Забур

Забур 2 – Подшоҳе, ки ман дар он паноҳ мебарам.

This entry is part 2 of 17 in the series Мулоҳизаҳо дар бораи Забур

«Валекин Ман подшоҳи Худро бар Сион, кӯҳи муқаддаси Худ, таъин кардаам» (2:6).

Мардум фикр мекунанд, ки чӣ тавр ҳукмронии Худоро мағлуб кардан мумкин аст (1:1). Ин тарона ҳокимияти Худоро нишон медиҳад. Ӯ ҳукмронӣ мекунад ва бояд парастиш шавад. Бисёр вақт мо гумон мекунем, ки рӯйдодҳо ва қудратҳои ҷаҳонӣ он чизеро, ки мо бояд пайравӣ кунем, нишон медиҳанд. Бо вуҷуди ин, даъвати мо баландтар аст. Мо ба Худо таваккал мекунем ва иҷозат медиҳем, ки Ӯ дар ҳаёти мо ҳукмронӣ кунад.

Парастандаи ҳақиқӣ дили худро ба Худо месупорад. Худо подшоҳ аст. Сион макони муқаддаси Худост. Ерусалим ба рӯйдодҳои ҳукмронии Худо диққат медиҳад, маконе ки Писараш ба он ҷо омада, дар он ҷо маслуб шудааст. Ба суханони ояти ҳафтум диққат диҳед: «Амри Худовандро баён мекунам. Ӯ ба Ман гуфт: “Ту Писари Ман ҳастӣ; Ман имрӯз Падари Ту шудаам”»(2:7). Ин оят дар Аҳди Ҷадид низ иқтибос меёбад, ки бо таваллуди Масеҳ алоқаманд аст. Ӯ Писаре аст, ки Худо, Падари Ӯст.

8 Аз Ман талаб намо, ва қавмҳоро ба мероси Ту, ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод.

9 Онҳоро бо асои оҳанин шикаст хоҳӣ дод; мисли кӯзаи кулол пора‐пора хоҳӣ кард».

10 Пас, эй подшоҳон, ба ақл оед; эй доварони замин, таълим гиред!

11 Худовандро бо тарс ибодат намоед, ва бо ларз шодӣ кунед.

12 Писарро иззат кунед, ки мабодо ба ғазаб ояд, ва шумо дар роҳ нобуд шавед; зеро ки ғазаби Ӯ зуд аланга хоҳад гирифт. Хушо ҳамаи онҳое ки ба Ӯ паноҳ мебаранд!

Ӯ бар халқҳо ҳукмронӣ хоҳад кард (2:8) ва саҷда карда мешавад (2:12). Пас, биёед ба Ӯ хизмат кунем ва иҷозат диҳем, ки Ӯ дар ҳаёти мо ҳукмронӣ кунад (2:11).

Ҳокимияти Худо

Ин тарона ба мо чанд чизро дар бораи ҳокимияти Худо нишон медиҳад. Ӯ таъйин мекунад ва дар болои ҳама ҳодисаҳое, ки рӯй медиҳанд, ҳоким аст. Дар ояти 3 Худо ба кирдор ва талошҳои одамон тамасхур мекунад. Баъзе чизҳоро Ӯ муайян мекунад ва ба баъзе дигар иҷозат медиҳад. Гарчанде ки мо намедонем, ки ин чӣ гуна аст, мо ба Ӯ таваккал мекунем.

Мо аз аъмоли худ ба Худои довар ҳисобот медиҳем ва бояд ҳар рӯз ба Ӯ итоат карда, хости Ӯро иҷро кунем. Азбаски Ӯ назорат мекунад, мо хавотир намешавем. Худо халқҳоро ҳидоят мекунад ва мо набояд нақшаи тағир додани чизҳоро дошта бошем. Роҳҳои Ӯ аз роҳҳои мо баландтаранд. Мо боварй дорем. Мо Масеҳро мешиносем ва ин робитаи шахсии мо бо нақшаи Худост. Инчунин, Худо Рӯҳи Худро ба мо дод, то бо Ӯ бимонем. Вазифаи мо танҳо хизмат кардан, парастиш кардан ва ба Ӯ паноҳ бурдан аст.

Худовандо, мо ба Ту таваккал мекунем. Ту подшоҳӣ ва бар корҳои инсоният соҳибихтиёрӣ. Ту роҳбарӣ мекунӣ ва моро ҳидоят менамоӣ. Ман ба Ту бовар дорам. Ман мехоҳам ба Ту саҷда кунам ва нақшаҳо ва ҳаёти худро ба Ту бисупорам, то ки Ту ба воситаи ман дурахшӣ.

Series Navigation<< Забур 1 – Хушбахтии одилон ва ҳалокати шариронЗабур 3 – Умед бастан ба мадади Худо >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *