Нони ҲаррӯзаҲушаъ

Ҳушаъ 7:1-16

This entry is part 7 of 14 in the series Китоби Ҳушаъ

Худованд ба Исроил эълон менамояд, ки варо ҷазо дар пеш аст.

Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо

Исроил бо таҳдиди беруна рӯ ба рӯ шуд, ба ҷои он ки аз Худо ёрӣ талаб кунад, ба ҷустуҷӯи кӯмак аз кишварҳои ҳамсоя шурӯъ кард ва ба ин васила ҳукми ногузири Худоро ба сари худ овард.

Худо мехост, ки халқи Худро шифо диҳад, аммо исроилиён ба Ӯ муроҷиат накарданд. Дар натиҷа, вазъи рӯҳонии онҳо торафт бадтар мешуд (оят.1-7).
Исроил, ки ба вазъияти душвор дучор шуда буд, на ба Ӯ, балки аз халқҳои ҳамсоя ёрӣ талабиданд. Барои ин, Худованд онҳоро ба доварии Худ мутеъ хоҳад кард, ки дар натиҷа исроилиён дар байни халқҳое, ки ба онҳо умед доштанд, мавриди масхара хоҳанд шуд (оят. 8-19).

Дарсҳои Худо

1 Чун Исроилро шифо доданӣ шавам, гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид, зеро ки рафторашон козибона аст; ва дуздон медароянд, ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд. 2 Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст. (7:1-2)

Оят.1,2. Банӣ – Исроил ва сарварони онҳо, ки ташнагии фоида ба даст оварда буданд, ҳам дар дохил ва ҳам берун аз он бадӣ карданд. Мардум умуман фикр намекарданд, ки Худои Таоло тамоми аъмоли онҳоро мебинад ва ба ёд меорад. Онҳо аҳдеро, ки Худованд бо онҳо баста буд ва ҳама баракатҳоеро, ки Ӯ ба онҳо додааст, фаромӯш карданд. На Худо аз халқи Худ рӯйгардонд, балки мо будем ки мисли исроилиён аз Ӯ рӯй гардондем!

8 Эфроим бо қавмҳо аралаш шуда рафтааст; Эфроим ноне гардидааст, ки рӯи дигараш ба оташ баргардонида нашудааст. 9 Бегонаҳо қуввати ӯро хӯрдаанд, ва ӯ намедонад; мӯйсараш низ сафед шудааст, ва ӯ намедонад. 10 Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст, вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд ва Ӯро толиб намешаванд. 11 Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд. 12 Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод. (7:8-12)

Оят. 8-12. Бо таҳдиди ҷанг, Исроил барои кӯмак ба ҳамсоягони тавонои худ муроҷиат кард. Исроилиён аллакай фаромӯш карданд, ки манбаи қувва дар куҷо аст ва ёрии ҳақиқӣ аз куҷо меояд. Вақте, ки душвориҳо ва мушкилиҳо ба ҳаёти шумо ворид мешаванд, аввалин вокуниши шумо чӣ гуна аст? Шумо барои кӯмак ба кӣ мешитобед?

Series Navigation<< Ҳушаъ 6:1-11Ҳушаъ 8:1-14 >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *