Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:1 то 12
- Маънои китоби 1 Петрус
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 1:1 то 12
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрос 1: 13 то 25
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:1 то 10
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 2:11 ба 25
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:1 то 12
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 3:13 то 22
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 4:1-11
- Нони Ҳаррӯза 1 Петрус 4:12 то 19
- Нони Ҳаррӯза – 1 Петрус 5:1 то 14
Насиҳат ба занон, шавҳарон ва ба калисо
Мулоҳизаҳо ва хулосаҳо
Занони – масеҳӣ бояд ба шавҳарони худ итоат кунанд, ҳатто агар онҳо ба Каломи Худо итоаткор набошанд. Ин гуна мардон бо дидани рафтори худотарсии занонашон метавонанд ба Худо имон оваранд. Шавҳарони имондор бояд дар бораи занҳои худ ғамхорӣ кунанд ва бо эҳтирому муҳаббат муносибат кунанд (оят.1-7).
Масеҳиён даъвад карда мешаванд, ки якдигарро ҳамчун бародарону хаҳарон дар Худованд дӯст доранд, некӣ кунанд ва аз бадӣ дур шаванд (оят. 8-12).
Хислати Худо
Оят. 12. Чунки чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо, аммо рӯи Худованд ба муқобили бадкорон аст.
Худои Таоло некӯкоронро мебинад ва дуоҳояшонро мешунавад. Аз ин рӯ, касоне, ки ба Худо имон доранд ва дар назди Ӯ поканд, ҳеҷ ҷои тарсе надоранд.
Дарсҳои Худо
Оят. 7 – Ҳамчунин шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад.
Шавҳарони имондор бояд занони худро ғамхорӣ ва эҳтиром кунанд, ҳамчун ба ворисони файз ва муҳаббати Худо. Агар шумо ҳамсарони имондор бошед, аввал шуда муҳаббат ва ғамхории худро нисбат ба ҳамсаратон зоҳир мекунед, бе интизорӣ ва беталаби итоат аз вай?
8 Ниҳоят, ҳамаатон ҳамфикр, ҳамдард, бародардӯст, бошафқат, меҳрубон ва фурӯтан бошед; 9 Дар ивази бадӣ, бадӣ накунед, ё дар ивази лаънат, лаънат нагӯед; баръакс, баракат диҳед, чун медонед, ки шумо барои он даъват карда шудаед, ки вориси баракат гардед.
Аъзоёни ҷамоатдаъват шудаанд, ки ба ҳам-дигар бо муҳаббат, фурӯтанӣва меҳрубонӣ хизмат кунанд. Бо нишон додани муҳаббате,ки Исо ба воситаи маргуқурбонии Худ дар салиб ба модода аст. Масеҳиён инчунинбояд онҳоеро, ки ба онҳо зарармерасонанд, баракат диҳанд.
