Китоби Муқаддас

Усулҳои омӯзиши Библия ва қоидаҳои тафсири он

Сарсухан                              

Мавзӯҳои ин воситаи таълимӣ мутобиқи анъанаҳои асосии теология ва таҷрибаи масеҳӣ омода гаштаанд. Онро монанди мутобиқи анъанаҳои инҷилӣ ва дар Библия асосёфта таҳшин карда шуда (соф кардашуда) дидан мумкин аст.

Ин китоби дарсӣ қисми таркибии барномаи ягонаи мустақил, ки барои як соли таҳсил ба ҳисоб гирифта шудааст, мебошад. Даҳ курси ин барнома ба пастор имконият медиҳад, ки дар тамоми нуқоти сайёра дорои донишу малакаи зарурӣ барои иҷрои бомуваффақияти вазифаи библиявии пасторӣ бошад. Аслан мавзӯъҳои ин ҷо гирдовардашуда характери умумӣ дошта, амалан дар ҳамаи намудҳои фарҳангҳо истифода бурдани он мумкин аст. Азбаски маънии контекстӣ ва мадании мавзӯъ вобаста ба шакли баён аст, на аз мундариҷа, муаллим ё мураббиро зарур аст, ки мувофиқи имконият айёният ва мисолҳои маънии фарҳангӣ доштаро интихоб намоянд, то ин ки мундариҷаи асосии мавзӯро самарабахш пешкаш кунанд. Ин даҳ воситаи таълимӣ дар баробари тафсирҳои Библия материалҳои асосии таълимии Маркази тайёркунии пасторҳо мебошад. Ин гуна муносибат самаранокии назария ва амалияи тайёркунии пасторҳоро, ки омӯзиши махсусро дар ҳаҷми барномаи коллеҷи Библиявӣ ё семинария гузаштаанд, таъмин менамояд. Китоби дарсии мазкурро ба сифати худомӯз ё барои омӯзиш зери сарварии муаллим ва ё мураббии бетаҷриба истифода бурдан мумкин нест. Ҳар як курс барои на камтар аз 40 соат корҳои аудиторӣ ва 30 соат машғулиятҳои иловагӣ, ки такрори мавзӯҳои гузашта, иҷро кардани вазифаҳо, мустаҳкам кардани донишу малакаи пештар ҳосилнамударо дар бар мегиранд, иборат мебошад. Баъзе курсҳои таълимӣ метавонанд 60 ва зиёда аз ин соатҳои кориро дар аудитория талаб намоянд. Ҳаҷми китоби дарсӣ вобаста аз фанни омӯзиш байни 100 то 300 саҳифаро дар бар мегирад. Пас аз хатми омӯзиши ин даҳ китоби дарсӣ  китобхонаи рӯимизии пастор ташкил мекунанд.

 Онҳо инчунин ҳамчун сарчашмаҳои гуногуни материалҳои Библиявӣ хидмат мекунанд, ки онҳоро пасторҳо истифода бурда истода, метавонанд солҳои дароз вазъ гӯянд ва таълим диҳанд. Чунин муносибат ба насиҳати дар Навиштаи Муқаддас ба пастор дар бораи тарбия намудани шогирдони Масеҳ, вазъ гуфтан ва Каломи Худовандро таълим додан асос ёфтааст (1) Тимотиюс 6:2, (2) Тимотиюс 2:2, Матто 28:18-20. Дар баробари ин донистан лозим аст, ки Библия фанни асосии таълим аст. «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст. То ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад». (2 Тимотиюс 3:16-17). Вазифаи материалҳои барнома- ин чунин тайёр намудани одамон аст, то ки онҳо лаёқати бо ифтихори Худованд паҳн намудани мақсадҳои Ӯро дар рӯи замин дошта бошанд «Ӯ баъзеро ҳавворӣ, баъзеро анбиё, баъзеро башоратдиҳанда, баъзеро шубон ва муаллим таъин намуд. Барои такмили муқаддасон ба кори ибодат ба бинои Бадани Масеҳ» (Эфсӯсиён 4:11-12).

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *