Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Китоби Доварони Исроил
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:12-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 12:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 14:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 15:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:15-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 17:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:10-21
- Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:13-25
Ваъдаи беандеша ва натиҷаи фоҷиаовар
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Талошҳои Йифтоҳ барои бо роҳи осоишта ҳал кардани муноқиша барбод рафт. Худои Таоло Рӯҳи Худро бар ӯ рехт ва ин беш аз кофӣ буд. Бо вуҷуди ин, Йифтоҳ ба Худованд ваъдаи беандеша дод, ки ин ба оқибатҳои фоҷиавӣ оварда расонд (оят.29-40).
Хислати Худо
Ва Рӯҳи Худованд бар Йифтоҳ буд, ва ӯ аз Ҷилъод ва Менашше гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод гузашт, ва аз Мисфои Ҷилъод ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт. (11:29)
32 Ва Йифтоҳ ба ҳудуди банӣ‐Аммӯн гузашт, то ки бо онҳо ҷанг кунад; ва Худованд онҳоро ба дасти ӯ супурд. 33 Ва ӯ ба онҳо аз Арӯэр то даромадгоҳи Минит, ки бист шаҳр воқеъ буд, ва то Обил‐Каромим шикасти бағоят бузурге расонид; ва банӣ‐Аммӯн пеши банӣ‐Исроил сар фуроварданд. (11:32-33)
Худои Таоло Рӯҳи Худро бар Йифтоҳ рехт ва ӯро довар бар Исроил таъин кард. Ҳарчанд Ӯ қаблан гуфта буд, ки дигар нияти наҷот додани исроилиёнро надорад барои гуноҳҳои онҳо, ва раҳмдил буда, бори дигар ба онҳо наҷотдиҳанда дод, зеро азобу уқубатҳои халқи Худро дида наметавонист. Ин боз як далели он аст, ки муҳаббати Худо ба халқи Худ васеъ ва дилсӯз аст.

Дарсҳои Худо
30 Ва Йифтоҳ барои Худованд назр карда, гуфт: «Агар Ту банӣ‐Аммӯнро ба дасти ман таслим намоӣ, 31 Он гоҳ бигзор чунин шавад: ҳангоме ки аз банӣ‐Аммӯн ба саломатӣ баргардам, ҳар кӣ аз дари хонаи ман ба пешвози ман берун ояд, бигзор аз они Худованд бошад, ва ман варо ҳамчун қурбонии сӯхтанӣ хоҳам овард». (11:30-31)
Орзуи Йифтоҳ барои пирӯзӣ бар душманаш он қадар ӯро фаро гирифт, ки пеш аз ҷанг ӯ ба Худованд ваъдаи беандеша дод. Ин ба маъное зуҳури нобоварӣ ба Худо буд, ки аллакай Рӯҳи Муқаддаси Худро ба Йифтоҳ ҳамчун гарави пирӯзӣ рехт. Йифтоҳ мисли бутпарасте рафтор кард, ки кӯшиш мекард, ки бо Худо “савдо” кунад.