1 Юҳанно

Роҳи Ғалаба – 1 Юҳанно 5

This entry is part 6 of 6 in the series Номаи якуми Юҳанно

Имон ба Исои Писари Худо ҷаҳонро мағлуб менамояд.

5:1-12

Дӯст доштани Худо маънои дӯст доштани дигаронро дар доираи оилаи рӯҳонии Худо дорад. Зеро чӣ гуна мо метавонем Худоро, ки Ӯро намебинем, дӯст дорем, агар дигаронро, ки онҳоро мебинем, дӯст надорем? (1 Юҳанно 4:20).

Мӯъмини ҳақиқӣ:
• Дигаронро дӯст медорад.
• Худоро ва аҳкоми Ӯро дӯст медорад.
• Бо таъсироти манфии ҷаҳон мубориза мебарад ва ғолиб мебарояд (5:4).

Мо, ки аз Худо таваллуд шудаем (5:4), ба ҳадафашон расидани хоҳишҳо ва таъсироти ҷаҳон муқобилат мекунем. Дар номаи 1 Ёҳанно мафҳуми «таваллуди Худо» 8 маротиба зикр шудааст.

Аломатҳои таваллуди рӯҳонӣ:
1. Мо адолатро иҷро мекунем (2:29).
2. Мо гуноҳ намекунем ва дар ҳаёти гуноҳона намемонем (3:9).
3. Дигаронро дӯст медорем (4:7).
4. Ба Исои Масеҳ ҳамчун Наҷотдиҳандаи таҷассумшуда имон дорем (5:1).

Дар бораи ояти 1 Юҳанно 5:7
Олими Китоби Муқаддас қайд мекунанд, ки ибораи шаҳодати Падар, Писар ва Рӯҳ эҳтимолан қисми аслии матни юнонӣ нест. Сабабҳои зерин оварда шудаанд:
1. Ҳеҷ як дастнависи Китоби Муқаддас ба забони юнонӣ ин ибораро то соли 1400 нишон намедиҳад.
2. Ибора аз лотинӣ омада, бо таъсири он дубора ба юнонӣ тарҷума шудааст.
3. Он дар ҳуҷҷатҳои Шӯроҳои Никея ва Халседон зикр нашудааст.
4. Падарони калисо ин ибораро дар иқтибосҳои пеш аз соли 451 истифода накардаанд.

Ба ҳамин далел, эҳтимол меравад, ки ин ибора баъдтар илова шудааст.

Ҳадафи асосӣ:
Назар ба баҳсҳо дар бораи тарҷума ва шарҳи баъзе оятҳо, вазифаи мо ҳамчун пайравони Масеҳ паҳн кардани Каломи Худо ва эҷоди муҳаббат миёни одамон аст.

Андешаҳои тафсирӣ

Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»

5:1 – Акнун Юҳанно аз мавзуи меъёрҳои баҳодиҳии ҳаёт боз ба таҳлили таълимот бармегардад. Мо ҳамчунин метавонистем онро тафтиши имон номем. Дар се ояти аввал натиҷаҳои имон номбар карда мешаванд. Аввал зодашавии илоҳӣ меояд, сипас муҳабб ат ба Худо, баъд – муҳабб ат ба бародарони имондор ва ниҳоят, риояи фармудаҳои Худо. Пеш аз ҳама мо зодашавӣ аз Худоро дорем: ҳар кӣ имон дорад, ки Исо Масеҳ аст, вай аз Худо таваллуд
ёфтааст. Ин ҷо имон на танҳо бо идрок ба факт розӣ шудан, балки ҳаётро ба Исо ҳамчун ба Масеҳ бахшидан аст.

Агар мо ҳақиқатан аз Худо таваллуд ёфта бошем, Ӯро дӯст хоҳем дошт. Ва на танҳо Ӯро, балки фарзандони Ӯро низ дӯст хоҳем дошт. Бояд гуфт, ки мо бояд на танҳо касонеро, ки ба ҷамоати маҳаллии мо ё ба як намуди муайяни калисо дохил ҳастанд, балки ҳамаи имондоронро дӯст дорем.

5:2-3 – Натиҷаи чоруми имон ба фармудаҳои Худо итоат кардан аст. Аз ин медонем, ки фарзандони Худоро дӯст медорем, ки Худоро дӯст дорем ва фармудаҳои Ӯро риоя кунем. Ба онҳое ки ҳақиқатан наҷот ёфтаанд, иҷро кардани хости Худо хос аст. Муҳаббати мо ба Худо дар хоҳиши ба ҷо овардани фармудаҳои Ӯ ифода меёбад. Худованд Исо гуфтааст: «Агар Маро дӯст доред, фармудаҳои Маро риоя мекунед» (Юҳ. 14:15).
Вақте Юҳанно мегӯяд, ки фармудаҳои Ӯ гарон нестанд, онро дар назар надорад, ки онҳо душвор нестанд, балки, аниқтараш, онҳо маҳз ҳамон чизҳое мебошанд, ки аз олами боло зодашудагон иҷро кардани онҳоро дӯст медоранд. Вақте шумо ба модар маслиҳат медиҳед, ки ба кӯдак бештар ғамхорӣ намояд, шумо фақат он чизеро маслиҳат медиҳед, ки вай ба ҷо оварданашро дӯст медорад. Фармудаҳои Худованд барои мо беҳтаринанд, онҳо
ҳамоне мебошанд, ки табиати нави мо аз он самимона ба ваҷд меояд.

5:4 – Сипас мо оид ба сирри ғалаба бар ҷаҳон мефаҳмем. Системаи ҷаҳонӣ барномаи даҳшатовари васвасаҳост, ки доимо кӯшиш мекунад моро аз Худо ва аз он чи ҷовидонист, дуртар кашида барад ва моро ба чизи муваққатӣ ва ҷисмонӣ ҷалб кунад. Одамони ҷаҳон пурра бо чизҳои тезгузар ва эҳсосотӣ машғул мебошанд. Онҳо қурбонии чизи гузаранда шудаанд.

Танҳо одаме ки аз Худо таваллуд ёфтааст, ҳақиқатан бар ҷаҳон ғолиб мешавад, чунки бо имон вай метавонад бар бебақоии ин ҷаҳон баланд шавад ва ҳама чизро дар дурнамои ҳақиқӣ, абадӣ бинад. Ҳамин тариқ, дар ҳақиқат на олимони бузург, файласуфон ё рӯҳшиносон, балки имондорони одие бар ҷаҳон ғолиб мешаванд, ки гузаранда будани чизи ба назар менамуда ва абадӣ будани чизи ноаёнро мефаҳманд. Нури ҷалоли Худо, ки дар Масеҳ зоҳир карда шуд, ҷалоли ин ҷаҳонро мепӯшонад.

5:5 – Чунон ки дидем, мавзуи ин боб имон ҳамчун санҷиши ҳаёти абадӣ мебошад. Юҳанно худи ҳозир зикр кард: Кист, ки бар ҷаҳон ғолиб мешавад, ғайр аз касе ки имон дорад, ки Исо Писари Худост? Акнун вай фаҳмондани ҳақиқатро оид ба хизмати Худованд Исои Масеҳ давом медиҳад.

5:6 – Вай мегӯяд: «Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун омадааст». Оид ба маънои ин суханон мубоҳисаҳои зиёде буданд. Баъзеҳо чунин меҳисобанд, ки об ва хун ба об ва хуне дахл доранд, ки аз бадани Наҷотдиҳанда ҷорӣ мешуд (Юҳ. 19:34). Дигарон ақида доранд, ки об ба Рӯҳи Худо дахл дорад, хун бошад ба он хуне ки дар Ҷолҷолто рехта шуд, дахл дорад. Дигарон тахмин мекунанд, ки расул ба зодашавии табиӣ ишора мекунад, ки он ҷо об ва хун ҳаст. Мо мехостем маънидоди чорумро пешниҳод кунем он бидъати гностикҳоро ба назари эътибор мегирад, ки расул онро дар ин Нома фош карданӣ мешавад.

Чунон ки пештар зикр шуда буд, гностикҳо чунин фикр мекарданд, ки Масеҳ бар Исо дар лаҳзаи таъмид гирифтани Ӯ фуруд омада, пеш аз азобҳо, яъне дар боғи Ҷатсамонӣ Ӯро тарк кард. Бо суханони дигар, онҳо гӯё мегуфтанд: «Масеҳ дар салиб намурдааст, он ҷо Исои одам мурд». Ин, албатта, кори Ӯро
аз арзиши кафораткунандааш барои гуноҳҳои дигарон маҳрум мегардонад. Мо тахмин мекунем, ки Юҳанно обро ҳамчун рамзи таъмиди Исо ва хунро ҳамчун марге ки гуноҳро барҳам медиҳад, истифода бурдааст. Ин ду пункти охирини хизмати вай дар назди омма буд. Юҳанно мегӯяд, ки Исо ҳам ҳангоми дар салиб мурда истодан ва ҳам ҳангоми дар Урдун таъмид гирифтан Масеҳ буд. Ӯ Исои Масеҳ аст, ки бо об ва хун омадааст, на танҳо бо
об (чуноне ки гностикҳо меҳисобанд), балки бо об ва хун. Таассуроте ҳосил мешавад, ки дили инсон ҳамеша кӯшиш мекунад, то аз таълимоти кафорат халос шавад. Одамон дар Худованд Исо Одами комилро, намунаи идеалии Касеро диданӣ ҳастанд, ки ба мо кодекси ҳайратовари ахлоқро додааст. Аммо Юҳанно таъкид менамояд, ки Худованд Исо на танҳо Одами комил, балки Худои комил низ ҳаст.
Оне ки дар Урдун таъмид гирифт, ҳаёти Худро барои гуноҳкорон қурбон намуд. Одамон ба Масеҳ мегӯянд: «Аз салиб поин фаро, ва мо ба Ту бовар мекунем» (ниг. Марқ. 15:32). Агар онҳо салибро аз фикри худ бартараф карда тавонанд, хушбахт мешаванд. Аммо Юҳанно мегӯяд: «Не. Шумо Худованд Исои Масеҳро аз кори наҷот, ки дар Ҷолҷолто ба амал овард, ҷудо карда наметавонед».

Ва Рӯҳ шаҳодат медиҳад, чунки рӯҳ ростист. Ин маънои онро дорад, ки Рӯҳулқудс ҳамеша ҳақиқатро дар бораи Худованд Исо, ки онро Юҳанно ошкор намуд, дар худ дорад. Вай оид ба он шаҳодат медиҳад, ки Масеҳ на танҳо бо об, балки бо об ва хун омадааст, чунки ин ҳақиқати Худост.

5:7-8 – Баъзе масеҳиёни худотарс ба изтироб ва ҳаяҷон меоянд, вақте мефаҳманд, ки қисмҳои алоҳидаи оятҳои 7 ва 8 дар асл танҳо дар якчанд дастнависҳои юнонии Инҷил оварда шудаанд. Аммо ин ба ҳеҷ ваҷҳ ҳақиқатро дар хусуси бо илҳоми илоҳӣ навишта шудани Навиштаи Муқаддас халалдор намекунад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ин калимаҳоро нигоҳ доштан муҳим аст, чунки ин ҷо оид ба ҳар се Шахси Ваҳдати Сегонаи Илоҳӣ зикр мешавад. Аммо ҳақиқат оид ба Ваҳдати Сегона танҳо ба ин порча вобаста нест, чунки дар бисёр оятҳои дигари Навиштаи Муқаддас ҳаст.

Дар оятҳои гузашта ҳақиқатро оид ба Шахсият ва амали Масеҳ баён карда, Юҳанно муайян намудани боварибахш будани имони моро ба Ӯ давом медиҳад. Вай мегӯяд, ки се ҳастанд, ки шаҳодат медиҳанд (калимаҳои «дар замин» ба ин тааллуқ надоранд): рӯҳ, об ва хун; ва ин се мувофиқат мекунанд. Агарчи Сухани Худо ҳамчун асос барои имони мо бояд кофӣ бошад, бо вуҷуди ин Ӯ аз рӯи лутфу марҳамати Худ ба мо далели сегона оид ба ҳақиқат медиҳад. Пеш аз ҳама Рӯҳи Худо аз он ҳақиқате шаҳодат медиҳад, ки Исои Масеҳ –Худо ва Наҷотдиҳандаи ягонаи ҷаҳон аст. Шаҳодати Рӯҳро дар Сухани
Худо навишташуда пайдо мекунем.

Сипас шаҳодати об дода шудааст. Мо тахмин мекунем, ки ин ба он чизе дахл дорад, ки ҳангоми таъмид гирифтани Худованд Исо рӯй дод. Он вақт Худо осмонро боз намуда, кушоду равшан эълон намуд: «Ин аст Писари дӯстдоштаи Ман, ки аз Ӯ хушнудам». Ҳамин тариқ, Худо Падар ба шаҳодати Рӯҳ шаҳодати шахсии Худро оид ба Шахсияти Исо ҳамроҳ намуд.
Билохира, шаҳодати хун дода шудааст. Дар салиб Худованд Исо оид ба Худ шаҳодат медод, ки Ӯ Писари Худост. Ҳеҷ кас аз Ӯ ҳаётро наситонда буд; Ӯ Худ онро дод. Агар Ӯ одами одӣ мебуд, ин корро карда наметавонист. Хуни Худованд Исои Масеҳ аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи гуноҳ барои ҳамеша
ҳал шуда буд. ҳар се шаҳодат мувофиқат мекунанд. Яъне онҳо дар шаҳодат оид ба камолоти Шахсият ва амали Масеҳ як ҳастанд.

5:9 – Акнун Юҳанно далели таъсирбахш пешниҳод мекунад; «Агар мо шаҳодати одамиро қабул кунем, шаҳодати Худо бузургтар аст». Дар ҳаёти ҳаррӯза мо одатан ба суханони рафиқонамон бовар мекунем. Агар мо ба суханони онҳо бовар намекардем, соҳибкории мо бозмеистод ва ҳаёти иҷтимоӣ имконнопазир мегардид. Мо шаҳодатҳо ё далелҳои одамонеро қабул мекунем, ки метавонанд хато кунанд ё фиреб диҳанд. Агар мо инро дар ҳаёти ҳаррӯза мекарда бошем, пас, ба Каломи Худо, ки устувор аст ва дурӯғ гуфта наметавонад, чӣ қадар бояд бовар кунем! Ба Худо бовар накардан тамоман оқилона нест. Шаҳодати Ӯ шоистаи боварии мутлақ аст.

5:10 – Ҳангоме ки одам шаҳодати Ӯро оид ба Писараш ҳақиқатан қабул мекунад, Худо ҳақиқатро муҳр зада, ба одам шаҳодати Рӯҳро дар худ медиҳад. Аз тарафи дигар, шахсе ки ба Худо имон надорад, Ӯро дурӯғгӯй тасаввур мекунад; зеро ба шаҳодате ки Худо дар бораи Писари Худ додааст, имон надорад. Одамон фикр мекунанд, ки метавонанд шаҳодати Худоро оид ба Масеҳ қабул ё рад кунанд, аммо Юҳанно ба онҳо мефаҳмонад, ки рад кардани Ӯ дар дурӯғгӯӣ айбдор намудани Худост.

5:11 – Сипас Юҳанно хабари масеҳиро хулоса мекунад: «Ва ин шаҳодат аз он иборат аст, ки Худо ба мо ҳаёти абадӣ додааст, ва ин ҳаёт дар Писари Ӯст». Чӣ ҳақиқати бузургест, ки Худо ба одамон ҳаёти абадиро дод ва сарчашмаи он дар Писари Ӯст!

5:12 – Аз ин ҷо ногузир хулосаи зерин бармеояд: Касе ки Писарро дорад, ҳаёт дорад, касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт надорад. Таълимот пурра фаҳмо аст. Ҳаёти абадиро на дар таҳсил ё фалсафа, на дар илм ё корҳои нек, на дар дин ё калисо метавон ёфт. Барои ҳаёт доштан Писари Худоро доро будан лозим аст. Касе ки Писари Худоро надорад, ҳаёт, яъне ҳаёти ҳақиқӣ надорад. Ҳаёти абадӣ аз Исои Масеҳ ҷудонашаванда аст.

5:13-21

Мо аз куҷо медонем, ки мо ҳаёти ҷовидонӣ дорем?

Мо на аз рӯи нафси худ ва на аз рафтори худ медонем зеро Худо ваъда додааст, ки онҳое, ки ба Исо имон доранд, ҳаёти ҷовидонӣ хоҳанд дошт. Ваъдаҳои Худо дақиқ ва бешубҳа мебошанд. Мо Ӯро ҳамду сано мегӯем, ки моро фарзандони худ гардонидааст, ба мо ҳаёти ҷовидонӣ ато намудааст ва дуоҳои моро мешунавад. Чӣ қадар баракатҳое ҳастанд, ки мо ҳеҷ гоҳ худ ба даст оварда наметавонем!

“Дуо воситаи қулай нест, ки иродаи моро ба Худо бор кунем ё иродаи Ӯро ба иродаи мо хам кунем, балки роҳи муқарраршудаи тобеъ кардани иродаи моро ба Ӯст. Маҳз ба воситаи дуо мо иродаи Худоро меҷӯем, онро қабул мекунем ва ба он мувофиқат мекунем. Ҳар як дуои ҳақиқӣ як варианти мавзӯи «иродаи Ту иҷро шавад» мебошад.” (Ҷон Стотт)

Худовандо, дили маро ба иродаи Ту мувофиқ кун, то ман бузургии ваъдаҳои Туро барои ҳаёти худ дарк кунам.

“Валекин мо медонем, ки Писари Худо омада, ба мо ҳикмат бахшид, то ки ҳақро дарк кунем, ва мо дар ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти ҷовидонӣ мебошад.”
(1 Юҳанно 5:20)

Кафолат аз донистан ва дуо кардан меояд. Худо дуоҳои моро мешунавад (1 Юҳанно 5:14). Дуоҳои мо бояд барои дигарон бошанд, то онҳо аз ваъдаҳои бузурги Худо дур нашаванд. Гуноҳ ба марг мебарад, аммо рафтор дар Масеҳ ба ҳаёт мебарад. Дуо кунед, ки ҳамаи имондорон дар ҳаёт қадам зананд.

Андешаҳои тафсирӣ

Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»

5:13 – Акнун мо ба қисми хулосавии Нома наздик мешавем. Пеш аз ҳама Юҳанно возеҳан изҳор менамояд, ки чаро вай оятҳои пешинаро навиштааст. Мақсад он аст, ки онҳое ки ба номи Писари Худо имон доранд, донанд, ки ҳаёти абадӣ доранд. Агар шумо нишонаҳои фарзандони Худоро доред, пас, донед, ки дар оилаи Худо зода шудаед. Дар ин оят боз як ҳақиқати пурқимат баён шудааст: Боварӣ ба наҷот ба воситаи Сухани Худо меояд. Юҳанно
инро барои он навишт, то одамон донанд, ки ҳаёти абадӣ доранд. Дигар хел карда гӯем, Навиштаи Муқаддас барои он навишта шудааст, ки касоне ки ба Худованд Исо имон доранд, ба наҷот боварӣ дошта бошанд. Умед кардан ё тахмин намудан, ҳис кардан ё дар торикӣ даст-даст карда пеш рафтан зарур нест. Дилпурӣ оид ба наҷот ҳавобаландӣ нест. Юҳанно возеҳан изҳор менамояд, ки ҳақиқатан ба Худованд Исо имондоштагон бояд донанд, ки ҳаёти
абадӣ доранд.

5:14-15 – Худ аз худ маълум аст, ки ба ҳаёти абадӣ боварӣ дошта, мо ба ҳузури Худо бо ҷуръат истода метавонем. Юҳанно ин ҷуръатро дар оятҳои 14 ва 15 тасвир мекунад. Мо медонем, ки мо мувофиқи хости Ӯ чизеро талаб кунем, Ӯ дуоҳои моро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб медиҳад. Бешубҳа, аз дуо кардан оид ба он чи ба хости Ӯ мувофиқат намекунад, бояд тарсем. Шояд касе гӯяд: «Охир, ман чӣ тавр хости Худоро дониста метавонам?» Ҷавоб чунин аст: хости Худо ба мо дар Навиштаи Муқаддас ошкор шудааст, ва аз ҳамин сабаб мо бояд Каломро омӯзем, то ки хости Худоро беҳтар донем ва боақлонатар дуо кунем.

5:16 – Юҳанно мисоле меорад, ки кай имондор бо ҷуръат дуо карда метавонад ва кай ин ҷуръат имкон надорад. Агар касе бародари худро бинад, ки гуноҳе мекунад, ки анҷомаш марг нест, бигзор дуо гӯяд, ва Худо ӯро зиндагӣ мебахшад: дар бораи онҳое мегӯям, ки анҷоми гуноҳашон марг нест. Ин, аз афташ, он ҳолатест, ки масеҳӣ дар фаъолияти гуноҳолуд иштирок доштани бародарро мебинад. Аммо ин на он гуноҳест, ки барояш гуноҳкорро аз
ҳаёт маҳрум кардан лозим аст. Дар ин ҳолат имондор метавонад оид ба барқароршавии шахси гуноҳкунанда дуо кунад, ва Худо ба талабкунанда ҳаёти гуноҳкореро, ки анҷоми гуноҳаш марг нест, медиҳад. Аммо гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг аст, ва расул илова мекунад: дар бораи чунин гуноҳ намегӯям, ки дуо гӯед.

5:17 – Ҳар ноинсофӣ гуноҳ аст, лекин гуноҳе ҳаст, ки анҷомаш марг нест. Дар дараҷаи гуноҳ фарқҳои гуногуне ҳаст, ва гуноҳҳое ҳастанд, ки на он қадар ҷиддӣ ҳастанд, то боиси марг шаванд.

5:18 – Аз ояти 18 сар карда, Юҳанно воқеиятҳои бузург ва бешубҳаи имони масеҳиро такрор намуда, Номаи худро ба анҷоми боазамат мебарад. Мо медонем, ки ҳар кӣ аз Худо таваллуд ёфтааст, гуноҳ намекунад. Инро ба асос гирифта, мо метавонем дилпур бошем, ки касе ки табиати илоҳӣ дорад, дигар дар гуноҳ зиндагӣ намекунад. Сипас сабаб меояд: балки касе ки аз Худо таваллуд ёфт, худро нигоҳ медорад, ва шарир ба вай даст намерасонад. Чун дар 3:9, ин суханон ба имондори ҳақиқӣ дахл доранд, ки ба шарофати табиати илоҳӣ худро аз гуноҳ барканор мегирад. Танҳо ба ҳамин гуна одам бадӣ зарар расонида наметавонад.

5:19 – Ҷавоби масеҳиёна ба касоне ки аз рӯи гуфтаашон, гӯё дониши олӣ доранд, чунин аст: мо медонем, ки аз Худо ҳастем, вале тамоми ҷаҳон зери фармони шарир аст. Юҳанно маънои калимаҳоро ҳеҷ нармтар намекунад. Вай танҳо ду ҷаҳонро мебинад: ҷаҳон дар Ӯ ва ҷаҳоне ки зери фармони шарир аст. Ҳамаи одамон ё наҷот ёфтаанд ё ҳалок шудаанд, ва вазъияти онҳо ба муносибат бо Исои Масеҳ вобаста аст. Бошад, ки ин гуфтаҳоро бишнавед, эй гностикҳо!

5:20 – Ҳақиқати бузурги сеюм – ҳақиқат оид ба таҷассум аст. Валекин мо медонем, ки Писари Худо омад. Юҳанно Номаи худро бо ин мавзуъ сар кард ва бо ҳамин мавзуъ ба анҷом мерасонад. Омадани Худованд Исо ба мо Касеро, ки ҳақ аст, яъне Худои ҳақиқиро зоҳир намуд. Худо Падарро танҳо ба воситаи Худованд Исои Масеҳ дарк намудан мумкин аст. «Писари ягонае ки дар оғӯши Падар аст, Ӯро зоҳир кард» (Юҳ. 1:18). Сипас Юҳанно илова мекунад: ва мо дар Ҳақ, дар Писари Ӯ Исои Масеҳ ҳастем. Боз ҳам диққат ба он марказонида мешавад, ки танҳо ба воситаи дар Масеҳ будан мо дар Худо буда метавонем.
«Касе наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба василаи Ман» (Юҳ.14:6). Ӯ Худои ҳақиқӣ ва ҳаёти абадӣ мебошад. Дигар хел карда гӯем, Юҳанно онро таълим медод, ки гностикҳо инкор мекарданд: Исои Масеҳ Худост, ва ҳаёти абадӣ танҳо дар Ӯст.

5:21 – Билохира, ба мо насиҳати хотимавии Юҳанно дода шудааст: «Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред. Омин». Амалан расул мегӯяд: «Аз ҳама гуна таълимоте ки ба ин воқеият мухолиф мебошанд, барҳазар бошед». Вай мехоҳад, ки имондорон худро аз ҳар гуна идеяҳо оид ба Худо, ки аз гуфтаҳои расулон фарқ мекунанд, нигоҳдорӣ намоянд. Исои Масеҳ Худост. ҳар гуна ақидаи дигар бутпарастӣ мебошад. Ин ҷо Юҳанно на дар бораи бутҳои
аз чӯб тарошидашуда гап мезанад. Бут худои сохта ва ё бардурӯғест, ки ҷои Худои ҳақиқиро гирифтааст. Ин ҷо бут гуфта на предмети материалӣ, балки таълимоти бардурӯғ дар назар дошта шудааст.
Усқуф Александр оид ба ин даъват чун оид ба «ларзаи суханварона» сухан меронд. Ин муроҷиатро бо суханони беҳтар аз ин навишташуда тасаввур кардан имкон надорад, бинобар ин мо тафсирро бо ларзаи суханваронаи Юҳанно ба охир мерасонем: «Эй фарзандон! Худро аз бутҳо нигоҳ доред.
Омин».

Series Navigation<< 1 Юҳанно 4 – Пурраи Муҳаббати Худо

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *