Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18

This entry is part 23 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Исроил боз оромиро аз даст медиҳад

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Дар давоми 45 сол, дар ҳукмронии Тӯлоъ ва Ёир, Исроил дар осоиштагӣ зиндагӣ мекард. Аммо вақте ки Ёир мурд, исроилиён боз аз Худо рӯй гардонданд ва ба бутҳои халқҳое, ки дар наздикӣ зиндагӣ мекарданд, саҷда карданд. Барои ин Худованд онҳоро 18 сол ба дасти фалиштиён ва банӣ – Амӯн таслим намуд. Исроилиёни хасташуда боз ба Худо фарёд зада, аз рӯйгардонияшон тавба карда, ҳимоя пурсиданд. Аммо Худои Таоло онҳоро барои куфрашон сар
заниш кард ва аз наҷотдиҳӣ даст кашид. Баъд мардум дар кор самимияти муроҷиати худро исбот карданд: мардум бутҳоро рад карда, ба Худои ҳақиқӣ хизмат карданро сар карданд (оят.1-18).

Хислати Худо

10 Ва банӣ‐Исроил сӯи Худованд истиғоса бурда, гуфтанд: «Мо пеши Ту гуноҳкор шудаем, зеро ки Худои худро тарк намуда, Баалҳоро ибодат кардаем». 11 Ва Худованд ба банӣ‐Исроил гуфт: «Ман, охир, шуморо аз мисриён, ва аз амӯриён, ва аз банӣ‐Аммӯн, ва аз фалиштиён наҷот додам; 12 Ва аҳли Сидӯн, ва Амолеқ, ва Моӯн шуморо ба танг оварданд, ва шумо сӯи ман истиғоса бурдед, ва Ман шуморо аз дасти онҳо наҷот додам. 13 Ва шумо Маро тарк карда, худоёни дигарро ибодат намудед, бинобар ин Ман шуморо дигар наҷот нахоҳам дод. 14 Биравед ва сӯи худоёне ки баргузидаед, истиғоса баред; бигзор онҳо шуморо дар вақти тангии шумо наҷот диҳанд». (10:10-14)

Ҳамин ки Исроил ба Худои худ фарёд зада, аз Ӯ ёрӣ металабид, Худои меҳрубон ҳамеша ба дуоҳои онҳо ҷавоб медод. Аммо ин дафъа Ӯ бо рад
кардан ҷавоб дод ва мардумро сарзаниш кард, ки танҳо дар лаҳзаи хатар ба сӯи Ӯ рӯ оварда, наҷот меҷӯянд. Худованд мехост, ки самимияти тавбаи
одамонро аниқ кунад ва боварӣ ҳосил кунад.

15 Ва банӣ‐Исроил ба Худованд гуфтанд: «Мо гуноҳкор шудаем; ҳар он чи дар назари ту писанд ояд, ба мо бикун, фақат имрӯз моро раҳоӣ деҳ». 16 Ва онҳо худоёни бегонаро аз даруни худ дур карданд, ва Худовандро ибодат намуданд; ва дили Ӯ аз боиси азиятҳои Исроил маҳзун шуд.
(10:15-16)

Худо бахшоянда аст. Исроилиён борҳо аз гуноҳҳои худ тавба мекарданд, вале боз ба онҳо бармегаштанд, ки ин боиси ғазаби Худо мегардид. Аммо Худованди меҳрубон дида наметавонад, ки халқи Ӯ чӣ гуна азоб мекашад. Имрӯз ҳам Ӯ нолаи моро мешунавад ва дарди захмҳои моро ҳис мекунад ва моро дар вақташ наҷот медиҳад, мисли Падари меҳрубоне, ки фарзандони беақли Худро аз мусибат наҷот медиҳад.

Худои Муқаддас, моро бо равғани Рӯҳи Муқаддас тадҳин намуда, дилҳои моро нав кун, то мо дигаргун шавем ва аз паи адолат ва қудсият шавем. Омин

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *