Башорат

Қурбонӣ барои чӣ?

This entry is part 3 of 3 in the series Наҷот

Хонандаи меҳрубон!

Дар ин китобчае, ки дар даст доред мо ба шумо дар бораи мавзӯи қурбонӣ гуфтугӯ кардаем. Ва ин бесабаб нест, чунки аз рӯи оини ислом одамон иди қурбонро ҷашн гирифта истодаанд.

Дар аввал як рубоии Хаёмро ҷой додаем ва ин бесабаб нест, шоир хотиррасон мекунад, ки агар одамро Худо бахшад, ӯ аз тамоми бори гарони азоби рӯҳӣ халос мешавад. Айнан ин ба Масеҳҳо дахл доранд, чунки ҳар касе, ки ба Исои Масеҳ имон оварда Ӯро Наҷотдиҳанда Воситачии байни Худо қабул кунад, худро аз ҳамаи гуноҳҳояш озод меҳисобад. Шахси масеҳӣ боварӣ ба он доранд, ки Худо ба хотири муҳаббаташ Исо Масеҳро ба сурати одам ба замин фиристод ва Ӯ бо одамонаҳди навро баста зиндагии намунавӣ гузаронида Худро қурбонӣ кард ва бо ин фаҳмонд, ки замони қурбонӣ кардани ҳайвонҳо ба охир расид. Ва одам на ба воситаи амалҳои нек (таълимоти Инҷил саршори амалҳои неки инсонӣ мебошад) ва қурбониҳои бефоида, балки ба воситаи имон овардан ба ин амали Худованд, ки ин ройгон ба одамон ҳамчун тӯҳфа, ки ин файзи Ӯ мебошад, наҷот меёбанд.

Дар поён барои равшани андохтан барои шумо аз Китоби Муқаддас якчанд оятҳоро пешкаш мекунем. Мо имони комил дорем, ки ҳар кас роҳи дурусти наҷотро интихоб мекунад.

Барои чӣ Худо қурбониро барои одамон фармуд? Мақсади қурбонӣ чист? Оё дар замони мо қурбонӣ лозим аст? Барои ҷавоби дуруст ёфтан ба ҳамаи ин саволҳо мо ба Китоби Муқаддас нигоҳ мекунем.

“Бе рехтани хун омурзиш нест”. Инҷил, Ибриён 9: 22

Чуноне, ки дидем пок шудан аз гуноҳро фақат ба воситаи рехтани хун Парвардигор ба мо фармудааст.

Барои чӣ қурбонӣ кардан муҳим аст?

“Чунки ҷони ҷисм дар хун аст ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷони шуморо пок созад, зеро ки ин хун ҷони шуморо сафед мекунад.”  Таврот, Ибодат 17:11

 Ва Исҳоқ ба падари худ Иброҳим сухан ронда: “Эй падари ман!”

Гуфт: “Лаббай писарам!”

Гуфт: “инак оташ ва ҳезум, пас,барра барои қурбонӣ куҷост?”

Иброҳим гуфт: “Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард” Таврот, Ҳаст 22:7-8

Ҳамаи ин аҳди Худо бо одамон то заволи замони Таврот буд ва Худо байни мо аҳди навро бо омадани Исои Масеҳ дар замин барқарор кард, чӣ хеле ки мо аз Калом мебинем. Ӯ ба ҳама чиз қодир аст, аз ин сабаб ба хотири муҳаббати Худ, Ӯ Писари Худро барои қурбонӣ ба замин овард, то ки мо дар Хуни Ӯ сафед шавем. Ӯ мисли Иброҳим чизи азизтарин Писарашро ба мо дод.

Ин хости Худо буд, ки Исои Масеҳ қурбонии ҳама кас бошад: “Ки Исоро Худо пешниҳод кард, то ки дар Хуни Ӯ ба воситаи имон сафед бошанд.” Инҷил, Румиён 3:25

Яҳё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд ва гуфт: “Инак Барраи Худо аст, ки гуноҳи ҷаҳонро бар дӯш мегирад”. Инҷил, Юҳанно 1:29

Яҳё шаҳодат ва пешгӯӣ мекард, ки Исо барои гуноҳҳои ҷаҳон мемурад. “Хуни Писари Ӯ Исои Масеҳ моро аз ҳар гуноҳ пок менамояд”  Инҷил, 1Юҳанно 1:7.

Ҳозир қурбонӣ кардан лозим аст ё не?

“Ва на ба воситаи хуни бузҳо ва говҳо, балки ба воситаи Хуни Исо якбор ба Қудс (ҷои Худо) дохил шуда, сафед ва абадиятро пайдо мекунем” Инҷил, Ибриён 9:12.

“Аммо Исо алҳол дар охири замонҳо якбор зоҳир шуд, то ки бо қурбонии Худ гуноҳҳоро нест кунад”. Инҷил, Ибриён 9:26

Ҳозир қурбонӣ кардан лозим нест: “Ва дар куҷое, ки омурзиши гуноҳҳо ҳаст,  қурбонӣ барои онҳо лозим нест”.  Инҷил, Ибриён 10:18 Худо муҳаббат аст ва ба мақсади шустани гуноҳҳои моро ҳозир кард. Худо моро дӯст медорад ва мехоҳад атои Ӯро қабул кунем: “Муҳаббат дар ин аст, ки на мо Худоро дӯст доштаем, балки Ӯ моро дӯст дошт ва Писари Худро барои сафед шудани гуноҳҳои мо фиристод”. Инҷил, 1Юҳанно 4:10

Муҳаббати Худо

“Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар касе, ки ба Ӯ имон дорад, талаф нашавад, балки ҳаеёти ҷовидонӣ ёбад. Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад. Ҳар ки ба Ӯ имон оварад, маҳкум намешавад, лекин ҳар ки имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, зеро ба номи Писари ягонаи Худо имон наовардааст.  Инҷили Юҳанно 3:16-18 (KM92).

Series Navigation<< Сарчашмаҳо дар барои имони Масеҳӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *