, Исои Масеҳ як шахс аст, ки дар ду табиат эътироф мешавад—бидуни ошуфтагӣ, бе тағйир, бидуни ҷудоӣ ва бидуни тақсимшавӣ. Ҳарчанд ин ду табиат ба ҳам пайвастаанд, хосияти ҳар яки онҳо ҳифз мешавад. Онҳо ба як шахсияти ягона муттаҳид шудаанд ва Исои Масеҳ ду шахс нест, балки ҳамон як Писари ягона, Каломи Худо ва Худованди мо Исо Масеҳ мебошад. Тавре ки пайғамбарон аз ибтидо дар бораи Ӯ хабар додаанд, ва Худованди мо Исо Масеҳ худ таълим додааст, ва инчунин ин ақида тавассути падарони муқаддас ба мо расидааст.
Тақсимот, бидуни ҷудоӣ
Фарқияти табиатҳо ҳеҷ гоҳ аз ҷониби иттиҳод аз байн намеравад, балки хусусиятҳои ҳар як табиат ҳифз мегарданд ва дар як шахс ва як вуҷуди ягона муттаҳид мешаванд. Онҳо ба ду шахс ҷудо ё тақсим карда намешаванд, балки ҳамон як Писар ва ягона таваллудшуда—Худои Калом, Исои Масеҳи Худованд—мебошанд. Тавре ки пайғамбарон аз ибтидо дар бораи Ӯ эълон кардаанд, ва Худи Худованд Исои Масеҳ ба мо таълим додааст, ва инчунин эътиқоди падарони муқаддас ба мо мерос мондааст.
Инсон Худо нашуд
Юҳанно 1:14 мегӯяд: “Калом ҷисм гардид…” Аммо ин маънои онро надорад, ки вақте мо мегӯем: “Худо инсон шуд ва ҷисм гирифт,” ин ба он маъност, ки як инсон Худо гардид. Инчунин, наметавон гуфт, ки Исои Масеҳ ҳамчун Каломи Худо ба инсон табдил ёфт ва танҳо пас аз ин Худо шуд. Ӯ аз азал Худи Худо буд. Аз ин рӯ, набояд чунин хато кард, ки гӯё ҷисм Худо гардид.
Натиҷа
Қӯлассиён 2:9 низ таъкид мекунад, ки: “Зеро дар Ӯ тамоми пурагии Илоҳият ҷисман сокин аст.”
Ин ҳақиқатест, ки исбот шудааст. Дар охири оят гуфта мешавад, ки “ҷисман сокин аст,” ки ба Юҳанно 1:14 монанд аст, ки мегӯяд: “Ӯ миёни мо сокин шуд.”
Ин маънои онро дорад, ки Илоҳият ба таври комил дар ҷисми Ӯ ҳузур дорад. Калимаи “мебошад” ишора мекунад, ки ин воқеият на танҳо дар як лаҳза рӯй дод, балки идома дорад. Яъне, вақте ки Ӯ ба ҷаҳон омад, ин ҳақиқат вуҷуд дошт ва то ба охир боқӣ монд. Ҳатто вақте ки Ӯ мурд ва эҳё шуд, Илоҳият ва инсоният дар Ӯ муттаҳид монданд.
Падари Осмонӣ, ман ба Ту шукр мегӯям, ки Наҷотдиҳандаро ба ҷаҳон фиристодӣ. Ман ба Каломи Ту имон дорам, ки мегӯяд, пурагии Илоҳият дар Ӯ сокин аст. Гарчанде ки ман ин мӯъҷизаро пурра дарк намекунам, бо вуҷуди ин, ман ба он имон дорам.
Ба шакли ҷисмӣ нашуд
Ҳамчунин як нуқтаи дигар ҳаст: дар ин ҷо тарҷума мегӯяд, ки “Исои Масеҳ тамоми ҳастии Худо ба шакли ҷисмӣ пурра сокин шудааст.”
Вале ин тарҷума (оммафаҳм) метавонад каме заиф бошад, зеро ибораи “ба шакли ҷисмӣ” метавонад чунин таассурот диҳад, ки гӯё сухан танҳо дар бораи зоҳирӣ меравад. Аммо дар ҳақиқат, таълимоти дуруст ин аст, ки Исо воқеан ҷисм гирифт, ҷисман сокин шуд.
Мафҳуми нодуруст дар тарҷумаҳои дигар
Дар баъзе тарҷумаҳо ба забони форсӣ низ иштибоҳи фикрӣ вуҷуд дорад. Онҳо метавонанд аз нигоҳи зебоии забон гӯянд, ки “Исои Масеҳ ҷисм пӯшид”, аммо ин тарҷума маънои нодуруст медиҳад.
Барои фаҳмидани ин масъала, мисол меорем: ҳар рӯз мо либос мепӯшем ва баъд онро аз тан берун мекунем. Агар касе чунин фикр кунад, ки Исо низ танҳо “либоси ҷисмӣ пӯшид”, пас бардошти нодуруст пайдо мешавад.
Аммо ҳақиқат чунин нест! Исо ҷисмро танҳо намепӯшид, балки Ӯ воқеан инсон шуд.
Ҷисми Ӯ танҳо муваққатӣ набуд, балки абадӣ боқӣ монд. Пас аз марг ва эҳьё низ Ӯ ҳамон як шахсияти Илоҳии худ бо табиати инсонии худ боқӣ монд. Ӯ шакле нагирифт, ки метавонист онро бипартояд ё тағир диҳад, балки Ӯ воқеан муҷассам шуд.
Таълимоти нодуруст ва хатари он
Баъзе таълимоти нодуруст чунин мегӯянд, ки “Падар ҳамон Писар аст ва Писар ҳамон Падар аст, инчунин Писар ба шакли Падар ё Рӯҳулқудс табдил шудааст.”
Ин комилан нодуруст аст!
Ҳангоми омӯзиши каломи Худо, бояд эҳтиёт кунем ва нагӯем: “Ӯ ҷисм пӯшидааст”, зеро чунин ибора метавонад маънои хато диҳад. Ин фикр ва таълимоти бардурӯғ аст ва метавонад моро ба роҳи нодуруст барад.
Бинобар ин, мо бояд бо диққат бошем, чунин чизҳоро нагӯем ва ҳатто дарс низ бо чунин тарзи иштибоҳ надиҳем.
Муҷассами Исо доимӣ аст
Шояд имрӯз саволе ба миён ояд: Оё Исои Масеҳ пас аз эҳё шуданаш ҳанӯз ҳам дар ҷисм боқӣ мондааст?
Мо медонем, ки Исо рӯҳан дар байни мост, зеро дар Навиштаҳо гуфта шудааст: “Агар ду ё се нафар ба исми Исои Масеҳ ҷамъ шаванд, Ӯ дар миёни онҳо хоҳад буд.” (Матто 18:20). Бале, Исо рӯҳан бо мост, аммо ин ба саволи мо пурра ҷавоб намедиҳад, зеро мавзӯъ дигар аст.
Дар Аъмоли ҳаввориён 1:11 гуфта мешавад:
“Эй мардони Ҷалил! Чаро дар ин ҷо истода, ба осмон менигаред? Ҳамин Исо, ки аз пеши шумо ба осмон бурда шуд, боз ҳам ҳамин тавр бар хоҳад гашт.”
Ҳамин Исое, ки бо ҷисм эҳё шуд, ҳамон Исое, ки бо Петрус якҷоя моҳӣ мехӯрд, ҳамон Исое, ки нонро шикаста, ба шогирдонаш медод, бо ҷисми эҳёшуда ба осмон сууд кард. Ва Навиштаҳо мегӯянд, ки Ӯ ҳамон тавре ки рафт, боз хоҳад гашт.
Имрӯз Исои Масеҳ дар тарафи рости Подшоҳи Худо нишастааст ва бо ҷисми эҳёшудаи худ дар тахти Худованд қарор дорад. Яъне, ҷисми эҳёшудаи Исо доимӣ аст. Ин шакли муваққатӣ набуд, балки Ӯ то абад ҳамин тавр боқӣ мемонад.
Барои мо, барои гуноҳҳои мо, барои муҳаббаташ ба мо ва барои наҷоти мо, Исои Масеҳ инсон шуд, омад ва бо ҷисм бархест. Ӯ бо ҳамин ҷисм ба осмон рафт ва бо ҳамин ҷисм бармегардад. Шукр ба Худо!
Филиппиён 2:7-8
Оё Филиппиён 2:7-8 зиддият дорад? Дар Филиппиён 2:7-8 гуфта мешавад: “Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо кард. Ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавти салиб фармонбардор буд.” Ин оят аз кам шудани Худованд дар замини мо сухан мегӯяд. Ӯ ба мисли ғулом заҳмат кашид, мисли одамизод шуд ва бо хоксорӣ ба марг рафт. Аммо ин маънои онро надорад, ки ҷисми эҳёшудаи Ӯ муваққатӣ буд. Баръакс, пас аз эҳё шуданаш, Ӯ ҳамон Исои Масеҳ бо ҷисм боқӣ монд.
Фикрҳои ботил ва таълимоти нодуруст
1. Баъзеҳо ба он чи пеш аз Исои Масеҳ буд, пайравӣ мекунанд ва Ӯро ҳамчун Худованд қабул надоранд.
2. Баъзеҳо таҷрибаҳои ҳаяҷоноварро муҳимтар аз роҳ рафтан бо Худо медонанд.
3. Баъзеҳо таълимотҳои навро, ки ба таҷрибаи инсон асос ёфтаанд, қабул мекунанд, аммо онҳо ҳақиқат нестанд.
4. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки пешрафти воқеӣ дар намуди зоҳирӣ рух медиҳад, на дар дохили мо, ки Исои Масеҳ кор мекунад.
Парвардигоро, моро аз фикрҳои ботил нигоҳ дор! Биёед ба Навиштаҳо ҳамчун роҳнамо ва ҳақиқат назар кунем ва аз муҳаббат ва аъмоли аҷиби Худованд дур нашавем. Омин!
Исо – манбаи ҳаёт
Як достон аст:
Як рӯз ман бо як марди кӯҳистонӣ назди чашмае будам. Мехостам ба ӯ Хабари Хуш гӯям ва Инҷилеро ба ӯ ҳадя кунам.
Ӯ пурсид: — Ин тӯҳфа чӣ аст?
Гуфтам: — Ин китобро мехостам ба шумо тӯҳфа кунам.
Ӯ боз пурсид: — Ин чӣ хел китоб аст?
Гуфтам: — Ин Инҷил аст, ки дар бораи ҳаёти Исои Масеҳ нақл мекунад.
Ӯ ҷавоб дод: — Ҳама чизе, ки дар бораи Ҳазрати Исо лозим аст, дар китоби худи мо ҳаст.
Ман гуфтам: — Ин китоб сарчашмаи ҳаёти Исои Масеҳ аст. Ҳар касе аз ин об бинӯшад, ҳаргиз ташна намемонад. Чӣ метавонад аз ин беҳтар бошад?
Баъд ман аз ӯ пурсидaм: — Оби чашма беҳтар аст ё обе, ки аз сарчашма дур шуда, поёнтар меравад?
Ӯ гуфт: — Албатта, обе, ки аз сарчашма мебиёяд, софу зулол аст ва беҳтар.
Гуфтам: — Ин Китоб низ чунин аст – сарчашмаи ҳаёти Исои Масеҳ.
Ӯ Инҷилро гирифт, ба келинаш дод ва ба сари кораш рафт. Вақте ӯ рафт, он хонум бо хушҳолӣ гуфт:
— Ман хеле шодам, ки Инҷилро гирифтам! Чунки ман Исоро дар хоб дида будам ва мехостам ин китобро бихонам.
Ин нишон медиҳад, ки манбаи аслии ҳаёт – Исои Масеҳ аст.
Азизон! Ба Ӯ назар кунед ва бе Ӯ ба чизе нигоҳ накунед. Суханон ва нишонаҳо дар бораи Ӯ бисёранд, аммо Қӯлассиён 2:9 ояти асосист, ки кӣ будани Исои Масеҳро нишон медиҳад.
- Шарҳ: Истилоҳи «модари Худо» баъзан барои бузург доштани Марям нодуруст фаҳмида мешавад. Аммо маънои ҳақиқии Китоби Муқаддас ин аст, ки Худо Марямро барои таваллуди мӯъҷизавии Масеҳ истифода бурд. Худо аз абад вуҷуд дорад. Шӯрои Эфсӯс, ки 20 сол пеш аз Синоди Халкидон баргузор шуд, ба гиромидошти Марям шурӯъ кард. Ин боиси он шуд, ки католикҳо баъдан ба ӯ дуо ва саҷда кунанд, гарчанде ки чунин чиз дар Китоби Муқаддас таълим дода нашудааст.