Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Китоби Доварони Исроил
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 1:1-21
- Нони Ҳаррӯза – Китоби Доварон 1:22-36
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 2:11-23
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 3:12-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 4:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 5:19-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:1-10
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:25-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 7:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:13-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 8:29-35
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:1-6
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:7-21
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:22-45
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 9:46-56
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 10:1-18
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:1-11
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:12-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 11:29-40
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 12:1-15
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 13:15-25
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 14:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 15:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:1-14
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 16:15-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 17:1-13
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:1-20
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 18:21-31
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 6:11-24
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:1-9
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 19:10-21
- Нони Ҳаррӯза – Доравон 19:22-30
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:1-7
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:8-28
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 20:29-48
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:1-12
- Нони Ҳаррӯза – Доварон 21:13-25
Амалҳои зишт ва посухи бераҳмона
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Сокинони бадахлоқи Ҷабъа аз соҳиби хона талаб карданд, ки меҳмонашро ба наздашон биёрад ва мехостанд ӯро таҳқир кунанд. Левӣ канизи худро ба онҳо дод, ки тамоми шаб ӯро бераҳмона таҳқир карданд.
Саҳар ӯ дар назди дари пирамард мурд. Левӣ мехост ба ҳамватанонаш умқи таназзули ахлоқии сокинони шаҳрро нишон диҳад, ҷасади занро ба 12 қисм ҷудо карда, ба тамоми гӯшаву канори Исроил фиристод. Дар байни халқи Исроил муҳити ифротии ниҳоят бад ва бесарусомонии маънавӣ ҳукмрон буд (оят. 22-30).
Дарсҳои Худо

Оят. 25-28 Левӣ канизи худро дод, то аз ҷониби бадахлоқон таҳқир карда шавад. Тақдири вай, аз афташ, аслан ӯро ба ташвиш наовард. Мард ӯро дар остона хобида дида, сард ба ӯ амр дод, ки бархезад, то роҳро давом диҳанд. Ин расм тасвири он аст, ки одамон дар фазои нафасгирандаи таназзули рӯҳонӣ ва нопокиҳо зиндагӣ карда, чӣ гуна бераҳм ва сангдил мешаванд.
29 Ва ҳангоме ки ба хонаи худ расид, корде гирифт, ва суррияи худро гирифта, андоми бадани варо ба дувоздаҳ қисм пора кард, ва онҳоро ба тамоми ҳудуди Исроил фиристод. 30 Ва ҳар кӣ инро медид, мегуфт: «Аз рӯзе ки банӣ‐Исроил аз замини Миср баромадаанд, то имрӯз чунин коре карда ва дида нашудааст; ба ин диққат диҳед, машварат намоед ва бигӯед». (19:29-30)
Левӣ паёми даҳшатноки худро ба тамоми гӯшаҳои Исроил фиристода. Бо ин вай мардумро ба ҷанги бародаркӯшӣ тела дод. Агар мо он чизеро, ки худамон дуруст меҳисобем, анҷом диҳем, рафтори мо бетаъғир на танҳо барои мо, балки барои муҳити атрофамон низ ба оқибатҳои фоҷиавӣ оварда мерасад.
Зиндагии амалӣ
Мо дар китоби Доварон ба як нуқтаи пасти ахлоқӣ расидаем. Қонуни меҳмоннавозӣ соҳибхонаро вазифадор мекунад, ки меҳмонони худро муҳофизат кунад. Аммо дар ин ҷо ҷомеаи мардон ин ӯҳдадории ахлоқиро вайрон мекунанд ва хоҳиши таҳқири шаҳвонӣ нисбат ба меҳмонро пеш мегиранд.
Ин саҳна ахлоқи пасти ҷомеаро нишон медиҳад ва бепарвоии онҳоро нисбат ба покӣ ва номус ифшо мекунад. Соҳибхона кӯшиш мекунад, ки шарафи мардро бо омодагӣ қурбонии ҷисми зан кунад. Ин рафтор нафратовар аст ва моро водор мекунад, ки дар бораи ахлоқи худ фикр кунем. Оё мо ҳам барои ҳифзи нафс ва шаъну шарафи худ омодаем, дигаронро қурбонӣ кунем? Вақте ки мо танҳо ба назари худ дуруст рафтор мекунем, метавонем ба чунин амалҳо роҳ диҳем.
Бигзор Худованд моро ҳидоят кунад, то ҳамеша ба дигарон эҳтиром гузорем ва ҳифз кунем, ҳатто агар шаъну шарафи мо дар хатар бошад.
Худованд, ташаккур ба Ту, ки оби зиндаи Муқаддаси Руҳулқудсро ба ин ҷаҳони бадахлоқ мерезӣ, то нобуд нашавад. Омин.