Исои Масеҳмуҷассама

Пур будани мо дар Масеҳ – Қӯлассиён 2:10

This entry is part 9 of 15 in the series Китоби Қӯлассиён

Қӯлассиён 2:10 – Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред

“Шумо низ дар Ӯ пуррагӣ доред, ки Ӯ сари ҳар сарварӣ ва ҳукуматдорист.”

Вақте ки ба ин оят назар мекунем, мефаҳмем, ки Масеҳ намунаи комил аст. Саволе ба миён меояд: Оё мо низ барои Худованд намунаи хуб ҳастем?
1. Маънои комил шудан (пуррагӣ) – бояд ифтихори мо дар Масеҳ бошад, на дар чизҳои шахсӣ ё муваффақиятҳои дунявӣ.
2. Комил будан – ин маънои онро дорад, ки мо мисли Исои Масеҳ зиндагӣ кунем ва таълимоти дурусти имони масеҳиро риоя намоем.
3. Намунаи олӣ будан – вақте ки мо комил мешавем, дигаронро низ метавонем рӯҳан дастгирӣ кунем ва тақвият бахшем.

Тасаввур кунед, ки шумо як хонаро мебинед, ки деворҳо дорад, аммо бом надорад ва касе дар он зиндагӣ намекунад. Аз берун он шакли хона дорад, аммо воқеан як манзили воқеӣ нест. Ҳамин тавр, зиндагии мо набояд танҳо зоҳирӣ бошад. Мо набояд танҳо монанди масеҳӣ намоён шавем, балки бояд дар ҳақиқат дар Масеҳ решадор бошем.

Тақдис шудан чист?

Тақдис шудан маънои муқаддас гардонидан ва ҷудо шуданро барои Худо дорад. Вақте ки мо мегӯем “тақдис”, ин калима аз “қудус” гирифта шудааст, ки маънои муқаддас буданро дорад.
Тақдис шудан маънои онро дорад, ки мо мисли Масеҳ зиндагӣ кунем ва хислатҳои Ӯро дар худ таҷассум кунем.
Тақдис наҷот нест – мо тавассути имон ба Масеҳ наҷот меёбем, аммо тақдис равандест, ки моро аз гуноҳ озод карда, моро ба монанди Масеҳ месозад.

 Тақдис шудан маъно

“Муқаддасшавӣ кори давомдори Худо дар ҳаёти мӯъмин аст, ки ӯро амалан муқаддас мегардонад.” (Муқаддима ба таълимоти масеҳият, 486)

Масъалаи қонун ва хатна

Дар давраи Павлус, муаллимони козиб таълим медоданд, ки имондорони нав бояд ба хатна ва қонунҳои Аҳди Қадим итоат кунанд, то комил шаванд. Аммо Павлус таъкид мекунад, ки комилият танҳо дар Масеҳ ёфт мешавад, на тавассути риояи қонунҳои шариат.

Тақдис маънои онро дорад, ки мо ба монандии Масеҳ наздиктар мешавем, на ба воситаи амалҳои берунии динӣ, балки тавассути Рӯҳи Муқаддас, ки дар мо кор мекунад.

Наҷоти комил дар Масеҳ
• Исо моро пурра аз гуноҳ наҷот медиҳад.
• Ӯ дар мо кор мекунад, то моро барои пирӯзӣ бар гуноҳ қувват бахшад.
• Ӯ эҳё шуд ва моро низ эҳё хоҳад кард.
• Наҷоти Ӯ комил аст ва моро аз ҷазо, қудрат ва ҳузури гуноҳ озод мекунад.

Дуо

Худовандо, Ту бар ҳама чиз ҳукмронӣ мекунӣ ва ба мо дар Масеҳ комилият додаӣ. Бигзор ман дар наҷоти комиле, ки ба ман додаӣ, зиндагӣ кунам ва имрӯз Ту дар ҳаёти ман инъикос шавӣ. Омин!

Андешаҳои тафсирӣ

Шарҳҳо аз «Тафсири Навиштаи Муқаддас барои масеҳиён»

2:10 Расул чун пештара мекӯшад, то дар хотири хонандагон нақш бандад, ки Худованд Исои Масеҳ пурра кифоякунанда аст, ва онҳо дар Ӯ ба ҳузури Худо комил мебошанд. Ҳақиқате дар ояти 10 ҳаст, аз ҳақиқати дар ояти 9 овардашуда сар мезанад ва меҳрубонии Худо дар ин хеле хуб зоҳир мегардад. Дар Масеҳ тамоми пуррагии илоҳият ҷисман сокин аст ва масеҳӣ дар Ӯ пуррагӣ дорад. Албатта, ин онро ифода намекунад, ки ба масеҳӣ тамоми пуррагии Худо ато шудааст. Шахсияти ягонае ки чунин суханон нисбати Ӯ ягон замон дуруст буд ё дуруст хоҳад буд, Худованд Исои Масеҳ мебошад. Вале ояти додашуда таълим медиҳад, ки масеҳӣ дар Масеҳ тамоми чизи заруриро барои ҳаёт ва худотарсӣ дорост.


Таърифи хеле хуби пуррагии моро Сперҷен медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки мо 1) бе иҷро кардани маросимҳои яҳудӣ комилем; 2) бе ёрии фалсафа комилем; 3) бе хурофоти бофтабароварда комилем; 4) новобаста ба хизматҳои одамӣ комилем. Он шахсе ки ҳамаи мо дар Ӯ комилем, сари ҳар сарварӣ ва қудрат аст. Гностикҳо ба муҳокимарониҳо оид ба фариштаҳо иштиёқи хеле зиёд доштанд. Баъдтар дар худи ҳамин боб Павлус дар ин бора ёдрас мекунад. Аммо
Масеҳ аз ҳамаи мавҷудоти фариштавӣ беандоза болотар аст ва ба фариштагон таваҷҷуҳ зоҳир намудан хандаовар мебуд, дар ҳоле ки объекти ваҷду дилбастагии мо Офаридгори фариштагон буда метавонад ва мо аз ҳамроҳ шуданамон ба Ӯ лаззат бурда метавонем.

Series Navigation<< Қӯлассиён 2:9Қӯлассиён 2:11-14 – Ҳаёти Нав дар Масеҳ >>

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *