
Забур 26 – Худованд нури ман
Худованд нури ман ва наҷоти ман аст: аз кӣ тарсам?
Худованд истеҳкоми ҷони ман аст: аз кӣ ҳаросонам? (26:1)
Худо нури мост, ки моро дар ҷаҳони торик роҳнамоӣ мекунад. Равшании Ӯ ва наҷоти Ӯ ҷавобест ба ҳар тарси мо. Вақте ки мо Худо ва хислати Ӯро мешиносем, дигар чизе нест, ки моро битарсонад. Ӯ муҳофизи мост ва дар нури худ моро роҳнамоӣ мекунад. Ин ақида, ки дар ин ҷо баён шудааст, бо суханони Исо такрор мешавад: «Ман нури ҷаҳон ҳастам».
Дар Осиёи Миёна рамзи нур бисёр дида мешавад. Ҳатто дар майдони Регистони Самарқанд чеҳраи офтоб дар пушти шерҳо тасвир шудааст. Ин бинои асри XVII аҳамияти нурро ҳамчун қувват ва умед нишон медиҳад. Аз байти аввал мебинем, ки умеди мо дар куҷост: Худо нури мост, на қудрати заминӣ ва на дин.

Худо моро аз душманон ва аз онҳое, ки бар зидди имони мо қиём мекунанд, бо муҳофизати устувор нигаҳ медорад.
5 Зеро ки маро дар рӯзи тира дар хаймаи Худ пинҳон хоҳад дошт, дар паноҳи хиргоҳи Худ руст хоҳад кард, бар кӯҳпора баланд хоҳад бардошт. 6 Ва алҳол сарам бар душманонам, ки гирди маро гирифтаанд, баланд хоҳад шуд, ва дар хаймаи Ӯ қурбониҳои шодиёна хоҳам овард, дар шаъни Худованд суруд хоҳам хонд ва Ӯро хоҳам сароид. (26:5-6).
Чеҳраи Худо
Фарзанди Худо дӯст медорад, ки дар ҳузури Падари осмонӣ бошад, зеро дар он ҷо оромӣ ва амниятро меёбад (26:5–6). Вақте ки ӯ дуо мекунад, ки Худо ӯро тарк накунад, чеҳраи Ӯро меҷӯяд (26:8–9).
8 Дилам аз ҷониби Ту мегӯяд: «Ҷӯёи рӯи Ман бошед»; ва ман, эй Худованд, ҷӯёи рӯи Ту хоҳам буд. 9 Рӯи Худро аз ман пинҳон надор; бандаи Худро дар ғазабат напартой; Ту мададгори ман будӣ; маро рад накун ва тарк накун, эй Худои наҷоти ман!
Чеҳраи Худо рамзи ҳузури Ӯст, ки ҳам амалҳои пинҳонӣ ва ҳам ошкорои Ӯро нишон медиҳад. Дили имондор мехоҳад рӯи Худоро бубинад ва бидонад, ки бе радкунӣ пазируфта шудааст.
Ҳатто агар дигарон ӯро тарк кунанд ҳам, дар ҳузури Худо будан ба ӯ қувват медиҳад, то дар роҳи Ӯ қадам гузорад. Дар ояти 11 мегӯяд: «Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, ва маро, бар хилофи иродаи бадхоҳонам, ба роҳи рост роҳнамоӣ намо».
Мо ба ҳузури Худо меоем, то бифаҳмем чӣ гуна бояд зиндагӣ кунем. Каломи Ӯ барои мо нур ба роҳ ва чароғ ба поҳост. Иродаи Худо аксаран интизориро талаб мекунад ва барои чунин бовар далерӣ лозим аст. Бисёр вақт муҳимтар аз амал кардан – интизор шудан аст. Дар вақти Худо, Ӯ қувват мебахшад, то мо таҳаммул кунем.
««Лутфи Худовандро дар замини зиндаҳо хоҳам дид.» (26:13). Яъне ҳар рӯз бо Худо роҳ меравем ва баракатҳои Ӯро таҷриба мекунем. Мо мақсад ва маънии зиндагиро медонем, рӯи Ӯро мебинем ва роҳашро меомӯзем. Зиндагӣ бемаънӣ нест, балки вақте ки мо ҳар рӯз бо Худо роҳ меравем, пурра мешавад. Гарчанде ки зиндагӣ душворӣ меорад, дар он вақт мо интизори Худованд мешавем. Мо далерона интизорем, зеро медонем, ки Ӯ дар вақти худ роҳи худро ба мо нишон медиҳад (26:14).
Муъминон бесаброна мехоҳем, ки Худо амал кунад. Мо аз Ӯ интизорем ва иродаи Ӯро дар ҳаёти худ меҷӯем.
Худовандо, ба Ту менигарам ва интизорам, ки иродаи худро дар ҳаёти ман ошкор созӣ. Бо ҷасорат интизорам, зеро донистани ҳузури Ту ба ман нур ва роҳнамоӣ мебахшад.