
Маънои китоби 1 Петрус
- Маънои китоби 1 Петрус
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 1:1 то 12
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрос 1: 13 то 25
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:1 то 10
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:11 ба 25
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:1 то 12
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:13 то 22
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 4:1-11
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 4:12 то 19
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 5:1 то 14
Номаи якуми ҳаввории муқаддас Петрус
Вақте ки мо барои Масеҳ азоб мекашем
Табиатан одам хомӯшона азоб намекашад. Ин изҳорот хусусан вақте муҳим аст, ки шахс мефаҳмад, ки ӯ беайб азоб мекашад. То он ки хомӯшона ба нобасомониҳои тақдир тоб оварад, ба одам касе лозим аст, ки ӯро ба ин равона кунад.Барои аввалин масеҳиён, ки дар қаламрави Турсияи ҳозира зиндагӣ мекарданд, ва онҳое, ки танҳо барои масеҳӣ будана-шон азоб кашиданд, ин «шахс» Ҳаввории Петрус буд. Одами азоб мекашида, муҳтоҷи фаҳмидани маънои занҷирҳои худ мебошад. Ва Петрус маънои онро медиҳад. Масалан, масеҳиён ба ҳокимияти давлатӣ эҳтиром зоҳир намуда, тарзи ҳаёти солим мебурданд, дидани тарзи ҳаёти солими некӯкор, ин подоши ҷавоби «даҳони мардуми беандеша» мебошад. (2:15).
1 Ҳамчунин шумо, эй занон, ба шавҳарони худ итоат намоед, то ки, агар баъзе аз онҳо мутеи калом набошанд, ба воситаи рафтори занон бе калом тобеъ гарданд, 2 Вақте ки рафтори поки худотарсонаи шуморо мушоҳида кунанд. (1 Петрус 3:1-2)
Лекин занони масеҳӣ, ки шавҳарони беимон доранд, метавонанд бо намунаи ҳаёти худотарсии худ, ба наҷоти онҳо саҳм гузоранд.
Петрус он қадар дур намеравад, ки одамонро ба азобҳо даъват кунад, чуноне ки диндорон дар асрҳои минбаъда амал мекарданд. Бо вуҷуди ин ӯ мегӯяд: «агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯи кунанд, хушо шумо» (4:14 ).
Дар муҳити зидди масеҳиён, дар нимаи асри 1, ба имондорон лозим набуд, ки таъқиботро ҷустуҷӯ кунанд, таъқибот худаш аз онҳо пеш мегузашт. Ҳавворӣ ба онҳо таълим медод, ки худро қурбонишуда фикр накунад, балки аз шароити номуносиб истифода бурда, ба атрофиён нишон диҳанд, ки аслан масеҳиён кӣ ҳастанд, онҳо пайравони Исо ҳастан.
Мавзӯъ
Масеҳиёне, ки дар панҷ музофоти империяи Рум зиндагӣ мекунанд, дар Осиёи Хурд (ҳозира ғарбии Туркия), барои имони худ ба Масеҳ, ба таъқиботи сахт дучор мешуданд. Румиён дигар масеҳиятро мисли як шохаи дини яҳудӣ медонистанд, ки доштани мақоми динӣ иҷозат буд. Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ, масеҳиёнро маҷбур карданд, ки фарҳанги румӣ ва худоёни онҳоро қабул кунанд, ки дар бораи миссия шаҳодат надиҳанд. Риоя кардани ин талабот боиси таҳдидҳо, мусодираи молу мулк, погромҳо ва ҳатто қатлҳо гардид.
Петрус ин номаро навишта умед дошт, ки имондоронро дастгирӣ ва илҳом бахшад. Барои ин, ӯ ба онҳо хотиррасон мекунад, ки қурбонии Масеҳ ва абадият, чӣ маъно дорад: «на бо фидияи нуқра ё тилло харида шудаед аз ҳаёти ботиле, …балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ» (1:18,19). Дар бораи ин, ҳавворӣ, масеҳиёнро ба тарзи рости ҳаёти солим даъвад мекунад, ки Худо онҳоро ба ин даъват кардааст. Онҳо бояд мақомоти мавҷударо эҳтиром кунанд, аммо барои дифоъ ба имони худ омода бошанд.
Муаллиф ва саннаи навиштан
Нома бо забони юнонии шево навишта шудааст. Ин ҳайратовар аст, ки онро як моҳигири оддии яҳудӣ навиштааст. Петрус муайян мекунад: «ба воситаи Силвонус ба шумо мухтасар навиштаам» (5:12).
Аён аст, ки суханони Петрусро Силвонус «сайқал дода» буд, ки ӯ ҳамон ҳамроҳи ҳаввории Павлус дар сайёҳатҳо дар вилоятҳои юнонизабон буд (Аъмол 15:22).
Шояд ин нома дар замони таъқиботи «ғайрирасмӣ» – и маҳаллӣ, бар зидди пайравони Масеҳ навишта шудааст, дар аввали солҳои 60 – ум. Ё пас аз он, ки император Нерон масеҳиёнро дар оташ задани Рум дар соли 64 – ум айбдор кард.
Ҷои амалҳо
Дар куҷо навишта шудани ин нома дақиқ маълум нест. Петрус аз калисои Бобил салом мерасонад (5:13), шояд шаҳри ҳамном Ироқ ё Мисрро дар назар дошт. Бо вуҷуди ин, мумкин аст, ки ин як номи махфии Рум буд. Пас аз солҳои 70 – ум вақте ки румиён Ерусалимро хароб карданд, яҳудиён Румро Бобил номиданд, ки дар байни ин ду империяи тавоно барои сарват ва ифлосияшон қиёс карда, ин чунин барои он, ки онҳо ҳам Ерусалимро запт карда маъбадро вайрон карданд.
«Андешаҳои дил аз они одам аст, вале ҷавоби
забон аз ҷониби Худовандаст». (Масалҳо 16:1)