Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31

This entry is part 11 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Суруди Дебӯро ва Бороқ (2)

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Суруди худро давом дода Дебӯро ва Бороқ кушоду равшан, шикасту гурези лашкари душманро, ба таври ҳаяҷон тасвир мекунанд. Дар охир Дебӯро ва Бороқ ба душманони Худованд лаънат хонданд ва ба онҳое, ки Ӯро дӯст медоранд, баракат медиҳанд. Ғалабаи ба даст овардаи онҳо, дар давоми чиҳил соли оянда ба Исроил сулҳ овард.

Хислати Худо

19 Подшоҳон омада, ҷанг карданд; он вақт подшоҳони Канъон дар Таънақ назди обҳои Маҷиддӯ ҷанг карданд, лекин ҳеҷ музде бо нуқра нагирифтанд. 20 Аз осмон ҷанг карданд, — ситорагон аз мадори худ бо Сисро ҷанг карданд. 21 Наҳри Қишӯн онҳоро ғарқ кард, — наҳри қадимӣ, наҳри Қишӯн. Бо тамоми қувват, эй ҷони ман, душманро поймол кардӣ! 22 Он гоҳ сумҳои аспон ба сабаби гурезогурези зӯроварони вай заминро кӯфтан гирифт. (5:19-22)

Худои Таоло, бо лашкари осмонии Худ, дар ин ҷанг, дар тарафи Исроил иштирок мекард. Худованд инчунин барои мағлуб кардани душманон унсурҳои табииро истифода бурд. Фарқ надорад, ки то чӣ андоза душман тавоно аст, ӯ қуввати Худоро зур оварданро надорад. Биёед устуворона бовар кунем, ки Худованд имрӯз дар набардҳои рӯҳонии мо иштирок карда, ба мо ғалабаи пурҷалол ато мекунад!

Дарсҳои Худо

Мерӯзро лаънат кунед! — мегӯяд фариштаи Худованд, — сокинони онро сахт лаънат кунед, зеро ки ба мадади Худованд наомаданд, то ки Худовандро дар миёни баҳодурон дастгирӣ намоянд. (5:23)

Дебӯро ва Бороқ сокинони Мерӯзро лаънат хонданд, ки аз иштирок ба ҷанг даст кашиданд, ба ин васила имконияти ҳамроҳ шудан ба кори Худоро аз даст доданд. Шояд онҳо аз ҷонҳои худ метарсиданд, аммо дар натиҷа онҳо чизи хеле арзишмандтарро аз даст доданд. Биёед ба ҳаёти худ бодиққат назар андозем, то боварӣ ҳосил кунем, ки мо чизи муҳимтарро аз даст надиҳем, ҳангоми кӯшиши нигоҳ доштани оромии худ.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *