Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:1 то 10

This entry is part 4 of 10 in the series Нони Ҳаррӯза - 1 Петрус

Муштоқи шири поки калом бошед!

Матн

1 Пас, ҳар кина ва ҳар макр ва риё ва ҳасад ва ҳар бадгӯиро аз худ дур карда, 2 Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ки аз он барои наҷот нашъунамо ёбед, 3 Агар ҳақиқатан чашидаед, ки Худованд некӯст. Қавми Худо бар ҳасби аҳди ҷадид. 4 Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад, 5 Худатон низ, ҳамчун сангҳои зинда, аз худ ҳонаи рӯҳонӣ, каҳонати муқаддас барпо намоед, то ки қурбониҳои рӯҳонии мақбули Худоро ба василаи Исои Масеҳ тақдим кунед.

6 Зеро ки дар Навишта гуфта шудааст:

«Инак, Ман дар Сион санги зовия мегузорам, ки баргузида ва гаронбаҳост; ва касе ки ба Он имон оварад, хиҷил наҳоҳад шуд».

7 Пас, Он барои шумо, имондорон, чизи гаронбаҳост, аммо барои беимонон сангест, ки меъморон рад кардаанд, лекин он санги сари гӯшаи бино гардидааст, 8 Ва санги пешпо ва сахраи васваса, зеро ки онҳо, ба калом итоат накарда, ба ин санг пешпо мехӯранд, ки барои ҳамин ҳам таъин шудаанд. 9 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, —10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Масеҳиён касоне ҳастанд, ки ба назди Исо омада, «мазза» – и Каломи Худоро чашиданд. Онҳо «сангҳои зинда» шуданд, ки бо Масеҳ пайвастаанд, «санги гӯшае», ки аз он «хонаи ибодат» – и ҳақиқӣ, яъне калисо сохта мешавад. Ҳамин тавр, барои имондорон, Исо ганҷест, лекин барои беимонон сабаби пешпо ва васваса аст (оят. 9-10 Лекин шумо насли баргузида, каҳонати шоҳона, халқи муқаддас, қавме ҳастед, ки мулки азизи Худо дониста шудаед, то аз камолоти Ӯ, ки шуморо аз зулмот ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват намудааст, нақл кунед, — 10 Шумо, ки як вақте қавм набудед, вале ҳоло қавми Худо ҳастед; як вақте аз марҳамат маҳрум будед, вале ҳоло ба он ноил шудаед.). Хоҳиши Худо ин аст, ки ин ҳақиқати аҷиб ҳамеша, дар мо намоён бошад (оятю 9-10).

Хислати Худо

Оят.4. – Ва чун наздик мешавед ба Ӯ, яъне ба санги зиндае ки одамон рад карданд, вале Худованд онро баргузид ва гаронбаҳо мешуморад. Исоро одамон рад карданд ва куштанд, аммо Ӯ эҳё шуд ва имрӯз ҳаёти Худро ба онҳое, ки ба Ӯ имон оварданд медиҳад. Биёед ҳаррӯза ба Ӯ талош кунем, ба он касе, ки нуқтаи аввали имон ва ҳаёти нави мо гардид!

Дарсҳои Худо

Оят.9-10 Ҷаҳони атрофи мо аксарвақт, ба масеҳиён беэътиноӣмекунанд. Вале мо бояд дар хотирдошта бошем, ки Худои Таоло бомарҳамати Худ, моро ба сӯи Худдаъват кардааст, то ки мо табиатиӮро ба ин ҷаҳон ошкор кунем! Хеҷимтиёзи бузургтаре нест ва рисо-лати бо шарафтар аз ин нест!

Дуо

Худои Муқаддас, шукр мегӯем, ки ба мо супориши нав додаи, барои ҳаёти ҷовидонӣ ва ба мо хизмати миссиявӣ супоридаи.
Омин.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза 1 Петрос 1: 13 то 25Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:11 ба 25 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *