Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 4:12 то 19

This entry is part 9 of 10 in the series Нони Ҳаррӯза - 1 Петрус

Уқубатҳо барои ҷалоли оянда пок мекунанд.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Исо барои мо азоб кашид. Аз ин рӯ, ки мо чун пайравони Ӯ ба азобу уқубатҳо тоб меорем, набояд ба назари мо аҷоиб намояд. Мушкилот ва душвориҳое, ки мо ба хотири Масеҳ тоб меоварем нишон медиҳанд, ки мо халқи Худо ҳастем ва ба иштироки оянда, дар ҷалоли Худованд, дар рӯзи бозгашт, Ӯро ҷалол медиҳем (оят. 12-14).

12 Эй маҳбубон! Аз озмоиши оташе ки барои имтиҳони шумо фиристода мешавад, ҳайрон нашавед, ки гӯё воқеаи аҷибе ба шумо рӯй дода бошад, 13 Балки, модоме ки шумо дар уқубатҳои Масеҳ иштирок доред, шодӣ кунед, то ки дар вақти зуҳури ҷалоли Ӯ низ ба ваҷд оед ва хурсандӣ кунед. 14 Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳӣ Худо бар шумо қарор мегирад: онҳо Ӯро хорӣ медиҳанд, лекин шумо ҷалол медиҳед.

Мо набояд кӯшиш кунем, ки ранҷу азоб барои имонамон ба Масеҳ дурӣ ҷӯем. Мо бояд худро пурра ба Худо супорида ба Ӯ таваккал кунем ва корҳои некро давом дода, номи Худоро ҷалол диҳем (оят.15-19).

Хислати Худо

Оят. 14-16. Худои Таоло Рӯҳи ҷалоли Худро ба онҳое мефиристад, ки барои исми Масеҳ азоб мекашанд. Ӯ ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар покӣ зиндагӣ кунанд, на дар гуноҳ. Бо донистани ин, биёед дар баробари ранҷу азобҳо ба хотири Худованд тоб оварда, хиҷилу ноумед нашавем. Биёед ба ин душвориҳо ҳамчун фурсате назар кунем, ки аз ҳузури Худо дар ҳаёти худ бештар лаззат барем.

Дарсҳои Худо

Ва агар одил базӯр наҷот меёфта бошад, пас оқибати осиён ва гуноҳкорон чӣ хоҳад буд? (4:18)

Наҷот – чизи арзон нест! Ин неъмати бебаҳост, ки мо онро танҳо бо воситаи даст кашидан аз хоҳишҳои нафсонӣ ва бутҳои худ ёфта метавонем. Зарур аст, ки худро аз башорати бардурӯғ, ки сарват ва нашъунаморо ваъда медиҳад, дур нигоҳ дорем. Хушхабари ҳақиқӣ, натанҳо дар бораи файзи Худо сухан меронад, балки инчунин бояд салиби худро бардошта, ба Масеҳ пайравӣ кунем. Шумо имрӯз бо кадом башорат зиндагӣ мекунед?

Дуо: Худоё мо ба Ту ташаккур мегӯем, ки ба мо қобилияти дар вақти ба исми Исо ранҷу азоб кашидан, шодӣ карданро додаи. Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 4:1-11Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 5:1 то 14 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *