Пайдоиши МасеҳМавлуди ИсоМуносибати ҳаррӯза бо Масеҳ

Хониши Инҷили Луқо – Боби якум

This entry is part 2 of 2 in the series Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Луқо 1:1–4 – Шоҳиди Навиштаҳо барои мо

«То дуруст будани таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаед, бидонед.»

Китоби Инҷили Луқо тахминан то соли 70-и милодӣ навишта шудааст. Вақте ки мо мегӯем, ки Луқо ин китобро навиштааст, дар назар дорем, ки Руҳулқудус ӯро барои навиштани он истифода бурдааст. Рӯҳ ба ӯ илҳом додааст — ва ин Каломи Худост.

Луқо Инҷили худро ба дӯсти муҳтарамаш Теофилус бахшидааст. Мо дақиқ намедонем, ки Теофилус кист, вале дар идома мебинем, ки Луқо ин Хушхабарро ба ғайрияҳудиён — яъне ба бутпарастон — менависад. Ӯ бештар ба фарҳанги юнонӣ такя мекунад ва чун табиб буд, ба ҷузъиёти воқеаҳо аҳамияти зиёд медиҳад.

Мӯҳтарам Теофилус! Бисёр касон аз рӯйи нақлҳое, ки шоҳидону хизматчиёни аввалини хушхабар ба мо расондаанд, бо тартиб навиштани воқеаҳоеро сар карданд, ки дар байни мо рӯй дода буданд. Аз ин рӯ, ман ҳам ин воқеаҳоро аз аввал бодиққат омӯхта, лозим донистам, ки онҳоро бо тартиб ба шумо бинависам, то дуруст будани таълимотеро, ки дар он тарбият ёфтаед, бидонед. (1:1-4, KMO)

Дар оятҳои 1 то 4, Луқо мегӯяд, ки бисёр касон талош карданд, то ҳикоя ва воқеаҳои рӯйдодаро бо тартиб нависанд. Ин воқеаҳо ба таври равшан маълуманд ва асоси таълимоти Исои Масеҳ мебошанд — суханоне, ки бояд иҷро мешуданд.

Дар ояти 2, ӯ мегӯяд, ки ин воқеаҳо аз ибтидо аз ҷониби шоҳидон ва ходимони Калом ба мо расонида шуданд. Яъне ҳар он чизе ки навишта мешавад, дар асоси шаҳодати бевоситаи шоҳидони Калом аст. Ва Калом — худи Исои Масеҳ мебошад, чунон ки дар Юҳанно 1:1 гуфта мешавад. Хушхабарнавис ва илоҳишиноси бузург — Юҳанно — Исоро “Калом” меномад. Луқо низ ин навиштаҳоро зери роҳбарии Худованд ба навишт даровардааст.

Ӯ мегӯяд: «Мо Ӯро бо чашми худ дидем, ламс кардем ва ба зиндагии Ӯ бо диққат назар кардем».

Дар оятҳои 3 ва 4, Луқо ба Теофилус мегӯяд, ки ҳар он чиро ки ба ту менависам, аз аввал бо диққат таҳқиқ намудам ва онро бо тартиб ба навишт даровардам, то ки ту, эй Теофилус, ба таълимоте, ки гирифтаӣ, бо итминон ва бовар бошӣ, ва дили ту шубҳа накунад.

Дӯстон, биёед аз рӯи Каломе, ки хондем, дуо кунем ва аз Худованд хирад талаб намоем.

Худованд, раҳмат барои Каломи Ту, ки барои ман дода шудааст. Ман медонам, ки Хушхабаре, ки ба мо овардаӣ, дар асоси шаҳодати шоҳидон навишта шудааст. Нависандаи Хушхабар бо ҷидду ҷаҳд таҳқиқ кардааст ва бо тартиб онро баён намудааст, то ки имрӯз ман ба Каломи Ту шубҳа надошта бошам.

Худованд, ба ман қувват деҳ, то ки амрҳои Туро иҷро кунам ва ба гуфтаҳои Ту шубҳа накунам. Бо воситаи Каломи Ту бо ман сухан гӯй.

Тавре ки Забурнавис дар Таронаи 118, ояти 18 мегӯяд: «Чашмони маро воз кун, то ки аз Тавроти Ту корҳои аҷоибро бубинам» —

Ҳамин тавр, Худованд, ман низ аз Ту хоҳиш мекунам: чашмони маро боз кун, то ки корҳои аҷоибат ва қудрати Туро бубинам ва ҳамеша ба Ту умед баста тавонам. Ба номи муқаддаси Исо, Омин.

Луқо 1:5-8 – Хизмати Закарё дар маъбад

5 Дар замони ҳукмронии Ҳиродус – подшоҳи сарзамини Яҳудия, коҳине зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи коҳин буд. Вай Закарё ном дошт ва занаш Элишабаъ аз авлоди Ҳоруни коҳин буд. 6 Ин зану шавҳар дар назари Худо росткор буданд ва тамоми фармону қонунҳои Худовандро пурра иҷро мекарданд. 7 Онҳо ягон фарзанд надоштанд, чунки Элишабаъ зани нозой буд, ғайр аз ин ҳар дуяшон аллакай пир шуда буданд.

8 Вақте ки навбати хизмат ба гурӯҳи Закарё расид, ӯ ҳамчун коҳин дар пеши Худо машғули иҷрои вазифааш шуд. (1:5-8, KMO)

Дар Аҳди Ҷадид ба шаш шахс бо номи Ҳиродус ишора шудааст, аммо Ҳиродуси Бузург падар ё бобои ҳамаи онҳо ба шумор меравад. Ҳукмронии золимонаи ӯ бо қатли шумораи зиёди кӯдакони то сини ду сола алоқаманд аст.

Ин воқеа дар замони таваллуди Исои Масеҳ дар Яҳудо рӯй дод. Дар он вақт Ҳиродуси аввалин, ки дар соли 36 ё 37 пеш аз милод ба тахт нишаста буд, то соли 4 пеш аз милод (ё то оғози милод) дар Ерусалими Яҳудо ҳукмронӣ мекард. Дар ҳамин давра як коҳине бо номи Закарё, ки аз навбати Абиё буд, дар маъбад хизмат мекард. Зани ӯ, Элисобаъ, аз духтарони Ҳорун буд.

Навбати Абиё — ин чӣ аст ва дар бораи чӣ гуфта мешавад?

Дар маъбад 24 гурӯҳи коҳинон буданд, ки навбат ба навбат хизмат мекарданд. Сардори гурӯҳи ҳаштум Абиё ном дошт ва ин гурӯҳро «навбати Абиё» меномиданд. Яъне худи Закарё низ аз насли Ҳорун буд. Ҳарду — ҳам Закарё ва ҳам Элисобаъ — дар назди Худо одил буданд ва аҳкомҳои Худовандро содиқона ва бидуни камбудӣ иҷро мекарданд.

Аммо онҳо фарзанд надоштанд, зеро Элисобаъ нозой буд, ва ҳардуи онҳо синну солашон гузашта буд. Дар ҳамин вақт, вақте ки навбати Закарё расида буд, ӯ дар маъбад хизмати Худовандро ба ҷо меовард ва бухур месӯзонд. Дар бораи ин бухур дар китоби Хуруҷ, боби 30, оятҳои 7 ва 8 маълумоти дақиқ дода шудааст.

Паёми рӯҳонӣ:

Мисли ин ҷуфт, онҳое, ки орзуи фарзанд доранд, метавонанд ба ду чиз диққат диҳанд: дуо ва хизмат. Ин ҳамсарон пайваста дуо мекарданд ва Худо онҳоро баракат дод. Ҳангоме ки онҳо дуо мекарданд, ҳамзамон хизмат низ менамуданд — ва Худо онҳоро истифода мебурд.

Дуо: аз рӯи оятҳои хондашуда

Худовандо, ман ҳозир дар ҳузури Ту истода, ба Ту дуо мекунам ва бо боварии комил мегӯям, ки Ту дуоҳои маро мешунавӣ ва ба онҳо ҷавоб медиҳӣ. Аз ин рӯ, ба Ту дуо карда мепурсам:

Худовандам, ба ман қувват деҳ, то тавонам ба Ту хизмат кунам. Ман медонам, ки хизмат ба Ту, маънои зиндагӣ кардан бо Ту ва дар ҳузури Ту буданро дорад. Худовандо, маро ёрӣ деҳ, то ки ҳамеша бо Ту зиндагӣ кунам ва аз Каломи Ту ғизои рӯҳонӣ бигирем.

Гарчанде ки ҳолатҳои ман танг ва душвор бошанд, ман мехоҳам ба Ту хизмат кунам ва номи Қуддуси Туро ҷалол диҳам, то одамоне, ки Туро намешиносанд, бо Ту шинос шаванд. Ва онҳо низ имкони зиндагӣ бо Туро пайдо карда, номи Туро ҷалол диҳанд.

Ба номи Қуддуси Ту, Исо, дуо кардам. Омин.

Луқо 1:9-15 — Паёми фаришта ба Закарё

Давоми башорати таваллуди Яҳёи Таъмиддиҳанда

9 Мувофиқи расми коҳинон барои муайян кардани касе, ки ба маъбади Худованд даромада, хушбӯйиҳоро месӯзонад, қуръа партофтанд. Қуръа ба номи Закарё афтид. 10 Вақте ки Закарё машғули сӯзондани хушбӯйӣ буд, тамоми мардум дар берун истода дуо мекарданд.

11 Он вақт фариштаи Худованд ба Закарё зоҳир шуда дар тарафи рости қурбонгоҳ, ки дар он хушбӯйиҳо месӯзониданд, истод. 12 Ҳамин ки Закарё ӯро дид, ҳаросон шуд ва вуҷудашро воҳима зер кард. 13 Аммо фаришта ба ӯ гуфт: «Эй Закарё, натарс. Дуоят ба даргоҳи Худо қабул шуд. Ҳамсарат Элишабаъ писаре таваллуд мекунад ва ту ӯро Яҳё ном хоҳӣ гузошт. 14 Шодиву хурсандӣ насибат мегардад ва таваллуди ин кӯдак боиси хушнудии бисёриҳо мешавад, 15 зеро ӯ дар назари Худованд бузург хоҳад шуд. Ӯ бояд ҳеҷ вақт шаробу май нанӯшад. Вақте ки кӯдак ҳанӯз дар батни модараш аст, қудрати Рӯҳулқудс, яъне қудрати Рӯҳи Худо бо ӯ хоҳад буд. (1:9-15, KMO)

Сӯзонидани бухур дар маъбади Худованд ба Закарё рост омад. Вақте қуръа партофта шуд, он ба номи Закарё баромад. Яъне, тавассути партофтани қуръа навбати кор ё ҳаққи хизматро барои шахс муайян мекарданд.

Дар замони Закарё низ ҳамин тавр шуд: қуръа ба номи ӯ баромад ва ӯ бояд дар маъбад ба Худованд бухур месӯзонд. Вақте ки Закарё машғули ин хизмат буд, фариштаи Худованд — Ҷабраил — бар ӯ зоҳир гардид, ва Закарё ба тарс афтод (1:19). Ҷабраил — фариштаи Худованд — ҳамонест, ки паёмҳои Худоро ба одамон мерасонад ва инчунин фариштаи муҳофиз низ номида мешавад.

Фаришта ба Закарё

Фаришта ба Закарё башорат медиҳад, ки дуояш пазируфта шудааст. Онҳо ҳамчун зану шавҳари бенасл на ба табибон ё доруҳои мардумӣ, балки ба марҳамати Худо умед доштанд.

Дар Китоби Муқаддас мо мебинем, ки вақте зану шавҳар фарзанддор намешаванд, онҳо ба Худо таваккал мекунанд ва ба Ӯ дуо мегӯянд. Ин қадами аввал аст. Ин маънои онро надорад, ки инсон набояд аз имкониятҳои тиббӣ истифода барад, зеро Худо ба одамӣ ҳокимият додаст, то бар ҷаҳон ҳукм ронад, ки ба ҳолатҳои ҷисмонӣ низ дахл дорад (Ҳастӣ 1:26–28).

Дар ин қисмат мо мебинем, ки Закарё бо тамоми ҳастӣ интизори ҷавоби Худо буд, вале ҳанӯз ҳам ба шунидаҳояш шубҳа дошт. Мисли аксари мо, ки аксар вақт имони кофӣ надорем. Аз ин рӯ, биёед касонеро, ки бо душвориҳои шабеҳи мо рӯбарӯ мешаванд, доварӣ накунем. Бо Худо роҳ рафтан маънои онро дорад, ки мо аз мушкилот мегузарем, вале тибқи ирода ва вақти Ӯ. Ту бо чӣ маълум ҳастӣ? Барои кумак ба дигарон ва ба Худо хизмат кардан?

Маънои номи Яҳё — “Худованд меҳрубон аст”. Яҳёи Таъмиддиҳанда аз лаҳзаи таваллуд барои Худо ҷудо ва тақдис карда шудааст. Мисли назириён, ӯ аз шароб ва дигар нӯшокиҳои масткунанда худдорӣ мекард (Луқо 1:15; Ададҳо 6:1-21). Ӯ барои хизмат ба Худованд бахшида шуда буд ва бисёре аз одамонро ба сӯи Худ бармегардонд. Хизмат бо ҳаёти мо ба Худо саҷда аст ва инчунин ба дигарон дар ёфтани Худо кӯмак мекунад. Ҳаёти ӯ мардумро омода мекард, то Масеҳро ҳангоми омаданаш пазиранд.

Фариштаи пеши Закариё

Вақте мо дар бораи ҳаёти Яҳё мешунавем, мебинем, ки ӯ ба ҷаҳони яҳудие омад, ки дорои анъанаҳои зиёд буд. Аммо ӯ онҳоро даъват мекард, ки роҳи ҳаётро ҷӯянд ва барои омодагӣ ба омадани Масеҳ тайёр бошанд. Ӯ намунаи равшани он аст, ки чӣ гуна Худо метавонад ҳаёти моро барои пешбурди иродаи Худ истифода кунад. Пайравӣ ба Худо осон нест. Савол ин аст: оё мо дигаронро ба пайравӣ ба Ӯ омода месозем ё монеа мешавем?

Худовандо, ман дар маҳдудияти хоҳишҳои ҷисмонии худ Туро интихоб мекунам. Диққати худро ба сӯи Ту равона месозам. Ман дар гуноҳ ғарқ будам, вале Ту ба ман дасти кӯмак дароз кардӣ, то маро аз он ботлоқ берун барорӣ. Ман дасти Туро доштам ва ҳаёти абадӣ пайдо кардам. Аз ин рӯ, ман миннатдори Ту ҳастам, Худованд, ва мехоҳам, ки ҳамеша дар ҷои аввал дар ҳаёти ман бошӣ.

Меҳрубони Худо, чунон ки Ту Закарёрро барои хизмати бузургат истифода бурдӣ, маро низ барои хизмат ва ҷалоли номат истифода бар. Ба ман қувват деҳ, то ки ҳамеша дар ҳузури Ту зиста, иродаи Туро ба ҷо оварам. Маро дар хизмати Худ ва барои ҷалоли номат истифода намо. Ба номи Исои Масеҳ дуо гуфтам — омин.

Луқо 1:16-17 — Тавбаи ҳақиқӣ

16 Ӯ [писар таваллуд шавад] аз байни халқи Исроил бисёр касонро ба сӯи Худованд Худои онҳо бармегардонад. 17 Вай ҳам мисли Илёс пайғамбар дар рӯҳ ва қудрат пешопеши Худованд қадам мезанад, то ки дилҳои падаронро ба фарзандонашон наздик карда, саркашонро ба ҳикмати некукорон орад ва бо ин роҳ барои Худованд халқро тайёр кунад».

Яҳёи Таъмиддиҳанда марди одиле буд, ки аз ҷониби Худованд таъин шуда буд, то мардумро ба тавба даъват намояд ва роҳи Худовандро омода созад. Номи ӯ низ ишора ба рисолаташ мекунад — ӯ бо об таъмид медод ва мардумро ба бозгашт ба роҳи Худо мехонд. Ӯ бо рӯҳ ва қудрати Илёс амал мекард, ва аз ҷониби Худо даъват шуда, барои муқобила бо онҳое, ки ба иродаи Ӯ муқобилат мекарданд, фиристода шуда буд.

Яҳё мардумро ба тавба мехонд — яъне даъват мекард, ки онҳо дили худро аз гуноҳ баргардонда, рӯ ба Худо оваранд ва омурзиш талаб намоянд. Тавба аз қалб оғоз меёбад. Мо бояд бо самимият ба амалҳо ва фикрҳои худ назар андозем:

Оё дарк мекунем, ки фикру рафтори мо пок нест?

Аввал бояд дар назди Худо эътироф кунем, ки гунаҳкор ҳастем. Мо бе кӯмаки Ӯ наметавонем аз гуноҳ баргардем. Ақли мо бояд бидонад, ки танҳо Худо қодир аст моро тағйир диҳад ва омурзиш бахшад. Тавба — ин рӯйгардонӣ аз худписандӣ ва рӯ овардан ба Худо барои раҳмату наҷот аст.

Тавба — дигаргуншавии дили инсон аст. Ин маънои онро дорад, ки шахс барои гуноҳҳои худ пушаймон мешавад ва ба Худованд ваъда медиҳад, ки онҳоро такрор нахоҳад кард.

Меваи тавба — рӯй гардондан аз гуноҳ ва зиндагии нав, мувофиқи намунаи Исо Масеҳ. Яъне хатогиро дарк карда, тавба намуда, ба роҳи дуруст баргаштан ва кӯшиш кардан, ки дигар онро такрор накунӣ.

Самараи дигар — онҳое ки қаблан корҳои нодуруст ва золимона мекарданд, акнун пушаймон гашта, онҳоро ба як сӯ мегузоранд ва дар ҷустуҷӯи ҳикмат мешаванд. Онҳо аз беақлӣ ва ноодилӣ рӯй гардонда, дар рӯҳ зиндагии хирадмандона ва дурустро пеш мегиранд. Муносибатҳои онҳо тағйир меёбанд ва онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба тарзи зиндагии одилона амал намоянд, ки хислати Худоро инъикос мекунад.

Ниҳоят, Яҳё омодасозандаи роҳи Худованд буд. Ман ба ёд меорам, ки дар шаҳри Кӯлоб, вақте қарор шуд Сарвари давлат барои кушодани вокзал меояд, ҳама манзилҳо ва кӯчаҳо омода карда мешуданд. Гарчанде, ки мо намедонистем, ки ӯ аз кӯчаи мо мегузарад ё не — ҳама бояд омода бошанд. Ба ҳамин монанд, Яҳё барои омадани Шахси Бузург — яъне Масеҳ — омодагӣ медид.

Оё шумо барои бозгашти Ӯ омодаед?

Оё шумо роҳи Ӯро дар дил ва зиндагии худ тайёр карда истодаед?

Худовандо, ман фикрамро дар бораи корҳо ва одатҳое, ки дигаронро нодида мегиранд ва беадолатиро тарғиб мекунанд, дигар мекунам. Дили маро имрӯз барои зиндагии бо Ту омода соз ва ба ман қувват деҳ, то ки пеш аз ҳама, роҳи Туро дар дили худ ва сипас дар дилҳои дигарон омода созам. Зеро даъвати ҳар як имондор дар ҳамин аст.

Чӣ тавре ки Яҳёи Таъмиддиҳанда шахси хоксор ва фурӯтан буд, маро низ ёд деҳ, ки хоксор бошам ва ба Ту содиқона хизмат кунам. Зеро дар номаи Яъқуб навишта шудааст: Худованд ба мағрурон муқобилат мекунад, аммо ба фурӯтанон файз мебахшад. Ман намехоҳам, ки муқобили Ту бошам — ман кистам, ки бар зидди Ту биравам?

Мехоҳам бо Ту бошам, роҳи Туро омода созам, ба номи Исои Масеҳ. Омин.

Чӣ тавре ки Яҳёи Таъмиддиҳанда шахси хоксор

Луқо 1:18-20 – Натиҷаи беимонии Закарё

18 Закарё аз фаришта пурсид: «Аз куҷо мефаҳмам, ки ин иҷро мешавад? Охир ману занам пир шудаем». 19 Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. 20 Вале чун ба суханонам, ки дар вақти муайяншуда иҷро хоҳанд шуд, бовар накардӣ, ҳоло гунг мешавӣ ва то он рӯзе, ки ҳамаи гуфтаҳоям ба амал наоянд, сухане гуфта наметавонӣ».

Саволҳои Закарё ба назар оддӣ ё ба иборати дигар — самимона менамоянд, аммо фаришта нияти аслии ӯро дар ояти 20 ошкор мекунад: ӯ ба муждае, ки Фариштаи Худованд оварда буд, бовар накард. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки саволи ӯ барои тасдиқ (яъне талаб кардани нишоне аз ҷониби Худо) буд. Аммо саволи ӯ дар асл беимонии ӯро — яъне бовар надоштани ӯ ба мужда — нишон медод. Агар кӯтоҳ гӯем, ӯ ба қудрати Худованд шубҳа кард, зеро сабабашро дар пиронсол будани худу ҳамсараш медид.

Яке аз сабабҳои беимонии ӯ низ дар он буд, ки ӯ пешгӯиро ба мардум нарасонд. Зеро ҳар коҳине, ки дар ҳузури Худованд бухур месӯзонд, бояд баъдан аз маъбад берун омада, онҳое, ки интизор буданд, тасаллӣ медод. Ва ӯ, барои шубҳа карданаш ба қудрати Худо, то таваллуди кӯдак аз сухан гуфтан маҳрум шуд.

Луқо 1:18-19

Худованд ба имони мо менигарад — Ӯ аз мо имонро интизор аст. Зери калимаи “имон” — бовар низ фаҳмида мешавад. Мо низ баъзан аз Худо чизҳои бузург талаб мекунем, дар ҳоле ки ҳоло омодаи қабул кардани онҳо нестем. Гӯё мо ояндаи худро аз Ӯ бештар медонем. Ва аксаран барои ба даст овардани он чи ки пурсидаем, дар диламон шубҳа пайдо мешавад.

Худованд аз мо имон доштан, фурӯтанӣ ва мисли кӯдакон буданро мехоҳад. На имони кӯр, балки имоне, ки бо боварии самимӣ мепазирад. Далели дахолати Худо дар миён аст — Закарё то таваллуди писараш наметавонад сухан гӯяд.

Ӯ ба ҳолати худ назар андохта, хулоса кард, ки пир шудааст ва таваллуд кардани занаш имконнопазир аст. Мо метавонем ӯро барои нияти беимонаш маҳкум кунем, аммо аслан, бисёр вақт худамон низ ҳамин гуна ба Худованд рафтор мекунем.

Дар ин ҷо принсипе равшан мешавад: имон — файз ва баракат меорад, вале беимонӣ — довариро. Шумо имрӯз дар кадом тараф истодаед?

Худовандо, ба беимонии ман ёрӣ деҳ! Ман имрӯз ба каломи Ту бовар дорам. Ман мехоҳам, ки дар ҳузури Ту қадам занам, зеро медонам, ки Ту қодирӣ корҳои аҷибро анҷом диҳӣ.

Луқо 1:21–25 — Закариё аз маъбад берун мешавад

21 Мардуме, ки интизори Закарё буданд, ҳайрон шуданд, ки чаро ӯ аз маъбади Худо набаромада истодааст. 22 Ҳангоме ки Закарё берун омад, ӯ гап зада наметавонист ва онҳо фаҳмиданд, ки дар маъбади Худо ба вай чизе аён шудааст. Ӯ гунг шуда буд, аз ин сабаб бо одамон бо имову ишора гап мезад. 23 Ҳамин ки вақти хизмати Закарё ба охир расид, вай ба хонааш баргашт.

24 Баъд аз ин зани вай Элишабаъ ҳомиладор шуд ва панҷ моҳ аз хона набаромад. Элишабаъ гуфт: 25 «Ин кори Худованд аст, Ӯ ба ман назар кард ва шармандагии маро аз миёни мардум бардошт».

Мардуми берун ҳайрон буданд, ки чаро ӯ дар маъбад дер карда буд. Вақте ки Закариё аз маъбад берун омад, наметавонист бо онҳо сухан гӯяд — ӯ бо имову ишораҳо фаҳмонданӣ мешуд, ва мардум дарёфтанд, ки бо ӯ ваҳйе рух додааст. Закариё талош кард, ки шарҳ диҳад, аммо ҳеҷ қудрати сухан гуфтан надошт.

Баъди ба поён расидани вақти хизмати ӯ, зани Закариё, ки Элисобаъ ном дошт, ҳомиладор мешавад. Онҳо мунтазир монданд ва ба касе чизе нагуфтанд. Камаш панҷ моҳ хомӯшона мунтазир буданд — шояд барои ду сабаб:

 1. Зеро ки онҳо хеле пир буданд.

 2. Элисобаъ панҷ моҳи аввалини ҳомиладорияшро пинҳон дошт — шояд то ки боварӣ ҳосил шавад, ки воқеан ҳомиладор аст, ё шояд намехост шарҳ диҳад. Ҳамин тавр, вай он рӯзҳо аз хона берун намебаромад.

Закариё бошад натавонист сухан гӯяд, бинобар ин, камаш нӯҳ моҳ дар чунин ҳолат қарор дошт. Мувофиқи Луқо 1:62, ӯ на танҳо сухан ронда наметавонист, балки гӯш низ намекард — чун вақте ки Яҳёи Таъмиддиҳанда таваллуд шуд, мардум бо имову ишораҳо аз Закариё пурсиданд, ки номи кӯдак чист.

Ҳамин тавр, Закариё хомӯш монд ва мо дигар аз ӯ суханеро намешунавем. Элисобаъ дар давоми ҳомиладорияш гуфт: «Худованд нангеро, ки миёни мардум бар ман буд, аз ман дур сохт.» Ин суханон нишон медиҳанд, ки ӯ дарк мекунад: Худованд онҳоро баракат додааст ва шарми безурётиро аз байн бурдааст.

Ғайр аз ин, писари онҳо пайғамбар хоҳад шуд, ки роҳи Наҷотдиҳандаро омода созад — чӣ шарафи бузург!

Дар он замон мардум гумон мекарданд, ки бефарзандӣ ҷазои Худо аст. Аммо ин тавр нест. Худо бачадонро мекушояд ва мебандад. Аз ин рӯ, ҳар як ҷуфт бояд дар ин масъала ба Худо таваккал намояд. Худованд медонад ва мувофиқи иродаи худ баракат медиҳад.

Худованд, хости Ту дар ҳаёти ман амалӣ шавад. Бигзор ман ба кори Ту бовар дошта бошам — ва ҳамеша бовар кунам!

Закариё аз маъбад берун мешавад

Омӯзиш аз Инҷили Луқо

Хонишҳои имсолаи Мавлуди Масеҳ – Адвент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *