Нони Ҳаррӯза

Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21

This entry is part 20 of 45 in the series Нони ҳаррӯза - Китоби доварон

Масали Ютом

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Ютом, ки ягона аз писарони Ҷидъӯн, ки зинда монд, масалро барои фош кардани ғайриқонунии подшоҳии Абималик ва аъмоли одамоне, ки ӯро
подшоҳ карданд, истифода бурд.

Зайтун, анҷир ва токи ангур – намояндагони олами наботот буда, бо меваҳои аҷиби худ, Худо ва мардумро шод мегардонад. Хори муғелон бошад –
як гиёҳи бефоида аст, ки танҳо метавонад зарар расонад. Ютом сокинони Шакемро мазаммат мекунад, ки Абималикро, ки мисли хори муғелон аст,
подшоҳ интихоб карданд. Ӯ онҳоро огоҳ кард, ки онҳо самараи талхи кирдорҳои бепарвоёнаи худро дарав мекунанд (оят.7-21).

Дарсҳои Худо

Оят.7-13. Зайтун, анҷир ва токи ангур, ки сарнавишти табиии худро медонистанд ва аз он қаноатманд буданд, аз пешниҳоди васвасаноки подшоҳ шудан бар ҳамаи растаниҳо рад карданд. Ин як намунаи тарзи ҳаёти олиҷаноб ва одилона аст, вақте ки инсон ҷой ва даъвати худро дарк мекунад ва вазифаҳои худро содиқона, бо хурсандӣ иҷро мекунад.

14 Ва ҳамаи дарахтон ба хори муғелон гуфтанд: „Ту омада, бар мо подшоҳӣ бикун“. 15 Ва хори муғелон ба дарахтон гуфт: „Агар ҳақиқатан шумо маро бар худ ба подшоҳӣ тадҳин мекарда бошед, пас биёед ва дар сояи ман паноҳ баред; вагар на, оташе аз хори муғелон берун омада, арзҳои Лубнонро фурӯ хоҳад бурд“. 16 Ва акнун, агар шумо ҳақиқатан ва аз рӯи адолат амал намуда, Абималикро подшоҳ карда бошед, ва агар ба Ерубаал ва хонадонаш некӣ карда бошед, ва агар ба ӯ мувофиқи амали дастҳояш муносибат карда бошед, (9:14-16)

Шоҳ шуда, хори муғелон дарахтонро даъват кард, ки зери сояи худ истироҳат кунанд, гарчанде ки ӯ наметавонад онро диҳад, чунки ӯ барои ин офарида нашудааст. Ӯ ба онҳое, ки аз қабули пешниҳоди ӯ саркашӣ мекунанд, бо ҷазо таҳдид мекард. Агар одаме мисли буттаи хор подшоҳи кишвар шавад, ӯ ҳукми Худоро бар худ ва тамоми бадкорон меорад. Биёед дуо кунем, ки чунин пешвоён на дар ҷамоатҳои мо ва на дар дигар ҷойҳо вуҷуд надошта бошад.

Series Navigation<< Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *